ҲУҚУҚ БА МУҲОКИМАИ ОДИЛОНАИ СУДӢ ВА ҲИМОЯ

Ҳифзи судии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон воситаи асосии барқарорсозии ҳуқуқҳои вайроншуда мебошад.

Моддаи 19, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ додааст. Ҳар шахс ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ӯро суди босалоҳият, мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, баррасӣ намояд.

Моддаи 8 Эъломияи умумиҷаҳонии ҳуқуқи башар муқаррароти умумиро дар самти мазкур муайян намудааст, ки тибқи он «ҳар як инсон дар сурати вайрон гардидани ҳуқуқҳои асосии ӯ, ки дар Конститутсия ё қонун пешбинӣ шудаанд, барои барқарорсозии пурраи онҳо аз тарафи судҳои босалоҳияти миллӣ ҳуқуқ дорад».

Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ дар баробари кафолатҳои муҳокимаи одилонаи судӣ, инчунин ӯҳдадории давлати узви ҳамин Паймонро оид ба таъмин намудани воситаи пурсамари ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла такмили имконияти ҳимояи судиро муайян намудааст.

 

Зери мафҳуми ҳуқуқ ба муҳокимаи одилонаи судӣ фаҳмида мешавад:

- ошкоро будани муҳокимаи судӣ;

- баробарӣ дар назди суд;

-баррасии парванда аз тарафи суди босалоҳият, беғараз ва мустақили қонунан таъсисёфта;

 -баррасии парванда мувофиқи тобеияти судӣ;

- риояи ҳатмии тамоми қоидаҳои мурофиаи судӣ;

- эҳтимолияти бегуноҳӣ;

- беэътибории далелҳои бо роҳи азобу шиканҷа ва дигар усулҳои ғайриқонунӣ ба даст овардашуда;

- ҳуқуқ ба ҳимоя;

- ҳуқуқи истифода аз кӯмаки тарҷумон дар сурати надонистани забоне, ки дар суд истифода мешавад;

 -таъмини ҳуқуқҳои мурофиавии иштирокчиёни мурофиа;

 -имконияти шикоят намудан нисбат ба  санадҳои судӣ.

Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон адолати судиро Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, судҳои иқтисодии вилоятҳо ва шаҳри Душанбе амалӣ мекунанд.

Санадҳои байналмилалӣ ва қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ба ҳар кас кафолат додааст, ки худро шахсан ё ба воситаи адвокат ҳимоя намояд. Ҳуқуқ ба ҳимоя ҳуқуқи интихоби ҳимоятгар ва ҳуқуқ ба ҳимоятгари таъиниро дар бар мегирад. Дар парвандаҳое, ки иштироки адвокат ҳатмӣ аст, қонун ройгон пешниҳод намудани ҳимоятгарро пешбинӣ намудааст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби пешбурди парвандаи ҷиноятиро Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ барои суд, мақомоти прокуратура, тафтиши пешакӣ ва таҳқиқ, инчунин барои иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ ҳатмӣ мебошад.

Зимни ба амал баровардани адолати судӣ донистани мафҳумҳои зерин аз аҳамият холӣ нест:

- суд - мақомоти ҳокимияти судӣ, ки ба низоми судии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил буда, парвандаҳои ҷиноятиро ба таври дастаҷамъӣ ва ё танҳо баррасӣ мекунад;

- суди марҳилаи якум - суде, ки ваколати моҳиятан баррасӣ ва қабул кардани қарори нахустинро оид ба парвандаи ҷиноятӣ дорад;

- суди марҳилаи кассатсионӣ - суде, ки парвандаро аз рӯи шикоят ва эътироз нисбат ба ҳукм, таъинот ва қарори эътибори қонунӣ пайдонакардаи суди марҳилаи якум баррасӣ мекунад;

- суди марҳилаи назоратӣ - суде, ки парвандаи ҷиноятиро аз рӯи шикоят, эътироз нисбат ба ҳукм, таъинот ва ё қарори эътибори қонунӣ пайдокардаи суди марҳилаи якум ва ё таъиноти суди марҳилаи кассатсионӣ баррасӣ менамояд;

- судя -шахси мансабдоре, ки барои ба амал баровардани адолати судӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин ё интихоб гардидааст;

- таъинот - қарори судие, ки (ғайр аз ҳукм) суди марҳилаи якум дар вақти мурофиаи судӣ оид ба парвандаи ҷиноятӣ баровардааст, инчунин ҳама гуна санаде, ки судҳои марҳилаи кассатсионӣ ва назоратӣ, ғайр аз раёсати судҳо дар вақти аз нав дида баромадани санадҳои эътибори қонунӣ пайдонамудаи суд қабул кардааст;

- хешовандони наздик - падару модар, фарзандон, фарзандхондагон, фарзандхондашудагон, бародарон ва ҳоҳарон, бобо, бибӣ (модаркалон), набера, инчунин ҳамсар;

- ҳабс - чораи пешгириест, ки бо қарори судя ё таъиноти суд танҳо нисбат ба шахсони гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда татбиқ карда мешавад;

- ҳимоятгар - шахсест, ки ҳангоми пешбурди парвандаи ҷиноятӣ ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии дастгиршуда, гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ва маҳкумшударо ҳифз намуда, ба онҳо бо ҳар восита ва усули манънакардаи қонун ёрии ҳуқуқӣ мерасонад;

- ҳукм - қароре, ки суди марҳилаи якум дар бораи гунаҳгор ё бегуноҳ будани судшаванда баровардааст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон адолати судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ танҳо аз ҷониби суд ба амал бароварда мешавад

Ҳеҷ яке аз иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ наметавонад таҳти зӯроварӣ, шиканҷа ва дигар муносибати бераҳмона ё пасткунандаи шаъну шарафи инсонӣ қарор гирад.

Ҳеҷ касро бе асоси қонунӣ дастгир ва ҳабс кардан мумкин нест.

Шахси ба ҳабс гирифташуда ҳуқуқи шикоят карданро дорад.

Ҳеҷ кас то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд дар содир кардани ҷиноят гунаҳгор дониста намешавад.

Ӯҳдадории исботи айб ба зиммаи айбдоркунанда гузошта мешавад.

Ҳукми айбдоркуниро бо тахмин асоснок кардан мумкин нест.

Судяҳо дар фаъолияти худ мустақил буда, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат мекунанд. Дахолат ба фаъолияти судяҳо манъ аст.

Мурофиаи судии ҷиноятӣ ба забони давлатӣ баргузор мегардад.

Агар иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ забони мурофиаро надонанд, ҳуқуқи ба забони модариашон ё забони дигаре, ки онро медонанд, арз кардан, нишондод додан, изҳори дархост кардан, шинос шудан бо маводи парвандаро дошта, ба онҳо хизматрасонии тарҷумон таъмин карда мешавад, ё мурофиаи судии ҷиноятӣ бо забони аксарияти аҳолии маҳал гузаронида мешавад.

Ҳуҷҷатҳои мурофиавӣ бояд ба таври дахлдор тасдиқ карда шуда, ба забони давлатӣ ё забоне, ки онҳо медонанд, тарҷума шуда бошанд.

Парвандаи ҷиноятӣ дар суд ба таври ошкоро муҳокима мегардад.

Муҳокимаи пӯшидаи судӣ танҳо дар ҳолатҳои зерин мумкин аст:

- ҳолатҳое, ки он ба фош шудани сирри давлатӣ ва сирри дигари бо қонун ҳифзшуда оварда мерасонад;

- бо таъиноти асосноки суд (қарори судя) оид ба парвандаҳои ҷиноятии шахсоне, ки ба синни шонздаҳ нарасидаанд, ба муқобили озодӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ ва ҷиноятҳои дигар, бо мақсади пешгирии фош шудани маълумоти ҷанбаҳои маҳрамонаи шахсони иштирокчии парванда ё маълумоте, ки шаъну эътибори онҳоро паст мезанад, инчунин дар ҳолатҳое, ки онро манфиати таъмини амнияти иштирокчиёни мурофиа ва шоҳидон ё хешовандони наздики онҳо талаб мекунад, мумкин аст гузаронида шавад.

Ноболигони то шонздаҳсола, ба шарте, ки судшаванда, ҷабрдида ё аз рӯи парванда шоҳид набошанд, ба толори маҷлиси суд роҳ дода намешаванд.

Ҳукми суд ба таври ошкоро эълон мегардад. Дар ҳолатҳои баррасии парванда дар маҷлисҳои пӯшида тибқи таъиноти (қарори) асосноки суд, судя, танҳо қисми муқаддима ва хулосаи ҳукм эълон карда мешавад.

Ҳар шахс аз лаҳзаи воқеан дастгир шуданаш метавонад аз ёрии ҳимоятгар истифода кунад

Дар мавридҳои зерин парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда намешавад ва парвандаи оғозшуда қатъ карда мешавад:

- ҳангоми мавҷуд набудани ҳодисаи ҷиноят;

- ҳангоми дар кирдори содиршуда мавҷуд набудани аломатҳои таркиби ҷиноят;

- ҳангоми гузаштани мӯҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан;

- ҳангоми қабули санади авф ва дигар мавридҳое, ки Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст.

Парвандаи ҷиноятӣ дар суди марҳилаи якум дастаҷамъона ва ё танҳо баррасӣ карда мешавад.

Баррасии дастаҷамъонаи парвандаи ҷиноятӣ аз ҷониби суд дар ҳайати судя ва ду нафар машваратчии халқӣ анҷом дода мешавад.

Машваратчиёни халқӣ ҳангоми ба амал баровардани адолати судӣ аз тамоми ҳуқуқҳои судя истифода мебаранд.

Судя парвандаҳои ҷиноятиро, ба истиснои парвандаҳо оид ба ҷиноятҳои махсусан вазнин, танҳо баррасӣ менамояд.

Танҳо суд ҳуқуқ дорад шахсро дар содир кардани ҷиноят гунаҳгор дониста, ба ӯ ҷазо таъин кунад.

Мақомоти таҳқиқ инҳо ба ҳисоб мераванд:

- воҳидҳои мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ;

- воҳидҳои мақомоти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ;

- воҳидҳои мақомоти Вазорати мудофиа;

- воҳидҳои мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ;

- сардорони муассисаҳои ислоҳӣ;

- воҳидҳои мақомоти назорати давлатии зидди сӯхтор;

- воҳидҳои Гвардияи миллӣ;

- воҳидҳои мақомоти гумрук;

- воҳидҳои мақомоти Агентии назорати маводи нашъаовар;

- воҳидҳои мақомоти махсусгардонидашудаи мубориза бо коррупсия.

Судҳои шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ба ҳамаи парвандаҳои ҷиноятӣ, ба ғайр аз парвандаҳое, ки ба судҳои болоӣ ё судҳои ҳарбӣ тобеанд, тобеияти судӣ доранд.

Дар ҳолатҳои алоҳида бо мақсади пурра ва холисона баррасӣ кардани парвандаи ҷиноятӣ онро аз як суд ба дигар суди монанд супурдан мумкин аст.

Пас аз хотима ёфтани музокираҳои судӣ раисикунанда ба судшаванда сухани охирин медиҳад. Ҳангоми сухани охирин ба судшаванда додани ҳама гуна савол манъ аст.

Суд, судя баъди шунидани сухани охирини судшаванда барои баровардани ҳукм дарҳол ба хонаи машваратӣ медароянд ва дар ин бора раисикунанда дар маҷлиси суд эълон мекунад.

Раисикунанда вақти хондани ҳукмро ба иштирокчиёни мурофиаи суд пеш аз даромадан ба хонаи машваратӣ эълон мекунад.

Суд ҳукмро аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебарорад.

Ҳукми суд бояд қонунӣ, асоснок ва одилона бошад.

Ҳукм ҳангоме қонунӣ эътироф карда мешавад, ки он бо риояи талаботи қонун ва дар асоси қонун бароварда шуда бошад.

Ҳукм ҳамон вақт асоснок эътироф карда мешавад, ки он дар асоси таҳқиқи ҳамаҷониба, пурра ва холисонаи далелҳое, ки ба суд пешниҳод гардида, дар маҷлиси суд муҳокима шудаанд, бароварда шуда бошад.

Ҳар шахси бегуноҳ бояд сафед карда шавад.

Ҳукми суд айбдоркунанда ё сафедкунанда шуда метавонад.

Ҳукми айбдоркунӣ бо таъини ҷазои ҷиноятӣ, ки маҳкумшуда бояд онро адо кунад, бо таъини ҷазои ҷиноятӣ ва озод кардан аз адои он ва бе таъини ҷазои ҷиноятӣ метавонад бароварда шавад.

На дертар аз панҷ шабонарӯз баъд аз эълони ҳукми суд нусхаи он бояд ба маҳкумшуда ё сафедшуда супурда шавад.

Бо тартиби кассатсионӣ аз ҳукмҳои зерин шикоят карда ва эътироз оварда мешаванд:

- ҳукмҳои судҳои шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ба Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва ҳукмҳои судҳои ноҳиявии шаҳри Душанбе ба Суди шаҳри Душанбе;

- ҳукмҳои судҳои ноҳияҳо ва шаҳрҳои тобеи ҷумҳурӣ ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ҳукмҳои Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, суди вилоятӣ ва Суди шаҳри Душанбе ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ҳукмҳои судҳои ҳарбии гарнизонҳо ба Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ҳукмҳои коллегияҳои судии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Парвандаи ҷиноятӣ ба тариқи кассатсионӣ аз тарафи суд дар ҳайати се нафар судя баррасӣ карда мешавад.

Тарафҳо метавонанд аз ҳукми суд дар муҳлати даҳ шабонарӯз аз лаҳзаи эълони он, агар маҳкумшуда таҳти ҳабс қарор дошта бошад дар ҳамин муҳлат аз лаҳзаи ба ӯ супорида шудани нусхаи ҳукм шикоят кунанд ё эътироз оваранд.

Ҳамчунин барои аз нав дида баромадани ҳукм, таъинот ва қароре, ки эътибори қонунӣ пайдо кардаанд, ба суди марҳилаи назоратӣ эътироз, ё шикоят оварда мешавад.

Барои маълумоти бештар нигаред ба: Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

crescentofhearth.com