ЗАБОНИ ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА
КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 2.
Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст. Забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад.
Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳуқуқ доранд аз забони модариашон озодона истифода кунанд.
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Моддаи 3. Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст.
- Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст забони давлатиро донад.
- Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода, ҳимоя ва рушди забони давлатиро таъмин менамояд.
- Мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, вазифадоранд барои омўхтани забони давлатӣ ва такмили забондонии кормандон шароит фароҳам оранд.
- Забони давлатӣ дар ҳама соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешавад.
- Ҳангоми истифодаи забони давлатӣ риояи муқаррароти қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобати он ҳатмӣ мебошад.
Моддаи 4. Забонҳои дигар
- Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст, ба истифодаи озоди забони модариашон ҳуқуқ доранд.
- Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳимоя ва инкишофи забонҳои бадахшонӣ (помирӣ) ва забони яғнобӣ шароит фароҳам меорад.
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ МАТБУОТИ ДАВРӢ ВА ДИГАР ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА
Моддаи 4. Забони воситаҳои ахбори омма
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воситаҳои ахбори омма фаъолияти худро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо забони давлатӣ ва бо забонҳои дигар амалӣ менамоянд.
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИОШУНАВОНӢ
Моддаи 19. Забони барномаҳои телевизион ва радио
Ташкилотҳои телевизион ва радио барномаҳоро ба забони давлатӣ, инчунин ба забонҳои дигар пахш мекунанд.
КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 89. Риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Барои риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон",
ба шахсони воқењ ба андозаи аз понздаҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз сњ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.