ВАСОЯТ ВА ПАРАСТОРИИ НОБОЛИҒОН
Васояту парасторӣ барои кӯдакони ноболиғе, ки бе парастории волидон мондаанд, бо мақсади таъминот, таълиму тарбия, инчунин барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо муқаррар карда мешавад.
Васоят барои ноболиғони то синии чордаҳсола муқаррар мегардад.
Парасторӣ барои ноболиғони аз чордаҳсола то ҳаждаҳсола муқаррар мешавад.
Танҳо шахсони болиғи қобили амал васӣ ва парастор таъин шуда метавонанд.
Шахсони зерин васӣ ва парастор таъин шуда наметавонанд:
- шахсоне, ки аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум шудаанд:
- шахсоне, ки қаблан кӯдакро ба фарзандӣ қабул карда, агар фарзандхондкунӣ бо сабаби номатлуб иҷро кардани ӯҳдадориҳояшон бекор шуда бошад;
- шахсоне, ки бо сабаби номатлуб иҷро кардани ӯҳдадориҳояшон аз вазифаи васӣ ё парасторӣ озод шудаанд;
- шахсони мубталои майзадагӣ ва нашъамандӣ, инчунин шахсоне, ки вобаста ба вазъи саломатӣ наметавонанд ӯҳдадориҳояшонро оид ба тарбияи кӯдак анҷом диҳанд.
Васояту парасторӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷамоатҳои шаҳрак ва ҷамоатҳои деҳот маҳали истиқомати шахсе, ки бояд таҳти васоят ва парасторӣ гирифта шавад, ё маҳалли истиқомати васӣ ё парастор муқаррар мешавад.
Ҳангоми ба кӯдак таъин намудани васӣ ё парастор бояд сифатҳои шахсии васӣ (парастор), ба иҷрои ӯҳдадориҳои васӣ (парасторӣ) қодир будани ӯ, муносибатҳои байни ӯ ва шахси мӯҳтоҷи васоят ё парасторӣ, муносибати аъзои оилаи васӣ (парастор) нисбат ба кӯдак, инчунин дар сурати имкон хоҳиши худи кӯдак ба инобат гирифта мешавад.
Таъин намудани парастор ба шахси болиғи қобили амал, ки бинобар аҳволи саломатиаш барои татбиқи мустақилонаи ҳуқуқ ва иҷрои ӯҳдадориҳояш имконият надорад, танҳо бо розигии шахси таҳти парасторӣ гирифташаванда сурат гирифта метавонад.
Ба кӯдаконе, ки дар муассисаҳои тарбиявӣ, таълимӣ ва муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар муассисаҳои ба ин монанд таҳти васояти пурраи давлат қарор доранд, васӣ (парастор) таъин карда намешавад. Иҷрои чунин ӯҳдадориҳо ба зиммаи маъмурияти ин муассисаҳост.
Аз ҷониби васӣ (парастор) дар чунин муассиса муваққатан қарор додани кӯдак ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои васиро (парасторро) нисбат ба ин кӯдак қатъ намесозад.
Васоят (парасторӣ) нисбат ба кӯдаконе, ки падару модари онҳо муддати тӯлонӣ (зиёда аз 3 моҳ) ғоибанд, ё дар таълиму тарбияи хешу ақрабояшон қарор доранд, аммо ин хешу ақрабо ҳуҷҷати дахлдор надоранд, аз ҷониби мақомоти васояту парасторӣ таъин карда мешавад.
Кӯдакони таҳти васоят (парасторӣ) қарордошта чунин ҳуқуқҳо доранд:
- ба таъмини шароити зист, тарбия ва таълим, рушду такомули ҳамаҷониба ва эҳтироми шаъну эътибори инсонии онҳо;
- ба алимент, нафақа, ёрдампулӣ ва дигар пардохтҳои иҷтимоии ба онҳо тааллуқдошта;
- ба нигоҳ доштани ҳуқуқи моликият ба манзили истиқоматӣ, ё ҳуқуқи истифодаи манзили истиқоматӣ;
- ба ҳимоя аз суиистифодаи васӣ (парастор).
Кӯдакони бе парастории волидон монда, ки дар муассисаҳои тарбиявӣ, табобатӣ ва муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар муассисаҳои ба ин монанд қарор доранд, чунин ҳуқуқҳо доранд:
- ба таъминот, тарбия, таълим, рушду такомули ҳамаҷониба, эҳтироми шаъну эътибори инсонӣ, таъмини манфиатҳояшон;
- ба алимент, нафақа, ёрдампулӣ ва дигар пардохтҳои иҷтимоии ба онҳо тааллуқдошта;
- ба нигоҳ доштани ҳуқуқи моликият ба манзили истиқоматӣ ё ҳуқуқи истифодаи манзили истиқоматӣ ва ҳангоми мавҷуд набудани манзили истиқоматӣ ҳуқуқ доранд тибқи қонунгузории манзил хонаи истиқоматӣ гиранд;
- пас аз хатми муассисаҳои зикргардида ба имтиёз барои ба кор даромадан мувофиқи қонунгузории меҳнат.
Васӣ ва парастори кӯдаки ноболиғ ҳуқуқ доранд ва ӯҳдадор ҳастанд, ки шахси ба парасторӣ гирифтаашонро тарбия кунанд, дар бораи саломатӣ, такомули ҷисмонӣ, рӯҳӣ, маънавӣ ва ахлоқӣ, таҳсил ва касбомӯзии ӯ ғамхорӣ зоҳир намоянд.
Васиёну парасторон метавонанд бо назардошти фикру хоҳиши кӯдакон ва тавсияи мақомоти васояту парасторӣ, тарбияи кӯдаконро, ки таҳти васояти (парастории) онҳо қарор доранд, мустақилона муайян намоянд.
Васӣ ва парастор бо назардошти фикру хоҳиши кӯдаки таҳти васояташон қарордошта ҳуқуқ доранд муассисаи таълимӣ ва шакли таълимро барои гирифтани таҳсилоти асосии умумӣ мустақилона интихоб намоянд.
Васӣ ва парастор ҳуқуқ доранд ба воситаи суд аз ҳар гуна шахсоне, ки бе асоси қонунӣ кӯдакро дар назди худ нигоҳ медоранд, аз ҷумла аз хешовандони наздики кӯдак баргардонидани кӯдаки дар таҳти васояташон (парасториашон) бударо талаб намоянд.
Васӣ ва парастор ҳуқуқ надоранд, ки барои муоширати кӯдаки таҳти васояташон (парасториашон) қарордошта бо волидону хешовандони дигараш, ба истиснои ҳолатҳое, ки ин муошират ба манфиати кӯдак нест, монеъ шаванд.
Ӯҳдадории васоят (парастор) нисбат ба кӯдаки таҳти васоят (парасторӣ) қарордошта аз ҷониби васӣ (парастор) бемузд анҷом дода мешавад.
Ба васӣ (парастор) барои таъминоти кӯдаки таҳти парасторӣ қарордошта ҳар моҳ тибқи андоза ва тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағ дода мешавад.
Агар васӣ ё парастор вазифаи ба зиммааш гузошташударо номатлуб иҷро кунад, мақоми васояту парасторӣ, васӣ ё парасторро аз иҷрои ин вазифа озод менамояд.
Дар сурати васоятро (парасториро) ба мақсадҳои ғаразнок истифода кардани васӣ (парастор), инчунин дар ҳолати бе назорат ва кӯмаки зарурӣ гузоштани шахсони таҳти парасторӣ қарордошта мақомоти васояту парасторӣ вазифадоранд, ки барои ҳалли масъалаи ба ҷавобгарии муқaррарнамудаи қонун кашидани ин шахс маводи заруриро ба прокурор пешниҳод намоянд.
Парастори шахси болиғи қобили амал, ки ба парасторӣ мӯҳтоҷ аст, бо сабаби вазъи саломатӣ ва синну сол бояд бо талаби шахси таҳти парасторӣ қарордошта аз вазифа озод карда шавад. Мақомоти васояту парасторӣ дар ин ҳолат метавонанд бо мувофиқаи шахси таҳти парасторӣ қарордошта шахси дигарро ба сифати парастор таъин намоянд.
Нисбати қарорҳои мақомоти васояту парасторӣ дар хусуси таъин ва озод намудани васиён ва парасторон, инчунин доир ба тамоми масъалаҳои васояту парастори шахсони манфиатдор метавонанд аз рӯи тобеият ба мақомоти болоӣ ё ба суд шикоят кунанд.