ПАҲН НАМУДАНИ ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА НИШОНАҲОИ НАШР
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ МАТБУОТИ ДАВРӢ ВА ДИГАР ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА
Моддаи 16. Паҳн намудани воситаҳои ахбори омма
- Маҳсули воситаи ахбори оммаро бевосита редаксияи он ё дар асоси шартнома ва ё дигар воситаи қонунӣ ташкилотҳои паҳнкунандаи нашрияи даврӣ, ҳамчунин шахсони воқеӣ паҳн мекунанд.
- Бе нишон додани маълумоти воситаҳои ахбори омма паҳн кардани маҳсули онҳо манъ аст.
- Мамониат ба паҳн намудани воситаи ахбори омма, ҳамчунин пурра ё қисман мусодира намудани он, агар оид ба он қарори суд мавҷуд набошад, манъ аст.
- Ташкилотҳои паҳнкунандаи воситаи ахбори омма ҳуқуқ надоранд, ки бо сабабҳои мухолифати андешаҳои сиёсӣ аз паҳн намудани он даст кашанд.
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИОШУНАВОНӢ
Моддаи 15. Нишонаҳои нашр
Ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ вазифадор аст, ки ҳар рўз ном ва дигар маълумотҳои рамзии худ (сароҳанг, нишона)-ро эълон намояд.