УҲДАДОРИИ ҲАРБӢ ВА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст. Тартиби хизмати ҳарбиро қонун муайян мекунад. (Конститутсияи ҶТ, моддаи 43).

Тибқи моддаи 55 Конститутсия, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ҳангоми гузаронидани ҷаласаҳои якҷоя салоҳияти додани ризоият ба истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди он барои иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистонро доранд.

Тибқи моддаи 69 Конститутсия, Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мебошад ва фармондеҳони қӯшунҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таъин ва озод мекунад. Ҳамчунин, барои иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ Қувваҳои Мусаллаҳро берун аз ҳудуди Тоҷикистон бо ризоияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон истифода мебарад.

- уҳдадории ҳарбӣ – уҳдадории конститутсионии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он;

- хизмати ҳарбӣ – намуди хизмати давлатӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳо ва воҳидҳои дигари ҳарбӣ;

- қайди ҳарбӣ – низоми баҳисобгирии уҳдадорони ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- билети ҳарбӣ – ҳуҷҷати шахсии ягонаи бемуҳлати бақайдгирии ҳарбии шаҳрванд, ки муносибат ва уҳдадории ҳарбии ӯро ба хизмати ҳарбӣ муайян менамояд;

- маълумотнома оид ба озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбӣ –  ҳуҷҷате, ки ба шаҳрвандони хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок ва хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ адонакарда дода мешавад;

- уҳдадорони ҳарбӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қайди ҳарбӣ қарор доранд;

- хизматчиёни ҳарбӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳо ва воҳидҳои дигари ҳарбӣ хизмати ҳарбиро адо менамоянд;

- даъватшавандагон – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҷинси мард), ки ба синни 18 расидаанд ва дар комиссариатҳои ҳарбӣ (мақомоти маҳаллии идоракунии ҳарбии шаҳру ноҳияҳо) бо мақсади даъват барои адои хизмати ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳо ва воҳидҳои дигари ҳарбӣ ба қайди ҳарбӣ гирифта шудаанд;

Хизмати ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳо ва воҳидҳои дигари ҳарбии мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилшаванда пешбинӣ карда мешавад.

Дар давраи сафарбарӣ ва ҳолати ҷангӣ уҳдадории ҳарбии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Хизмати ҳарбӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:

1) қонуният;

2) эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;

3) садоқат ба Ватан ва халқи Тоҷикистон;

4) садоқат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

5) риояи интизоми ҳарбӣ;

6) ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои хизматчиёни ҳарбӣ ва дахлнопазирии онҳо ҳангоми иҷрои уҳдадории хизмати ҳарбӣ;

7) яккасардорӣ ва риояи мартабот;

8) вобаста набудан ба фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ.

Уҳдадории ҳарбии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳоро пешбинӣ менамояд:

1) қайди ҳарбӣ;

2) омодасозӣ ба хизмати ҳарбӣ;

3) даъват ба хизмати ҳарбӣ;

4) адои хизмати ҳарбӣ;

5) дар эҳтиёт будан;

6) даъват ба ҷамъомадҳои ҳарбӣ ва махсус.

Уҳдадории ҳарбиро шаҳрвандони ҷинси марди Ҷумҳурии Тоҷикистон, қатъи назар аз миллат, нажод, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсилот ва молу мулк, ки аз ҷиҳати саломатӣ ва инкишофи ҷисмонӣ қобили адои хизмат мебошанд, инчунин шаҳрвандони ҷинси зани Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба талаботи муқарраршуда ҷавобгӯ буда, аз рӯи ихтисосҳо барои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳо ва воҳидҳои дигари ҳарбӣ ихтиёран тайёрии заруриро гирифтаанд, иҷро мекунанд.

Аз тарафи шаҳрвандон иҷро гардидани уҳдадории ҳарбиро мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, роҳбарони корхона, муассиса ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва ташкилию ҳуқуқӣ, дар доираи ваколатҳояшон таъмин мекунанд.

Ба хизмати ҳарбӣ нисбат ба намудҳои дигари хизмати давлатӣ афзалият дода мешавад. Ин афзалият ба қатъ гардидани муносибатҳои меҳнатии муайян, ё машғул шудан ба фаъолияти дигар ҳангоми даъват, ё бо хоҳиши худ дохил шудани шаҳрванд ба хизмати ҳарбӣ, ё ҷамъомадҳои ҳарбӣ ифода меёбад.

Муҳлати дар хизмати ҳарбӣ будани шаҳрванде, ки ба хизмати давлатӣ дохил мешавад, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба собиқаи хизмати давлатӣ дохил карда мешавад.

Шаҳрванд дар давраи муоинаи тиббӣ, ташхис ё табобат вобаста ба қайди ҳарбӣ, тайёрии ҳатмӣ ба хизмати ҳарбӣ, даъват (дохилшавӣ) ба хизмати ҳарбӣ, инчунин дар давраи иҷрои уҳдадориҳои дигар вобаста ба бақайдгирии ҳарбӣ, тайёрии ҳатмӣ ба хизмати ҳарбӣ ва даъват (дохилшавӣ) ба хизмати ҳарбӣ аз иҷрои кор (таҳсил) озод карда шуда, ҷойи кор (таҳсил)-и ӯ нигоҳ дошта мешавад ва ба ӯ музди миёнаи меҳнат дар ҷойи кор (таҳсил), инчунин хароҷоти вобаста ба сафар дар давраи дар роҳ будан, бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт карда мешавад.

Шаҳрванде, ки ба хизмати ҳарбӣ ё ба ҷамъомадҳои ҳарбӣ даъват (дохил) шудааст, то ба ҷойи хизмат расидан ва аз хизмат баргаштан бо тартиб ва андозаи муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо озуқа ва маблағи дахлдор таъмин карда мешавад.

Шаҳрвандон уҳдадоранд дар қайди ҳарбӣ бошанд, ба истиснои:

-онҳое, ки бо аз уҳдадориҳои ҳарбӣ озод шудаанд;

-заноне, ки аз рӯи қайди ҳарбӣ ихтисос надоранд;

-онҳое, ки хизмати ҳарбӣ (дар ҳайати захираҳои даъвати  сафарбарӣ)-ро адо карда истодаанд;

-онҳое, ки ҷазои ҷиноятиро дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ адо мекунанд;

-онҳое, ки ба синни ниҳоии дар ҳайати эҳтиёт будан расидаанд;

-заноне, ки аз рӯи қайди ҳарбӣ дорои ихтисосанд, вале се ва ё зиёда фарзанд доранд.

Ба шаҳрвандони дар қайди ҳарбибуда ва хизматчиёни ҳарбие, ки дар ҳайати эҳтиёти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, ҳуҷҷатҳои бақайдгирии ҳарбӣ дода мешаванд. Ҳуҷҷатҳои бақайдгирии ҳарбӣ инҳо мебошанд:

-шаҳодатномаи бақайдгирии ҳарбӣ;

-билети ҳарбӣ;

-маълумотнома бар ивази билети ҳарбӣ.

-Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои бақайдгирии ҳарбии зерин дода мешаванд:

-шаҳодатномаи бақайдгирии ҳарбӣ – ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳангоми бақайдгирии ибтидоии ҳарбӣ ба синни 16 расидааст;

-билети ҳарбӣ:

а) ба шаҳрванде, ки хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок ё хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ адо намудааст;

б) ба шаҳрванде, ки аз даъват ба хизмати ҳарбӣ озод шудааст;

в) ба шаҳрванде, ки ба муассисаи таълимии давлатии таҳсилоти миёна ва олии ҳарбӣ қабул гардидааст;

г) ба хизматчии ҳарбие, ки дар ҳайати эҳтиёти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешавад.

Ба шаҳрванде, ки билети ҳарбиро гум кардааст, бар ивази билети ҳарбӣ бо тартиби муайяннамудаи низомномаи бақайдгирии ҳарбии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, маълумотнома дода мешавад.

Ба шаҳрвандоне, ки аз даъват ба хизмати ҳарбӣ озод карда шудаанд, маълумотнома оид ба озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбӣ дода мешавад. Маълумотномаи мазкур билети ҳарбиро иваз намекунад.

Ҳуҷҷатҳои бақайдгирии ҳарбӣ аз ҷониби комиссариатҳои ҳарбии маҳалли истиқомат тибқи низомномаи бақайдгирии ҳарбии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд.

Ба қайди ибтидоии ҳарбӣ гузоштани шаҳрвандони ҷинси мард аз ҷониби комиссияи шаҳрӣ ё ноҳиявии ба қайди ҳарбӣ гузоштани шаҳрвандон дар давраи аз 1 январ то 31 март дар соли ба синни 16 расидан сурат мегирад.

Ба қайди ибтидоии ҳарбӣ гузоштани шахсоне, ки шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул кардаанд, бо тартиби зерин сурат мегирад:

-мардони аз 16 то 27-сола;

-дигарон – аз ҷониби комиссариатҳои ҳарбии шаҳр ё ноҳия.

Ба қайди ибтидоии ҳарбӣ гузоштани шаҳрвандони ҷинси зан аз ҷониби комиссариати ҳарбии шаҳр ё ноҳия пас аз соҳиб шудани онҳо ба ихтисос аз рӯи қайди ҳарбӣ сурат мегирад.

Аз қайди ҳарбӣ шаҳрвандони зерин хориҷ карда мешаванд:

-онҳое, ки бинобар вазъи саломатӣ ғайриқобили хизмати ҳарбӣ дониста шудаанд;

-онҳое, ки ба синни ниҳоии дар ҳайати эҳтиёт қарор доштан расидаанд;

-шахсоне, ки нисбаташон шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ гардидааст;

-онҳое, ки ҷазои ҷиноятиро дар намуди якумра аз озодӣ маҳрум сохтан адо мекунанд;

-шахсони фавтида;

-шахсони бедарак ғоибшуда ё фавтида эълоншуда.

Бо мақсади таъмини қайди ҳарбӣ шаҳрвандон уҳдадоранд:

-дар комиссариати ҳарбии маҳалли истиқомат ё дар қайди ҳарбии ҳайати эҳтиёти мақомоти амнияти миллӣ дар қайди ҳарбӣ бошанд;

-дар вақти муқарраршуда ва маҳалли муайян аз рӯи даъват (даъватнома) ба комиссариати ҳарбӣ (мақомоти амнияти миллӣ) ҳозир шуда, ҳуҷҷатҳои заруриро мувофиқи номгӯи дар даъватномаи комиссариати ҳарбӣ (мақомоти амнияти миллӣ) ё мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот нишондодашуда пешниҳод намоянд;

-ҳангоми аз хизмати ҳарбӣ ба ҳайати эҳтиёти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати 14 рӯз аз рӯзи хориҷ шудан аз рӯйхати ҳайати шахсии қисми ҳарбӣ ба комиссариатҳои ҳарбии маҳалли истиқомат барои ба қайди ҳарбӣ гузоштан ҳозир шаванд;

-дар муҳлати 7 рӯз ба комиссариати ҳарбӣ ё мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти маҳалли истиқомат дар бораи тағйир ёфтани вазъи оилавӣ, ҷойи кор ё мансаб, ҷойи истиқомат дар ҳудуди шаҳр ё ноҳия хабар расонанд;

-ҳангоми ба ҷойи нави истиқомат, инчунин муваққатан ба муҳлати зиёда аз 45 рӯз аз ҷойи истиқомати доимӣ рафтан аз қайди ҳарбӣ баромада, дар муҳлати 20 рӯзи расидан ба ҷойи нави истиқомат, ҷойи қарордошти муваққатӣ ё бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон худро ба қайди ҳарбӣ гузоранд;

-ҳуҷҷатҳои бақайдгирии ҳарбиро эҳтиёткорона нигоҳ доранд. Дар ҳолати гум кардани ҳуҷҷатҳои мазкур дар муҳлати 14 рӯз ба комиссариати ҳарбии маҳалли истиқомат барои ҳалли масъалаи гирифтани ҳуҷҷатҳо ба ҷойи ҳуҷҷатҳои гумшуда муроҷиат намоянд;

-уҳдадориҳои дигари бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба қайди ҳарбӣ муқаррарнамударо иҷро намоянд.

Шаҳрвандоне, ки бояд ба хизмати ҳарбӣ даъват шаванд ва дар давраи даъват ба муҳлати зиёда аз 15 рӯз аз ҷойи истиқомат мераванд, уҳдадоранд дар ин бора ба комиссариати ҳарбии маҳалли истиқомат шахсан хабар расонанд.

-Ба таври ҳатмӣ ба хизмати ҳарбӣ омодасозии шаҳрванд инҳоро пешбинӣ менамояд:

1) гирифтани дониши зарурӣ дар соҳаи мудофиа;

2) муоина ва ташхиси тиббӣ, ҳангоми зарурат бо розигии шаҳрванд гузарондани чорабиниҳои табобатию солимгардонӣ;

3) тайёрии ҳарбӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ;

4) тарбияи ҳарбию ватандӯстӣ;

5) аз рӯи ихтисосҳои дар қайди ҳарбибуда омода намудани сарбозон, сержантҳо ва старшинаҳо мувофиқи роҳхатҳои дахлдори комиссариатҳои ҳарбӣ.

Ба таври ҳатмӣ ба хизмати ҳарбӣ омода кардани шаҳрванд метавонад дар рафти ҷамъомадҳои ҳарбӣ сурат гирад.

Ба таври ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ омодасозии шаҳрванд инҳоро дар бар мегирад:

1) машғул шудан бо намудҳои варзиши ҳарбию амалӣ;

2) аз худ кардани ихтисос аз рӯи бақайдгирии ҳарбӣ;

3) таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ бо барномаи иловагии таълимие, ки мақсади он тайёрии ҳарбии шаҳрвандони ноболиғ мебошад;

4) таҳсили донишҷӯён аз рӯи барномаи омодасозии афсарони эҳтиёт дар кафедраҳои ҳарбии назди муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти олии касбӣ.

Шаҳрванд ҳангоми ба қайди ибтидоии ҳарбӣ гузошта шудан, даъват (дохил) шудан ба хизмати ҳарбӣ ҳатман аз муоинаи тиббии табибони ҷарроҳ, бемориҳои дарунӣ, асаб, рӯҳӣ, чашм, гӯшу гулӯю бинӣ, дандон, сироятӣ, инчунин силшинос, нарколог ва ихтисосҳои дигар бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдор дар соҳаи тандурустӣ ва Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузарад.

Аз рӯи натиҷаҳои муоинаи тиббӣ хулосаҳои зерин қабул карда мешаванд:

1) қобил будан ба хизмати ҳарбӣ;

2) қобил будан ба хизмати ҳарбӣ бо маҳдудиятҳои ҷузъӣ;

3) муваққатан ғайриқобил донистан ба хизмати ҳарбӣ;

4) ғайриқобил донистан ба хизмати ҳарбӣ.

  1. Агар комиссияи тиббии даъватии назди комиссариати ҳарбӣ дар бораи қобил ба хизмати ҳарбӣ будани шаҳрванд хулоса бароварда натавонад, комиссияи мазкур ӯро ҳатман барои муоинаи тиббии амбулаторӣ ё статсионарӣ ба муассисаи тиббии воқеъ дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияи ҷойи истиқомати ин шаҳрванд равон мекунад.

Шаҳрвандон метавонанд ихтисосҳои қайди ҳарбиро ҳангоми ба синни 17 расидан аз рӯи ихтисосҳои сарбозон ва сержантон аз худ намоянд.

Аз даъват ба хизмати ҳарбӣ шаҳрвандони зерин озод карда мешаванд:

1) онҳое, ки бинобар вазъи саломатӣ ғайриқобили хизмати ҳарбӣ дониста шудаанд;

2) онҳое, ки хизмати ҳарбӣ ё хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ адо намуда истодаанд ё адо кардаанд;

3) онҳое, ки хизмати ҳарбӣ ё намуди дигари хизмати ба хизмати ҳарбӣ баробаркардашударо дар давлати дигар адо мекунанд, ё адо кардаанд;

4) онҳое, ки барои содир кардани ҷиноят бо ҳукми суд ба ҷазои аз озодӣ маҳрум сохтан маҳкум шудаанд.

  1. Шаҳрвандони зерин ҳуқуқ доранд аз даъват ба хизмати ҳарбӣ озод карда шаванд:

1) онҳое, ки падар (модар) ё бародар (хоҳар)-ашон ҳангоми адои хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок, ё ба таври ихтиёрӣ дар вазифаҳои сарбозон, сержантҳо, прапоршикҳо ва афсарон ва ё дар давраи гузаштани ҷамъомадҳои ҳарбӣ ҳалок шудаанд, ё вафот кардаанд, ё ин ки маъюби гурӯҳҳои I ва II гардидаанд;

2) онҳое, ки дар оила писар (писархонд)-и ягона мебошанд;

3) онҳое, ки унвони илмии номзади илм, доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рӯи ихтисос, доктори илм ё доктори ҳабилитатро доранд.

Даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ бо асосҳои зерин ба таъхир гузошта мешавад:

1) муваққатан ғайриқобили хизмати ҳарбӣ дониста шудан бинобар вазъи саломатӣ – ба муҳлати то 6 моҳ;

2) нигоҳубини узви оилаи ба кӯмаки дигар кас эҳтиёҷдошта, ки таҳти таъминоти пурраи давлат қарор надорад, дар сурати набудани шахсони дигаре, ки дар асоси қонун уҳдадоранд ба аъзои зикргардидаи оила ғамхорӣ намуда, онҳоро таъмин кунанд (ба кӯмак ва нигоҳубини каси дигар эҳтиёҷдошта он аъзои оила ҳисобида мешаванд, ки ба синни нафақа расидаанд, ё маъюби гурӯҳи I ё II мебошанд, инчунин он аъзои оила, ки ба синни 18 нарасидаанд);

3) таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ – то хатми муассисаҳои таълимии мазкур;

4) тарбияи кӯдаки аз модар маҳруммонда;

5) оғоз карда шудани парвандаи ҷиноятӣ – то қабули қарори дахлдор;

6) адои ҷазои ҷиноятӣ дар намуди корҳои ҳатмӣ, корҳои ислоҳӣ ва ё маҳдуд кардани озодӣ.

Барои ба таъхир гузоштани муҳлати даъват ба хизмати ҳарбӣ шаҳрвандони зерин ҳуқуқ доранд:

1) даъватшавандае, ки модараш ғайр аз ӯ ду ва зиёда фарзанди ноболиғ дошта, онҳоро бе ҳамсар тарбия менамояд - то ба балоғат расидани фарзанди (писари) дигар;

2) онҳое, ки вакили Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ интихоб шудаанд – дар давоми муҳлати ваколат;

3) онҳое, ки дар шуъбаҳои рӯзонаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ барои дарёфти тахассуси дараҷаи бакалавр ва мутахассис бори аввал таҳсил менамоянд - дар давраи таҳсил;

4) омӯзгороне, ки таҳсилоти олии омӯзгорӣ дошта, дар вазифаи омӯзгори муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии деҳот кор мекунанд – дар давраи иҷрои ин кор;

5) онҳое, ки таҳсилоти олии тиббӣ дошта, дар муассисаҳои таълимӣ ё тиббии деҳот кор мекунанд - дар давраи иҷрои ин кор;

6) онҳое, ки ду ва зиёда фарзанд доранд.

Даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок дар       1 сол ду маротиба аз 1 апрел то 31 май ва аз 1 октябр то 30 ноябр дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тавассути воситаҳои ахбори омма на дертар аз 1 моҳ пеш аз даъват эълон мегардад, анҷом дода мешавад.

Шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 35-сола ва шаҳрвандони ҷинси зани аз 20 то 35-сола метавонанд бо тартиби ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ дохил шаванд.

Муҳлати хизмати ҳарбии ҳатмии хизматчиёни ҳарбӣ бо тартиби зерин муқаррар карда мешавад:

1) барои онҳое, ки хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнокро дар вазифаҳои сарбозон ва сержантҳо адо мекунанд – 24 моҳ, барои шахсони дорои таҳсилоти олии касбӣ – 12 моҳ;

2) барои онҳое, ки хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ дар вазифаҳои сарбозҳо ва сержантҳо адо мекунанд – 1 моҳ;

3) барои онҳое, ки аз рӯи даъват дар вазифаҳои афсарон хизмати ҳарбиро адо мекунанд – 24 моҳ;

4) барои сержантҳо, прапоршикон, инчунин хизматчиёни ҳарбии ҷинси зан, ки бо тартиби ихтиёрӣ хизмат мекунанд – 3 сол, пас аз адои муҳлат ин гурӯҳи хизматчиёни ҳарбӣ ҳуқуқ доранд хизмати ҳарбиро бо тартиби муайяннамудаи низомномаи тартиби адои хизмати ҳарбӣ тамдид намоянд;

5) барои афсароне, ки муассисаҳои таълимии давлатии ҳарбии таҳсилоти олии касбиро хатм намудаанд – 10 сол;

6) барои афсароне, ки муассисаҳои таълимии мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дар асоси роҳхати мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаҳои таълимии амниятӣ ё хадамоти махсуси давлатҳои хориҷиро хатм намудаанд – на камтар аз   15 сол;

7) барои афсароне, ки аз ҳайати эҳтиёт ба тариқи ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ дохил шудаанд – 5 сол;

8) барои хизматчиёни ҳарбие, ки ба тариқи ихтиёрӣ хизмати ҳарбиро дар шароити баландкӯҳ ва маҳалҳои дорои шароити номусоиди иқлимию экологӣ адо мекунанд – муҳлати кӯтоҳкардашудаи адои хизмати ҳарбӣ дар ин маҳалҳо, ки бо низомномаи тартиби адои хизмати ҳарбӣ муайян шудааст, муқаррар мегардад.

Оғози хизмати ҳарбӣ чунин ҳисоб карда мешавад:

1) барои шаҳрвандоне, ки ба хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок даъват шудаанд – аз рӯзи ҳозиршавӣ ба комиссариати ҳарбӣ барои сафарбар шудан ба маҳалли адои хизмати ҳарбӣ;

2) барои шаҳрвандоне, ки ба хизмати ҳарбӣ ба таври ихтиёрӣ дохил мешаванд – аз рӯзи ба рӯйхати ҳайати шахсии қисми ҳарбӣ дохил шудани онҳо;

3) барои шаҳрвандоне, ки ба муассисаҳои таълимии давлатии ҳарбии таҳсилоти олии касбӣ дохил мешаванд – аз рӯзи ба рӯйхати курсантони муассисаи таълимии давлатии ҳарбии таҳсилоти олии касбӣ шомил намудан.

Барои хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳо ва воҳидҳои дигари ҳарбӣ намудҳои зарурии либоси ҳарбӣ муқаррар карда мешаванд.

Либоси ҳарбӣ ва нишонаҳои фарқкунандаи онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қоидаҳои пӯшида гаштани онро вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамоянд.

Намуди либос ва нишонаҳои фарқкунандаи кормандони мақомоти давлатӣ, корхона, муассиса, ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ набояд шабеҳи либоси ҳарбӣ ва нишонаҳои фарқкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ бошанд.

Пӯшида гаштани либоси ҳарбӣ бо нишонаҳои фарқкунанда аз тарафи шаҳрванде, ки ба ин ҳуқуқ надорад, манъ аст.

Шаҳрванди бори аввал ба хизмати ҳарбӣ дохилшуда, ё хизмати ҳарбиро адонакарда ва бори аввал ба ҷамъомадҳои ҳарбӣ даъватшуда дар назди Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парчами ҷангии қисми ҳарбӣ ё Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мазмуни зерин савганди ҳарбӣ ёд мекунад:

«Ман, (насаб, ном ва номи падар) ба хизмати ҳарбӣ дохил шуда, ботантана савганд ёд мекунам, ки ба халқи Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон содиқ мемонам, талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва оинномаҳои ҳарбиро қатъиян риоя карда, фармонҳои командирону сардоронро ҳатман иҷро менамоям.

Қавл медиҳам, ки боинтизом, далер ва зирак бошам, ба душворию маҳрумиятҳои хизмати ҳарбӣ устуворона тоб оварда, сирри давлатиро нигоҳ дорам.

Бо дарки масъулият уҳдадориҳои хизматиамро иҷро намуда, барои ҳифзи истиқлолият, тамомияти арзӣ ва сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон неру ва ҳаёти худро дареғ намедорам.

 Агар ман ин савганди худро шиканам, бигузор, ба ҷазои сахти қонун ва нафрати халқ гирифтор шавам».

Хизматчиёни ҳарбӣ барои садоқат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд мекунанд. 

То ёд кардани савганди ҳарбӣ ҷалб кардани хизматчии ҳарбӣ ба иҷрои супоришҳои ҷангӣ (иштирок дар амалиёти ҷангӣ, навбатдории ҷангӣ, хизмати ҷангӣ, гарнизонӣ, посбонӣ), супоришҳо ҳангоми ҷорӣ кардани вазъияти фавқулода, вобаста намудани аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ ба онҳо дар шароити низоъҳои мусаллаҳона, инчунин татбиқи ҷазои интизомӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан манъ аст.

Дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳо ва воҳидҳои дигари ҳарбӣ ҳайати хизматчиёни ҳарбии зерин муайян карда мешаванд:

1) сарбозон;

2) сержантҳо;

3) прапоршикон;

4) афсарони хурд;

5) афсарони калон;

6) афсарони олӣ.

Синни ниҳоии дар хизмати ҳарбӣ будан барои хизматчиёни ҳарбӣ чунин муқаррар карда мешавад:

1) дорои рутбаи ҳарбии генерал-полковник – 63 сол;

2) дорои рутбаи ҳарбии генерал-лейтенант, генерал-майор – 58 сол;

3) дорои рутбаи ҳарбии полковник – 53 сол;

4) дорои рутбаҳои дигари ҳарбӣ – 48 сол.

Синни ниҳоии дар хизмати ҳарбӣ будани хизматчиёни ҳарбии ҷинси зан набояд аз 53 сол боло бошад.

 

Барои маълумоти бештар нигаред ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, 29 январи  соли 2021, №1753

crescentofhearth.com