ӮҲДАДОРИҲОИ АЛИМЕНТДИҲИИ АЪЗОИ ОИЛА
Волидон вазифадоранд, ки фарзандони ноболиғи худро таъмин намоянд.
Волидон ҳуқуқ доранд дар мавриди таъминоти фарзандони ноболиғи худ созишнома (созишнома дар хусуси пардохти алимент) банданд.
Агар волидон фарзандони худро таъмин накунанд, маблағ барои таъминоти онҳо (алимент) аз волидон тибқи тартиби муқаррарнамудаи судӣ ситонида мешавад.
Ҳангоми набудани созишномаи волидон дар мавриди пардохти алимент ҳангоми таъмин накардани фарзандони ноболиғ ва ҳангоми ба суд пешниҳод накардани даъво, мақоми васоят ва парасторӣ ҳақ дорад нисбат ба волидон (яке аз онҳо) дар хусуси ситонидани алимент барои фарзандони ноболиғ даъво пешниҳод кунад.
Ҳангоми мавҷуд набудани созишнома дар хусуси пардохти алимент барои фарзандони ноболиғ суд аз волидони онҳо ҳар моҳ ба андозаи зерин алимент мерӯёнанд: барои як фарзанд чоряк, барои ду фарзанд сеяк, барои се фарзанд ва зиёда аз он - нисфи музди меҳнат ва даромади дигари волидон.
Ҳаҷми ин саҳм бо назардошти вазъи моддӣ ва оилавии тарафҳо ва дигар ҳолатҳои қобили таваҷҷӯҳ аз ҷониби суд кам ё зиёд карда шуданаш мумкин аст.
Агар кӯдакон таҳти таъминоти пурраи давлат ё ташкилоти ҷамъиятӣ қарор гирифта бошанд, суд ҳуқуқ дорад андозаи алиментро кам кунад, ё аз пардохти он озод намояд. Маблағҳое, ки аз волидон барои таъминоти кӯдакони дар муассисаҳои кӯдаконаи давлатӣ ҷойгиркардашуда пардохта мешаванд, дар ҳаҷми муқаррарнамудаи қисми якуми ҳамин модда ба ҳисобномаҳои шахсии тарбиятгирандагон дар бонкҳои амонатӣ гузаронида мешавад.
Ҳангоми набудани созишномаи волидон дар хусуси пардохти алимент ба кӯдакони ноболиғ ва дар ҳолате, ки агар падар ё модари алиментдиҳанда музди кор ва ё даромади дигари номунтазам ё тағйирёбанда дошта бошад, ё агар ин падар ё модар музди меҳнату даромади дигарро пурра ё қисман дар шакли асл (натура) ё асъори хориҷӣ гирад, инчунин ҳангоми нагирифтани музди меҳнат ва (ё) даромади дигар, инчунин дар ҳолатҳои дигаре, ки ситонидани алимент вобаста аз ҳиссаи музди меҳнат ва даромади дигари падар ё модар имконнопазир, мушкил ё манфиати яке аз тарафҳоро моҳиятан халалдор созад, суд метавонад андозаи алименти ҳармоҳа ситонидашавандаро ба маблағи устувор ва ё ҳамзамон дар шакли ҳисса ва бо маблағи устувор муайян намояд.
Андозаи маблағи устувор аз тарафи суд дар асоси имконияти нигоҳ доштани сатҳи ҳадди аксари дараҷаи пештараи таъминоти кӯдак бо назардошти вазъи моддию оилавии тарафҳо ва ҳолатҳои дигари қобили таваҷҷӯҳ муайян карда мешавад.
Агар дар назди ҳар кадоме аз волидон фарзандон монда бошанд, андозаи алимент аз ҳар як падар ё модар ба падар ё модаре, ки камтар таъмин мебошад, бо маблағи устувори пулӣ, ки онро суд муқаррар намудааст, ҳар моҳ ситонида мешавад.
Волидон вазифадоранд, ки фарзандони болиғи ғайри қобили меҳнати ба кӯмак эҳтиёҷманди худро таъмин намоянд.
Дар сурати мавҷуд набудани созишномаи пардохти алимент суд ҳаҷми алиментро, ки барои кӯдакони болиғи ғайри қобили меҳнат ҳар моҳ бо пули устувор ситонида мешаванд, бо назардошти вазъи моддию оилавӣ ва дигар манфиатҳои қобили таваҷҷӯҳи тарафҳо муайян менамояд.
Суд метавонад барои фарзандони ба синни балоғат расида, ки донишҷӯёни таҳсили рӯзонаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ мебошанд, мутаносибан то ба синни бистсолагӣ ва бистучорсолагӣ расиданашон аз волидон алимент ситонад.
Андозаи алименти ҳар моҳ бо пули устувор ситонидашаванда аз тарафи суд бо назардошти вазъи моддию оилавӣ ва манфиатҳои қобили таваҷҷӯҳи тарафҳо муайян карда мешавад.
Дар сурати мавҷуд набудани созишнома ва дар ҳолатҳои истисноӣ (бемории вазнин, маъиб шудани кӯдакони ноболиғ ё болиғи ғайри қобили меҳнати эҳтиёҷманд, зарурати пардохти маблағ ба бегонагон барои нигоҳубин ва ғайра) ҳар яке аз волидон аз ҷониби суд барои иштирок намудан дар хароҷоти иловагӣ вобаста ба чунин ҳолатҳо ҷалб шуданаш мумкин аст.
Тартиби иштироки ҳар кадоме аз волидон барои хароҷоти иловагӣ аз тарафи суд бо назардошти вазъи моддӣ ва оилавии волидону фарзандон ва дигар манфиатҳои қобили таваҷҷӯҳи тарафҳо, бо маблағи устуворе, ки бояд ҳар моҳ пардохта мешавад, муайян мегардад.
Суд ҳуқуқ дорад волидонро барои иштирок намудан дар хароҷоти иловагии воқеан суратгирифта ва ҳамчунин хароҷоти иловагие, ки бояд дар оянда сурат гирад, вазифадор созад.
Фарзандони болиғи қобили меҳнат ӯҳдадоранд, ки волидони ғайри қобили меҳнати ба кӯмак мӯҳтоҷи худро нигоҳубин намоянд ва нисбат ба онҳо ғамхор бошанд.
Дар сурати набудани созишномаи пардохти алимент барои волидони ғайри қобили меҳнати мӯҳтоҷ, аз фарзандони болиғи қобили меҳнат барои онҳо ба тартиби суди алимент ситонида мешавад.
Андозаи алименте, ки ҳар моҳ аз ҳар фарзанд ба тартиби судӣ ситонида мешавад, аз тарафи суд бо назардошти вазъи моддӣ ва оилавии волидону фарзандон ва манфиатҳои қобили таваҷҷӯҳи тарафҳо бо маблағи устувор муайян мегардад.
Бо талаби ҷавобгар суд ҳангоми муайян намудани андозаи алимент ҳамаи фарзандони болиғи қобили меҳнати падар ё модари мазкурро, сарфи назар аз он, ки талабот нисбати ҳамаи фарзандон ё танҳо ба як нафар ё якчанд нафари онҳо пешниҳод гардидааст, бояд баҳисоб гирад.
Фарзандон аз ӯҳдадориҳои таъмини волидони ғайри қобили меҳнати мӯҳтоҷи худ озод буда метавонанд, агар суд муқаррар созад, ки волидон аз иҷрои вазифаҳои падарию модарии худ саркашӣ мекарданд.
Фарзандон аз пардохти алимент ба волидоне, ки аз ҳуқуқи падару модари маҳрум гардидаанд, озод карда мешаванд.
Дар ҳолатҳое, ки фарзандони болиғ нисбати волидони ғайри қобили меҳнат ғамхорӣ накунанд ва дар ҳолатҳои истисноӣ (бемории вазнин, маъюбшавии волидон, зарурати пардохти маблағи нигоҳубин барои бегонагон ва ғайра) суд метавонад фарзандони болиғи қобили меҳнатро барои иштирок намудан дар пардохтани хароҷоти иловагие, ки вобаста ба ин ҳолатҳо ба миён омадаанд, ҷалб намояд.
Андоза ва тартиби пардохти хароҷоти иловагӣ аз ҷониби ҳар фарзанди болиғи қобили меҳнат аз тарафи суд бо назардошти вазъи моддию оилавии волидон ва фарзандон ва манфиатҳои қобили таваҷҷӯҳи тарафҳо, бо риояи қоидаҳои қисмҳои 4 ва 5 моддаи 88 ҳамин Кодекс муайян карда мешавад.
Тартиби пардохти хароҷоти иловагӣ ва андозаи ин хароҷотро бо созишномаи тарафҳо муайян кардан мумкин аст.
Зану шавҳар вазифадоранд якдигарро аз ҷиҳати моддӣ дастгирӣ намоянд.
Дар сурати саркашӣ намудан аз чунин дастгирӣ ва набудани созишнома оид ба пардохти алимент дар байни зану шавҳар инҳо ҳуқуқ доранд аз ҳамсари худ, ки барои ин мақсад маблaғи зарурӣ дорад, ба тартиби судӣ пардохти алиментро талаб кунанд:
- зан ё шавҳари ғайри қобили меҳнати эҳтиёҷманд;
- зан дар давраи ҳомиладорӣ ва дар давоми се соли пас аз таваллуди фарзанди умумӣ;
- зан ё шавҳари мӯҳтоҷе, ки фарзанди умумии маъюби то ҳаждаҳсола ё фарзанди умумии маъюби модарзоди гурӯҳи якумро нигоҳубин мекунад.
Шахсони зерин ҳуқуқ доранд ба тартиби судӣ аз зан ё шавҳари собиқи худ, ки маблағи заруриро доранд, алимент талаб кунанд:
- зани собиқ дар давраи ҳомиладорӣ ва дар давоми се соли пас аз таваллуди фарзанди умумӣ;
- зан ё шавҳари собиқи мӯҳтоҷе, ки фарзанди умумии маъюби то ба синни ҳаждаҳсолагӣ расида ва фарзанди умумии маъюби модарзоди гурӯҳи якумро нигоҳубин мекунад;
- зан ё шавҳари собиқи ғайри қобили меҳнати мӯҳтоҷе, ки қобилияти меҳнатро то бекор кардани никоҳ ё дар давоми як соли пас аз бекор кардани никоҳ аз даст додааст;
- зан ё шавҳари мӯҳтоҷе, ки на дертар аз панҷ соли пас аз лаҳзаи бекор кардани ақди никоҳ ба синни нафақа расидааст, агар зану шавҳар дар муддати панҷ сол дар ақди никоҳ буданд.
Андозаи алимент ва тартиби ба ҳамсари собиқ пардохтани онро пас аз лаҳзаи бекор кардани никоҳ тибқи созишномаи байни зан ва шавҳари собиқ муайян кардан мумкин аст.
Дар сурати мавҷуд набудани созишнома байни зану шавҳар (зану шавҳари собиқ) оиди пардохти алимент андозаи алименте, ки ба тартиби судӣ ҳар моҳ барои таъминоти зан ё шавҳар (зан ё шавҳари собиқ) ситонида мешавад, аз тарафи суд дар шакли маблағи устувор бо назардошти вазъи моддию оилавии зану шавҳар (зану шавҳари собиқ) ва манфиатҳои қобили таваҷҷӯҳи тарафҳо муайян мегардад.
Суд метавонад зан ё шавҳарро ҳам дар давраи никоҳ ва ҳам пас аз бекор кардани он дар ҳолатҳои зерин аз ӯҳдадории таъмини ҳамсари худ озод кунад, ё мӯҳлати ин ӯҳдадориро ба таври муайян маҳдуд созад:
- агар корношоямии зан ё шавҳари мӯҳтоҷ дар натиҷаи суиистеъмол намудан аз машруботи спиртӣ, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, ё дигар моддаҳои мадҳушкунанда ё қасдан ҷиноят содир намудани ӯ ба амал омада бошад;
- агар хонадории зану шавҳар камтар аз панҷ сол давом карда бошад;
- агар зан ё шавҳаре, ки пардохти алиментро талаб мекунад, дар оила рафтори ношоиста дошта бошад.
Ҳуқуқи зан ё шавҳар барои гирифтани таъминот (алимент) аз ҳамсари худ дар мавридҳои зерин қатъ мегардад:
- агар зан ё шавҳари мӯҳтоҷи корношоям вафот кунад;
- агар зан ё шавҳари мӯҳтоҷи корношоям аз нав хонадор шуда бошад.
Бародарону хоҳарони ноболиғи мӯҳтоҷи ёрӣ дар сурати аз волидони худ гирифта натавонистани таъминот ҳуқуқ доранд, ба тартиби судӣ аз бародарону хоҳарони болиғи қобили меҳнати худ, ки маблағи заруриро доранд, алимент гиранд. Чунин ҳуқуқ инчунин ба бародарону хоҳарони корношоями болиғи мӯҳтоҷе дода мешавад, ки агар онҳо аз фарзандони болиғи худ зан ё шавҳар (зан ё шавҳари собиқ) ё волидонашон таъминотпулӣ гирифта натавонанд.
Набераҳои ноболиғи мӯҳтоҷи ёрӣ дар сурати аз волидони худ гирифта натавонистани таъминот ҳуқуқ доранд ба тартиби судӣ аз бобою бибии (модаркалони) худ, ки дорои маблағи зарурӣ мебошанд, алимент гиранд.
Чунин ҳуқуқ инчунин ба наберагони корношоями болиғи мӯҳтоҷе дода мешавад, ки агар онҳо аз ҳамсар (ҳамсари собиқ) ё волидонашон таъминот гирифта натавонанд.
Бобою бибии (модаркалони) мӯҳтоҷи корношоям дар сурати аз фарзандони болиғи қобили меҳнат ё ҳамсари (ҳамсари собиқи) худ гирифта натавонистани таъминот ҳуқуқ доранд ба тартиби судӣ аз наберагони болиғи қобили меҳнати худ, ки дорои маблағи зарурӣ мебошанд, алимент талаб кунанд.
Падарандар ва модарандари корношоями мӯҳтоҷе, ки писарандар ва духтарандари худро тарбия ва нигоҳубин кардаанд, агар онҳо аз фарзандони болиғи қобили меҳнат ё ҳамсари (ҳамсари собиқи) худ таъминот гирифта натавонанд, ҳуқуқ доранд аз писарандар ё духтарандари болиғи қобили меҳнат, ки маблағи зарурӣ доранд, ба тартиби суди таъминот талаб намоянд.
Суд ҳуқуқ дорад писарандар ва духтарандарро аз вазифаи таъмин кардани падарандар ё модарандар озод кунад, агар падарандар ё модарандар онҳоро на камтар аз се сол тарбия ва таъмин карда бошанд, инчунин агар онҳо ӯҳдадориҳои худро вобаста ба тарбияи писарандар ва духтарандар номатлуб анҷом дода бошанд.
Дар сурати мавҷуд набудани созишномаи тарафҳо андозаи алимент, ки барои таъмини аъзои оилаи дар ҳамин боб зикргардида ба тартиби судӣ ситонида мешавад, аз тарафи суд бо назардошти вазъи моддию оилавии пардохткунанда ва гирандаи алимент ва манфиатҳои дигари қобили таваҷҷӯҳи тарафҳо дар шакли маблағи устувори ҳар моҳ пардохтшаванда муқаррар карда мешавад.
Агар барои таъмини аъзои оила, ки алимент талаб мекунад, ҳамзамон якчанд нафар ӯҳдадор бошанд, он гоҳ суд бо назардошти вазъи моддию оилавии онҳо андозаи иштироки ҳар яки онҳоро дар иҷрои ӯҳдадории алиментдиҳӣ муайян менамояд. Бо талаби ҷавобгар суд вазифадор аст, ки ҳамаи шахсонеро ки барои пардохтани алимент ӯҳдадоранд, ба ҳисоб гирад, сарфи назар аз он ки даъво нисбати ҳамаи ин шахсон ё фақат як нафар ё якчанд нафари онҳо пешниҳод шудааст.
Созишномаи пардохти алимент (андоза, шарт ва тартиби пардохти алимент) дар байни шахсе, ки алимент месупорад ва шахсе, ки онро мегирад, ва дар сурати ғайриқобили амал будани шахсе, ки вазифадор аст алимент супорад ва (ё) гирандаи алимент - дар байни намояндагони қонунии онҳо, баста мешавад. Шахсони қобилияти амалашон маҳдуд созишномаи пардохти алиментро бо розигии намояндагони қонуниашон имзо мекунанд.
Созишномаи пардохти алимент дар шакли хаттӣ баста шуда, аз тарафи идораи нотариалии давлатӣ тасдиқ карда мешавад.
Риоя накардани шакли созишномаи пардохти алимент, ки қонун муқаррар кардааст, боиси оқибатҳое мегардад, ки меъёрҳои қонунгузории гражданӣ пешбинӣ намудааст.
Созишномаи пардохти алимент, ки нотариат тасдиқ намудааст, дорои эътибори варақаи иҷро мебошад.
Бастан, иҷро намудан, тағйир додан, бекор кардан ва беэътибор донистани созишномаи пардохти алимент аз рӯи меъёрҳои Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад, ки бастан, иҷро намудан, тағйир додан, бекор кардан ва беэътибор донистани аҳдҳои гражданию ҳуқуқи тавассути онҳо танзим мегарданд.
Созишномаи пардохти алимент ҳар гоҳ бо мувофиқаи тарафҳо тағйир дода ё бекор шуда метавонад. Тағйир додан ё бекор кардани созишномаи пардохти алимент ба ҳамон шакле, ки шартномаи пардохти алимент баста шудааст, бояд сурат гирад.
Якҷониба иҷро накардани созишномаи пардохти алимент ё якҷониба тағйир додани шартҳои он мумкин нест.
Дар сурати ҷиддӣ тағйир ёфтани вазъи моддӣ ё оилавии тарафҳо ва ҳангоми тағйир додан ё бекор кардани созишномаи пардохти алимент ба мувофиқа нарасидани тарафҳо тарафи манфиатдор ҳуқуқ дорад дар хусуси тағйир додан ё бекор кардани созишномаи пардохти алимент ба суд даъво пешниҳод кунад. Ҳангоми баррасии масъалаи тағйир додан ё бекор кардани созишномаи пардохти алимент суд ҳуқуқ дорад ҳама гуна манфиати қобили таваҷҷӯҳи тарафҳоро ба инобат гирад.
Агар шарти пешбининамудаи созишномаи пардохти алимент оид ба таъминоти кӯдакони ноболиғ ё аъзои болиғи ғайриқобили амали оила манфиати онҳоро поймол кунад, аз ҷумла дар ҳолатҳои риоя накардани талаботи қисми дуюми моддаи 104 ҳамин Кодекс чунин созишномаро мувофиқи талаби намояндаи қонунии кӯдаки ноболиғ ё кӯдаки аъзои болиғи ғайриқобили амали оила, инчунин мақоми васояту парастори ё прокурор ба тартиби суди беэътибор донистан мумкин аст.
Андозаи алименте, ки тибқи созишномаи пардохти алимент пардохта мешавад, аз ҷониби тарафҳо дар ин созишнома муайян карда мешавад.
Андозаи алименте, ки мувофиқи созишномаи пардохти алимент барои кӯдакони ноболиғ муқаррар карда мешавад, аз андозаи алименте, ки онҳо ҳангоми ба тартиби судӣ ситонидани алимент гирифта метавонистанд, камтар буда наметавонад.
Усул ва тартиби пардохти алимент тибқи созишномаи пардохти алимент, тавассути ҳамин созишнома муайян карда мешавад.
Алимент ҳамчун ҳисса аз маош ва (ё) дигар даромади шахсе, ки бояд алимент супорад, бо маблағи устувори пулӣ вақт-вақт ё якдафъаина, бо усули додани молу мулк ва дигар усулҳо, ки дар бораи он созиш баста шудааст, пардохта шуда метавонад.
Дар созишномаи пардохти алимент якчанд усулҳои пардохти алиментро пешбинӣ намудан мумкин аст.
Индексатсияи андозаи алимент, ки тибқи созишномаи пардохти алимент пардохта мешавад, мувофиқи ҳамин созишнома сурат мегирад.
Дар сурати набудани созишномаи пардохти алимент аъзои оилаи ҳуқуқ доранд, ки бо талаби ситонидани алимент ба суд муроҷиат намоянд.
Шахсе, ки барои гирифтани алимент ҳуқуқ дорад, сарфи назар аз мӯҳлате, ки аз лаҳзаи пайдо кардани ҳуқуқи алиментгири гузаштааст, метавонад дар хусуси ситонидани алимент ба суд бо ариза муроҷиат кунад.
Алимент барои давраи баъди муроҷиат намудан ба суд муқаррар карда мешавад. Алимент барои давраи гузашта метавонад дар ҳудуди мӯҳлати сесола аз лаҳзаи муроҷиат кардан ба суд ситонида шавад, агар суд муқаррар кунад, ки то муроҷиат кардан ба суд барои гирифтани таъминот саъю кӯшиш карда шудааст, вале бинобар сабаби саркашии шахси алиментдиҳанда аз пардохти он, алимент гирифта нашудааст.
Аз рӯи парвандаҳо дар бораи ситонидани алимент суд ҳуқуқ дорад, ки то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд дар бораи ситонидани алимент ва дар сурати барои кӯдакони ноболиғ ситонидани алимент - то қабул гардидани ҳалнома дар бораи ситонидани алимент оиди мувақаттан ситонидани алимент қарор барорад.
Андозаи алименти муваққатан ситонидашавандаро суд бо назардошти вазъи модди ё оилавии тарафҳо муайян менамояд.
Маъмурияти ҷои кори шахсе, ки ӯҳдадор аст алимент диҳад, вазифадор мебошад, ки дар асоси созишномаи аз ҷониби нотариус тасдиқшудаи тарафҳо, ё варақаи иҷро ҳар моҳ аз музди меҳнат ва (ё) даромади дигари алиментдиҳанда, ки ӯҳдадор аст алимент супорад, ё аз ҳисобномаи шахси алиментдиҳанда на дертар аз се рӯзи пас аз санаи ба алиментдиҳанда додани музди меҳнат ва (ё) даромади дигари вай алиментро нигоҳ дошта, ба шахси алиментгиранда супорад.
Нигоҳ доштани алимент дар асоси созишномаи аз ҷониби нотариус тасдиқшуда оид ба пардохти алимент дар ҳолатҳое сурат мегирад, ки агар маблағи умумии нигоҳдошташаванда дар асоси созишнома ва варақаҳои иҷро аз панҷоҳ фоизи маош ва (ё) дигар даромади шахси алиментдиҳанда бештар бошад.
Маъмурияти ташкилоте, ки бо ҳалномаи суд ё созишномаи аз ҷониби нотариат тасдиқшудаи пардохти алимент алиментро нигоҳ медошт, вазифадор аст, ки дар муддати се рӯз ба иҷрочии суди маҳали иҷрои ҳалнома дар бораи ситонидани алимент ва ба шахси алиментгиранда дар хусуси аз кор озод шудани шахси алиментдиҳанда ва агар маълум бошад, дар хусуси ҷои нави кор ё истиқомати ӯ хабар диҳад.
Алимент ба андозаи муқаррарнамудаи созишномаи пардохти алимент ё ҳалномаи суд, инчунин қарзи пардохти алимент аз ҳисоби музди меҳнат ва (ё) даромади дигари алиментдиҳанда ситонида мешавад, вале дар сурати кам будани музди меҳнат ва (ё) даромади дигар, алимент аз ҳисоби маблағи алиментдиҳанда, ки дар ҳисобномаҳояш дар бонкҳо ё муассисаҳои дигари қарздиҳӣ мебошанд, инчунин аз маблағҳои тибқи қарордод дар ташкилотҳои тиҷоратию ғайритиҷоратӣ гузошта шудаанд, ба ғайр аз қарордодҳое, ки боиси гузаштани ҳуқуқи моликият мегардад, ситонида мешавад.
Дар сурати нокифоя будани ин маблағ алимент аз ҳисоби ҳама гуна молу мулки алиментдиҳанда, ки мувофиқи қонун аз ҳисоби он маблағ ситонидан мумкин аст, ситонида мешавад.
Ситонидани алимент аз ҳисоби маблағи дар ҳисобномаҳо будаи алиментдиҳанда ва молу мулки дигари ӯ сурат мегирад.
Алимент дар асоси созишномаи пардохти алимент ё дар асоси варақаи иҷро барои мӯҳлати гузашта то давраи се сола ситонида мешавад, ки то пешниҳоди варақаи иҷро ё созишномаи аз ҷониби нотариус тасдиқгардидаи тарафҳо барои ситонидани алимент гузаштааст.
Ҳангоми додани алимент барои кӯдакони ноболиғ бо мувофиқаи тарафҳо озод кардан аз пардохти қарз ё кам кардани он мумкин нест.
Суд ҳуқуқ дорад бо даъвои алиментдиҳанда ӯро пурра ё қисман аз пардохти қарзи алимент озод намояд, агар муқаррар кунад, ки қарз бо сабаби бемории ин шахс ё бо дигар сабабҳои узрнок пардохта нашудааст ва вазъи моддию оилавии ӯ имконият намедиҳад, ки қарзашро пӯшонад.
Ҳангоми ба миён омадани қарз бо гуноҳи шахсе, ки ӯҳдадор аст тибқи созишномаи пардохти алимент алимент супорад, шахси гунаҳгор мувофиқи тартиби пешбининамудаи ҳамин созишнома ҷавобгар мебошад.
Ҳангоми ба миён омадани қарз бо гуноҳи шахсе, ки тибқи ҳалномаи суд бояд алимент супорад, шахси гунаҳгор ба алиментгиранда аз маблағи напардохтаи алимент барои ҳар рӯзи гузаронидашуда дар ҳаҷми 0,1 фоиз ҷаримаи аҳдшиканӣ месупорад.
Алиментгиранда инчунин ҳуқуқ дорад аз гунаҳгоре, ки ба пардохти алимент ӯҳдадор аст, барои сари вақт напардохтани алимент тамоми зарареро, ки вобаста ба сари вақт анҷом надодани ӯҳдадориҳои пардохти алимент дар қисми ҷаримаи аҳдшикани расонида шудааст, ситонад.
Маблағи алименти бо ҳалномаи суд дар шакли пули устувор ситонидашаванда аз ҷониби маъмурияти ташкилоти маҳали нигоҳ доштани алимент мутаносибан бо зиёдшавии андозаи ҳадди ақалли музди меҳнати тибқи қонун муқарраргардида индексатсия карда мешавад.
Ба мақсади индексатсияи пардохти алимент суд метавонад андозаи алиментро бо маблағи устувори пулӣ, ки ба андозаи муайяни ҳадди ақали музди меҳнат мувофиқ аст, муқаррар намояд.
Шахсоне, ки барои сукунати доими ба давлате мераванд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо он шартномаи байналмилалии пешбиникунандаи эътирофи мутақобила ва иҷрои ҳалномаҳои судро дар хусуси ситонидани алимент ба имзо нарасонидааст, вазифадоранд бо аъзои оилаашон дар бораи пардохти алимент созишномаи хатти ба имзо расонанд ва он бояд аз ҷониби нотариус тасдиқ карда шавад.
Дар сурати ҳосил нашудани мувофиқа, шахси манфиатдор ҳуқуқ дорад ба суд муроҷиат карда, дар шакли маблағи устувор муайян намудани алимент ва пардохти яквақтаи алимент ё ба ҳисоби маблағи алимент додани молу мулки мушаххас ё бо тариқи дигар додани алиментро талаб намояд.
Агар ҳангоми набудани созишномаи тарафҳо оид ба пардохти алимент баъди тибқи тартиби суди муқаррар намудани андозаи алимент вазъи моддӣ ва оилавии алиментдиҳанда ё алиментгиранда тағир ёфта бошад, суд ҳуқуқ дорад бо талаби ҳар яки онҳо андозаи муқарраргардидаи алиментро кам кунад ё алиментдиҳандаро аз додани он озод намояд. Ҳангоми тағйир додани андозаи алимент ё озод кардан аз додани он суд метавонад инчунин ҳар гуна манфиати дигари қобили таваҷҷӯҳи тарафҳоро ба инобат гирад.
Агар муқаррар гардад, ки шахси ба балоғатрасидаи қобили амал нисбати шахси барои додани алимент ӯҳдадоршуда қасдан ҷиноят содир кардааст, ё ҳангоми рафтори ношоистаи аъзои болиғи қобили амал дар оила суд метавонад ситонидани алиментро барои шахси болиғи қобили амал рад намояд.
Ӯҳдадориҳои алиментӣ, ки тибқи созишномаи пардохти алимент муқаррар карда шудаанд, бо фавти яке аз тарафҳо, гузашти мӯҳлати амали ҳамин созишнома ё тибқи дигар асосҳои пешбининамудаи ҳамин созишнома қатъ мегарданд.
Пардохти алименти тибқи тартиби суди ситонидашаванда дар ҳолатҳои зерин қатъ мегардад:
- дар сурати ба балоғат расидани кӯдак, ё дар ҳолати то ба балоғат расиданашон қобили амал ҳисоб шудани кӯдакони ноболиғ;
- баъди фарзандхондӣ шудани кӯдаке, ки барои таъминоти ӯ алимент ситонида мешуд;
- пас аз таҳсилро дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбӣ хатм кардани кӯдакони ба балоғатрасида ё ба синну соли дар моддаи 86 ҳамин Кодекс муқарраргардида расидани онҳо;
- ҳангоми аз ҷониби суд эътироф гардидани барқарор шудани қобилияти меҳнатӣ ё қатъи мӯҳтоҷии алиментгиранда;
- дар сурати аз нав никоҳ кардани зан ё шавҳари собиқи мӯҳтоҷи корношоями алиментгиранда;
- вафот кардани шахси алиментгиранда ё шахсе, ки ба додани алимент ӯҳдадор аст.
Барои маълумоти бештар нигаред ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон