ОДОБНОМАИ ШАҲРВАНДИ ЭЛЕКТРОНӢ

Одобнома аз ҷониби Конфронси 11-уми октябри соли 2013 қабул гардид.

 

  1. Манфиатҳои ҷамъиятӣ ҳангоми истифода ва татбиқи ТИК ҳамеша бояд ба назар гирифта шавад.
  2. Эҳтиром ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии миллӣ ва байналмилалӣ дар фазои виртуалӣ шарт ва заруранд.
  3. Риояи меъёрҳои забони давлатӣ ва арзишҳои миллӣ, инчунин эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ ва миллатҳои дигар дар фазои виртуалӣ зарур аст.
  4. Сабт ва пахши расму наворҳои фаҳшомез ва дорои хусусияти порнографӣ норавост.
  5. Таблиғу тарғиби терроризм ва экстремизм бо тамоми зуҳуроташ ба воситаи ТИК норавост.
  6. Ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ноболиғон ва шахсони имконияташон маҳдуд вазифаи афзалиятнок дар фазои ТИК мебошад.
  7. Истифодаи ТИК барои таъқиб, таҳқир, туҳмат, иғво, воҳима, ғаразварзӣ, маҳалгароӣ ва дигар амалҳои нораво ғайри қобили қабул аст.
  8. Табъизи миллӣ, забонӣ, динӣ, нажодӣ ва ҷинсӣ дар фазои виртуалӣ раво нест.
  9. Эҳтироми моликияти зеҳнӣ ҳатмӣ буда, бо истифода аз ТИК асардуздӣ раво нест.
  • Одоби муошират ҳангоми истифодаи ТИК бояд риоя гардад; муоширати дурударози безарурат, истифодаи садоҳои гӯшхарош, суханони қабеҳу беодобона ва баланд гӯш кардани мусиқӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ раво нест.
  • Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ бояд тарзе истифода шаванд, ки ба фароғати дигарон халал ва ба саломатии онҳо зарар нарасонанд.
  • Аз таҷҳизот ва воситаҳои технологии дигарон бе иҷозат истифода бурдан беодобист.
  • Маълумоти инфиродии ҳар шахс дар фазои виртуалӣ дахлнопазир буда, истифодаи беиҷозати он норавост.
  • Сухан ва иттилооти шахси дигарро таҳриф кардан норавост.
  • Шарҳи беодобонаи андешаи дигарон ва посухи беодобона ба он қобили қабул нест.
  • Ба воситаи ТИК ҳарзанома (спам) фиристодан ҷоиз нест.
  • Сӯйиистифода аз донишу малакаи нокифояи технологию иттилоотии дигарон норавост.
  • Истифодабарандаи ТИК барои маълумоти интишоркардаи худ масъул мебошад.

 

  • Корбари ТИК барои риоя намудани одоб дар фазои виртуалӣ масъул аст.
  • Волидайн дар истифодаи ТИК аз ҷониби фарзандони ноболиғ масъул мебошанд.
  • Истифодаи трафики интернети озод тавассути ВАЙФАЙ, дар ҳолате ҳалол аст, ки агар соҳиби ВАЙФАЙ онро бо ҳамин мақсад имкон дода бошад.
crescentofhearth.com