АҚДИ НИКОҲ ВА ҚАТЪИ ОН
Барои ақди никоҳ розигии ҳамдигарии марду зани никоҳшаванда ва синни никоҳӣ доштани онҳо зарур аст.
Дар Тоҷикистон синни никоҳӣ аз 18 солагӣ муқаррар карда мешавад. Дар ҳолатҳои истисноӣ суд ҳуқуқ дорад дар асоси хоҳиши шахсони никоҳшаванда синни никоҳи аз ҳаждаҳсолагӣ барои марду зан муқарраршударо ба мӯҳлати на бештар аз як сол кам кунад.
Ариза барои кам кардани синни никоҳӣ тибқи тартиби пешбурди алоҳида, дар суди маҳалли истиқомати шахсе, ки синнаш кам карда мешавад, баррасӣ мегардад. Ҳуқуқи оид ба ҳамин масъала муроҷиат намудан ба суд аз синни ҳабдаҳсолагӣ фаро мерасад.
Никоҳ дар мақомоти давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ баста мешавад.
Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои зану шавҳар аз лаҳзаи дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрванди ба қайди давлати гирифтани ақди никоҳ ба миён меояд.
Дар сурати аз ҷониби мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрванди рад кардани бақайдгирии никоҳ шахсоне, ки хоҳиши никоҳ кардан доранд (яке аз онҳо), метавонанд ба суд арз намоянд.
Дар сурати мавҷуд будани монеаҳои дар моддаи 14 ҳамин Кодекс зикрёфта ақди никоҳ баста намешавад.
Агар яке аз тарафҳои никоҳшаванда шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд бошад, шартҳои иловагии зерин талаб карда мешаванд: истиқомат дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон на камтар аз як соли охир ва бастани аҳдномаи никоҳ ба таври ҳатмӣ.
Ақди никоҳ байни шахсони зерин манъ аст:
- байни шахсоне, ки яке аз онҳо дар никоҳи дигари ба қайдгирифташуда қарор дошта бошад;
- байни хешовандони наздик (падар ё модар бо фарзанд, бобо ё бибӣ бо набераи худ);
- байни бародарону хоҳарони айни ва ӯгай (ки аз як падар ё модаранд);
- байни фарзандони бародарон, хоҳарон, бародару хоҳар;
- байни тағо ва ҷиян, амак ва бародарзода, хола ва хоҳарзода, амма ва ҷиян;
- байни шахсоне, ки аз як зан шир макидаанд;
- байни шахсоне, ки аз муоинаи тиббии ҳатмӣ нагузаштаанд;
- байни фарзандхондагон ва фарзандхондшудагон;
- байни шахсоне, ки суд яке аз онҳоро бо сабаби бемории рӯҳи ё сустақлиаш (ноқисулақлиаш) ғайри қобили амал эътироф кардааст;
- байни шахсоне, ки суд қобилияти амали яке аз онҳоро бо сабаби суиистеъмол намудан аз машруботи спиртӣ, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо ё дигар моддаҳои мадҳушкунанда маҳдуд намудааст.
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд пеш аз бастани ақди никоҳ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои давлатии соҳаи тандурустии маҳалли зист ё истиқомати доимӣ аз муоинаи тиббии ҳатмӣ ба таври ройгон мегузаранд ва онҳо бо натиҷаи муоинаи тиббии ҳатмии ҳамдигар шинос карда мешаванд.
Никоҳ дар натиҷаи вафот ё яке аз ҳамсаронро фавтида эълон намудани суд қатъ мегардад.
Никоҳ бо роҳи бекор кардани он (талоқ) дар асоси аризаи зан ё шавҳар ё ҳардуи онҳо, васии зан ё шавҳаре, ки суд ӯро ғайри қобили амал эътироф намудааст, инчунин прокурор қатъ гардиданаш мумкин аст.
Шавҳар ҳуқуқ надорад ҳангоми ҳомиладории зан ва дар давоми якуним соли пас аз таваллуди кӯдак бе розигии зан ба суд оиди бекор кардани никоҳ даъво пешниҳод намояд.
Маҳдудияти ҳангоми ҳомиладории зан пешбинигардида, нисбат ба шавҳар татбиқ намегардад, агар дар мӯҳлати зикршуда зан аз тарбияи фарзанд даст кашида, шавҳар бевосита ба тарбияи фарзанд машғул бошад, ё зан ташаббускори бекор кардани ақди никоҳ бошад.
Никоҳ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва ба тартиби судӣ бекор карда мешавад.
Никоҳ аз тарафи суд дар сурати фарзандони ноболиғ доштани зану шавҳар бекор карда мешавад.
Дар сурати ба бекор кардани никоҳ розӣ набудани зан ё шавҳаре, ки фарзанди ноболиғ надоранд, суд метавонад никоҳи онҳоро бекор кунад.
Никоҳ ба тартиби судӣ, инчунин дар ҳолатҳое, ки зан ё шавҳар бо вуҷуди мухолиф набуданашон аз бекор кардани никоҳ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ саркашӣ менамояд (ариза додан намехоҳад ё барои сабти бекор кардани никоҳ ҳозир намешавад ва ғайра), бекор карда мешавад.
Зимни баррасии парвандаҳо дар бораи бекор кардани никоҳ, дар сурати розӣ набудани зан ё шавҳар барои бекор кардани никоҳ, суд барои оштӣ додани зану шавҳар тадбирҳо меандешад ва ҳуқуқ дорад, ки баррасии парвандаро мавқуф гузошта, ба зану шавҳар барои оштишавӣ то шаш моҳ мӯҳлат диҳад.
Агар суд муқаррар намояд, ки зиндагии минбаъдаи якҷояи зану шавҳар ва нигоҳ доштани оила имконнопазир гардидаааст ва тадбирҳои оштӣ додани зану шавҳар натиҷаи дилхоҳ надоданд, никоҳ бекор карда мешавад.
Агар суд даъвои бекор кардани никоҳро рад кунад, зану шавҳар ҳуқуқ доранд, ки баъди гузаштани се моҳи пас аз рад шудани даъво дар хусуси бекор кардани никоҳ, такроран бо аризаи даъво муроҷиат намоянд.
Агар зану шавҳар барои бекор кардани ақди никоҳ розӣ бошанд, суд ҳуқуқ дорад ақди никоҳро бекор намояд. Дар ин ҳолат ақди никоҳ дар давоми як моҳи баъди ариза додани зану шавҳар бекор карда мешавад.
Ба зану шавҳари дорои фарзандони ноболиғ, новобаста ба розигии муштараки онҳо барои бекор кардани ақди никоҳ, суд барои оштӣ додани онҳо тадбирҳо меандешад ва ҳуқуқ дорад, ки баррасии парвандаро мавқуф гузошта, ба зану шавҳар барои оштишавӣ то шаш моҳ муҳлат диҳад.
Ҳангоми ба тариқи судӣ бекор кардани никоҳ зану шавҳар метавонанд созишномаро дар хусуси бо кадоме аз онҳо зиндагӣ кардани фарзандони ноболиғ, дар бораи тартиби пардохт ва андозаи маблағ барои таъминоти фарзандон ва (ё) зан ва (ё) шавҳари ғайри қобили меҳнати эҳтиёҷманд, дар хусуси ҳаҷми ин маблағ ё тақсимоти молу мулки зану шавҳар барои тасдиқи суд пешниҳод намоянд.
Дар сурати набудани созишномаи байни зану шавҳар, инчунин агар муқаррар гардад, ки ин созишнома манфиати фарзандон ва ё зан ва шавҳарро поймол мекунад, суд вазифадор аст:
- муайян намояд, ки фарзандони ноболиғ пас аз бекор кардани никоҳ бо кадоме аз волидон зиндагӣ мекунанд;
- муайян намояд, ки барои таъминоти фарзандон аз кадом волидон ва ба кадом андоза алимент ситонида мешавад;
- бо талаби зану шавҳар (яке аз онҳо) молу мулки дар таҳти моликияти муштараки онҳо қарордоштаро тақсим намояд;
- бо талаби зан ё шавҳаре, ки аз ҳамсари худ ба гирифтани таъминот ҳуқуқ дорад, андозаи ин таъминотро муайян намояд.
Ҳангоми бекор кардани ақди никоҳе, ки яке аз тарафҳо шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд мебошад, суд вазифадор аст таъмини иҷрои аҳдномаи никоҳро мавриди баррасӣ қарор диҳад.
Дар мавриде, ки агар тақсими молу мулк ба манфиатҳои шахсони сеюм дахл кунад, суд метавонад тақозои тақсими молу мулкро ба истеҳсолоти алоҳида ҷудо кунад.
Ақди никоҳ дар мақомоти сабти асноди ҳодати шаҳрвандӣ аз рӯзи бақайдгирии давлатии бекор кардани ақди никоҳ дар китоби сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва хангоми бекор кардани ақди никоҳ дар суд, аз рӯзи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд катъ мегардад.
Дар сурати ҳозиршавии зан ё шавҳаре, ки суд фавтида эълоншуда ё бедарак ғоибшуда эътироф кардааст ва бекор кардани ҳалномаҳои дахлдори судӣ, мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ метавонад дар асоси аризаи якҷояи зану шавҳар никоҳро барқарор намояд.
Агар зан ё шавҳар бо дигаре никоҳ карда бошад, никоҳ барқарор карда намешавад.
Барои маълумоти бештар нигаред ба:
Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, №22, мод. 303.