ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ ШАХСОНИ ГУРЕЗА ДАР ТОҶИКИСТОН

Тибқи моддаи 16 -и Конститутсияи Тоҷикистон “Шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд аз ҳуқуқ ва озодиҳои муқарраргардида истифода мебаранд ва баробари шаҳрванди Тоҷикистон вазифа ва масъулият доранд, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун пешбинӣ намудааст. Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷие, ки гирифтори вайронкунии ҳуқуқи инсон гаштаанд, метавонад паноҳгоҳи сиёсӣ диҳад.”

Дар ин робита, донистани мафҳумҳои зерин аз аҳамият холӣ нест:

- гуреза - шахсе, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон набуда, дар қаламрави он қарор дорад ва бинобар сабабҳои комилан асосноки дар давлати мансубияти шаҳрвандии худ бо аломатҳои нажодӣ, эътиқоди динӣ, шаҳрвандӣ, мансубият ба гурӯҳи муайяни иҷтимоӣ, ё эътиқоди сиёсӣ дучори таъқиб гашта, аз таъсири ин сабабҳо наметавонад, ё намехоҳад аз ҳимояи он давлат истифода намояд, ё шахсе, ки шаҳрвандии муайян надошта, бинобар чунин ҳолатҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва бо сабаби мавҷуд будани ҳамин гуна хавф наметавонад, ё намехоҳад ба давлати истиқомати доимии худ баргардад;

- шахси паноҳҷӯянда - шаҳрванди хориҷӣ, ё шахси бешаҳрванде, ки давлати шаҳрвандии худ ё ҷои истиқомати пештараашро бо мақсади пешниҳод намудани дархост барои гирифтани мақоми гуреза дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тарк намудааст;

- ҷои зисти муваққатӣ - ҷои сукунати муваққатии шахсони паноҳҷӯянда ва аъзои оилаи онҳо, ки дар хусуси гуреза дониста шуданашон дархост пешниҳод намудаанд, ё гуреза дониста шудаанд;

- шаҳодатномаи муваққатии паноҳҷӯянда - ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шахсони паноҳҷӯянда ва вазъи ҳуқуқии онҳо, ки мувофиқи Қонуни мазкур ҷиҳати дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гуреза дониста шуданашон дархост пешниҳод мекунанд; 

- маркази ҷойгиркунии муваққатӣ - Маркази махсусгардонидашудаи мақомоти корҳои дохилӣ барои ҷойгиркунии муваққатии шахсони паноҳҷӯянда ва аъзои оилаи онҳо, ки дар бораи гирифтани мақоми гуреза дар давраи гузаронидани чорабиниҳои ибтидоии айнияткунонӣ ва бақайдгирии пешбинигардида дархост пешниҳод намудаанд;

- ҳуҷҷати сафарӣ - ҳуҷҷате, ки аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ ба шахсони гуреза донисташуда барои аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон берун баромадан ва ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудан дода мешавад;

- шаҳодатномаи гуреза - ҳуҷҷати намунааш муқарраргардида, ки шахсияти шахсони паноҳҷӯяндаи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гуреза донисташударо тасдиқ менамояд;

- мақоми гуреза - вазъи ҳуқуқии (маҷмӯи ҳуқуқҳои умумӣ, озодиҳо, ӯҳдадориҳо ва манфиатҳои қонунии муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон) шахсони паноҳҷӯянда, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гуреза дониста шудаанд.

Кор бо шахсони паноҳҷӯянда ва гурезаҳо дар асоси принсипҳои зерин амалӣ гардонида мешавад:

- ғайритабъиз;

- берун накардан;

- муттаҳидшавии оила;

- маҳрамият;

- афзалияти ҳимояи манфиатҳои шахсони осебпазир.

Мақомоти идораи давлатӣ, ки татбиқи сиёсатро нисбати гурезаҳо таъмин мекунанд, инҳоянд:

- мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- мақомоти корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ.

Шахсе, ки хоҳиши дар Ҷумҳурии Тоҷикистон паноҳ ҷустан дорад, метавонад ба намояндагиҳои дипломатӣ ё консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати сукунати вай бо дархост оид ба гирифтани мақоми гуреза муроҷиат намояд.

Шахси паноҳҷӯянда, ки изҳори хоҳиши гуреза дониста шудан намуда, ба синни 18 (ҳаждаҳ) расидааст, ӯҳдадор аст шахсан ё ба воситаи намояндаи ваколатдоршуда ба мақомоти амнияти миллӣ ва корҳои дохилӣ бо дархости хаттӣ муроҷиат намояд.

Агар шахси паноҳҷӯянда, бинобар вазъи саломатӣ, имкон надошта бошад, ки дар хусуси гуреза дониста шуданаш шахсан муроҷиат кунад, ин корро метавонад намояндаи ваколатдори ӯ бо пешниҳоди ҳуҷҷати тиббӣ оид ба вазъи саломатии пешниҳодшаванда анҷом диҳад.

Шахсе, ки Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро иҷборан ғайриқонунӣ убур намудааст ва дар хусуси дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гуреза дониста шудан изҳори хоҳиш кардааст, бе истифодаи чораҳои ҷазои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ӯ барои ғайриқонунӣ ворид шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ё ғайриқонунӣ қарор доштан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҷузъу томҳои қӯшунҳои сарҳадии мақомоти амнияти миллӣ боздошт мешавад.

Ҷузъу томҳои қӯшунҳои сарҳадии мақомоти амнияти миллӣ дар хусуси хоҳиши шахсони паноҳҷӯянда барои гуреза дониста шудан ба наздиктарин мақомоти корҳои дохилӣ барои баррасии масъалаи бақайдгирии дархост дар муддати 72 соат хабар медиҳанд.

Маълумот дар бораи аъзои оилаи шахсони паноҳҷӯяндаи ба синни ҳаждаҳ нарасида, ки ҳамроҳи ӯ омадаанд, ба дархости падар ё модар, дар сурати набудани падару модар ба дархости намояндаи қонунии онҳо, ё ба дархости яке аз аъзои оилаи онҳо, ки ба синни ҳаждаҳ расидааст ва ихтиёран масъулияти ахлоқу тарбия ва нигоҳубини аъзои оилаи синнашон ба ҳаждаҳ нарасидаро ба зиммаи худ гирифтааст, ворид карда мешавад.

Дар ҳолати бе ҳамроҳии намояндаи қонунӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудани шахсоне, ки ба синни ҳаждаҳ нарасидаанд ва хоҳиши гуреза дониста шуданро изҳор намудаанд, мақомоти корҳои дохилӣ бо онҳо пурсиш гузаронида, варақаи пурсишнома пур мекунад. То қабули қарор оид ба муайян намудани вазъи ҳуқуқии онҳо мувофиқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба мақомоти васоят ва парастории Ҷумҳурии Тоҷикистон супурдани ин шахсон тадбирҳо андешида мешаванд.

Баррасии дархости шахсони паноҳҷӯянда, ки аъзои як оила мебошанд, нисбат ба ҳар як узви ба синни ҳаждаҳ расидаи оила, дар алоҳидагӣ анҷом дода мешавад.

Барои рад кардани додани мақоми гуреза ба шахси паноҳҷӯянда ҳолатҳои зерин асос мешаванд, агар:

- дархости шахc комилан беасос бошад, ё хусусияти суиистифода дошта бошад;

- дархости шахc пештар дар бораи гуреза дониста шудани ӯ, бинобар мавҷуд набудани ҳолатҳои хавфи дучории таъқиб гаштан рад шуда бошад, дар сурате, ки вазъият дар кишвари мансубияти шаҳрвандии ӯ (маҳалли истиқомати пештараи ӯ) аз рӯзи раддия гирифтан то рӯзи пешниҳоди дархости нав тағйир наёфта бошад;

- шахc шаҳрванди давлати сеюме бошад, ки метавонад аз ҳимояи он истифода намояд, ё ҳуқуқ дорад дар асоси қонунӣ дар қаламрави кишвари сеюм бе хавфи дучори таъқиб шудан дар ин кишвар истиқомат кунад;

- шахc бевосита аз қаламрави кишвари сеюми бехатар омада бошад, ки то ворид шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон муваққатан дар қаламрави он таҳти таъқиб қарор надошт, ё метавонист мувофиқи тартиби муқарраргардида паноҳгоҳ ё мақоми гуреза гирад;

- шахc давлати мансубияти шаҳрвандии (маҳалли истиқомати пештараи) худро бинобар хавфи ҷазо гирифтан мутобиқи қонунгузории ин давлат барои ғайриқонунӣ берун шудан аз қаламрави он ё барои содир намудани дигар ҷиноят дар қаламрави он тарк намуда бошад ва бо ҳамин сабабҳо намехоҳад ба давлати мансубияти шаҳрвандии (маҳалли истиқомати пештараи) худ баргардад;

- шахc иҷборан ғайриқонунӣ Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо мақсади пешниҳод намудани дархост дар хусуси гуреза дониста шудан убур намуда бошад ва мутобиқи тартиби пешбининамудаи Қонуни мазкур бе сабабҳои узрнок бо дархост дар бораи хоҳиши гуреза дониста шуданаш муроҷиат накарда бошад;

- шахc аз додани маълумот дар бораи худ саркашӣ намояд, дар бораи худ ё ки дар бораи ҳолатҳои ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омаданаш маълумоти бардурӯғ пешниҳод намояд;

- шахc бо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қайди никоҳ бошад ва мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дорад барои истиқомати доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат гирад;

- шахc барои истиқомати доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома (иҷозатномаи зист) дошта бошад.

Дар сурате, ки агар ба шахси паноҳҷӯянда додани мақоми гуреза рад карда шавад, мақомоти корҳои дохилӣ дар мӯҳлати то панҷ рӯзи корӣ пас аз рӯзи қабули қарор дар ин хусус ба ӯ, бо зикри сабабҳои радкунӣ ва тартиби овардани шикоят аз рӯи қарори қабулшуда, инчунин шарҳи вазъи ҳуқуқии минбаъдаи ӯ ва аъзои оилааш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳинома месупорад, ё ирсол менамояд.

Мақомоти корҳои дохилӣ, мақомоти амнияти миллиро дар хусуси қабули қарори ниҳоӣ дар бораи рад намудани бақайдгирии дархости шахc дар хусуси гуреза донистани ӯ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабардор менамояд. Ҳамзамон ба мақомоти дахлдор дар бораи ба ин шахc додани раводиди хуруҷ ба мӯҳлате, ки барои шикоят намудан аз болои қарор дар хусуси рад намудани бақайдгирии дархости ӯ дар хусуси гуреза донистан вақт медиҳад, дархост менамояд.

Шахси паноҳҷӯянда ва аъзои оилаи ӯ ҳуқуқҳо доранд:

- оид ба тартиби гуреза донистани онҳо ва оид ба ҳуқуқу ӯҳдадориҳои худ иттилоот гиранд;

- дар давраи баррасии дархост дар маҳалҳои сукунати муваққатӣ бо роҳхати мақомоти корҳои дохилӣ истиқомат намоянд, ё мустақилона дар оилаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ё шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомати доимӣ дошта сокин шаванд.

- дар муассисаҳои давлатии тиббӣ ёрии таъҷилии тиббӣ гиранд;

- маълумоти ибтидоӣ ва миёна гиранд.

Шахсони паноҳҷӯянда, инчунин аъзои оилаи онҳо ӯҳдадоранд:

- талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намоянд.

- мақомоти корҳои дохилиро дар давоми се рӯзи корӣ дар бораи иваз намудани маҳалли истиқомат дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оид ба мақсади аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон берун рафтан огоҳ созанд.

- тартиби муқарраргардидаи истиқоматро риоя намоянд ва талаботи муқарраргардидаи меъёрҳои санитарию гигиении истиқомат дар маҳали сукунати муваққатиро иҷро кунанд;

- тибқи тартибе, ки мақомоти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муайян менамояд, фавран аз муоинаи ҳатмии тиббӣ гузаранд.

- ба мақомоти корҳои дохилӣ маълумоти саҳеҳро барои қабули қарор дар асоси дархост пешниҳод намоянд.

- аз тағйироти маълумоти анкетавӣ ва маҳалли истиқомат ба мақомоти корҳои дохилӣ хабар диҳанд.

Шахси гуреза донисташуда ва аъзои оилаи ӯ, ки ҳамроҳаш омадаанд, ҳуқуқҳои зеринро доранд:

- гирифтани иттилоот дар бораи ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои худ;

- истиқомат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи гуреза будан дар маҳалҳои аҳолинишине, ки номгӯи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муайян кардааcт;

- сокиншавии мустақилона дар оилаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ё шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- иштирок дар барномаҳои ҳамгироие, ки мақомоти корҳои дохилӣ таҳия менамояд;

- ёрии тиббӣ, таъминшавӣ бо кор, кор дар асоси кироя, ё фаъолияти соҳибкорӣ, мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар тартиби дигар муқаррар нашуда бошад;

- гирифтани таҳсилоти ибтидоӣ ва миёна;

- кӯмаки мақомоти корҳои дохилӣ барои дарёфти маълумот дар бораи хешовандоне, ки дар давлати мансубияти шаҳрвандии (маҳалли истиқомати пештараи) шахси гуреза истиқомат мекунанд;

- ихтиёран баргаштан ба давлати мансубияти шаҳрвандии (маҳалли истиқомати пештараи) худ;

- рафтан ба давлати дигар барои истиқомат;

- гирифтани ёрдампулӣ ва дигар навъи кӯмак тибқи тартибе, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд;

- истифода аз дигар ҳуқуқҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ ба таври доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматкунанда пешбинӣ намудааст.

Шахси гуреза донисташуда ва аъзои оилаи ӯ, ки ӯро ҳамроҳӣ мекунанд, ӯҳдадоранд:

- талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намоянд;

- ҳангоми сокиншавии мустақилона дар мӯҳлати на дертар аз се рӯзи корӣ пас аз гирифтани шаҳодатнома дар мақомоти корҳои дохилии маҳалли истиқомат аз қайд гузаранд;

- пас аз гирифтани роҳхат барои сукунати муваққатӣ аз мақомоти корҳои дохилӣ дар мӯҳлати на дертар аз се рӯз ба маҳалли аҳолинишини нишондодашуда омада, баъди расидан дар мӯҳлати на дертар аз се рӯзи корӣ дар мақомоти маҳаллии корҳои дохилӣ аз қайд гузаранд;

- дар мӯҳлати на дертар аз як ҳафтаи корӣ ба мақомоти корҳои дохилӣ дар хусуси тағйири ному насаб, ҳайати оила, вазъияти оилавӣ, дар бораи соҳиб шудан ба шаҳрвандии дигар давлат ва дар бораи гирифтани иҷозат барои истиқомати доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод кунанд;

- аз мақсади тағйир додани ҷои истиқомат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ё кӯчида рафтан берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти корҳои дохилиро хабардор намоянд;

- дар сурати иваз намудани ҷои истиқомат аз қайди мақомоти корҳои дохилӣ бароянд ва дар давоми се рӯзи корӣ пас аз расидан ба маҳалли нави истиқомат дар мақомоти корҳои дохилии он маҳал аз қайд гузаранд;

- дар мӯҳлатҳое, ки мақомоти корҳои дохилӣ муқаррар менамояд, ҳар сол аз нав аз қайд гузаранд;

Мақоми гуреза қатъ мегардад, агар шахс:

- барои истиқомати доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат гирифта бошад;

- шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ё дигар давлатро соҳиб шуда бошад;

- барои истиқомати доимӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон рафта бошад;

- ихтиёран аз ҳимояи давлати мансубияти шаҳрвандӣ, ё истиқомати худ аз нав истифода барад;

- ихтиёран ба кишвари мансубияти худ, ки қаблан бинобар хавфи таъқибот тарк карда буд, баргардад;

- аз ҳимояи давлати мансубияти шаҳрвандии худ бо сабабҳое, ки ӯ гуреза дониста шуда буд, даст кашида натавонад, агар сабабҳои дигар вуҷуд надошта бошанд.

Шахc дар ҳолатҳои зерин аз мақоми гуреза маҳрум карда мешавад, агар:

- дидаю дониста маълумоти бардурӯғ, ё ҳуҷҷатҳои қалбакие пешниҳод намуда бошад, ки барои гуреза донистани ӯ асос шуда бошанд;

- ба амнияти миллӣ, асосҳои сохти конcтитутcионӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, саломатӣ ва ахлоқии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид намояд.

Қарор дар бораи қатъ гардидани мақоми гуреза, ё маҳрум намудан аз мақоми гуреза аз ҷониби комиссияи муштараки доимоамалкунандаи назди мақомоти корҳои дохилӣ оид ба муайян намудани мақоми гуреза қабул карда мешавад.

Огоҳинома оид ба қарори комиссияи муштараки доимоамалкунандаи назди мақомоти корҳои дохилӣ оид ба муайян намудани мақоми гуреза дар бораи қатъ гаштани мақоми гуреза, ё маҳрум намудан аз мақоми гуреза бо нишон додани сабабҳои қабули қарор дар ин бора ва тартиби шикоят овардан аз рӯи қарор аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ на дертар аз панҷ рӯзи корӣ пас аз қабули қарор ба ин шахс супорида ё ирсол карда мешавад.

Мақомоти корҳои дохилӣ мақомоти дахлдорро аз қарори қабулгардида дар бораи аз даст додани мақоми гуреза, ё дар бораи аз мақоми гуреза маҳрум намудани шахс хабардор намуда, онро аз қайд мебарорад, ҳамзамон дар хусуси ба расмият даровардани раводиди хуруҷи ӯ ва аъзои оилааш аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост менамояд.

Дар сурати аз даcт додани мақоми гуреза ё маҳрум гардидан аз ин мақом, шаҳодатнома ба мақомоти корҳои дохилӣ супурда шуда, он беэътибор дониста мешавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар давлатҳо, Раёсати Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезаҳо ва дигар созмонҳои байналмилалӣ бо мақсади ҳалли масъалаҳои гурезаҳо ҳамкорӣ менамояд.

 

Номгӯи маҳалҳои аҳолинишини Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он ҷойҳо муваққатан зист намудани шаҳрвандони паноҳҷӯянда ва гурезагон мумкин нест: Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ш. Душанбе, ш. Турсунзода, ш. Роғун, ноҳияи Варзоб, ноҳияи Лахш, ш. Бохтар, ш. Левакант, ш. Кӯлоб, ш. Норак

ноҳияи Панҷ, ноҳияи Ҷайҳун, ноҳияи Фархор, ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ноҳияи Ш.Шоҳин, ноҳияи Шаҳритуз, ноҳияи Қабодиён, ноҳияи Дӯстӣ, ш. Хуҷанд, ш. Бӯстон, ш. Гулистон, ш. Истиқлол, ш. Конибодом ва ш. Исфара.

 

Номгӯи кишварҳое, ки муваққатан зиндагӣ кардан дар он ҷо то омадан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон асос барои рад намудани бақайдгирии илтимоснома доир ба гуреза эътироф намудани шахси хориҷӣ ва рад кардани эътирофи гурезагии ҳисоб меёбад: Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Федератсияи Россия, Туркманистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Давлати Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Покистон.

 

Барои маълумоти бештар нигаред ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи гурезаҳо”, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Низомномаи шаҳодатномаи гуреза”, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи номгӯи маҳалҳои аҳолинишини Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он ҷойҳо муваққатан зист намудани шаҳрвандони паноҳҷӯянда ва гурезагон мумкин нест”

crescentofhearth.com