ИДОРАКУНИИ ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТ

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон будубош ё истиқомат мекунанд, бояд тартиби иҷозатдиҳӣ ба идоракунии воситаҳои нақлиётро риоя кунанд.

Тартиби мазкур - тартиби ба шаҳрвандон додани шаҳодатномаи ронандагӣ, талони баҳисобгирии қоидавайронкунӣ ба шаҳодатномаи ронандагӣ, иҷозатномаи муваққатӣ ба идоракунии воситаҳои нақлиёт ва ба ронандагон додани иҷозати идоракунии воситаҳои нақлиёти категорияҳо ва зеркатегорияҳои гуногунро муқаррар мекунад.

Тамоми воситаҳои нақлиёт вобаста ба навъҳо, таъинот ва мушаххасоти идоракунии онҳо ба категорияҳои "А", "В", "С", "D", "BE" "CE", "DE", трамвай, троллейбус, мотоароба ва зеркатегорияҳои "А1", "В1", "С1", "D1", "C1E" ва "D1E" ҷудо мешаванд.

Барои идора кардани онҳо шаҳодатномаи ягонаи ронандагӣ ва талони баҳисобгирии қоидавайронкунӣ ба он дода мешавад.

Дар ҷадвалҳои дахлдори талони баҳисобгирии қоидавайронкунӣ категория ва зеркатегорияи воситаҳои нақлиёт, ки амали шаҳодатнома ба он паҳн намегардад, тавассути компостер сурох, ё бо муҳри дорои навиштаҷоти "Х" қайд карда мешаванд.

Шахсоне, ки дар шаҳодатномаи ронандагӣ сабти категорияҳои "А", "В", "С", "D", "ВЕ", "СЕ", "DЕ", "Тm", "Тb" ва зеркатегорияҳои "А1", "В1", "С1", "D1", "C1E", "D1E" доранд, метавонанд идора кунанд:

- "А" - мототсиклҳо бо ядаки паҳлӯӣ ё бе ядаки паҳлӯӣ бо ҳаҷми кории муҳаррикашон зиёда аз 125 см3 ва вазни ниҳоии ҷоизи умумии на зиёда аз 400 кг;

- "В" - автомобилҳо (ба ғайр аз воситаҳои нақлиёти ба категорияи "А" тааллуқдошта), ки вазни ниҳоии ҷоизашон аз 3500 кг зиёд нест ва шумораи ҷойҳои нишасти онҳо, ба ғайр аз нишастгоҳи ронанда, аз ҳашт зиёд нест, ҳамчунин мотоаробаҳо; автомобили категорияи "В" бо ядаке, ки вазни ниҳоии ҷоизи он аз 750 кг зиёд нест; автомобили категорияи "В" бо ядаке, ки вазни ниҳоии ҷоизи он аз 750 кг зиёд аст, вале аз вазни автомобили бебор зиёд нест, вазни ниҳоии ҷоизи умумии чунин ҳайат аз 3500 кг зиёд нест;

- "С" - автомобилҳо, ба ғайр аз ба категорияи "D" тааллуқдошта, ки вазни ниҳоии ҷоизи онҳо аз 3500 кг зиёд аст; автомобили категорияи "С" бо ядаке, ки вазни ниҳоии ҷоизи он аз 750 кг зиёд нест;

- "D"- автомобилҳои барои интиқоли мусофирон пешбинигардида ва дорои зиёда аз ҳашт ҷойи нишаст, ба ғайр аз нишастгоҳи ронанда; автомобили категорияи "D" бо ядаке, ки вазни ниҳоии ҷоизи он аз 750 кг зиёд нест;

- "ВЕ" - автомобили категорияи "В" бо ядаке, ки вазни ниҳоии ҷоизи он аз 750 кг зиёд аст ва аз вазни автомобили бебор зиёд аст; автомобили категорияи "В" бо ядаке, ки вазни ниҳоии ҷоизи он аз 750 кг зиёд аст ва вазни пурраи ниҳоии ҷоизи чунин ҳайат аз 3500 кг зиёд аст;

- "СЕ" - автомобили категорияи "С" бо ядаке, ки вазни ниҳоии ҷоизи он аз 750 кг зиёд аст;

- "DЕ" - автомобили категорияи "D" бо ядаке, ки вазни ниҳоии ҷоизи он аз 750 кг зиёд аст;

- "Тm" - трамвай;

- "Тb" - троллейбус;

- "А1" - мототсиклҳои бо ҳаҷми кории муҳаррикашон на зиёда аз 125 см3 ва иқтидори ниҳоии на зиёда аз 11 кВт (мототсиклҳои сабук, скутерҳо), инчунин мопедҳо ва квадритсиклҳои сабук бо ҳаҷми кории муҳаррикашон то 50 см3;

- "В1" - тритсиклҳо ва квадритсиклҳои муҳаррикдор бо ҳаҷми кории муҳаррикашон 50 см3 ва зиёда аз он ва вазни пурраи ниҳоии ҷоизи онҳо на зиёда аз 550 кг;

- "С1" - автомобилҳо, ба ғайр аз атомобилҳои ба категорияи "D" тааллуқдошта, ки вазни ниҳоии ҷоизи онҳо аз 3500 кг зиёд аст, вале на зиёда аз 7500 кг, автомобили зеркатегорияи "С1" бо ядаке, ки вазни ниҳоии ҷоизи он аз 750 кг зиёд нест;

- "D1" - автомобилҳои барои интиқоли мусофирон пешбинигардида ва дорои зиёда аз ҳашт ҷойи нишаст, ба ғайр аз нишастгоҳи ронанда, вале на зиёда аз 16 ҷойи нишаст, ба ғайр аз нишастгоҳи ронанда; автомобили зеркатегорияи "D1" бо ядаке, ки вазни ниҳоии ҷоизи он аз 750 кг зиёд нест;

- "С1Е" - автомобили зеркатегорияи "С1" бо ядаке, ки вазни ниҳоии ҷоизи он аз 750 кг зиёд аст, вале аз вазни автомобили бебор зиёд нест, вазни пурраи ниҳоии ҷоизи чунин ҳайат аз 12000 кг зиёд нест;

- "D1Е" - автомобили зеркатегорияи "D1" бо ядаке, ки барои интиқоли мусофирон пешбинӣ нагардидааст ва вазни ниҳоии ҷоизи он аз 750 кг зиёд аст, вале аз вазни автомобили бебор зиёд нест, вазни пурраи ниҳоии ҷоизи чунин ҳайат аз 12000 кг зиёд нест.

Эзоҳ: вазни ниҳоии ҷоиз - вазни муҷаҳҳази воситаи нақлиёт якҷоя бо бор, ронанда ва мусофирон, ки аз тарафи заводи истеҳсолкунанда ҳамчун вазни ниҳоии ҷоиз муқаррар карда шудааст.

Ба ронандаи трамвай идоракунии танҳо трамвай, ба ронандаи троллейбус идоракунии танҳо троллейбус ва ба ронандаи мотоароба идоракунии танҳо мотоароба иҷозат дода мешавад.

Ба автомобилҳои барои интиқоли мусофирон пешбинигардида инҳо мансубанд: автобусҳо ва микроавтобусҳо, автофургонҳо дар асоси шассии автомобилҳои боркаш, ки барои интиқоли одамон (бригадаҳои вахта) пешбинӣ гардида, дар шароити заводҳои истеҳсолкунанда бо тартиби сериявӣ истеҳсол шудаанд, ҳамчунин автомобилҳои боркаши таҷҳизонидашудае, ки зиёда аз ҳашт нафарро бо дар назар доштани мусофирони дар кабина нишаста интиқол медиҳанд.

Идоракунии троллейбуси пайваста дар сурати доштани шаҳодатномаи ронандагӣ бо сабти ҳуқуқи идоракунии он ва гувоҳномаи на поёнтар аз дараҷаи дуюм иҷозат дода мешавад.

Шаҳодатномаи миллии ронандагии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи идоракунии воситаҳои нақлиёти категорияи "А"-ро тасдиқ менамояд, ҳамчунин ҳуқуқи идоракунии воситаи нақлиёти зеркатегорияи "А1", категорияи "В" - зеркатегорияи "В1", категорияи "С" - зеркатегорияи "С1", категорияи "D" - зеркатегорияи "D1", категорияи "СE" - зеркатегорияи "С1E", категорияи "DE" - зеркатегорияи "D1E"-ро низ тасдиқ мекунанд.

Қабули имтиҳонҳо, ба шаҳрвандон додани шаҳодатномаи ронандагӣ ва ба ронандагон додани иҷозати идоракунии воситаҳои нақлиёти категорияҳои "А", "В", "С", "D", "BE", "CE", "DE", "Tm", "Tb", мотоаробаҳо ва зеркатегорияҳои "А1", "В1", "С1", "D1", "C1E", "D1E" аз тарафи воҳидҳои бақайдгирию имтиҳонотии бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

Ҳангоми ба шаҳрвандон додани шаҳодатномаи ронандагӣ барои идоракунии воситаҳои нақлиёти категорияи "А", "В", "С", "D", "СЕ", "DЕ" дар як вақт аз тарафи воҳидҳои бақайдгирию имтиҳонотии бозрасии давлатии автомобилӣ дар шаҳодатномаи ронандагӣ мувофиқан зеркатегорияҳои "А1", "В1", "С1", "D1", "С1Е", "D1Е" чоп карда мешавад

Ҳуқуқ барои идоракунии воситаҳои нақлиёт дода мешавад:

- воситаҳои нақлиёти категорияи "А" ва зеркатегорияи "А1" - ба шахсоне, ки ба синни шонздаҳ (16) расидаанд;

- воситаҳои нақлиёти категорияи "В" ва зеркатегорияҳои "В1", "С1" - ба шахсоне, ки ба синни ҳаждаҳ (18) расидаанд;

-  воситаҳои нақлиёти категорияи "С" - ба шахсоне, ки ба синни нуздаҳ (19) расидаанд, (аз синии ҳаждаҳ (18) ба шахсоне, ки тибқи роҳхати комиссариатҳои ҳарбӣ дар муассисаҳои таълимии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа ба таҳсил ҷалб гаштаанд);

- воситаҳои нақлиёти зеркатегорияи "D1" - ба шахсоне, ки ба синни бисту як (21) расидаанд;

- воситаҳои нақлиёти категорияҳои "D", "Tm", "Tb" - ба шахсоне, ки ба синни бисту ду (22) расидаанд;

- воситаҳои нақлиёти категорияи "ВЕ" - ба шахсоне, ки ба синни нуздаҳ (19) расидаанд;

- воситаҳои нақлиёти категорияи "СЕ" - ба шахсоне, ки ба синни бист (20) расидаанд;

- воситаҳои нақлиёти категорияи "DЕ" - ба шахсоне, ки ба синни бисту се (23) расидаанд;

- воситаҳои нақлиёти категорияи "С1Е" - ба шахсоне, ки ба синни нуздаҳ (19) расидаанд ;

- воситаҳои нақлиёти категорияи "D1Е" - ба шахсоне, ки ба синни бисту ду (22) расидаанд.

Ба идоракунии воситаҳои нақлиёти бо сигналҳои махсуси овозӣ ва нурӣ таҷҳизонидашуда, воситаҳои нақлиёте, ки борҳои хавфнокро мекашонанд, ҳамчунин автобусҳое, ки дар хатсайрҳои байнишаҳрӣ ва байналмилалӣ ҳаракат мекунанд, танҳо шахсоне роҳ дода мешаванд, ки на кам аз 4 сол собиқаи идоракунии воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла воситаҳои нақлиёти истифодаи шахсиро доранд ва дар муддати як соли охир воситаҳои нақлиёти категорияи (зеркатегорияи) дахлдорро бетанаффус идора мекунанд.

Қабули имтиҳони амалӣ аз шахсоне, ки муассисаи таълимиро аз рӯи барномаи таълими ронандагони автомобилҳои категорияи "ВС" хатм кардаанд, дар ҳар ду воситаи нақлиёте, ки ба категорияҳои "В" ва "С" мансубанд, анҷом дода мешавад.

Ба ронандагони воситаҳои нақлиёти автомобилии категорияҳои "В", "С" ва "D" гирифтани ҳуқуқи ронандагии воситаҳои нақлиёти категорияҳои "С", "D" ва зеркатегорияҳои "С1", "D1" - аз категорияи "В", категорияҳои "В", "D" ва зеркатегорияи "D1" - аз категорияи "С", категорияҳои "В", "С" ва зеркатегорияи "С1" - аз категорияи "D" баъд аз бозомӯзии пешакӣ дар муассисаҳои таълимӣ дар воҳидҳои бақайдгирию имтиҳонотии бозрасии давлатии автомобилӣ супоридани имтиҳонҳои назариявӣ ва амалӣ дар воситаҳои нақлиёти категорияҳои (зеркатегорияҳои) дахлдор, пардохти хизматрасониҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ, риояи муҳлатҳои муқарраршудаи гузаштани муоинаи тиббии ронандагони воситаҳои нақлиёт ва ба синни муқаррарнамуда расида, иҷозат дода мешавад.

Шаҳодатномаҳои ронандагӣ барои ҳуқуқи идора кардани воситаҳои нақлиёти мансуб ба категорияҳои "А", "В", "С", "D", "BЕ", "CE", "DE" ва мотоароба ба шахсоне, ки дар воҳидҳои бақайдгирию имтиҳонотии бозрасии давлатии автомобилӣ, имтиҳонҳои назариявию амалӣ ва барои ҳуқуқи ронандагии трамвай ё троллейбус имтиҳони назариявиро супоридаанд, дода мешаванд. Ҳангоми мавҷуд набудани шаҳодатномаи ронандагӣ бо сабтҳои иҷозатдиҳандаи категорияҳои болозикр зеркатегорияҳои "А1", "В1", "С1", "D1", "C1E", "D1E" низ баъд аз супоридани имтиҳонҳои назариявӣ ва амалӣ дода мешавад.

Тартиби қабули имтиҳонҳо барои додани ҳуҷҷатҳои ронандагии ҳуқуқи идора кардани воситаҳои нақлиёт аз тарафи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Ҳангоми имтиҳони назариявӣ донистани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва фанҳои дигаре, ки дар барномаи таълимӣ пешбинӣ шудаанд, санҷида мешавад.

Ҳангоми имтиҳони амалӣ малакаи рондани танҳо воситаи нақлиёти ҳамон категорияҳое (зеркатегорияҳое) санҷида мешавад, ки барои идоракунии онҳо шаҳодатномаи ронандагӣ дархост мегардад.

Барои гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ аз тарафи номзадҳо ба ронандагӣ ба воҳиди бақайдгирию имтиҳонотии Бозрасии давлатии автомобилӣ ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- гувоҳнома дар бораи хатми курсҳои таълимӣ оид ба тайёр кардани ронандагони воситаҳои нақлиёт аз рӯи барномаҳои категорияҳои (зеркатегорияҳои) дахлдори воситаҳои нақлиёт, ки барои ҳуқуқи идоракунии онҳо иҷозат дархост мегардад (ба истиснои шахсоне, ки дар бандҳои 15 ва 23 ҳамин Тартиб зикр шудаанд);

- аттестат (шаҳодатнома) ё гувоҳнома дар бораи хатми курсҳои таълимӣ оид ба тайёр кардани ронандагони воситаҳои нақлиёти категорияи "А" ё зеркатегорияи "А1" (барои шахсоне, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумиро хатм кардаанд); - нусхаи диплом ва варақаҳои нимсола ва имтиҳонҳо ё замима ба диплом, инчунин маълумотнома оид ба гузаштани машғулиятҳои амалии рондани воситаи нақлиёт, вобаста ба категорияи (зеркатегорияи) дархостшаванда (барои шахсони дар банди 23 Тартиби мазкур зикршуда);

- ҳуҷҷати дахлдори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф оид ба баробарарзишии ҳуҷҷатҳои таҳсилот (барои шахсоне, ки муассисаҳои таълимиро дар хориҷи кишвар хатм кардаанд);

- маълумотномаи тиббии намунааш аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муқарраргардида оид ба коршоямӣ барои идоракунии категорияҳои (зеркатегорияҳои) дахлдори воситаҳои нақлиёт;

- расид (квитансия) доир ба пардохти хироҷ ва хизматрасониҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ;

- шиноснома ё ҳуҷҷати дигари бо акс ва муҳр, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дода шудааст.

Эзоҳ: Гувоҳнома дар бораи хатми курсҳои таълимӣ оид ба тайёр кардани (бозомӯзии) ронандагони воситаҳои нақлиёти категорияҳои "А", "В", "С", "D", "ВЕ", "СЕ", "DЕ" метавонад ҷиҳати гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ барои идоракунии воситаҳои нақлиёти мувофиқан зеркатегорияҳои "А1", "B1", "С1", "D1", "С1Е", "D1Е" асос шавад.

Шаҳодатномаи ронандагии байналмилалӣ ба муҳлати 3 сол, аммо на зиёда аз муҳлати эътиборнокии шаҳодатномаи ронандагии миллӣ дода мешавад.

Барои гирифтани шаҳодатномаи ронандагии байналмилалӣ ронандаҳо ба воҳидҳои бақайдгирию имтиҳонотии бозрасии давлатии автомобилӣ бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:

- шаҳодатномаи ронандагии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳуқуқи идоракунии категорияҳои (зеркатегорияҳои) дахлдори воситаҳои нақлиёти дархостшаванда;

- ду дона акси андозаи 3,5 х 4,5 см дар коғази беҷило бо тагранги сафед дар кунҷи рост;

- маълумотномаи боэътибори тиббии намунааш аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муқарраргардида оид ба коршоямӣ барои идоракунии категорияҳои (зеркатегорияҳои) дахлдори воситаҳои нақлиёт;

- расид (квитансия) доир ба пардохти хизматрасониҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ;

- шиноснома ё хуҷҷати дигари бо акс ва муҳр, ки мақоми ваколатдори давлатӣ додааст.

Ба ронандагоне, ки ҳуҷҷатҳои идоракунии воситаи нақлиётро пешниҳод кардаанд, додани шаҳодатномаҳои ронандагии байналмилалӣ бе имтиҳонҳои дахлдор анҷом дода мешавад. Ҳуҷҷатҳое, ки идоракунии воситаҳои нақлиётро тасдиқ мекунанд, дар банди 79 Тартиб нишон дода шудаанд.

Дар шаҳодатномаи ронандагӣ маълумоти зерин ҳатман нишон дода мешавад ва ин маълумот бо таври зайл рақамгузорӣ карда мешавад:

  1. Насаб
  2. Ном ва номи падар
  3. Сана ва ҷойи таваллуд (давлате, ки соҳиби шаҳодатнома дар он таваллуд шудааст, қайд карда мешавад)

4 a) Санаи додани шаҳодатнома

4 b) Санаи гузаштани муҳлати эътибори шаҳодатнома

4 c) Номгӯйи мақомот, ки шаҳодатномаро додааст

  1. Силсила ва рақами шаҳодатнома (аз ду ҳарфи алифбои лотинӣ ва рақами тартибии иборат аз ҳафт рақам)
  2. Акси соҳиби шаҳодатнома
  3. Имзои соҳиби шаҳодатнома
  4. Ҷойи истиқомати соҳиби шаҳодатнома
  5. Категорияҳои (зеркатегорияҳои) воситаҳои нақлиёт, ки амали шаҳодатнома ба онҳо паҳн мегардад

Навиштаҷот дар бланки шаҳодатномаи ронандагии биометрӣ бо забони тоҷикӣ ва ҳарфҳои алифбои тоҷикӣ сабт гардида, бо забони англисӣ тарҷума шудаанд. Ҳангоми фардикунонӣ навиштаҷот бо забони тоҷикӣ ва ҳарфҳои алифбои тоҷикӣ иҷро карда шуда, бо ҳарфҳои алифбои лотинӣ транслитератсия карда мешаванд.

Шаҳодатномаи ронандагӣ бо талони баҳисобгирии қоидавайронкунӣ иваз карда мешавад:

- барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунанд, аз ҷониби воҳидҳои бақайдгирию имтиҳонии Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста аз маҳалли истиқомат;

- барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунанд, аз ҷониби намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа.

Шаҳодатномаи ронандагӣ бо талони баҳисобгирии қоидавайронкунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди ариза, варақаи ронандагӣ, шаҳодатномаи ронандагӣ ва талон ба он, риояи муҳлатҳои муқарраршудаи гузаштани муоинаи тиббии ронандагони воситаҳои нақлиёт ва пардохти маблағи шаҳодатномаи ронандагӣ ва талони баҳисобгирии қоидавайронкунӣ иваз карда мешаванд.

Шаҳодатномаи ронандагӣ бо талони баҳисобгирии қоидавайронкунӣ берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди ариза, шаҳодатномаи ронандагӣ, маълумотномаи тиббии боэътибор барои идоракунии категорияҳои (зеркатегорияҳои) дахлдори воситаҳои нақлиёт ва пардохти хироҷу хизматрасониҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ иваз карда мешаванд.

Тартиби иваз кардани шаҳодатномаи ронандагӣ бо талони баҳисобгирии қоидавайронкунӣ аз ҷониби намояндагиҳои дипломатӣ ва муасссисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ва намунаи ариза аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.

Ҳангоми иваз намудани шаҳодатномаи ронандагӣ дар намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар, меъёр барои хизматрасонии консулӣ тибқи қонунгузорӣ ситонида мешавад. Андозаи меъёри хизматрасонии пулакии бозрасии давлатии автомобилӣ тибқи тартиби муқарраргардида аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Шаҳодатномаи ронандагие, ки акси соҳиби он дар муҳлати даҳ соли тақвимӣ иваз карда нашудааст, беэътибор дониста мешавад.

Ба шахсоне, ки ҳуҷҷатҳои идоракунии воситаи нақлиётро пешниҳод кардаанд, иваз намудани шаҳодатномаҳои ронандагӣ бе имтиҳонҳои дахлдор анҷом дода мешавад.

Ҳуҷҷатҳое, ки идоракунии воситаҳои нақлиётро тасдиқ мекунанд, метавонанд инҳо бошанд:

- барои ронандагоне, ки кор мекунанд - иқтибос аз дафтарчаи меҳнатӣ ё тасдиқнома аз ҷои кор бо зикри навъи нақлиёте, ки ба номи ронандагони мазкур вобаста аст;

- барои ронандагони инфиродӣ - шаҳодатномаи бақайдгирии воситаҳои нақлиёте, ки ба онҳо тааллуқ доранд;

- барои шахсоне, ки автомобилҳоро бо ваколатнома истифода мебаранд - шаҳодатномаи бақайдгирии автомобил ва ваколатнома барои ҳуқуқи истифодабарӣ ва (ё) ихтиёрдории он ё гувоҳнома оид ба ҳуқуқи моликияти муштарак ба воситаи нақлиёт;

- барои хизматчиёни ҳарбӣ, ки ба эҳтиёт рухсат шудаанд - билети ҳарбӣ бо сабти дахлдор.

Ба шахсоне, ки ҳуҷҷатҳои идоракунии воситаи нақлиётро пешниҳод накардаанд (ба ғайр аз ҳолатҳои ивази шаҳодатномаи ронандагӣ бо сабаби гузаштани муҳлати эътиборнокии акси соҳиби он), иваз кардани шаҳодатномаи ронандагӣ баъди супоридани имтиҳонҳои назариявӣ ва амалӣ анҷом дода мешавад.

Зимнан, агар шахс барои идоракунии якчанд категорияи (зеркатегорияи) воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла мототсиклҳо ва қатори воситаҳои нақлиёт иҷозат дошта бошад, он гоҳ имтиҳони амалӣ бо салоҳдиди комиссияи имтиҳонотӣ танҳо дар воситаи нақлиёти яке аз категорияҳои (зеркатегорияҳои) зерин "В" ё "С" ё "D" ё "ВЕ" ё "СЕ" ё "DЕ", "(В1)" ё "(С1)" ё "(D1)" ё "(С1Е)" ё "(D1Е)" қабул карда мешавад.

Дар сурати гум шудани шаҳодатномаи ронандагӣ нусхаи дуюми он аз тарафи воҳиди бақайдгирию имтиҳонотии бозрасии давлатии автомобилие, ки аризаро баррасӣ менамояд, баъд аз санҷиш бо маълумоти "Системаи ягонаи иттилоотии ҷумҳуриявии раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ", дар мавриди аз ҳуқуқи идоракунии воситаҳои нақлиёт маҳрум набудан, дар асоси варақаи ронандагӣ, риояи муҳлатҳои муқарраршудаи гузаштани муоинаи тиббии ронандагони воситаҳои нақлиёт, пардохти хизматрасониҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ва дар ҳолатҳои зарурат бо пешниҳоди гувоҳнома дар бораи хатми курсҳои таълимӣ оид ба тайёр кардани (бозомӯзии) ронандагони воситаҳои нақлиёт дода мешавад.

Дар ҳолати аз тарафи ронанда гум карда шудани талони баҳисобгирии қоидавайронкунӣ ба шаҳодатномаи ронандагӣ ё ғайри қобили истифода гардидани он, ҳамчунин дар ҳолатҳои дигар талони нав аз ҷониби воҳидҳои бозрасии давлатии автомобилии мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳрҳо ва ноҳияҳо ё мақоми болоии онҳо баъд аз пардохти маблағи талон дода мешавад.

Зимнан, маълумот дар хусуси аз тарафи ронанда роҳ додан ба вайронкунии қоидаҳое, ки Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, муҳлати эътибори онҳо нагузаштааст ва аз рӯи маълумоти "Системаи ягонаи иттилоотии ҷумҳуриявии раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ" ё талони пешина муқаррар гардидаанд, ба талони нави баҳисобгирии қоидавайронкунӣ кӯчонида мешаванд.

Нусхаҳои дуюми шаҳодатномаҳои ронандагӣ ба ивази шаҳодатномаҳои гумшуда ба соҳибони онҳо аз тарафи воҳидҳои бақайдгирию имтиҳонотии бозрасии давлатии автомобилии маҳали муроҷиат дода мешавад.

Барои маълумоти бештар нигаред ба: Тартиби иҷозатдиҳӣ ба идоракунии воситаҳои нақлиёт, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз "1" ноябри соли 2019, №550 тасдиқ шудааст.

crescentofhearth.com