ОШКОРО БУДАНИ МУҲОКИМАИ СУДӢ

Дар асоси муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот” ҳар шахс ҳуқуқ дорад, ки тариқи воситаҳои ахбори омма дар бораи фаъолияти мақомоти давлатӣ, ташкилот ва шахсони мансабдори онҳо иттилооти аниқ ба даст орад. Воситаҳои ахбори омма ҳуқуқи аз мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтани ахборро доранд.

Дар қисми 3-и моддаи 88 Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст, ки мурофиа дар ҳамаи судҳо ба тарзи ошкоро мегузарад, ба истиснои мавридҳое, ки қонун муайян кардааст. Шахс метавонад дар асоси муқаррароти зерин бо истифодаи қонунгузории мурофиавӣ (Кодекси мурофиаи гражданӣ, Кодекси мурофиаи ҷиноятӣ, Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси мурофиаи иҷтисодӣ) дар мурофиаи судии ошкоро иштирок намояд.

Ошкоро будани муҳокимаи судӣ ин имконияти ба толори маҷлиси судӣ ворид шудани шахсоне, ки иштирокчии парванда намебошанд, аз ҷумла, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва дар маҷлиси ошкорои судӣ ҳузур доштани онҳо, таъмини ҳуқуқи онҳо ҷиҳати дар шакли хаттӣ сабт кардани ҷараёни мурофиаҳои судӣ, истифодаи воситаҳои аксбардорӣ, сабти аудио, сабти видео пахши ҷараёни маҷлиси судӣ тариқи радио ва телевизион дар мурофиаҳои гражданӣ, оилавӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҷиноятӣ фаҳмида мешавад, ки тартиби сабти маҷлиси ошкорои судӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории мурофиавӣ (КМГ, КМҲМ ва КМҶ) ба танзим дароварда мешавад. 

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма дар муҳокимаи ошкорои судӣ бо мақсади гирифтани маълумот оид ба парванда ба роҳ монда мешавад, ки  тартиби ворид шудани онҳо ба толори маҷлиси судӣ бояд озод бошад, барои ворид шудани онҳо бо асосҳои мансубияти касбӣ, мавҷуд набудани аккредитатсия монеагӣ эҷод кардан мумкин нест.

 

КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 13. Ошкоро будани пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

  1. Пешбурди парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба таври ошкоро гузаронида мешавад.
  2. Муҳокима дар маҷлиси пўшидаи судӣ оид ба парвандаҳои дорои маълумоти сирри давлатӣ, инчунин оид ба дигар парвандаҳое, ки қонун пешбинӣ намудааст, гузаронида мешавад. Муҳокима дар маҷлиси пўшидаи судӣ, инчунин ҳангоми қонеъ кардани дархости шахсони иштирокчии парванда, ки ба зарурати нигоҳ доштани сирри тиҷоратӣ ё дигар сирре, ки қонун ҳифз менамояд, ишора мекунанд, ба дахлнопазирии ҳаёти шахсӣ ё дигар ҳолатҳое, ки ошкоро муҳокима кардани онҳо барои баррасии дурусти парванда халал мерасонанд ва ё боиси ифшои сирри зикршуда ё вайрон шудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсон мегарданд, имконпазир аст.
  3. Шахсони иштирокчии парванда ва шахсони дар маҷлиси кушодаи судӣ ҳузурдошта ҳуқуқ доранд дар шакли хаттӣ ё тариқи воситаҳои аудиоӣ ҷараёни муҳокимаи судиро аз ҷои нишаст сабт кунанд. Истифодаи воситаҳои суратгирӣ, сабти аудио, видео, пахши ҷараёни маҷлиси судӣ тариқи радио ва телевизион танҳо бо иҷозати судя роҳ дода мешавад. Вақти иҷрои ин амалҳоро раисикунанда метавонад маҳдуд намояд. Ин амалҳо набояд ба рафти мурофиаи судӣ халал расонанд.

 

 КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ МАДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 11. Ошкоро будани муҳокимаи судӣ

  1. Муҳокимаи парванда дар ҳамаи судҳо ба таври ошкоро сурат мегирад.
  2. Муҳокима дар маҷлиси пўшидаи судӣ оид ба парвандаҳои дорои маълумоти сирри давлатӣ, инчунин оид ба дигар парвандаҳое, ки қонун пешбинӣ намудааст, гузаронида мешавад. Муҳокима дар маҷлиси пўшидаи судӣ, инчунин ҳангоми қонеъ намудани дархости шахсони иштирокчии парванда, ки ба зарурати нигоҳ доштани сирри тиҷоратӣ ё дигар сирре, ки қонун ҳифз менамояд, ишора мекунанд, ба дахлнопазирии ҳаёти шахсии шаҳрвандон ё дигар ҳолатҳое, ки ошкоро муҳокима намудани онҳо барои баррасии дурусти парванда халал мерасонанд ва ё боиси ифшои сирри зикршуда ё вайрон шудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон мегарданд, имконпазир аст.
  3. Муросилот ва мухобироти шахсии шаҳрвандон метавонад дар маҷлиси кушодаи судӣ танҳо бо иҷозати шахсоне, ки байни онҳо чунин муросилот ва мухобироти шахсӣ сурат гирифтааст, эълон ва таҳқиқ карда шавад. Бе иҷозати ин шахсон муросилот ва мухобироти шахсии онҳо танҳо дар маҷлиси пўшидаи судӣ эълон ва таҳқиқ карда мешавад. Қоидаҳои зикргардида инчунин ҳангоми таҳқиқи сабтҳои аудио ва видеоии дорои хусусияти шахсӣ татбиқ мегарданд.
  4. Суд оид ба муҳокимаи парванда дар маҷлиси пўшидаи судӣ таъиноти асоснок қабул менамояд.
  5. Ҳангоми муҳокимаи парванда дар маҷлиси пўшидаи судӣ шахсони иштирокчии парванда, намояндаҳои онҳо ва дар ҳолатҳои зарурӣ, инчунин шоҳидон, тарҷумонҳо, коршиносони судӣ, мутаххасисон иштирок мекунанд. Дар маҷлиси пўшидаи судӣ истифодаи воситаҳои сабти аудио ва видео иҷозат дода намешавад.
  6. Парванда дар маҷлиси пўшидаи судӣ бо риояи ҳамаи қоидаҳои мурофиаи судии маданӣ баррасӣ ва ҳал карда мешавад.
  7. Шахсони иштирокчии парванда, дигар шахсони иштирокчии мурофиа, намояндаи ташкилотҳо ва шаҳрвандони дар маҷлиси кушодаи судӣ ҳузурдошта ҳуқуқ доранд дар шакли хаттӣ ҷараёни муҳокимаи судиро сабт кунанд. Истифодаи воситаҳои аксбардорӣ, сабти аудио, видео, пахши ҷараёни маҷлиси судӣ тариқи радио, телевизион ва шабакаи интернет танҳо бо иҷозати суд роҳ дода мешавад.
  8. Ҳалнома ошкоро эълон карда мешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки эълони ошкорои ҳалнома ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ноболиғон, ҳаёти шахсии шаҳрвандонро халалдор мекунад.

КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ ҶИНОЯТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 273. Муҳокимаи ошкорои судӣ

  1. Суд, судя бояд ошкоро будани муҳокимаи судии парвандаро, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки он ба фош шудани сирри давлатӣ ва сирри дигари бо қонун ҳифзшуда оварда мерасонад, таъмин намояд.
  2. Муҳокимаи пўшидаи судӣ, инчунин бо таъиноти асосноки суд (қарори судя) оид ба парвандаҳои ҷиноятии шахсоне, ки ба синни шонздаҳ нарасидаанд, ба муқобили озрдӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ ва ҷиноятҳои дигар, бо мақсади пешгирии фош шудани маълумоти ҷанбаҳои маҳрамонаи шахсони иштирокчии парванда ё маълумоте, ки шаъну эътибори онҳоро паст мезанад, инчунин дар ҳолатҳое, ки онро манфиати таъмини амнияти иштирокчиёни мурофиа ва шоҳидон ё хешовандони наздики онҳо талаб мекунад, мумкин аст гузаронида шавад.
  3. Парванда дар маҷлиси пўшидаи суд бо риояи ҳамаи қоидаҳои пешбурди судӣ баррасӣ карда мешавад. Таъиноти суд (қарори судя)-ро дар хусуси дар маҷлиси пўшида баррасӣ намудани парванда оид ба тамоми муҳокима ё қисмҳои алоҳидаи он баровардан мумкин аст.
  4. Бо мақсади риояи махфияти мукотиба ва муросилоти телеграфӣ, тафтиш намудани мукотибаи хусусӣ ва иттилооти шахсии шаҳрвандон дар маҷлиси ошкорои суд танҳо бо иҷозати шахсоне, ки байни онҳо чунин мукотиба ё иттилооти телеграфӣ сурат гирифтааст, иҷозат дода мешавад. Дар акси ҳол чунин мукотиба ва иттилооти телеграфӣ дар маҷлиси пўшидаи суд эълон ва тафтиш карда мешавад. Қоидаҳои зикршуда инчунин ҳангоми тафтиши сабтҳои овоз ва видео, ки дорои хусусияти шахсӣ мебошанд, татбиқ карда мешаванд.
  5. Шахсони иштирокчии маҷлиеи ошкорои суд ҳуқуқ доранд рафти мурофиаро ба коғаз ва навори магнитофон сабт намоянд. Суратгирӣ ва сабти видео танҳо бо иҷозати раисикунанда ва ризои тарафҳо мумкин аст.
  6. Ноболигони то шонздаҳсола, ба шарте, ки судшаванда, ҷабрдида ё аз рўи парванда шоҳид набошанд, ба толори маҷлиси суд роҳ дода намешаванд.
  7. Ҳукми суд ба таври ошкоро эълон карда мешавад. Дар ҳолатҳои баррасии парванда дар маҷлисҳои пўшида тибқи таъиноти (қарори) асосноки суд, судя, танҳо қисми муқаддима ва хулосаи ҳукм эълон карда мешавад.

Тибқи талаботи қонунгузорӣ ҳангоми мурофиаи судӣ дар шакли пӯшида гузаронидан, танҳо иштирокчиёни мурофиа иштирок мекунанд, дар он иштироки шахсони дигар маҳдуд карда мешавад, ки тарбиби гузаронидани мурофиаи пӯшидаро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Тартиби гузаронидани мурофиаи судии пӯшида пурра ё қисман дар асоси муқаррароти қонун имконпазир аст. (қисми дуюми моддаи 12 Кодекси мурофиаи гражданӣ, қисмҳои якум, сеюм, чор, панҷуми моддаи 19 Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ, қисми дуюми моддаи 11 кодекси мурофиаи иқтисодӣ, қисми дуюми моддаи 13 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ).

crescentofhearth.com