ҲУҚУҚ ВА ЎҲДАДОРИҲОИ ТАШКИЛОТҲОИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИОШУНАВОНӢ ВА КОРМАНДОНИ ОНҲО
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИОШУНАВОНӢ
Моддаи 28. Ҳуқуқи ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ
Ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ метавонанд барномаҳои телевизиону радио истеҳсол намоянд ё аз барномаҳою маҳсулоти аудиовизуалии дигар ташкилотҳое, ки иҷозатнома (литсензия) доранд, истифода баранд.
Ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ барои эҷоди барномаҳо (филмҳо) ҳуқуқи муаллифӣ доранд, ҳамчунин ба онҳо тибқи қарордодҳои ба имзорасида ҳуқуқи муаллифӣ дода мешавад.
Ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ ҳақ дорад, ки ба дигар ташкилотҳо, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи он инҳоро иҷозат диҳад:
- пахши мустақими (интиқоли пахш) барномаҳои (филмҳои) худ, тасвиру овоз ё фурўхтани сабтҳои барномаҳо (филмҳо), ки моли он аст, ҳамчунин сабти асарҳои мусиқӣ ва адабӣ-драмавӣ, ки онҳоро ташкилоти телевизион ва радио дар студия ё муассисаҳои театрӣ сабт намудааст.
Бе розигии ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ барномаҳои (филмҳои) вай дар ҳолатҳои зерин истифода мешаванд:
- барои истифодаи порчаҳои мухтасар - на зиёдтар аз 5 дақиқа аз ҳар барнома (филм);
- ба мақсадҳои тарбиявӣ дар муассисаҳои таълимӣ.
Ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонӣ муносибатҳои худро бо дигар корхона, муассиса, ташкилот дар асоси шартнома ба роҳ мемонанд.
Ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ ҳақ надорад:
- маълумоти дорои сирри давлатӣ ё асрори дигари қонунан маҳфуз, ахбору маводе, ки ба зўран сарнагун сохтан ё тағйир додани сохтори конститутсионӣ, ташкили гурўҳҳои мусаллаҳ даъват мекунад, шаъну шарафи давлат, Президент за шаҳрвандонро паст мезанад, ҷанг, зулму зўроварӣ, терроризм ва экстремизмро дар ҳама гуна зуҳуроташон, хусумати нажодию миллӣ, маҳалгароӣ, бартарият ва оштинопазирии динӣ ё мазҳабӣ, фаҳшу фуҷурро таблиғ мекунад, ахлоқи ҷомеаро мекоҳонад, ба содир намудани дигар кирдори ҷиноятӣ мусоидат мекунад, пахш намояд;
- маҳсулоти телевизион ва радиоро бе иҷозати соҳибонашон нусхабардорӣ кунад, намоиш диҳад ва фурўшад.
Дар сурати бе иҷозат истифода гардидани маҳсулоти худ ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ ҳақ дорад товони зарареро, ки дар натиҷаи поймол шудани ҳуқуқаш дидааст, талаб намояд.
Моддаи 29. Ўҳдадории ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ
Ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ ўҳдадор аст:
- ахбори ҳаққониро паҳн намояд;
- ба пахш ва қабули барномаҳои ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонии дигар мамониат накунад;
- талаботи маъёрҳои давлатии технология ва хусусиятҳои техникии телевизион ва радиошунавониро риоя намояд;
- абонентҳоро пешакӣи аз тағйири барномаҳои телевизион ва радио, ҳамчунин оид ба шароити интишори онҳо воқиф намояд;
- талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намояд.
Моддаи 30. Ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои кормандони ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ
Ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои кормандони ташкилотҳои телевизион ва радиошунавониро низомномаю оинномаҳои ин ташкилотҳо муайян мекунанд.