ОЗОДӢ АЗ ШИКАНҶА

Ҳуқуқ ба озодӣ аз шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф ҳуқуқи мутлақ ва дахлнопазири инсон буда, амалияи мунтазами истифодаи он ҳамчун ҷинояти хусусияти байналмилалӣ, зидди инсоният ва вайронкунии ҷиддии ҳуқуқи инсон эътироф шудааст.

Мутобиқи санадҳои байналмилалӣ ва миллӣ шиканҷа ва дигар намудҳои муносибатҳои бераҳмона манъ аст.

Дар моддаи 18 Конститутсияи Тоҷикистон омадааст, ки «Ба ҳеҷ кас шиканҷа, ҷазо ва муносибати ғайриинсонӣ раво дида намешавад».

Тибқи Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, инчунин Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муомила ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи шаъну шараф ҳеҷ кас набояд таҳти азият, муомила ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шарафи ӯ қарор дода шавад.

Тибқи моддаи 1 Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муомила ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи шаъну шараф (Тоҷикистон онро соли 1995 ба тасвиб расонидааст) шиканҷа – ин қасдан ба ягон кас расонидани азоби ҷисмонӣ ё маънавӣ бо мақсади аз ӯ ё шахси сеюм гирифтани маълумот, маҷбур сохтан, ҷазо додан барои амалҳои содирнамудаи ӯ ё шахси сеюм, тарсонидани ӯ ё шахси сеюм мебошад, дар сурате ки ин дарду азоб аз ҷониби шахси мансабдори давлатӣ ё шахси дигари расмӣ ва ё бо розигӣ ё огоҳонии онҳо расонида шуда бошад. Ҳеҷ гуна ҳолати истисноӣ, хоҳ ҳолати ҷанг ё таҳдиди ҷанг, ноустувории дохилии сиёсӣ ё ҳама гуна ҳолати дигари фавқулодда наметавонад шиканҷаро асоснок кунад.

Тибқи қонунгузории амалкунандаи мурофиавии чиноятӣ «ҳеҷ яке аз иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ наметавонад таҳти зӯроварӣ, шиканҷа ва дигар муносибати бераҳмона ё пасткунандаи шаъну шарафи инсонӣ қарор гирад».

Кафолати таъмини ин принсипи адолати судии ҷиноятӣ меъёри дар моддаи 88 Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ муқарраршуда мебошад, ки тибқи он далелҳое, ки дар ҷараёни таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ бо роҳи зӯрӣ, таҳдид, азобу шиканҷа, муомилаи бераҳмона ё усулҳои дигари ғайриқонунӣ ба даст оварда шудаанд, беэътибор дониста шуда, барои айбдоркунии шахс асос шуда наметавонанд.

Инчунин қонун нисбати шахсони дар амалҳои тафтишотӣ ширкаткунанда истифода бурдани зӯроварӣ, таҳдид ва дигар чораҳои ғайриқонуниро манъ кардааст.

Моҳи апрели соли 2012 ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  моддаи алоҳидаи 1431 илова карда шуд, ки дар он мафҳуми «шиканҷа» пурра ба талаботи меъёри моддаи 1 Конвенсияи зидди шиканҷа мутобиқат менамояд. Инчунин 25 июни соли 2012 Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи татбиқ намудани меъёрҳои қонунгузории ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятӣ оид ба мубориза бар зидди шиканҷа» қабул гардид, ки бо мақсади таъмини татбиқи дуруст ва якхелаи қонунҳо, аз ҷумла моддаи 1431 ва санадҳои байналмилалие, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва дахлнопазирии шахсро кафолат медиҳанд, ба судҳо тавзеҳоти мушаххас медиҳад.

Аз ҷониби Прокуратураи генералӣ Дастури илмӣ-методӣ «Дар бораи заминаҳои ҳуқуқӣ ва ташкили фаъолияти мақомоти прокуратура оид ба пешгирӣ, ошкор ва таҳқиқу тафтиши ҳолатҳои азобу шиканҷа» қабул шудааст, ки он аз экспертизаи байналмилалӣ гузашта, ба сифати намуна дар мақомоти прокуратураи давлатҳои иштирокчии ИДМ истифода мешавад.

31 январи соли 2014 аз ҷониби Прокурори генералии ҶТ Дастур «Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзӯр намудани назорати прокурорӣ дар самти ҳимояи ҳуқуқи инсон, баррасии холисона ва ҳаматарафаи муроҷиатҳои шаҳрвандон, бахусус дар мавриди таҳқиқу тафтиши ҷиноятҳо» ба имзо расид, ки дар он як қатор тадбирҳои иловагӣ дар самти пешгирии шиканҷа пешбинӣ шудаанд.

Тағйиру иловаҳои воридшуда дар ҷойи дастгиркунии воқеӣ фаҳмонидани ҳуқуқҳои дастгиршудагон, бетаъхир пас аз дастгиркунӣ хабардор намудани хешовандон ва гузаронидани муоинаи тиббии онҳоро муқаррар намуда, ҳамзамон барои дар тавқифгоҳҳои нигоҳдории муваққатӣ нигоҳ доштани шахсоне, ки нисбаташон чораи пешгирӣ дар намуди ҳабс татбиқ карда шудааст, муҳлати ниҳоиро пешбинӣ менамоянд.

Шахсоне, ки даст ба ҷинояти шиканҷа мезананд, баъди адои ҳукм то 5 сол аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян маҳрум карда мешаванд.

crescentofhearth.com