ҲУҚУҚ БА МАҲРАМИЯТИ МУКОТИБА, СУҲБАТҲОИ ТЕЛЕФОНӢ, ДАХЛНОПАЗИРИИ ШАХСИЯТ, ҲАЁТИ ХУСУСӢ ВА СИРРИ ОН

КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 23.

Маҳрамияти мукотиба, сўҳбатҳои телефонӣ, муросилот ва мухобироти шахс таъмин карда мешавад, ба истиснои мавридҳое, ки дар қонун нишон дода шудааст.

Дар бораи ҳаёти шахсии инсон бе розигии ў ҷамъ намудан, нигоҳ доштан, истифода ва паҳн кардани маълумот манъ аст.

 

КОДЕКСИ МАДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 238. Ҳуқуқ ба дахлнопазирии шахсият

  1. Шахси воқеӣ ба дахлнопазирии шахсият ҳуқуқ дорад.
  2. Ҳар шахси воқеӣ ҳуқуқ ба дахлнопазирии ҷисмонӣ дорад.
  3. Вайрон намудани дахлнопазирии руҳӣ тавассути фишори маҷбурии ғайриҷисмонӣ, таъсир ба ирода ва шуури шахси воқеӣ бо роҳи таҳдид, гипноз ва истифодаи воситаҳои махсус манъ аст.

Моддаи 246. Ҳуқуқ ба ҳаёти хусусӣ ва сирри он

  1. Шахси воқеӣ ҳуқуқ ба ҳаёти хусусӣ ва дахлнопазирии онро дорад.
  2. Шахси воқеӣ ҳуқуқ ба нигоҳ доштани сирри ҳолатҳои ҳаёти хусусиро дорад. Ҳама гуна амале, ки ба бевосита ё бавосита фош намудани он равона шудаанд, манъ мебошанд. Бе розигии шахси воқеӣ ифшо намудани сирри ҳаёти хусусии ӯ мумкин нест.

Моддаи 249. Ҳуқуқ ба маҳрамияти мукотиба, суҳбатҳои телефонӣ, муросилот ва мухобироти дигар

  1. Шахси воқеӣ ҳуқуқ ба маҳрамияти мукотиба, суҳбатҳои телефонӣ, муросилот ва мухобироти дигарро дорад. Мактуб ва дигар ҳомиле, ки дар натиҷаи мухобирот ба даст оварда шудаанд, ба шахси унвонӣ мансуб мебошанд.
  2. Бо мактуб ва дигар ҳомиле, ки дар натиҷаи мухобирот ба даст оварда шудаанд, бе розигии шахси унвонӣ ва шахси ирсолнамуда шинос шудан ва истифода намудан манъ аст.
  3. Маҳдуд кардани ҳуқуқ ба маҳрамияти мукотиба, суҳбатҳои телефонӣ, муросилот ва мухобироти дигар танҳо тибқи қонун ва бо иҷозати суд сурат мегирад.

 

КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 144. Ғайриқонунӣ ҷамъ ва паҳн кардани маълумот оид ба ҳаёти шахсӣ

1) Ғайриқонунӣ ҷамъ кардан ё паҳн намудани маълумот оид ба ҳаёти шахсӣ, ки сирри шахсӣ ё оилавии шахси дигарро дар бар мегирад бидуни иҷозати ў, ё паҳн кардани чунин маълумот дар баромадҳои оммавӣ, асар, воситаҳои ахбори омма ё шабакаи интернет, агар чунин кирдор бо ғарази шахсӣ ё ҳавасмандии шахсӣ анҷом дода шуда, ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрванд зарар расонда бошад,

бо корҳои ҳатмӣ ба мўҳлати аз яксаду бист то яксаду ҳаштод соат ё бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мўҳлати то як сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, ки аз ҷониби шахс бо истифодаи мақоми хизматиаш анҷом дода шудаааст,

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол бо маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 146. Вайрон кардани маҳрамияти мукотиба сўҳбатҳои телефонӣ, муросилот ва мухобироти телеграфӣ ё дигар мухобирот

1) Вайрон кардани маҳрамияти мукотиба, сўҳбатҳои телефонӣ, муросилот ва мухобироти телеграфӣ ё дигар мухобироти шаҳрвандон,

бо корҳои ҳатмӣ ба мўҳлати аз сад то яксаду шаст соат ё бо ҷарима ба андозаи то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мўҳлати то як сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, ки аз ҷониби шахс бо истифодаи мақоми хизматиаш ё воситаҳои махсуси техникӣ, ки барои ниҳонӣ ба даст овардани маълумот пешбинӣ гардидаанд, содир шуда бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум намудан аз ҳуқуқҳои ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

3) Ғайриқонунӣ истеҳсол кардан, ба соҳибияти каси дигар додан ё соҳиб шудан бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додани воситаҳои махсуси техникӣ, ки барои ниҳонӣ ба даст овардани маълумот пешбинӣ шудаанд,

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мўҳлати аз панҷ то даҳ сол ё маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

crescentofhearth.com