ҲУҚУҚ БА ҲАЁТ

Мувофиқи моддаи 18 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар кас ҳаққи зиндагӣ дорад. Ҳеҷ кас аз ҳаёт маҳрум карда намешавад, ба истиснои ҳукми суд барои ҷинояти махсусан вазнин.

Ин ҳуқуқ бо санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба монанди Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ эътироф шудааст.

Ҳуқуқ ба ҳаёт ҳуқуқи табиӣ ва ҷудонопазири ҳар як инсон буда, бо қонун ҳифз мегардад. Мазмуни ҳуқуқ ба ҳаёт ин аст, ки ҳеҷ касро аз ҳаёт худсарона маҳрум кардан мумкин нест, ба истиснои иҷрои ҳукми суд барои содир намудани ҷинояте, ки барои он бо қонун чунин намуди ҷазо пешбинӣ шудааст. Ҳуқуқ ба ҳаёт давлатро ўҳдадор менамояд, ки тамоми тадбирҳоро баҳри зери хатар намондани ҳаёти инсон андешад ва тафтиши самараноки ҳодисаҳои кушторро таъмин намояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон принсипу меъёрҳои байналмилалиро эътироф намуда, сиёсати тадриҷан бекор намудани ҷазои қатлро ба амал бароварда истодааст. Шаҳодати ин раванд сиёсати давлат оид ба кам кардани таркибҳои ҷиноят мебошад, ки барои онҳо ҳукми қатл пешбинӣ шудааст ва минбаъд пурра боздоштани татбиқи чунин намуди ҷазо дар назар аст.

Дар Кодекси ҷиноятии соли 1961 барои содир намудани 44 ҷинояти махсусан вазнин дар ҶШС Тоҷикистон ҷазои қатл пешбинӣ шуда буд. Соли 1998 бо қабули Кодекси нави ҷиноятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи моддаҳое, ки ҷазои қатлро пешбинӣ менамуданд, то 16 адад кам гардид.

1 августи соли 2003 ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид гардида, дар натиҷа миқдори моддаҳое, ки ҷазои қатлро пешбинӣ намудаанд, то 5 адад кам карда шуд. Акнун ҷазои қатл нисбат ба занон ё шахсоне, ки то синни ҳаждаҳсолагӣ ҷиноят содир намудаанд, таъин карда намешавад.

Ҷазои қатл дар Кодекси ҷиноятӣ танҳо барои ҷиноятҳои одамкушӣ (қ. 2 моддаи 104), таҷовуз ба номус (қ. 3 моддаи 138), терроризм (қ. 4 моддаи 179), биотсид (моддаи 399) ва генотсид (моддаи 398) пешбинӣ гардидааст.

Дар Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2004 ба иҷрои ҳукми қатл мораторий эълон гардида, 15 июли соли 2004 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боздоштани татбиқи ҷазои қатл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шуд, ки мувофиқи он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи ҷазои қатл ба муҳлати номуайян боздошта шудааст.

Соли 2005 ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 581 илова карда, дар он якумра аз озодӣ маҳрум сохтан ҳамчун алтернативаи ҷазои қатл муқаррар карда шудааст.

Ҷиноятҳо ба муқобили ҳаёт дар қисми махсуси Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудааст.

 

crescentofhearth.com