ҲУҚУҚИ ТАЪСИСИ ВА БАҚАЙДГИРИИ ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА

КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 12.

Асоси иқтисодиёти Тоҷикистонро шаклҳои гуногуни моликият ташкил медиҳанд. Давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медиҳад

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ МАТБУОТИ ДАВРӢ ВА ДИГАР ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА

Моддаи 7. Ҳуқуқи таъсиси воситаҳои ахбори омма

  1. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони ҳуқуқӣ мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъсиси воситаҳои ахбори омма ҳуқуқ доранд.
  2. Ба таъсиси воситаҳои ахбори омма ҳуқуқ надоранд:

- шахсони ба синни ҳаждаҳсолагӣ нарасида ва шахсоне, ки бо қарори суд ғайри қобили амал ё қобилияти амалашон маҳдуд эътироф карда шудаанд;

- ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳои сиёсӣ, ташкилотҳо ва шахсони ҳуқуқие, ки фаъолияташон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд ва ё манъ карда шудааст;

- шахсони ҳуқуқии хориҷӣ, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд;

- шахсони ҳуқуқие, ки дар сармояи (фонди) оинномавии онҳо сармоягузории хориҷӣ зиёда аз 25 фоизро ташкил медиҳад.

3.Воситаҳои ахбори омма мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаклҳои ташкилоти тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ таъсис дода мешаванд.

  1. Воситаҳои ахбори омма, ки сохтори таркибӣ ва тобеи шахси ҳуқуқии таъсисдодашуда мебошанд, бе мақоми шахси ҳуқуқӣ ташкил карда мешаванд ва фаъолият мекунанд.

Моддаи 8. Ҳуҷҷатҳои таъсисии воситаҳои ахбори омма

  1. Ҳуҷҷатҳои таъсисии воситаҳои ахбори омма, ки дар шакли ташкилоти тиҷоратӣ таъсис дода мешаванд, шартномаи таъсисӣ ва оиннома мебошанд.
  2. Ҳуҷҷатҳои таъсисии воситаҳои ахбори омма, ки дар шакли ташкилоти ғайритиҷоратӣ таъсис дода мешаванд, инчунин воситаҳои ахбори оммаи тиҷоратие, ки аз ҷониби як шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ таъсис дода мешаванд, оиннома мебошад.
  3. Шартномаи таъсисӣ байни муассисон баста мешавад.
  4. Дар шартномаи таъсисӣ муайян карда мешаванд:

- номгўй (насаб, ном ва номи падар) ва макони ҷойгиршавии (макони зисти) муассисон;

- намуд, ном, забон, мақсад, ихтисос ва даврияти воситаи ахбори оммаи таъсисдодашаванда;

- шакли ташкилию ҳуқуқии воситаи ахбори оммаи таъсисдодашаванда;

- андоза ва тартиби ташаккулёбии сармояи оинномавии воситаи ахбори оммаи таъсисдодашаванда;

- манбаъҳои маблағгузории воситаи ахбори оммаи таъсисдодашаванда;

- тартиби тақсимоти фоида ва ҷуброни зарар, агар воситаҳои ахбори омма ташкилоти тиҷоратӣ бошанд;

- тартиби боздоштани ва қатъ кардани нашри воситаи ахбори омма;

- дигар муқаррароте, ки қонунгузорӣ пешбинӣ кардааст.

  1. Оинномаи редаксияи воситаи ахбори омма аз тарафи муассиси (муассисони) он тасдиқ карда мешавад. Дар оиннома муайян карда мешаванд:

- намуд, ном, забон, мақсад, ихтисос, даврият ва теъдоди нашри воситаи ахбори омма;

- суроғаи ҳуқуқии (макони ҷойгиршавии) редаксияи воситаи ахбори омма;

- ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои муассис (муассисон) ва редаксияи воситаи ахбори омма;

- манбаъҳои маблағгузории воситаи ахбори омма;

- тартиби ташкили воситаи ахбори омма;

- тартиби тақсимоти фоида ва ҷуброни зарар, агар воситаи ахбори омма ташкилоти тиҷоратӣ бошад;

- тартиби боздоштани ё қатъ кардани нашри воситаи ахбори омма;

- тартиби азнавташкилёбӣ ва барҳамдиҳии воситаи ахбори омма;

- тартиби қабули оиннома ва ворид намудани тағйиру илова ба он;

- дигар муқаррароте, ки қонунгузорӣ пешбинӣ кардааст.

  1. Дар мавриди зерсохтори шахси ҳуқуқӣ будани воситаи ахбори омма фаъолияти он тибқи низомномае, ки аз ҷониби мақоми болоии шахси ҳуқуқӣ тасдиқ карда шудааст, ба роҳ монда мешавад.

Моддаи 10. Бақайдгирии давлатии воситаҳои ахбори омма

  1. Воситаҳои ахбори омма ва ё редаксияҳои онҳо, новобаста аз шакли моликият, мутобиқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун шахси ҳуқуқӣ ба қайди давлатӣ гирифта мешаванд.
  2. Мақсади бақайдгирии давлатии воситаҳои ахбори омма ҳамчун шахси ҳуқуқӣ ба расмият даровардани воқеияти ҳуқуқии таъсисёбӣ, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ ва қатъ гаштани фаъолияти онҳо, инчунин ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ворид намудани маълумот дар бораи онҳо мебошад.
  3. Бақайдгирии давлатии воситаҳои ахбори омма ҳамчун шахси ҳуқуқӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бақайдгирии шахсони ҳуқуқиро ба танзим медарорад, сурат мегирад.
  4. Барҳамдиҳии воситаҳои ахбори омма мутобиқи тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИОШУНАВОНӢ

Моддаи 11. Таъсисдиҳӣ ва бақайдгирии давлатии ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ

Ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ мувофиқи тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шахсони ҳуқуқӣ муайян намудааст, таъсис меёбанд.

Бақайдгирии давлатии ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ, қайди баҳисобгирии намояндагӣ ва филиалҳои онҳо мувофики Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ" амалӣ карда мешавад.

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ

 

Моддаи 4. Бақайдгирии давлатӣ мувофиқи принсипи "равзанаи ягона"

  1. Бақайдгирии давлатӣ аз ҷониби мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ мувофиқи принсипи "равзанаи ягона" бе гузаронидани экспертизаи ҳуқуқии ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида амалӣ гардонида мешавад.
  2. Бақайдгирии давлатӣ мувофиқи принсипи "равзанаи ягона" мазмуни зеринро дорад:

1) барои бақайдгирии давлатӣ аризадиҳанда ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкурро дар шакли коғазӣ ва ё электронӣ танҳо ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ аз рўи маҳалли ҷойгиршавии (суроғаи) шахси ҳуқуқӣ (маҳалли зисти роҳбари шахси ҳуқуқӣ), маҳалли зисти (фаъолияти) соҳибкори инфиродӣ, маҳалли ҷойгиршавии (суроғаи) филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ (маҳалли зисти роҳбари филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ) пешниҳод менамояд. Барои дурустии ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида ва пуррагии маълумоти дар онҳо инъикосёфта аризадиҳанда тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгариро ба зимма дорад;

2) мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ маълумотро дар бораи шахси ҳуқуқӣ, соҳибкори инфиродӣ, филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷиро ба Феҳристи ягонаи давлатӣ ворид намуда, дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатӣ, инчунин ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи қайди баҳисобгирии андоз, омор ва суғуртаи иҷтимоии давлатиро медиҳад. Бақайдгирии давлатӣ дар Феҳристи ягонаи давлатӣ бақайдгирии яквақтаро дар мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ, мақомоти давлатии омор ва мақомоти суғуртаи -иҷтимоии давлатиро дар назар дорад.

3) ҳангоми бақайдгирӣ дар Феҳристи ягонаи давлатӣ ба субъектҳо Рақами ягонаи мушаххас дода мешавад, ки барои ҳар як шахси ҳуқуқӣ, соҳибкори инфиродӣ, филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ такрорнашаванда мебошад.

 

Моддаи 6. Боҷи давлатӣ ва пардохт барои амалҳои бақайдгирии давлатӣ

  1. Боҷи давлатӣ ва пардохт барои амалҳои бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ, филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ситонида намешавад.
  2. Пешниҳод намудани иқтибос аз Феҳристи ягонаи давлатӣ ва додани маълумотнома дар бораи дар феҳристи мазкур мавҷуд набудани маълумот оид ба субъектҳо ройгон анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 10. Тартиби бақайдгирии давлатии таъсисёбии шахси ҳуқуқй

  1. Бақайдгирии давлатии таъсисёбии шахси ҳуқуқиро мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатй дар маҳалли ҷойгиршавии (суроғаи) шахси ҳуқуқй дар муддати 24 соат аз лаҳзаи пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳое, ки номгўи онҳоро моддаи 11 Қонуни мазкур пешбинй намудааст, бо додани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқй дар худи ҳамин муддат амалй мегардонанд.
  2. Агар пас аз ба охир расидани 24 соат мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатй қарорро дар бораи бақайдгирии давлатй ё рад кардани бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқй қабул накарда бошад ва ё ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқиро надода бошанд, мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатй ўҳдадоранд фавран пас аз гузаштани мўҳлати дар боло нишондодашуда ба Феҳристи ягонаи давлатй маълумотро дар бораи таъсисёбии шахси ҳуқуқй ворид созанд ва ба аризадиҳанда дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқй Шаҳодатнома диҳанд ё онро ба суроғаи дар ариза нишондодашуда фиристанд.
  3. Ҳуҷҷатҳоро барои бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқй муассисони шахси ҳуқуқй ё шахсони ваколатдори онҳо пешниҳод карда метавонанд.

Шахсони ваколатдор инҳо буда метавонанд:

1) роҳбари мақомоти иҷроияи шахси ҳуқуқй, ки ваколатҳои ўро қарори муассисон дар бораи таъйин намудани ў тасдиқ мекунад;

2) шахси дигаре, ки аз номи муассисони шахси ҳуқуқй дар асоси ваколатнома баромад мекунад.

Моддаи 11. Ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда барои бақайдгирии давлатии таъсисёбии шахси ҳуқуқӣ

  1. Барои амалигардонии бақайдгирии давлатии таъсисёбии шахси ҳуқуқӣ ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

1) ариза барои бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ аз рўи шакли тасдиқнамудаи мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ. Дар ариза маълумоти зерин нишон дода мешавад:

а) шакли ташкилию ҳуқуқии шахси ҳуқуқӣ;

б) номи пурраи (дар ҳолати мавҷуд будан, инчунин номи кўтоҳи) фирмавии шахси ҳуқуқӣ бо забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

в) маҳалли ҷойгиршавии (суроғаи) шахси ҳуқуқӣ;

г) тарзи ташкилёбии шахси ҳуқуқӣ (таъсисёбӣ ё азнавташкилдиҳӣ);

д) маълумот дар бораи муассис (муассисон) ва роҳбари шахси ҳуқуқӣ (номи фирмавии шахси ҳуқуқӣ, насаб, ном ва номи падари шахси воқеӣ, маҳалли ҷойгиршавии шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ, маълумот барои тамос), инчунин маълумоте, ки молик - бенефитсиари шахси ҳуқуқиро муайян мекунад);

е) намуди (намудҳои) асосии фаъолияте, ки шахси ҳуқуқӣ нияти анҷом додани онро (онҳоро) дорад;

ж) санаи пешниҳод гардидани ариза ва имзои аризадиҳанда.

2) қарори муассис (протоколи маҷлиси муассисон) дар бораи таъсисдиҳии шахси ҳуқуқӣ. Қарор дар бораи таъсисдиҳии шахси ҳуқуқӣ аз ҷониби муассис (муассисон)-и шахси ҳуқуқӣ имзо карда мешавад;

3) нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти роҳбари мақомоти иҷроияи шахси ҳуқуқии таъсисёбанда дар сурати аз ҷониби роҳбари мақомоти иҷроияи шахси ҳуқуқии таъсисёбанда пешниҳод гардидани ҳуҷҷат ё нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ва ваколатнома ба номи шахси ваколатдор дар сурати аз ҷониби шахси ваколатдори муассисон пешниҳод гардидани ҳуҷҷатҳо барои бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ. Агар роҳбари мақоми иҷроияи шахси ҳуқуқии таъсисёбанда шаҳрванди хориҷӣ бошад, инчунин нусхаи ҳуҷҷате, ки дар асоси он ба шахси воқеии хориҷӣ барои сукунат ва амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шудааст (раводид, варақаи бақайдгирӣ ва гувоҳномаи иқомат бо мўҳлати амали на кам аз се моҳ);

4) нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти ҳар як муассиси (шахси воқеии) шахси ҳуқуқии таъсисёбанда, инчунин нисбати муассис - ҷамъияти саҳомӣ - иқтибос аз феҳристи саҳмдорон ва хуҷҷатҳои тасдиқкунандаи дорандаи феҳристи саҳмдорон ва маълумотномаи мақомоти андоз нисбат ба муассис - шахси ҳуқуқӣ доир ба надоштани қарзи андоз;

5) дар ҳолати таъсис додани шахси ҳуқуқӣ дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ маълумотномаи маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ;

6) иқтибоси ҳуҷҷат дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ ё нусха аз феҳристи шахсони ҳуқуқии давлати хориҷӣ (ё дигар ҳуҷҷати дигари аз рўи қувваи ҳуқуқиаш ба он баробар, ки мақоми шахси ҳуқуқии хориҷиро исбот менамояд), дар сурате, ки агар муассис шахси ҳуқуқии хориҷӣ бошад;

7) хулосаи мақомоти дахлдор дар мавриди бақайдгирии воситаҳои ахбори омма;

8) нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи маҳалли ҷойгиршавии (суроғаи) шахси ҳуқуқии таъсисёбанда.

 

КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 514. Рад намудан ё ба таъхир гузоштани бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ

Барои ғайриқонунӣ рад кардан ё зиёда аз мўҳлат ба таъхир гузоштани бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ аз тарафи шахсони мансабдор ё шахсони мутасаддии бақайдгиранда,

ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.

crescentofhearth.com