ҲУҚУҚ БА ТАЪМИНОТИ ИҶТИМОӢ
Ҳуқуқҳои иҷтимоӣ дар низоми ҳуқуқу озодиҳои инсон мавқеи хоса доранд.
Конститутсияи Тоҷикистон давлатро вазифадор намудааст, ки барои ба ҳар кас таъмин намудани сатҳи зиндагии арзанда, ки саломатии ӯ ва аҳли хонаводаашро таъмин намояд, тадбирҳо андешад. Моддаи 39 муқаррар кардааст, ки ҳар шахс дар пиронсолӣ, ҳангоми беморӣ, маъюбӣ, гум кардани қобилияти кор, маҳрум шудан аз сарпараст ва мавридҳои дигаре, ки қонун муайян кардааст, кафолати таъмини иҷтимоӣ дорад.
Барои ба танзим даровардани нафақаҳои меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, иловапулиҳо ба нафақаҳо, кӯмакпулиҳо ва ҷубронпулиҳо як қатор қонунҳо, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ», «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ», «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» қабул гардидаанд. Бо мақсади рушд ва ислоҳоти низоми нафақавӣ 12 январи соли 2010 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» қабул карда шуд.
Таъминоти иҷтимоии аҳолӣ аз тарафи давлат муқаррароти конститутсионист. Кафолати ҳуқуқ ба таъминоти иҷтимоӣ маънии хусусияти иҷтимоӣ доштани давлат ва сиёсати онро дорад. Шахсони дар вазъи душвори ҳаётӣ қарордошта аз ҷумлаи калонсолон, модарони танҳо, маъюбон, ноболиғон, камбизоатон, нафақагирон ғамхории махсуси давлатро тақозо менамоянд. Низоми идораи соҳаи иҷтимоӣ маҳз барои дастгирии чунин табақаҳои аҳолӣ равона шудааст.
Бо қабули Қонуни ҶТ «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» низоми нави нафақавӣ аз 1 январи соли 2013 ҷорӣ карда шуд. Тибқи низоми нав ба андозаи нафақа собиқаи суғуртавӣ ва маблағи дар суратҳисоби фардии захиравии шаҳрванд буда, таъсир расонида, барои гирифтани нафақа на кам аз 300 моҳ барои мардон ва 240 моҳ барои занон (ба ғайр аз гурӯҳҳои имтиёзнок) собиқаи корӣ талаб карда мешавад.
Таъминоти иҷтимоӣ ба ғайр аз нафақа кӯмакпулиҳоро барои корношоямии муваққатӣ, кӯмакпулиҳои оилавӣ, барои ҳомиладорӣ ва таваллуд, барои дафн ба аъзои оилаи камбизоат, инчунин хизматрасониҳои иҷтимоӣ, бо воситаҳои техникии тавонбахшӣ таъмин намудани маъюбон, табобати ройгон ва ё имтиёзноки санаторию курортӣ ва таълиму тарбияи маъюбон ва дигарҳоро дар бар мегирад.
Дар низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба калонсолону маъюбон хизматрасонӣ дар хона, дар муассисаҳои будубоши доимӣ ва муваққатӣ расонида мешавад. Хизматрасонии иҷтимоӣ дар муассисаҳои будубоши доимӣ намуди асосии хизматрасонии иҷтимоӣ буда, асосан тавассути муассисаҳои махсусгардонидашуда амалӣ мешавад.
Тартиби таъини нафақа
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми ягонаи таъминоти нафақа иборат аз намудҳои зерин амал мекунад:
- таъминоти нафақаи суғуртавӣ;
- таъминоти нафақаи давлатӣ.
Намудҳои зерини нафақаҳои суғуртавӣ таъин ва пардохт карда мешаванд:
- нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну сол;
- нафақаи суғуртавӣ аз рӯи маъюбӣ;
- нафақаи суғуртавӣ аз рӯи маҳрум шудан аз саробон.
Намудҳои зерини нафақаҳои давлатӣ таъин ва пардохт карда мешаванд:
- нафақаи иҷтимоӣ аз рӯи синну сол;
- нафақаи иҷтимоӣ аз рӯи маъюбӣ;
- нафақаи иҷтимоӣ аз рӯи маҳрум шудан аз саробон.
Ба шахсоне, ки дар як вақт ҳуқуқи гирифтани якчанд намуди нафақаро доранд, аз рӯи интихобашон як намуди нафақа таъин карда мешавад.
Андозаи нафақаи заминавиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Шартҳои таъини нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну сол чунин аст:
Нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну сол барои мардҳо ҳангоми расидан ба синни 63 ва барои занҳо ҳангоми расидан ба синни 58 аз рӯи шартҳои зерин таъин карда мешавад:
- иҷрои ӯҳдадориҳо оид ба пардохти саҳмҳои суғуртавӣ аз ҷониби суғуртакунандаҳо (корфармоён), бевосита аз ҷониби худи шахсони суғурташаванда ё ба ҷойи онҳо;
- мавҷуд будани собиқаи суғуртавии на камтар аз 300 моҳ барои мардҳо ва на камтар аз 240 моҳ барои занҳо.
Шартҳои дигарро қонунгузорӣ барои категорияҳои алоҳида пешбинӣ менамояд.