ДАХЛНОПАЗИРИИ ШАХС ВА ДАСТГИРКУНИИ ШАХС

Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давлат дахлнопазирии шахсро кафолат медиҳад (моддаи 18). Ҳеҷ касро бе асоси қонунӣ дастгир ва ҳабс кардан мумкин нест (моддаи 19). Ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсро Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ низ кафолат додаанд.

Ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахс маънои онро дорад, ки ҳеҷ кас наметавонад худсарона ба ҳабс гирифта шавад, аз озодӣ ба ғайр аз асосҳои бо қонун муқарраршуда маҳрум гардад. Дар бораи сабабҳои ба ҳабс гирифтан ва айби ба ӯ эълоншуда бояд хабардор карда шавад. Ҳар шахси ҳабсшуда ё боздоштгардида барои муайян намудани то куҷо қонунӣ будани боздошташ ба назди суд бояд таъҷилан ҳозир карда шавад. Агар шахс дар натиҷаи ғайриқонунӣ ба ҳабс гирифтан, ё дар ҳабс нигоҳ доштан ҷабр дида бошад, ба ҷуброне, ки дорои эътибори даъво мебошад, ҳақ дорад.

Тибқи Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи сохти конститутсионӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд имконпазир аст. Қонунгузорӣ маҳдуд намудани ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсро инчунин дар сурати дастгир шудан бо гумони содир намудани ҷиноят, дар асоси ҳалномаи суд татбиқ намудани чораҳои маҷбурии тиббӣ пешбинӣ менамояд.

Ҳамчунин зимни амалисозии дахлнопазирии шахсӣ асосҳои зерин бояд ба инобат гирифта шаванд:

Ҳеҷ касро бе асоси қонунӣ дастгир ва ҳабс кардан мумкин нест.

Ба ҳабс гирифтан, маҷбурӣ дар муассисаҳои тиббӣ ё тарбиявӣ нигоҳ доштани шахс танҳо дар асоси қарори суд, судя ба иҷро расонида мешавад.

Шахсеро, ки нисбаташ чораи пешгирии дар ҳабс нигоҳ доштан татбиқ шудааст, инчунин шахсе, ки дар содир намудани ҷиноят ҳамчун гумонбар дастгир шудааст, бояд дар ҷойҳое нигоҳ дошта шавад, ки шароиташон барои ҳаёт ва саломатӣ хавф надошта бошад.

Шахси ба ҳабс гирифташуда ҳуқуқи шикоят карданро дорад.

Суд, судя, прокурор, муфаттиш ва таҳқиқбаранда уҳдадоранд дар доираи ваколати худ шахси ғайриқонунӣ дастгиршуда ё аз озодӣ маҳрумшуда, ё ин ки ғайриқонунӣ дар муассисаҳои тиббӣ ё рӯҳӣ ё дар ҳабс, ё ҳабси хонагӣ зиёда аз мӯҳлати дар Кодекси мазкур пешбинигардида нигоҳ дошташударо фавран озод намоянд

Қарори суд, судя дар бораи аз ҳабс озод намудани шахс фавран иҷро карда мешавад.

Дар қисми 1 моддаи 111 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки «нисбат ба гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда дар содир намудани ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин чораи пешгирии ба ҳабс гирифтан танҳо мутобиқи вазнинии ҷиноят татбиқ карда шуданаш мумкин аст».

Тибқи меъёрҳои байналмилалӣ бошад, асосҳои ба ҳабс гирифтан ҳамчун чораи пешгирӣ эҳтимолияти ба суд ҳозир нашудан, эҳтимолияти содир намудани ҷинояти такрорӣ, эҳтимолияти дахолат ба амалисозии адолати судӣ, инчунин ба ҳабс гирифтан бо мақсади риояи тартиботи ҷамъиятӣ мебошанд. Яъне танҳо вазнинии ҷиноят барои ба ҳабс гирифтан кофӣ буда наметавонад.

Лаҳзаи дастгиркуиии воқеӣ ин лаҳзаи воқеан маҳдуд кардани озодии шахс, аз ҷумла имконияти озодона ҳаракат намудан, маҷбуран дар ҷои муайян нигоҳ доштан, маҷбуран овардан ба мақомоти таъқиби ҷиноятӣ ё мамониат кардан ба анҷом додани дигар ҳаракатҳои шахс тибқи иродаи худ новобаста ба расман додани ягон мақоми мурофиавӣ ба шахси дастгиршуда ё иҷро намудани дигар расмиёти муқарраршуда ба ҳисоб меравад.

Дастгир кардани шахс, яъне ба мақомоти таъқиби ҷиноятӣ овардани ӯ ва ба мӯҳлати кӯтоҳ дар ҷойҳои махсус нигоҳ доштан аст.

Дастгир кардани шахс танҳо нисбат ба шахсони зерин татбиқ мегардад:

- нисбат ба гумонбаршуда дар содир намудани ҷинояте, ки барои он ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ё нигоҳ доштан дар қисмҳои ҳарбии интизомӣ пешбинӣ шудааст;

- нисбат ба айбдоршаванда ва судшавандае, ки қоидаҳои чораи пешгирии нисбат ба ӯ татбиқшударо вайрон намудааст;

- нисбат ба маҳкумшудае, ки дар ҳаққи ӯ пешниҳоди мақомоти ваколатдор дар бораи бекор кардани шартан татбиқ накардани ҷазо, шартан пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазо озод кардан, мавқуф гузоштани адои ҷазо мавҷуд аст.

Шахс танҳо дар ҳолатҳои зерин дастгир карда мешавад:

- дар асоси гумони бевосита дар содир намудани ҷиноят;

- дар асоси қарори мақомоти таъқиби ҷиноятӣ;

- дар асоси қарори (таъиноти) суд, судя дар бораи дастгир кардани маҳкумшуда то ҳалли масъалаи бекор кардани шартан татбиқ накардани ҷазо, мавқуф гузоштани адои ҷазо ё шартан пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазо озод кардан.

Дар китоби бақайдгирии овардани дастгиршуда сана ва вақти овардани дастгиршуда ба мақомоти таъқиби ҷиноятӣ ва даъват кардани ҳимоятгар нишон дода мешаванд.

Ҳар як шаҳрванд ҳуқуқ дорад шахсеро, ки ҷиноят содир кардааст, ё баъди содир кардани ҷиноят кӯшиши пинҳон шуданро дорад, дастгир карда, маҷбуран ба мақомоти ҳокимият супорад.

Ҳангоми дастгир намудани шахси дар содир намудани ҷиноят гумонбаршуда корманди ваколатдори мақомоти таъқиби ҷиноятӣ ё дигар шахси босалоҳият вазифадор аст дар ҷои дастгиркунии воқеӣ ба таври шифоҳӣ ба шахс эълон намояд, ки барои содир намудани кадом ҷиноят ӯ дастгир карда шудааст, ҳуқуқи ӯро ба занги телефонӣ, ё хабар додан ба адвокат ё хешованди наздик, доштани ҳимоятгар ва даст кашидан аз додани нишондод фаҳмонида, огоҳ намояд, ки нишондодҳои ӯ метавонанд ба сифати далел дар парвандаи ҷиноятӣ муқобили ӯ истифода шаванд.

Баъд аз ба мақомоти таъқиби ҷиноятӣ овардани дастгиршуда шахси мансабдори мақомоти таҳқиқ, таҳқиқбаранда, муфаттиш дар давоми се соат протоколи дастгиркунӣ тартиб медиҳанд. Ҳангоми тартиб додани протоколи мазкур ба гумонбаршуда ҳуқуқҳои ӯ фаҳмонида шуда, дар ин бора дар протоколи дастгиркунӣ сабт карда мешавад. Дар протоколи дастгиркунӣ маълумотҳои зерин дарҷ карда мешаванд:

- сана, ҷой ва вақти тартиб додани протокол, рақами тартибии он;

- насаб, ном ва номи падар, вазифа ва рутбаи кормандони мақомоти таъқиби ҷиноятӣ, шахсони мансабдор ва шахсони дигар, ки дар анҷом додани амалиёти дастгиркунӣ иштирок кардаанд;

- дар сурати иштирок кардани шахсони холис, тарҷумон ва дигар шахсон дар амалиёти дастгиркунӣ насаб, ном, номи падар, суроға ва дигар маълумотҳое, ки шахсияти онҳоро муайян мекунанд;

- асос ва ваҷҳҳои дастгир намудан, ҷой ва вақти дастгиркунии воқеӣ, ба мақомоти таъқиби ҷиноятӣ овардани шахс (бо зикри сана, соату дақиқа);

- маълумот дар бораи фаҳмонидани ҳуқуқҳои гумонбаршуда, холисон ва шахсони дигар, ки дар амалиёт иштирок мекунанд;

- натиҷаҳои кофтукови шахсии дастгиршуда;

- сана ва вақти дастгиркунии шахс ва аз ҷои нигоҳдории ӯ хабардор кардани аъзои болиғи оила ё хешованди наздики шахси дастгиршуда, тарзи хабардоркунӣ (аз ҷониби кӣ ва ба кадом восита хабар расонида шудааст, агар хабари телефонӣ бошад, рақами телефон нишон дода мешавад, насаб, ном ва номи падари шахсе, ки аз дастгиркунӣ ва ҷои нигоҳдории дастгиршуда хабардор карда шудааст.

Протоколи дастгиркунӣ ба дастгиршуда эълон карда шуда, аз ҷониби шахси мансабдори онро тартибдода, дастгиршуда, ҳимоятгари ӯ (агар ӯ иштирок дошта бошад) ва дигар шахсон, ки дар амалиёти мазкур иштирок кардаанд, имзо карда мешавад.

Ҳангоми ҷойгир кардани гумонбаршуда дар тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатӣ барои муайян намудани вазъи умумии саломатӣ ва ё мавҷуд будани ҷароҳатҳои ҷисмонӣ аз ҷониби корманди тиб муоинаи тиббии ӯ гузаронида мешавад. Гумонбаршуда ё ҳимоятгари ӯ ҳуқуқ доранд талаб намоянд, ки муоинаи тиббиро табиби мустақил ё коршиноси судӣ-тиббӣ гузаронад. Хулосаи муоинаи тиббӣ ба протоколи дастгиркунӣ ҳамроҳ карда мешавад.

Баъд аз ба мақомоти таъқиби ҷиноятӣ овардани дастгиршуда, фаҳмонидани ҳуқуқҳои ӯ, тартаб додани протоколи дастгиркунӣ ва гузаронидани муоинаи тиббӣ шахси дастгиршуда бетаъхир дар изолятори (тавқифгоҳи) нигоҳдории муваққатӣ ҷойгир карда мешавад.

Дар бораи дастгир намудани гумонбаршуда мақомоти таҳқиқ, таҳқиқбаранда ё муфаттиш ӯҳдадоранд дар давоми 12 соат аз лаҳзаи дастгиркунии воқеии шахс ба прокурори дахлдор ба таври хаттӣ хабар диҳанд.

Дастгир кардани айбдоршаванда бо қарори мақомоти таҳқиқ аз 72 соат аз лаҳзаи дастгир кардани воқеӣ зиёд буда наметавонад.

crescentofhearth.com