ҲОЛАТҲОИ МАХСУСИ ФОШ НАКАРДАНИ АХБОР
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ МАТБУОТИ ДАВРӢ ВА ДИГАР ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА
Моддаи 26. Ҳолатҳои махсуси фош накардани ахбор
Воситаҳои ахбори омма ва журналист ҳуқуқ надоранд:
- насаб, ном ва номи падари шахсеро, ки бо шарти ифшо нанамудани номаш ахбор додааст, зикр намоянд, ғайр аз мавридҳое, ки онро суд талаб мекунад;
- маълумоти тафтишоти пешакиро бе иҷозати хаттии прокурор, муфаттиш ё таҳқиқбаранда ошкор намоянд;
- дар ахборашон натиҷаи пешакии мурофиаи судии парвандаи мушаххасро, ки аз рўи он қарор эътибори қонунӣ пайдо накардааст, мавриди муҳокима қарор диҳанд;
- бе розигии ноболиғ ва намояндаи қонунии вай хабареро интишор кунанд, ки боиси зикри шахсияти ноболиғи қонунвайронкунанда гардад.
КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 20.
Ҳеҷ кас то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд дар содир кардани ҷиноят гунаҳгор дониста намешавад.
КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 361. Фош кардани маълумоти таҳқиқ ё тафтиши пешакӣ
Бе иҷозати таҳқиқбаранда, муфаттиш ё прокурор маълумоти таҳқиқ ё тафтиши пешакиро фош кардани шахсе, ки мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун аз фош накардани онҳо огоҳонида шуда буд,
бо ҷарима ба андозаи то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мўҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.