Хабарҳо

ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК

ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК

Дар  моддаи 34 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст:  “Модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд. Падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар масъул мебошанд. Давлат барои ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ менамояд».

Кӯдак – шахсе ба ҳисоб меравад, ки ба синни ҳаждаҳ нарасидааст;

Кӯдаки маъюб - кӯдаке, дар натиҷаи нуқсёбии саломатӣ бо коҳиши устувори вазифаҳои организм аз беморӣ, ҷароҳат, иллати ҷисмонӣ ва ақлонӣ боиси маҳдуд шудани фаъолияти ҳаётӣ гардидааст ва ба ҳифзи иҷтимоӣ ниёз дорад;

Кӯдаки ятим - кӯдаке, ки падару модараш, падар ё модари танҳояш вафот кардаанд;

Кӯдаки бепарастор - кӯдаке, ки бо сабабҳои маҳдуд ё маҳрум карда шудани падару модар, падар ё модари танҳояш аз ҳуқуқи падару модарӣ, бедарак ғоиб эътироф ё фавтида эълон гардидани падару модар, ғайри қобили амал (дорои қобилияти маҳдуди амал) дониста шудани онҳо, барои адои ҷазо дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ қарор доштани падару модар, саркашӣ кардани падару модар аз тарбияи кӯдак ё ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ӯ, аз ҷумла ҳангоми рад кардани гирифтани кӯдаки худ аз муассисаҳои таълимӣ - тарбиявӣ ва ё табобатӣ, инчунин дар дигар ҳолатҳо бе парастории падару модар мондааст;

Намояндаи қонунии кӯдак - падару модар, фарзандхондҳо, васӣ, парастор ё дигар шахсони онҳоро ивазкунанда, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ғамхорӣ, таълим, тарбия, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдак ба зиммаи онҳо гузошта шудаанд;

Оилаи (мураббии) парастор - оила ё шахсе, ки кӯдаки ятим ё бепарасторро ба тарбия қабул кардааст;

Таъминоти моддӣ ва иҷтимоии пурраи давлатии кӯдакони ятим ва бепарастор - аз ҷониби давлат ба таври ройгон таъмин намудани кӯдакони ятим ва бепарастор бо ҷойи зист, хӯрок, либос, пойафзол, маблағҳои пулӣ дар шакли грант ва стипендияҳо, хизматрасонии тиббию иҷтимоӣ ва дигар хизматрасонӣ;

Хизматрасонии тиббию иҷтимоӣ ба кӯдакон - маҷмӯи тадбирҳои хизматрасонӣ ба кӯдакон (дастгирии иҷтимоӣ, расонидани ёрии тиббӣ, педагогӣ, равонӣ, ҳуқуқӣ, барқарорсозии иҷтимоии кӯдаконе, ки дар вазъияти душвори зиндагӣ қарор доранд ва таъмини шуғли чунин кӯдакон то ба синни ҳаждаҳ расидани онҳо) аз ҷониби корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқиашон (минбаъд - ташкилотҳо) ва шаҳрвандоне, ки бе таъсис додани шахси ҳуқуқӣ фаъолияти соҳибкории инфиродии хизматрасонии тиббию иҷтимоиро барои кӯдакон иҷро мекунанд.

Ҳар як кӯдак ба зиндагӣ ва шароите ҳуқуқ дорад, ки барои инкишофи мукаммали ҷисмонӣ, равонӣ ва маънавию ахлоқии ӯ заруранд. Кӯдак ба озодӣ, дахлнопазирӣ, шаъну эътибор ва ҳаёти шахсӣ ҳуқуқ дорад.

Ҳамаи кӯдакон, новобаста ба вазъи иҷтимоӣ, мансубияти миллӣ ва мазҳабӣ, вазъи иҷтимоӣ ва молумулкӣ, нажод, ҷинс, забон, таҳсилот, эътиқоди динӣ, ҷойи зист, вазъи саломатӣ ва дигар ҳолатҳои ба кӯдак ва падару модар ё дигар намояндагони қонунии ӯ дахлдошта, ҳуқуқҳои баробар доранд.

Давлат ба кӯдак барои фароҳам овардани шароити мусоид тавассути маҷмӯи чорабиниҳои иҷтимоию иқтисодӣ тадбирҳо меандешад.

Нисбат ба кӯдак истифода ё таҳдиди истифодаи зӯроварӣ манъ аст.

Ҳар як кӯдак ҳуқуқ ба ҳимоя дорад.

Падару модар ё шахсони онҳоро ивазкунанда, мақомоти васояту парасторӣ ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоту ташкилотҳои дигар уҳдадоранд барои ҳимояи кӯдак чораҷӯӣ намоянд.

Кӯдак аз лаҳзаи таваллуд шуданаш ба насаб, ном ва номи падар, миллат ва шаҳрвандӣ ҳуқуқ дорад.

Кӯдак ба ҳифзи саломатӣ ҳуқуқ дорад.

Давлат бо мақсади таваллуди кӯдаки солим барои ҳифзи саломатии падару модар шароити мусоид муҳайё мекунад.

Ҳуқуқи кӯдак ба ҳифзи саломатӣ бо тадбирҳои зерин таъмин карда мешавад:

- қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ҳифзи саломатии кӯдак;

- тарғибу ташвиқ ва ҳавасмандгардонӣ ба тарзи ҳаёти солими кӯдак;

- дастгирии давлатии таҳқиқоти илмии соҳаи ҳифзи саломатии кӯдак;

- назорати вазъи саломатии кӯдак ва пешгирии бемориҳои кӯдакона;

- расонидани ёрии тиббӣ;

- фароҳам овардани шароити мусоиди зист, ки барои инкишофи солими кӯдак зарур аст;

- назорати истеҳсол ва фурӯши маводи ғизоии хушсифат барои кӯдакон.

Давлат ба кӯдак ёрии тиббии ройгонро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат медиҳад.

Ҳама гуна озмоишҳои тиббӣ ва илмӣ нисбат ба кӯдак манъ аст.

Ҳангоми вайрон шудани ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии кӯдак, аз ҷумла иҷро накардан ё ба таври дахлдор иҷро накардани ӯҳдадориҳо оид ба нигоҳубин, тарбия ва таълими кӯдак аз ҷониби падару модар (яке аз онҳо) ё шахсони онҳоро ивазкунанда ва ё ҳангоми суиистифодаи падару модар аз ҳуқуқҳояшон, кӯдаке, ки ақидаҳои худро мустақилона ифода карда метавонад, ҳуқуқ дорад барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии худ ба мақомоти васоят ва парасторӣ, инчунин дигар мақомоти ваколатдори давлатӣ бевосита муроҷиат намояд.

Ҳуқуқи кӯдак ба изҳори ақида вобаста ба синну сол маҳдуд карда намешавад. Ба кӯдак дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд имконият дода шавад, ки фикри худро дар шакле, ки ӯ мехоҳад, баён кунад.

Ҳуқуқи кӯдак ҳамчун соҳибмулк барои ихтиёрдорӣ кардани молу мулки ба ӯ тааллуқдошта мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Маблағе, ки барои кӯдак ба сифати алимент, кӯмакпулӣ ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ муқаррар шудааст, ба ихтиёри падару модар ё дигар намояндаи қонунии ӯ дода шуда, он барои зисту зиндагонӣ, таълим ва тарбияи кӯдак харҷ карда мешавад.

Кӯдак метавонад бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақилона ё ба воситаи намояндаи қонунии худ шартномаҳо бандад, дар бонкҳо суратҳисоб дошта бошад, музди кор, стипендия ё дигар даромад ва объектҳои ҳуқуқи моликияти зеҳниашро ихтиёрдорӣ намояд ва ҳуқуқҳои дигари молумулкиашро амалӣ гардонад.

Падару модар ё дигар намояндаи қонунии кӯдак, инчунин шахсони алоҳида ҳуқуқ доранд ба номи кӯдак дар бонкҳо маблағ гузоранд ва ҷиҳати дастгирии моддии кӯдакони маъюб, ятим ва бепарастор тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Баровардани кӯдакони маъюб, ятим ва бепарастор аз манзили истиқоматиашон бе додани манзили дигар манъ аст.

Кӯдак ба таҳсил ҳуқуқ дорад ва ба ӯ таҳсилоти умумии миёна ва ибтидоии касбии ройгон ва таҳсилоти ройгони миёна ва олии касбӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат дода мешавад. Кӯдак аз муассисаи таълимии давлатӣ то гирифтани таҳсилоти умумии миёна ё ибтидоии касбӣ танҳо бо розигии мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак бо риояи тартиби умумӣ хориҷ карда мешавад.

Ба кӯдаки маъюбе, ки ба муносибати махсуси педагогӣ эҳтиёҷ дорад, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсилот кафолат дода мешавад.

Кӯдак ба меҳнат, интихоби озодонаи намуди фаъолият ва касбу ҳунар ҳуқуқ дорад.

Кӯдак тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иҷозати падару модар ё дигар намояндаи қонуниаш ҳуқуқ дорад дар вақтҳои фориғ аз таҳсил бо коре машғул шавад, ки ба саломатию инкишофи зеҳнии ӯ мувофиқ буда, ба ҳолати ҷисмонӣ, маънавӣ ва равониаш зарар нарасонад.

Тартиби бастан ва қатъ кардани шартномаи меҳнатӣ ва дигар хусусиятҳои муносибатҳои меҳнатӣ, аз ҷумла меъёри зарурии рӯзи кор, истироҳат, музди кор ва шароити кори кӯдакро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи меҳнат муқаррар мекунад.

Кӯдакро ба корҳои вазнин, зеризаминӣ ва шароити меҳнаташон зарарнок қабул ва ҷалб намудан манъ аст.

Кӯдак мувофиқи синну сол, вазъи саломатӣ ва талаботаш ба истироҳат ва фароғат ҳуқуқ дорад.

Падару модар ё дигар намояндаи қонунии кӯдак аз рӯи имконият барои нигоҳубин ва инкишофи ҳаматарафаи ӯ шароити зарурӣ муҳайё месозанд.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи чорабиниҳоро оид ба таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон барои фароғат, солимгардонӣ ва истироҳат, аз ҷумла машғулиятҳои эҷодию фароғатӣ доир мекунанд, майдончаҳои варзишӣ, лагеру осоишгоҳҳо таъсис дода, ташкили фароғати кӯдаконро дастгирӣ менамоянд.

Давлат маҷмӯи чорабиниҳоро оид ба таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон ба истироҳату солимгардонӣ ва фароғат амалӣ мегардонад.

Кӯдак ҳуқуқи муттаҳидшавиро дар ташкилотҳои ҷамъиятии кӯдакон ва ҷавонон дорад, ба шарте ки фаъолияти онҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф набошад, тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти давлат, ҳуқуқу озодиҳои дигар шахсонро халалдор насозад.

Ташкилотҳои ҷамъиятии кӯдакон метавонанд бо ташкилотҳои ҷамъиятии кӯдакони дигар мамлакатҳо робита намоянд ва ба ташкилотҳои байналмилалии кӯдакон дохил шаванд.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ба фаъолияти ташкилотҳои кӯдакон ва ҷавонон мусоидат менамоянд.

Кӯдак ҳуқуқ дорад дар оила зиндагӣ кунад ва тарбия гирад, падару модарашро шиносад, аз ғамхорӣ ва тарбияи онҳо, ба истиснои ҳолатҳое, ки бар хилофи манфиатҳои ӯ мебошанд, баҳраманд шавад.

Кӯдак ҳуқуқ дорад бо падару модар ё дигар намояндаи қонуниаш ҳамроҳ зиндагонӣ кунад.

Кӯдакро аз падару модар ё дигар намояндаи қонуниаш ҷудо кардан манъ аст. Бо мақсади ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ барои аз падару модар ё дигар намояндаи қонуниаш ҷудо кардани ӯ қарор қабул карда мешавад.

Тарбия дар оила асоси инкишофи шахсияти кӯдак ба ҳисоб рафта, ҳар як падару модар ё дигар намояндаи қонунии кӯдак барои тарбия, таълим ва инкишофи ӯ масъулияти баробар доранд.

Кӯдак ҳуқуқ дорад дар бораи падар ё модаре, ки аз ӯ ҷудо зиндагӣ мекунанд, иттилоъ гирад, бо онҳо вохӯрад ва муносибат намояд, ба истиснои ҳолатҳое, ки чунин вохӯрию муносибатҳо ба ҳаёт ва саломатии ӯ таҳдид намоянд.

Падару модар, дигар аъзои оила ва хешовандон барои татбиқи ҳуқуқи кӯдак ба мулоқот бо онҳо набояд мамониат намоянд ва ӯҳдадоранд, ки баъди мулоқот кӯдакро ба ҷойи истиқоматаш баргардонида, ба иваз намудани ҷойи истиқомати ӯ роҳ надиҳанд.

Падару модаре, ки аз кӯдак ҷудо зиндагӣ мекунанд, барои иштирок дар тарбияи ӯ ӯҳдадор буда, ҳуқуқ доранд, ки бо кӯдак робита дошта бошанд, агар чунин робита ба тарбияи мӯътадили ӯ халал нарасонад.

Баҳсҳо оид ба ҳолатҳои маҳдудкунии ҳуқуқи кӯдак, ки дар ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, бо тартиби судӣ ҳал карда мешаванд.

Ҷойи истиқомати кӯдак ҳангоми ҷудо зиндагонӣ кардани падару модар бо ризоияти онҳо ва дар сурати розӣ набудан - ба тариқи судӣ муқаррар карда мешавад.

Кӯдаконе, ки нӯшокиҳои спиртдор, маводи нашъадор ва моддаҳои мадҳушкунанда истеъмол мекунанд, инчунин кӯдаконе, ки аз рӯи вазъи саломатӣ дар муассисаҳои махсуси таълимӣ - тарбиявӣ барои ноболиғон ҷойгир намуданашон имконнопазир аст, барои табобат ба муассисаҳои табобатӣ фиристонида мешаванд.

Кӯдаконе, ки дар муассисаҳои зикршуда нигоҳ дошта мешаванд, ба гирифтани таҳсилот, омодагии касбӣ, рухсатӣ, мукотиба, мулоқот бо падару модар ё дигар намояндаи қонуниашон, гирифтани фиристаҳо, дастовезҳо ва бастаҳо ҳуқуқ доранд.

Давлат тавассути мақомоти давлатии дахлдор ҷиҳати таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакони гуреза чораҳои заруриро меандешад.

Мақомоти давлатии дахлдлор барои ҷустуҷӯи падару модар ё дигар намояндагони қонунии кӯдакони гуреза, ки аз оилаҳояшон ҷудо шудаанд, ҷобаҷокунии чунин кӯдакон дар муассисаҳои дахлдори кӯдакона ё оилаи (мураббии) парастор мусоидат менамоянд.

Ба кӯдаконе, ки дар натиҷаи офатҳои табиӣ ва садамаҳои техногенӣ зарар дидаанд, давлат кӯмаки моддӣ мерасонад. Онҳо аз минтақаи хавфнок кӯчонида мешаванд ва ба онҳо расонидани кӯмаки ройгони тиббӣ, иҷтимоӣ, таъминоти нафақа, ҷуброни молу мулки гумшуда ё зарардида ва манзили вайроншуда кафолат дода шуда, барои якҷояшавӣ бо аъзои оилаашон чораҳо андешида мешаванд.

Иштироки кӯдакон дар амалиётҳои ҷангӣ ва низоъҳои мусаллаҳона, инчунин таъсиси ташкилот ва воҳидҳои ҳарбикунонидашудаи кӯдакон, тарғиби ҷанг ва зӯроварӣ дар байни онҳо манъ аст.

Давлат барои таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакони дар минтақаи амалиётҳои ҷангӣ ва низоъҳои мусаллаҳона қарордошта ва нигоҳубини онҳо ҳамаи чораҳои имконпазирро меандешад. Ба онҳо кӯмаки моддӣ, тиббӣ ва кӯмакҳои дигар расонида шуда, ҳангоми зарурат онҳо дар муассисаҳо барои кӯдакони ятим ва бепарастор ва ё дар муассисаҳои соҳаи маориф ҷойгир карда мешаванд.

Давлат оид ба мубориза бар зидди интиқоли ғайриқонунии кӯдакон аз сарҳади давлатӣ, баровардан ва барнагардонидани кӯдакон аз хориҷа, рабудан, савдо ва қочоқи онҳо тадбирҳо меандешад.

Давлат имконияти шиносоии кӯдакро бо фарҳанги миллӣ, таърих, анъанаву арзишҳои маънавии халқи Тоҷикистон ва комёбиҳои фарҳангии ҷаҳонӣ бо роҳи додани имконияти истифодаи фондҳои китобхонаҳо, толорҳои намоишӣ, осорхонаҳо, таъсиси шабакаи муассисаҳои махсуси кӯдаконаи фарҳангӣ, муассисаҳои таълимӣ, тарбиявӣ таъмин менамояд.

Давлат ба истеҳсол ва таъмини дастрасии филмҳои бадеӣ ва видеоӣ, барномаҳои телевизионӣ ва радио, асарҳои чопӣ, инчунин паҳнкунии иттилооти дигари муфид, ки барои инкишофи қобилияти эҷодӣ ва зеҳнии кӯдакон пешбинӣ шудаанд, мусоидат менамояд.

Дар воситаҳои ахбори омма, адабиёт ва чорабиниҳои оммавии фарҳангию фароғатӣ тарғиб намудани парастиши зӯроварӣ ва бераҳмӣ, паҳн кардани порнография ва иттилооте, ки шаъну эътибори инсониро паст зада, ба тарбияи кӯдак зарар мерасонад, манъ аст.

Мақомоти давлатӣ, падару модар ё дигар намояндаи қонунии кӯдак, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вазифадоранд кӯдакро аз таъсири манфии муҳити иҷтимоӣ, иттилоотӣ, нӯшокиҳои спиртӣ, маҳсулоти тамоку, маводи нашъадор ва психотропӣ, ки ба саломатӣ, рушди маънавӣ ва ахлоқии ӯ зарар мерасонанд, ҳифз намоянд.

Барои кӯдакон намоиш додан, фурӯхтан, тӯҳфа кардан, нусхабардорӣ намудан ва ба кироя додани бозичаҳо, кинофилмҳо, фитаҳои сабти овоз ва видео, интишори адабиёт, маҷаллаву рӯзнома ва дигар воситаҳои ахбори омма, ки мақсади онҳо ба вуҷуд овардани адовати нажодӣ, миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад, ҷангҷӯӣ ва маҳалгароиро тарғиб намуда, ба зӯран тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват мекунанд, инчунин ба оворагардӣ, гадоӣ, фоҳишагӣ ҷалб намудани кӯдак, интишор, реклама ё ба кӯдак фурӯхтани мавод, расму тасвирҳо, нашрияҳои чопӣ, кино ё видеофилмҳои хусусияти порнографидошта манъ аст.

Дастгир намудан ва ҳабси кӯдак ҳамчун чораи истисноӣ татбиқ карда мешаванд. Дар бораи дастгир ва ҳабс намудани кӯдак мақомоти давлатии дахлдор фавран ба падару модар ё дигар намояндаи қонунии ӯ, инчунин мақомоти прокуратура хабар медиҳанд. Якҷоя нигоҳ доштани кӯдак дар як ҳуҷра бо дастгиршудагон, ба ҳабс гирифташудагон ё маҳкумшудагони калонсол манъ аст.

Дар ҳолати озод намудани кӯдак аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ё аз ҷазо ба ӯ, мумкин аст чораҳои маҷбуркунии дорои хусусияти тарбиявидошта таъин гарданд.

Кӯдакони ятим ва бепарастор, дар сурати мавҷуд набудани имконияти дар оила тарбия ёфтан, дар муассисаҳои таълимӣ, тарбиявӣ, табобатӣ ё дигар муассисаҳои ба онҳо монанд ҷойгир карда мешаванд.

Алимент, кӯмакпулӣ ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ ба суратҳисоби шахсии кӯдакони ятим ва бепарастор гузаронида мешаванд.

Ба кӯдакони ятим ва бепарасторе, ки дар муассисаҳои таълимӣ, тарбиявӣ, табобатӣ ва дигар муассисаҳои ба онҳо монанд ҷойгир карда шудаанд, шароити ба муҳити оила монанд муҳайё мегардад. Дар ин муассисаҳо кӯдак ба таъминот, таълиму тарбия, рушду камоли ҳамаҷониба, эҳтироми шаъну эътибор, таъмини манфиатҳои худ, ҳифзи забони модарӣ, фарҳанг, урфу одат ва анъанаҳои миллӣ ҳуқуқ дорад.

Кормандони муассисаҳои таълимӣ, тарбиявӣ, табобатӣ ва дигар муассисаҳои ба онҳо монанд, ки нигоҳубини кӯдакони ятим ва бепарасторро ба зимма доранд, барои иҷро накардани ӯҳдадориҳои вазифавиашон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакони ятим ва бепарасторро, ки дар муассисаҳои таълимӣ, тарбиявӣ, табобатӣ ва дигар муассисаҳои ба онҳо монанд қарор доранд, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳимоя намуда, барои бо кор таъмин кардани онҳо мусоидат мекунанд.

Кӯдаки маъюб ба ҳаёти мукаммал дар шароите, ки шаъну эътибори ӯро таъмин намуда, барои фаъолона шомил шудан ба ҳаёти ҷамъиятӣ ба ӯ мусоидат мекунад, бо кӯдакони солим ҳуқуқи баробар дорад.

Бо мақсади ба кӯдаки маъюб таъмин намудани ҳаёти мукаммал ва мувофиқ ба шароите, ки мустақилияти пурра ва ҳамгироии иҷтимоиро таъмин мекунад, ӯ вобаста ба қобилияти ҷисмонӣ ва зеҳнии худ ҳуқуқ дорад аз нигоҳубин, таҳсил ва тайёрии махсус бархурдор бошад.

Кӯдаки маъюб ҳуқуқ дорад мувофиқи қобилияти худ намуди фаъолият ва касберо интихоб кунад, дар фаъолияти ҷамъиятӣ ва эҷодӣ иштирок намояд.

Табъизи кӯдак бинобар маъюб буданаш манъ аст.

Давлат ба ташкили шароити зарурӣ ба кӯдаки маъюб барои ҳаёти мукаммал ва инкишоф бо назардошти имконият ва манфиатҳои фардӣ мусоидат намуда, ба ӯ додани кӯмаки моддии дахлдор, ба яке аз падару модари кӯдаки маъюб ё дигар намояндаи қонунии ӯ муқаррар намудани имтиёзҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, кафолат медиҳад.

Ба кӯдаки маъюб таъминоти моддӣ, маишӣ, иҷтимоӣ, инчунин таъминоти доруворӣ, воситаҳои техникӣ ва дигар воситаҳои тавонбахшӣ кафолат дода мешавад.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот вазифадоранд барои таҳсил, тайёрии касбӣ, интихоби шуғли муносиб ва бо кор таъмин намудани кӯдакони маъюб бо назардошти вазъи саломатӣ, талабот ва имкониятҳояшон чораҳои дахлдор андешанд.

Барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки фаъолияташон ба таъмин намудани машғулияти кӯдакони маъюб, ташкили таҳсилоти касбӣ ва бозомӯзии онҳо равона шудааст, имтиёзҳо муқаррар карда мешаванд.

 

Барои маълумоти бештар нигаред ба: Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бора ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак”,

Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2015, №3, мод. 218

crescentofhearth.com