МАҶМУЪ ВА ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ ТАШКИЛОТҲОИ ДАВЛАТИИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИОШУНАВОНӢ

КОДЕКСИ МАДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 283. Шаклҳои моликият

  1. Моликият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дар шаклҳои хусусӣ ва давлатӣ вуҷуд дошта бошад.
  2. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дахлнопазирӣ ва имконоти амалисозии ҳуқуқи моликияти ҳар як молик, рушди шаклҳои гуногуни моликият шароити зарурии баробар фароҳам меоварад ва ҳимояи онҳоро таъмин мекунад.

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИОШУНАВОНӢ

Моддаи 7. Маҷмўи ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ

Маҷмўи ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонии давлатӣ ва ғайридавлатӣ ташкил медиҳанд.

Моддаи 8. Ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонӣ

Маҷмўи ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз телевизион ва радиошунавонии ҷумҳуриявӣ, телевизион ва радиошунавонии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва радиошунавонии ноқилии дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иборатанд, ки аз ҳисоби буҷет маблағгузорӣ мешаванд. 

Ба ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонӣ ҳуқуқи бартарӣ доштан дар истифодаи шабакаҳои давлатии телевизион ва радиошунавонӣ дода мешавад.

Моддаи 9. Вазифаҳои асосии ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонӣ

Вазифаҳои асосии ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонӣ инҳоянд:

- сари вақт огоҳ намудани шунавандагони радио ва тамошобинони телевизион аз ҳаводиси ҷамъиятию сиёсӣ ва дигар воқеоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи он, паҳн намудани ахбори расмӣ, санадҳои мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва ҳокимияти судӣ, ки ба таблиғи расмӣ ҳуқуқ доранд;

- таҳия ва пахш кардани барномаҳои иқтисодӣ, публицистӣ, фарҳангию маърифатӣ, таълимӣ, шавқангез, варзишӣ ва сайёҳӣ;

- инъикоси рамзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- мусоидат ба таҳкими робитаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Моддаи 10. Ташкилотҳои ғайридавлатии телевизион ва радиошунавонӣ 

Ташкилотҳои ғайридавлатии телевизион ва радиошунавонӣ ташкилотҳое мебошанд, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном гардида, дар асоси иҷозатномаи (литсензияи) бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон додашуда аз ҳисоби худмаблағгузорӣ фаъолият менамоянд.

crescentofhearth.com