ХУСУСИЯТҲОИ РЕКЛАМА ДАР ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ РЕКЛАМА
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ
- реклама - иттилооте, ки дар ҳар шакл, тавассути ҳар навъ воситаҳо оид ба шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ, молҳо, ғояҳо ва ташаббусҳо (ахбори рекламавӣ) паҳн мешаванд ва барои доираи васеи шахсон пешбинӣ шуда, ҷиҳати ташаккул ё дастгирии шавқмандӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, молҳо, ғояҳо, ташаббусҳо таъин гардида, барои фурўхтани молҳо, ғояҳо ва ташаббусҳо мусоидат менамояд;
Моддаи 5. Талаботи умумӣ ба реклама
Реклама бояд бе донишҳои махсус ё бе татбиқи воситаҳои техникӣ, бевосита дар лаҳзаи пешниҳоди он сарфи назар аз шакл ё воситаҳои истифодашавандаи паҳнкунӣ, маҳз ҳамчун реклама фаҳмида шавад.
Дар осори радио, телевизион, видео, аудио ва кино, инчунин дар маҳсулоти чопии дорои хусусияти ғайрирекламавӣ истифодаи мақсадноки таваҷҷўҳи истифодабарандагони реклама ба навъи (модел, артикул) мушаххаси мол ё ба тайёркунанда, иҷрокунанда, фурўшанда барои ташаккул ва дастгирии манфиати онҳо бе маълумоти муносиби пешакӣ дар ин маврид (ба хусус, бо роҳи қайд кардан "ҳамчун реклама") иҷозат дода намешавад.
Ба воситаҳои ахбори омма барои ҷойгиронии реклама ҳамчун маводи иттилоотӣ, таҳрирӣ ё таълифӣ гирифтани маблағ манъ аст.
Реклама дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ ва бо салоҳдиди рекламадиҳандагон, инчунин ба дигар забонҳо, паҳн карда мешавад. Ин муқаррарот ба радиошунавонӣ, пахши телевизионӣ ва нашрияҳои чопие, ки танҳо ба забони давлатӣ, забонҳои дигар миллатҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматдошта ва забонҳои хориҷӣ сурат мегиранд, инчунин ба тамғаҳои молии (тамғаҳои хизматрасонӣ) ба қайд гирифташуда дахл надоранд.
Ба рекламаи мол, рекламаи худи рекламадиҳанда, ҳамчунин ба рекламаи молҳое, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолу истифодаи онҳо манъ карда шудааст ва инчунин ба рекламаи маҳсулот, кору хизматрасонӣ, ки бояд ҳатман дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сертификатсия карда шаванд, вале сертификати мутобиқат надоранд, роҳ дода намешавад.
Рекламаи молҳое, ки сертификатсияи ҳатмиро талаб менамоянд, бояд қайди "ҳатман сертификатсия кунонида шаванд" дошта бошанд.
Истифода намудани объектҳои ҳуқуқҳои истисноӣ (моликияти зеҳнӣ) дар реклама бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода мешавад.
Реклама набояд дар шаҳрвандон ҳисси зўроварӣ, таҷовуз, воҳима барангезад, инчунин набояд ба амалҳои хатарноке даъват намояд, ки метавонанд ба саломатии шахсони воқеӣ зарар расонанд ё ба бехатарии онҳо таҳдид намоянд ва ба идроки инсон беихтиёр таъсир расонад.
Ба истеҳсол, ҷойгиронӣ ва интишори рекламае, ки талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист риоя намекунад, иҷозат дода намешавад.
Ҷой додани реклама дар адабиёти таълимӣ, аз ҷумла асарҳои хаттӣ ва чопӣ, ки ҳамчун воситаҳои таълимӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, такмили ихтисос, бозомўзӣ ва таҳсилоти иловагӣ истифода мегарданд, манъ аст.
Ҷой додани реклама дар варақаи дорухат (ретсепт) манъ аст.
Моддаи 11. Хусусиятҳои реклама дар барномаҳои радио ва телевизион
Дар барномаҳои радио ва телевизион бо реклама буридани барномаҳои зерин роҳ дода намешавад:
- суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, гузориш аз иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаҳои якҷояи онҳо, чорабиниҳои давлатӣ, маросимҳои мотам ва дигар маросимҳои расмӣ;
- барномаҳои динӣ;
- барномаҳои таълимӣ на бештар аз як маротиба дар муддати 15 дақиқа то 30 сония;
- барномаҳои радио ва филмҳои бадеӣ бе розигии соҳибҳуқуқон;
- барномаҳое, ки давомнокии пахшашон камтар аз 15 дақиқа мебошад;
- барномаҳое, ки давомнокии пахшашон аз 15 то 60 дақиқа мебошанд, на бештар аз ду маротиба.
Ҳангоми истифодаи реклама ҳамчун замима ба тасвири асосӣ, аз ҷумла ба таври "сатри муҳаррик", андозаи он бояд аз ҳафт фоизи масоҳати кадр ва понздаҳ фоизи вақти пахш дар давоми соат зиёд набошад.
Паҳн кардани рекламаи як навъи мол, ҳамчунин паҳн намудани реклама дар бораи худи рекламадиҳанда набояд бештар аз ду маротиба дар давоми тамоми намоиш ва на бештар аз ду дақиқа дар муддати як соати вақти ба пахши барномаҳои радио ва телевизион ҷудошуда дар як мавҷи намоиш ба ҷо оварда шавад.
Дар барномаҳои радио ва телевизиони давлатӣ, ки ҳамчун барномаҳои ба ахбор ва маводи хусусияти рекламавӣ махсусгардонидашуда ба қайд гирифта нашудаанд, реклама набояд аз 10 фоизи ҳаҷми намоиши шабонарўзӣ ва дар барномаҳои радио ва телевизиони ғайриҳукуматӣ ин ҳаҷм набояд аз 30 фоиз зиёд бошад.
Дар барномаҳои кўдаконае, ки давомнокиаш то 30 дақиқа мебошад, пахши реклама манъ аст.
Дар барномаҳои радио ва телевизион дар давоми тамоми гуфтор ва намоиш, дар байни барномаҳои радио ва телевизион як пахши рекламавӣ набояд аз се дақиқа зиёд бошад.
Моддаи 12. Хусусиятҳои реклама дар матбуоти даврӣ
Дар матбуоти даврии давлатӣ, ки барои ахбор ва маводи хусусияти рекламавӣ дошта махсус гардонида нашудаанд, реклама набояд аз 25 фоизи ҳаҷми як шумораи нашрияи матбуоти даврӣ ва дар матбуоти даврии ғайриҳукуматӣ ин ҳаҷм набояд аз 40 фоиз зиёд бошад.
Дар воситаҳои ахбори оммае, ки барои реклама махсус гардонида шудаанд, маҳдудият гузошта намешавад.
Моддаи 19. Рекламаи иҷтимоӣ
Рекламаи иҷтимоӣ манфиатҳои ҷамъиятӣ ва давлатиро ифода намуда, барои расидан ба мақсадҳои хайриявӣ нигаронида шудааст.
Дар рекламаи иҷтимоӣ ташкилотҳои тиҷоратӣ, соҳибкорони инфиродӣ, навъҳои мушаххаси (моделҳои, артикулҳои) молҳои онҳо, ҳамчунин навъҳои молҳое, ки натиҷаи фаъолияти соҳибкории ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ мебошанд, набояд хотиррасон карда шаванд.
Фаъолияти ба таври ройгон анҷомдодашудаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои истеҳсол ва паҳн кардани рекламаи иҷтимоӣ, аз ҷумла тарзи солимии ҳаёт ва дастовардҳои соҳаи тандурустӣ, додани моликияти худ, аз ҷумла воситаҳои пулӣ ба дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, дар истеҳсол ва паҳн кардани рекламаи иҷтимоӣ, ҳамчун фаъолияти эҳсонкорӣ дониста шуда, аз имтиёзҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ бархурдор мебошанд.
Паҳнкунандагони реклама - воситаҳои ахбори омма ўҳдадоранд, ки ҷойгиронии рекламаҳои иҷтимоии пешниҳодкардаи рекламадиҳандагонро дар доираи 10 фоизи вақти намоиш (масоҳати асосии чопӣ ) дар як сол, ки қонунгузорӣ барои реклама муқаррар кардааст, ҷойгир намоянд.
Паҳнкунандагони рекламае, ки воситаҳои ахбори омма намебошанд, ўҳдадоранд рекламаи иҷтимоиро дар доираи 10 фоизи арзиши солонаи хизматрасонӣ ҷойгир намоянд.
Истеҳсолкунандагони реклама ўҳдадоранд хизматрасониро оид ба истеҳсоли рекламаи иҷтимоӣ дар доираи 10 фоизи ҳаҷми солонаи рекламаҳое, ки истеҳсол мекунанд, пешниҳод намоянд.
Шартҳои ба вақти ҷойгиронӣ ва воситаҳои паҳнкунии рекламаи иҷтимоӣ тааллуқдошта, ки рекламадиҳанда пешниҳод мекунад, барои паҳнкунандаи реклама ҳатмӣ мебошад, агар рекламадиҳанда ба паҳнкунандаи реклама на дертар аз як моҳи мўҳлати дар назардоштаи паҳни рекламаи иҷтимоӣ муроҷиат намояд.
Пардохти маблағи истеҳсол, ҷойгир ва паҳн кардани рекламаи иҷтимоӣ дар асоси шартнома анҷом дода мешавад.
Дар сурати зиёд будани ҳаҷми фармоишҳо барои истеҳсол, ҷойгир ва паҳн кардани рекламаи иҷтимоӣ назар ба меъёрҳои вақти муқаррарнамудаи намоиши чунин рекламаҳо, масоҳати асосии чопӣ, ҳаҷми истеҳсол, ҷойгиронӣ, паҳн кардан ва дар мавриди ба вуҷуд омадани баҳсҳо навбати истеҳсол, ҷойгир ва паҳн кардани рекламаи иҷтимоӣ бо тартиби аз ҷониби истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони реклама гирифтани офертаи рекламадиҳанда муайян карда мешавад.
Ба амалҳои истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони реклама, ки ба истеҳсол, ҷойгир ва паҳн кардани рекламаи иҷтимоӣ дар доираи муқаррарнамудаи қонунгузорӣ монеа ба вуҷуд меоранд, иҷозат дода намешавад.
Дар сурати роҳ додан ба чунин амалҳо рекламадиҳандагон метавонанд бо тартиби муқарраргардида ба суд шикоят намоянд.
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИОШУНАВОНӢ
Моддаи 24. Истифодаи реклама дар ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ
Истифодаи реклама дар ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ мувофики Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи реклама" амалӣ карда мешавад .
КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 536. Рекламаи ошкоро бардурўғи хизматрасонии бонкӣ
Барои ба таври оммавӣ паҳн кардани маълумот дар бораи амалиёт ё хизматрасониҳои бонкӣ, ба шарте ки чунин амалиёт (хизматрасониҳо) бо иҷозатномаи бонкӣ пешбинӣ нашуда бошад ё он метавонад мизоҷонро гумроҳ намояд ё ба онҳо зарар расонида бошад ва ё метавонад зарар расонад,
ба шахсони мансабдори бонк ба андозаи аз чил то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сесад то чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
Моддаи 540. Барои реклама истифода кардани тасвирҳои пулҳои коғазии асъори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Барои реклама истифода кардани тасвирҳои пулҳои коғазии асъори миллӣ ё ҳама гуна маҳсулоти нимтайёри ин тасвирҳо (бо як ё якчанд ранг), ки аз рўйи хусусиятҳояшон (ҳаҷм, ранг, тасвир) дар муомилот мумкин аст ба сифати пулҳои қоғазии аслии асъори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шаванд,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафт то даҳ, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад.
- Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз понздаҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сесад то чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад.
Моддаи 546. Рекламаи бардурўғ
Барои аз ҷониби рекламадиҳанда паҳн кардани маълумоти бардурўғ дар бораи истеҳсол ё фурўши мол иҷрои кор ё хизматрасонӣ, ки дар онҳо иттилооти аз ҳақиқат дур ҷой дошта, истифодабарандагони рекламаро гумроҳ месозад, инчунин барои рекламаи маҳсулоти ҳатман сертификатсияшавандае, ки сертификатсияи мутобиқат надорад, ҳангоми набудани аломатҳои ҷиноят ,
ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, ба андозаи аз бист то сӣ, ба шахсони мансабдор аз панҷоҳ то ҳафтод, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз шаст то сад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
Моддаи 547. Рекламаи номуносиб ва рекламаи мутақобил
Барои пахши рекламаи номуносиб, нодуруст, беодобона ва пинҳонӣ ё саркашӣ кардани субъектҳои хоҷагидор (гурўҳи шахсон) аз паҳн кардани рекламаи мутақобил,
ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, ба андозаи аз бист то чил, ба шахсони мансабдор аз панҷоҳ то сад, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд аз ҳафтод то як саду бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
Моддаи 548. Бе иҷозат паҳн кардани реклама дар бораи мол ва хизматрасонӣ
Барои бе иҷозати мақомоти дахлдор паҳн кардани реклама дар бораи мол иҷрои кор ва хизматрасонӣ,
ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, ба андозаи аз бист то сӣ, ба шахсони мансабдор аз панҷоҳ то сад, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз ҳафтод то сад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
Моддаи 549. Рекламаи молҳое, ки қонунгузорӣ манъ намудааст
- Барои рекламаи спирти этилӣ ва машрубот, тамоку ва маҳсулоти тамоку, маҳсулоти аудио, видео ва маводи чопии хусусияти фаҳшдошта, ғизои кўдакон ва шишачаҳои ширмакконӣ (шишачаҳои ширдўшӣ), маккаку пистонак, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, доруворие, ки дар дорухати (ресепти) духтур дода мешаванд, инчунин дигар намудҳои молҳое, ки рекламаи онро қонунгузорӣ манъ намудааст,
ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, ба андозаи аз сӣ то панҷоҳ, ба шахсони мансабдор аз сад то як саду панҷоҳ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз як саду бист то як саду ҳаштод ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз ҳазор то се ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
- Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда,
ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, ба андозаи аз панҷоҳ то сад, ба шахсони мансабдор аз як саду панҷоҳ то дусад, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз як саду ҳаштод то дусаду панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз се то панҷ ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
Моддаи 550. Рекламаи маводи доруворӣ, техникаи тиббӣ, таҷҳизоти таъйиноти тиббӣ ва санитарию гигиенӣ, маҳсулоти табобатию профилактикӣ, иловагиҳои озуқавӣ ва воситаҳои косметикӣ (ороишӣ)
Барои рекламаи маводи доруворӣ, техникаи тиббӣ, таҷҳизоти тайъиноти тиббӣ ва санитарию гигиенӣ, маҳсулоти табобатию профилактикӣ, иловагиҳои озуқавӣ ва воситаҳои косметикӣ (ороишӣ), инчунин рекламаи усулҳои табобат, профилактика, ташхис, солимгардонӣ ҳангоми набудани иҷозатнома ё ҳуҷҷати иҷозатдиҳандаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар ҳолати гирифтани патент барои ихтироот дар соҳаи мазкур,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, ба андозаи аз бист то сӣ, ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз шаст то ҳаштод ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз як ҳазору панҷсад то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
Моддаи 551. Фурўши мол, иҷрои кор ва хизматрасонии ба реклама номувофиқ
- Барои фурўши мол, иҷрои кор ва хизматрасоние, ки ба намудҳои дар реклама пешниҳодгардида ё нишондодашуда номувофиқанд, инчунин реклама ё пешниҳоди мол, кор ва хизматрасонӣ бе нияти амалӣ намудани онҳо,
ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд,ба андозаи аз понздаҳ то сӣ, ба шахсони мансабдор аз сӣ то панҷоҳ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз чил то шаст ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сесад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
- Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда,
ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, ба андозаи аз чил то шаст, ба шахсони мансабдор аз ҳафтод то сад, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз ҳаштод то як саду бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷсад то ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
Моддаи 551(1). Риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи ноболиғон ҳангоми истеҳсол, ҷойгир ва паҳн кардани реклама
Барои риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи ноболиғон ҳангоми истеҳсол, ҷойгир ва паҳн кардани реклама,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд,ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз бист то чил, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз сӣ то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
Моддаи 551(2). Риоя накардани мўҳлати нигоҳдории маводи рекламавӣ ва нусхаҳои онҳо
Барои аз тарафи рекламадиҳанда, истеҳсолкунанда ва паҳнкунандаи реклама риоя накардани мўҳлати нигоҳдории маводи рекламавӣ ва нусхаҳои онҳо,
ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз бист то чил, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз сӣ то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 276. Дидаю дониста додани рекламаи бардурўғ
1) Аз ҷониби рекламадиҳанда дидаю дониста додани маълумоти бардурўғ оид ба мол, кор ё хизматрасонӣ, инчунин таҳиякунандагон ё фурўшандагони онҳо, ки бо нияти ғаразнок содир шудааст,
бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол ё маҳдуд кардани озодӣ ба ҳамин мўҳлат ҷазо дода мешавад.
2) Ҳамин кирдор, агар:
а) бо истифодаи воситаҳои ахбори омма сурат гирифта бошад;
б) ба миқдори калон зарар расонида бошад,
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсаду чилу ҳафт то нўҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати аз се то панҷ сол ҷазо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мўҳлат ҷазо дода мешавад.
Эзоҳ: Дар моддаҳои 275 ва 276-и Кодекси мазкур зарар ба миқдори калон чунин зарар ҳисобида мешавад, ки агар аз андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо як ҳазор маротиба зиёд бошад.