БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ АСНОДИ ҲОЛАТИ ШАҲРВАНДӢ

Бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, тағйир додан, ислоҳ, барқарор ва бекор намудани сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз ҷониби сохторҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.

Дар зери мафҳуми бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ бақайдгирии таваллуд, вафот, ақди никоҳ, бекор кардани ақди никоҳ, фарзандхондӣ, муқаррар кардани падарӣ, иваз кардани насаб, ном ва номи падар, ворид намудани ислоҳ, тағйирот, илова, барқарор ё бекор намудани сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ фаҳмида мешавад.

Коргузорӣ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бо забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият сурат мегирад.

Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар ду нусха тартиб дода мешавад.

Ҳар як сабт, ки ба китоби аснод дохил мегардад, бояд аз тарафи арзкунанда хонда шуда, имзои ӯ, шахси мансабдори бақайдгиранда ва мӯҳри мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ гузошта шавад.

Бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар шаҳру ноҳияҳо аз тарафи шӯъбаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр ва ноҳия, дар шаҳраку деҳот бошад, ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот сурат мегирад. Бақайдгирии давлатии ақди никоҳ дар Кох ва Хонаҳои ақди никоҳ низ сурат гирифта метавонад.

Бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунанд, дар муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур сурат мегирад.

Мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия ва шаҳр таваллуд, вафот, ақди никоҳ, бекор кардани ақди никоҳ, фарзандхондӣ, муқаррар намудани падарӣ, иваз кардани насаб, ном ва номи падарро ба қайди давлатӣ гирифта, асноди ҳолати шаҳрвандиро тағйир медиҳанд, пурра, ислоҳ ва бекор мекунанд, сабтҳои гумшударо барқарор менамоянд, инчунин китобҳои аснодро нигоҳ медоранд, шаҳодатномаи такрорӣ ва маълумотномаҳои дахлдор медиҳанд.

Ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот таваллуд, вафот, ақди никоҳ, ба истиснои ақди никоҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ва муқаррар намудани падариро ба қайди давлатӣ мегиранд ва ҳар моҳ ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри (ноҳияи) дахлдор ҳисобот пешниҳод менамоянд.

Дар сурати гум кардани шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, инчунин корношоям гардидани он, шаҳодатномаи такрории бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз рӯи аризаи шаҳрванд дар асоси сабти китоби аснод ё китоби метрикӣ аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр ва ноҳия ва дар ҳолатҳои истисноӣ аз тарафи бойгонии вилоятӣ ва ҷумҳуриявии мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дода мешавад. Дар кунҷи болои тарафи рости шаҳодатномаи такрории бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ қайди "Такрорӣ" гузошта хоҳад шуд.

Асосҳои бақайдгирии давлатии таваллуд:

- ҳуҷҷати дорои шакли муқарраршуда оид ба таваллуд, ки аз тарафи муассисаи тиббии ҷойи таваллуд дода шудааст;

- ҳуҷҷати дорои шакли муқарраршуда оид ба таваллуд, ки аз тарафи табиб ва ё корманди миёнаи тиббии муассисаи тиббӣ, ки дар давраи таваллуд ба зан ёрии тиббӣ расонидааст ва ё модар баъд аз таваллуд ба ӯ муроҷиат намудааст, ё шахсе, ки ба фаъолияти хусусии тиббӣ машғул аст, ҳангоми таваллуд берун аз муассисаи тиббӣ додааст;

- аризаи шахсе, ки ҳангоми берун аз муассисаи тиббӣ бе кӯмаки тиббӣ таваллуд ёфтани кӯдак бевосита иштирок намудааст;

- ҳуҷҷатҳо дар бораи ёфт шудан, синну сол ва ҷинси кӯдаки ёфтшуда (партофташуда), ки аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ, васояту парасторӣ ва ташкилоти тиббӣ дода шудаанд.

Дар сурати мавҷуд набудани асосҳои мазкур бақайдгирии давлатии таваллуди кӯдак дар асоси ҳалномаи суд дар бораи муқаррар намудани факти таваллуди кӯдак аз тарафи ҳамин зан ба ҷо оварда мешавад.

Падару модар (яке аз онҳо) ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар бораи бақайдгирии таваллуди кӯдак аризаи хаттӣ пешниҳод мекунанд.

Дар сурате, ки агар падару модар (яке аз онҳо) имконияти шахсан додани ариза дар бораи бақайдгирии таваллуди кӯдакро надошта бошанд, ариза аз ҷониби хешовандони яке аз падару модар ё шахси аз ҷониби падару модар (яке аз онҳо) ваколатдоршуда, мақомоти васоят ва парасторӣ, ё ки шахси мансабдори муассисаи тиббӣ, ки кӯдак дар он ҷо таваллуд ёфтааст ва ё аз тарафи шахси мансабдори муассисаи дигаре, ки модар дар давраи таваллуд дар он ҷо буд ва ё кӯдаки таваллудшуда дар он ҷо қарор дорад, дода мешавад.

Дар баробари додани ариза дар бораи бақайдгирии таваллуди кӯдак бояд ҳуҷҷати тасдиқкунандаи факти таваллуди кӯдак, инчунин ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти падару модар (яке аз онҳо), ё шахсияти аризадиҳанда, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ваколатҳои ӯ ва ҳуҷҷатҳое, ки барои ворид намудани маълумот дар бораи падару модар ба сабти асноди таваллуди кӯдак асос шуда метавонанд, пешниҳод карда шаванд.

Ариза дар бораи бақайдгирии таваллуди кӯдак бояд на дертар аз се моҳ баъд аз таваллуди кӯдак пешниҳод гардад. Гузаронидани мӯҳлати муқарраршуда барои рад кардани бақайдгирии давлатии таваллуд аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ асос шуда наметавонад.

Падар ё модаре, ки дар мӯҳлати дар давоми се моҳ барои ба қайди давлатӣ гирифтани кӯдакаш ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ариза пешниҳод намекунад, ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

Ҳар шахс дар мавриди бақайдгирии давлатии таваллуд ба насаб, ном, инчунин номи падари ба арзишҳои таърихӣ ва фарҳанги миллии тоҷикӣ асоснок ҳуқуқ дорад. Номгузорӣ ва шакли дурусти навишти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи фарҳанг, анъанаҳои миллӣ ва Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, амалӣ мегардад.

Насаби кӯдак дар вақти бақайдгирии давлатии таваллуд бо насаби падар ё модар ва ё насаби аз номи падар ё номи падари падар ташаккулёфта бе истифодаи пасвандҳои -ов, -ова, -ев, -ева сабт карда мешавад. Дар сурати гуногун будани насаби падару модар насаби кӯдак бо мувофиқаи падару модар бо насаби падар ё модар ё сабт карда мешавад.

Насаби шахс тибқи анъанаҳои миллии тоҷикӣ метавонад аз номи падар ё решаи насаби ӯ бо иловаи пасвандҳои насабсози -ӣ, -зод, -зода, -он, -ён, -иён, -ёр, -ниё, -фар, -пур, -духт ташаккул ёбад. Насаби шахс ҳамчунин метавонад бе илова намудани пасвандҳои насабсоз ташаккул ёбад

Ба кӯдак гузоштани номи ба фарҳанги миллии тоҷикӣ бегона, номи ашё, мол, ҳайвонот ва парандагон, инчунин ном ва ибораҳои таҳқиромез, ки шаъну шарафи инсонро паст мезананд ва одамонро ба табақаҳо ҷудо менамоянд, манъ аст. Ба номи шахс илова кардани тахаллусҳои "мулло", "халифа", "тӯра", "хоҷа", "хӯҷа", "шайх", "вали", "охун", "амир", "суфи" ва ба инҳо монанд, ки боиси тафриқаандозӣ дар байни одамон мегарданд, манъ аст.

Номи падар бо иловаи пасвандҳои ташаккулдиҳандаи -зод, -зода, -ёр, -ниё,фар, -пур, -духт ва ё бе иловаи чунин пасвандҳо ташаккул меёбад. Истифодаи пасвандҳои - овна, -евна, -ович, -евич дар номи падар манъ аст

Дар ташаккулёбии насаб ва номи падар такроран истифода бурдани як пасванд, инчунин истифодаи як ном бе иловаи пасванд ҳам дар ташаккули насаб ва ҳам дар ташаккули номи падар манъ аст.

Дар сурати мавҷуд набудани розигии байни падару модар номи кӯдак ва (ё) насаби ӯ (дар сурати насабҳои гуногун доштани падару модар) дар китоби сабти таваллуди кӯдак аз рӯи қарори мақомоти васоят ва парасторӣ сабт карда мешаванд.

Тарзи навишти насаб, ном ва номи падар дар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият тибқи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ба роҳ монда мешавад.

Ҳуқуқи ақаллиятҳои миллӣ ба ном дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи анъанаҳот миллиашон кафолат дода мешавад. Намояндагони ақаллиятҳои миллӣ, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, бо хоҳиши худ метавонанд номгузории кӯдаконашонро тибқи Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ ё анъанаҳои миллиашон амалӣ намоянд.

Қайди давлатии таваллуди кӯдаки ба синни як расида ё аз он калонтар дар асоси аризаи падару модар (яке аз онҳо) ё шахсони манфиатдор дар сурати мавҷуд будани ҳуҷҷати шакли муқарраршуда дар бораи таваллуд, ки аз тарафи муассисаи тиббӣ ё табиби ба фаъолияти хусусӣ машғулбуда дода шудааст, гузаронида мешавад.

Ҳангоми бақайдгирии давлатии таваллуди кӯдаки ба синни як расида ё аз он калонтар маълумотнома дар бораи мавҷуд набудани ҳуҷҷатҳои ӯ, ки аз ҷониби бойгонии дахлдори мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дода шудааст, инчунин маълумотнома аз ҷойи таваллуд, ҷойи истиқомати кӯдак ва аз муассисаи таҳсилоти умумие, ки кӯдак дар он ҷо таҳсил мекунад, пешниҳод карда мешавад.

Маълумотномаи бойгонии мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар асоси санҷиши мӯҳлати панҷсола (соли таваллуди кӯдак, ду соли пеш ва ду соли баъди таваллуди ӯ) тартиб дода шавад. Қайди давлатии таваллуди кӯдаки ба синни як расида ё аз он калонтар танҳо аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия ва шаҳр гузаронида мешавад.

Қайди давлатии таваллуди кӯдаке, ки ба балоғат расидааст, дар асоси аризаи худи ӯ гузаронида мешавад. Дар ин маврид баробари ариза ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- маълумотнома аз ҷойи истиқомат;

- маълумотнома аз бойгонии мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷойи таваллуд ва Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ;

- шаҳодатномаи ақди никоҳи падару модар;

- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти падару модар.

Дар сурати мавҷуд набудани ҳуҷҷати шакли муқарраршуда дар бораи таваллуд қайди давлатии таваллуди кӯдаки ба синни як расида ва ё аз он калонтар дар асоси ҳалномаи суд дар бораи муқаррар намудани факти таваллуд ба ҷо оварда мешавад.

Шаҳодатномаи таваллуд дорои маълумотҳои зерин мебошад:

- насаб, ном, номи падар, ҷинс, сана ва ҷойи таваллуди кӯдак;

- насаб, ном, номи падар, миллат ва шаҳрвандии падару модар (яке аз онҳо);

- рӯзи тартиб додан ва рақами қайди сабти асноди таваллуд;

- ҷойи бақайдгирии давлатии таваллуд (номи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ).

- силсила, рақам ва таърихи дода шудани шаҳодатномаи таваллуд.

Шаҳодатномаи таваллуд ба падару модар (ба яке аз онҳо) дар рӯзи додани ариза ё дар муддати панҷ рӯзи корӣ аз лаҳзаи додани ариза, ки он на дертар аз се моҳ баъд аз таваллуди кӯдак пешниҳод шудааст, ройгон дода мешавад.

 

Асосҳои бақайдгирии муқаррар намудани падарӣ инҳо мебошанд:

- аризаи муштараки падар ва модари кӯдак дар бораи муқаррар намудани падарӣ, ки дар рӯзи таваллуди кӯдак дар ақди никоҳи якдигар қарор надоранд;

- аризаи падари кӯдак дар бораи муқаррар намудани падарӣ, ки дар рӯзи таваллуди кӯдак бо модари ӯ дар ақди никоҳ қарор надошт;

- ҳалномаи суд дар бораи муқаррар намудани падарӣ ва ё муқаррар намудани факти эътирофи падарӣ, ки ба қувваи қонунӣ даромадааст.

Шаҳодатнома дар бораи муқаррар намудани падарӣ дорои маълумоти зерин мебошад:

- насаб, ном, номи падар, сана ва ҷойи таваллуд, шаҳрвандӣ, миллати шахсе, ки падари кӯдак эътироф шудааст;

- насаб (то ва баъд аз муқаррар намудани падарӣ), ном, номи падар,  сана ва ҷойи таваллуди кӯдак;

-насаб, ном, номи падар, сана ва ҷойи таваллуд, шаҳрвандӣ ва миллати модари кӯдак;

- санаи тартиб дода шудан ва рақами сабти аснод дар бораи муқаррар намудани падарӣ;

- ҷойи бақайдгирии давлатии муқаррар намудани падарӣ (номи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки аз тарафи он бақайдгирии давлатии муқаррар намудани падарӣ гузаронида шудааст);

- санаи дода шудани шаҳодатнома дар бораи муқаррар намудани падарӣ.

- силсила ва рақами шаҳодатнома.

Шаҳодатнома дар бораи муқаррар намудани падарӣ аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба падару модар (яке аз онҳо) дар рӯзи муроҷиат ройгон дода мешавад.

Шахси ба синни шонздаҳ расида ҳуқуқ дорад ном, номи падар, насаби худро иваз намояд.  

Иваз намудани номи шахс тибқи Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ сурат мегирад. Иваз намудани насаб ва номи падар тибқи анъанаҳои миллӣ амалӣ карда мешавад.

Вобаста ба кӯдаки ёфташуда

Мақомоти корҳои дохилӣ, мақомоти васоят ва парасторӣ, муассисаи тиббӣ, муассисаи тарбиявӣ ё шӯъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки кӯдаки ёфтшуда (партофташуда) дар он ҷо ҷойгир карда шудааст, вазифадоранд дар муддати на дертар аз ҳафт рӯз аз рӯзи ёфт шудани кӯдаке, ки падару модараш маълум нест, дар бораи бақайдгирии давлатии таваллуди ӯ ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ хабар диҳанд.

Шахсе, ки кӯдакро ёфтааст, вазифадор аст дар муддати чилу ҳашт соат ба мақомоти корҳои дохилӣ ё ба мақомоти васоят ё парастории ҷойи ёфта шудани кӯдак хабар диҳад.

Асосҳо барои бақайдгирии давлатии вафот:

- ҳуҷҷати шаклаш муқарраршуда оид ба вафот, ки аз тарафи муассисаи тиббӣ ё табиби бо фаъолияти хусусӣ машғулбуда дода шудааст;

- ҳалномаи суд дар бораи муқаррар намудани факти вафот ё фавтида эълон намудани шахс, ки ба қувваи қонунӣ даромадааст.

Барои гирифтани маълумоти бештар нигаред ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ”, Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2006, №4, мод. 201

crescentofhearth.com