РОҲ НАДОДАН БА СУИИСТИФОДА АЗ ОЗОДИИ СУХАН
КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 5.
Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ў арзиши олӣ мебошанд.
Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд.
Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.
Моддаи 30.
Таблиғот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезанд, манъ аст.
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ МАТБУОТИ ДАВРӢ ВА ДИГАР ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА
Моддаи 6. Роҳ надодан ба суиистифода аз озодии сухан
- Интишори маълумоти дорои сирри давлатӣ ё ахбори дигари бо қонун ҳифзшаванда, ахборе, ки барои бо зўрӣ сарнагун сохтан ё тағйир додани сохти конститутсионӣ, ба содир намудани ҷиноят, барангехтани кинаю адовати нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ, динӣ, забонӣ, ташвиқоти ҷанг, зулму зўроварӣ, фаъолияти террористӣ ва экстремистӣ, халалдор кардани тамомияти арзӣ ва мустақилияти давлат даъват мекунад, инчунин мавод ё предметҳои порнографиро таблиғ ва ташвиқ мекунад, манъ аст.
- Воситаҳои ахбори омма барои объективӣ будан ва саҳеҳии ахбори аз ҷониби онҳо паҳншаванда ҷавобгаранд.
КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 131. Тарғиби воситаи нашъадор, моддаҳои психотропӣ, ҳаммонанди (аналоги) онҳо ё прекурсорҳои онҳо
Барои тарғиби воситаи нашъадор, моддаҳои психотропӣ, ҳаммонанди (аналоги) онҳо ё прекурсорҳои онҳо,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, аз бист то чил, ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз панҷоҳ то ҳафтод ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад.
Моддаи 462(1). Барангехтани кинаю адоват ё низои иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ё динӣ (мазҳабӣ)
Ҳаракатҳое, ки барои барангехтани кинаю адоват ё низои иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ё динӣ (мазҳабӣ), паст задани шаъну эътибори нажодӣ, миллӣ, динӣ (мазҳабӣ) ё маҳал, инчунин тарғиби махсусият ва бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин (мазҳаб), забон, мансубият ба нажод, миллат ё маҳал равона шудаанд, агар ин кирдорҳо ба таври оммавӣ ё бо истифодаи воситаҳои ахбори омма ё шабакаҳои алоқаи барқӣ, аз ҷумла интернет, содир шуда бошанд, ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё ҳабси маъмурӣ ба мўҳлати аз панҷ то даҳ шабонарўз таъин карда мешавад.
Моддаи 527(1). Риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом
Риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, ҳангоми набудани аломатҳои ҷиноят,
ба шахсони мансабдор аз сад то дусад, ба соҳибкорони инфиродӣ аз сесад то панҷсад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 179(1). Ҷалб кардан барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористӣ дошта ё мусоидати дигар барои содир намудани онҳо
1) Ҷалб кардани шахсон барои содир намудани ҷиноятҳои дар моддаҳои 179, 179(2), 179(3), 181, 182, 184, 184(1), 184(2), 184(3), 184(4), 185, 193, 194, 194(1), 194(2), 194(3), 194(4), 194(5), 310 ва 402 пешбининамудаи ҳамин Кодекс ё моил намудани шахс барои иштирок дар фаъолияти ташкилоти террористӣ, мусаллаҳ намудан ё таълими шахсон бо мақсади содир намудани ҷиноятҳои номбаршуда, инчунин мусоидат кардан ба тарзи дигар (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 966),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386).
2) Ҳамин кирдор, агар:
а) такроран;
б) аз ҷониби гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;
в) бо истифода аз мақоми хизматӣ;
г) бо истифода аз воситаҳои ахбори омма ё шабакаи интернет содир шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз даҳ то понздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1359).
3) Кирдорҳое, ки дар қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, агар дар ҳолати ретсидиви хавфнок ё махсусан хавфнок содир шуда бошанд, -
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз понздаҳ то бист сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1359).
Эзоҳ: Шахсе, ки ҷинояти дар моддаи мазкур пешбинишударо содир намуда, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад, агар ў ихтиёран ва сари вақт бо роҳи ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ хабар додан ё бо дигар тарзҳо барои пешгирӣ содир шудани ҷиноятҳои хусусияти террористӣ дошта мусоидат намояд, агар дар ҳаракатҳояш таркиби ҷинояти дигар набошад (Қонуни ЧТ аз 17.05.2004 № 35).
Моддаи 189. Барангехтани кинаю адоват ё низои иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ё динӣ (мазҳабӣ)
1) Ҳаракатҳое, ки барои барангехтани кинаю адоват ё низои иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ё динӣ (мазҳабӣ), паст задани шаъну эътибори нажодӣ, миллӣ, динӣ (мазҳабӣ) ё маҳал, инчунин тарғиби махсусият ва бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин (мазҳаб), забон, мансубият ба нажод, миллат ё маҳал равона шудаанд, агар ин кирдорҳо ба таври оммавӣ ё бо истифодаи воситаҳои ахбори омма ё шабакаҳои алоқаи барқӣ, аз ҷумла интернет, дар давоми соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ барои чунин ҳуқуқвайронкуниҳо содир шуда бошанд,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешаванд .
2) Ҳамин ҳаракат, агар:
а) такроран;
б) бо зўроварӣ ё таҳдиди истифодаи он;
в) бо истифодаи мақоми хизматӣ;
г) аз ҷониби гурўҳи шахсон ё гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ анҷом дода шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.
3) Ҳаракати пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар:
а) аз ҷониби гурўҳи муташаккил;
б) аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё дигар оқибатҳои вазнин гардида бошад;
в) ба зўран пеш кардани шаҳрванд аз маҳалли сукунати доимӣ оварда расонад;
г) дар ҳолати ретсидиви хавфнок ё махсусан хавфнок содир шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.
Моддаи 241. Ғайриқонунӣ тайёр кардан ва муомилоти мавод ё предметҳои порнографӣ
1) Ғайриқонунӣ тайёр кардан ва (ё) гузаронидан тавассути Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади паҳн намудан, намоиши оммавӣ ё реклама кардан ва ё паҳн намудан, намоиши оммавӣ ё рекламаи мавод ё предметҳои порнографӣ,
бо ҷарима ба андозаи аз чорсад то шашсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то чор сол ҷазо дода мешаванд.
2) Паҳн намудан, намоиши оммавӣ ё рекламаи мавод ё предметҳои порнографӣ дар байни ноболиғон ва ё ҷалб намудани ноболиғ ба муомилоти мавод ё предметҳои порнографӣ, ки аз ҷониби шахси ба синни ҳаждаҳ расида содир шудаанд,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз чор то шаш сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешаванд.
3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои 1) ё 2) ҳамин модда, ки:
а) аз ҷониби гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё гурўҳи муташаккил;
б) бо истифодаи воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла шабакаҳои иттилоотию телекоммуникатсионӣ (инчунин шабакаи Интернет);
в) бо ба даст овардани даромад ба миқдори калон содир шудаанд,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз шаш то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешаванд .
Эзоҳ: Таҳти мафҳуми даромад ба миқдори калон дар моддаи мазкур, инчунин дар моддаи 241(1) ҳамин Кодекс даромад ба андозаи бештар аз дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо фаҳмида мешавад.
Моддаи 241(1). Тайёр кардан ва муомилоти мавод ё предметҳои порнографӣ бо акси ноболиғон
1) Тайёр кардан, соҳиб шудан, нигоҳ доштан ва (ё) гузаронидан тавассути Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади паҳн намудан, намоиши оммавӣ ё реклама кардан ва ё паҳн намудан, намоиши оммавӣ ё рекламаи мавод ё предметҳои порнографӣ бо акси ноболиғон,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешаванд.
2) Ҳамин кирдорҳо, ки:
а) аз ҷониби падару модар ё дигар шахси қонунан ба зиммааш тарбияи ноболиғ гузошташуда, ҳамчунин омўзгор ё дигар корманди муассисаи таълимӣ, тарбиявӣ ё муолиҷавӣ;
б) нисбати шахси баръало ба синни чордаҳ нарасида;
в) аз ҷониби гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё гурўҳи муташаккил;
г) бо ба даст овардани даромад ба миқдори калон;
д) бо истифодаи воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла шабакаҳои иттилоотию телекоммуникатсионӣ (инчунин шабакаи Интернет) содир шудаанд,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешаванд.
Моддаи 241(2). Истифодаи ноболиғ бо мақсади истеҳсол намудани мавод ё предметҳои порнографӣ
1) Суратгирӣ, наворбардории кино ё видеоии ноболиғ бо мақсади истеҳсол ва (ё) паҳн намудани мавод ё предметҳои порнографӣ ва ё ҷалб намудани ноболиғ ба сифати иҷрокунанда барои иштирок дар чорабиниҳои намоишии хусусияти порнографӣ, ки аз ҷониби шахси ба синни ҳаждаҳ расида содир шудаанд,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз се то ҳафт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешаванд.
2) Ҳамин кирдорҳо, ки:
а) нисбати ду ё зиёда шахсон;
б) аз ҷониби гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё гурўҳи муташаккил;
в) нисбати шахси баръало ба синни чордаҳ нарасида;
г) бо истифодаи шабакаҳои иттилоотию телекоммуникатсионӣ (инчунин шабакаи Интернет) содир шудаанд,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ҳафт то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешаванд.
Моддаи 307. Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1) Даъватҳои оммавӣ ҷиҳати бо роҳи зўроварӣ ғасб кардани ҳокимияти давлатӣ ё бо зўроварӣ нигоҳ доштани он ё бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ё бо роҳи зўроварӣ вайрон кардани тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мусоидат кардан ба содиркунии чунин кирдорҳо,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз се то ҳашт сол ҷазо дода мешавад.
2) Ҳамин кирдор, агар:
а) такроран;
б) аз ҷониби гурўҳи муташаккил;
в) бо истифодаи мақоми хизматӣ;
г) бо истифодаи воситаҳои ахбори омма ё шабакаи интернет;
д) дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок содир шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ҳашт то понздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.
3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар мутобиқи супориши ташкилотҳои нияти душманона дошта ё намояндагони давлатҳои хориҷӣ содир шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз понздаҳ то бист сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
Моддаи 307(1). Даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва сафедкунии оммавии экстремизм
1) Даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва (ё) сафедкунии оммавии экстремизм,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
2) Ҳамин кирдор, агар бо истифода аз воситаҳои ахбори омма ё шабакаи интернет содир шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.
3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда, агар;
а) такроран;
б) дар ҳолати ретсидиви хавфнок ва ё махсусан хавфнок содир шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
Эзоҳ: Зери мафҳуми сафедкунии оммавии экстремизм тарғибу ташвиқи оммавӣ дар бораи эътироф намудани дурустии мафкура ва таҷрибаи экстремизм, таклифи тақлид ва дастгирии он фаҳмида мешавад.