БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ ФАРЗАНДХОНДӢ
Фарзандхондӣ шакли афзалиятноки ҷобаҷокунии кӯдаконе мебошад, ки бе парастории падару модар мондаанд.
Фарзандхондӣ нисбати кӯдакони ноболиғ танҳо ба манфиати онҳо, ҳамчунин бо дарназардошти имконияти инкишофи пурраи ҷисмонӣ, рӯҳӣ, маънавӣ ва ахлоқии кӯдак иҷозат дода мешавад.
Фарзандхондии бародарону хоҳарон аз ҷониби шахсони гуногун, ба истиснои ҳолатҳое, ки фарзандхондӣ ба манфиати кӯдак мебошад, иҷозат дода намешавад.
Фарзандхондӣ дар асоси аризаи шахсоне (шахсе), ки кӯдакро ба фарзандӣ қабул кардан мехоҳанд, аз тарафи суд расмӣ карда мешавад. Парвандаҳои фарзандхондиро суд ба тартиби мурофиаи махсус баррасӣ менамояд.
Парвандаҳои фарзандхондӣ дар суд бо иштироки мақомоти васояту парасторӣ ва прокурор баррасӣ мегардад.
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихоби худ ба суди маҳали истиқомати кӯдаки ба фарзандхондӣ қабулшаванда ё ба суди маҳали истиқомати худ барои ба фарзандхондӣ гирифтани кӯдак ариза медиҳанд.
То аризаи фарзандхондиро баррасӣ намудани суд, мақомоти васояту парасторӣ вазифадоранд шароити зиндагии шахсеро, ки хоҳиши ба фарзандхондӣ қабул кардани кӯдакро дорад, санҷида, муайян кунанд, ки фарзандхондӣ ба манфиати кӯдак аст ё не, барои фарзандхонӣ монеае надоранд, инчунин муносибати кӯдак ба фарзандхондӣ ва фикри ӯро барои ба фарзандхондӣ қабул шуданаш, муайян намуда, хулосаҳояшонро дар хусуси имконияти фарзандхондӣ ба суд пешниҳод намоянд.
Мақомоти васоят ва парасторӣ вазифадоранд ба шахсоне (шахсе), ки кӯдакро ба фарзандхондӣ қабул мекунанд, дар бораи саломатии кӯдак маълумот диҳанд.
Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои фарзандхонда ва фарзандхондишуда аз лаҳзаи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд дар бораи фарзандхондӣ оғоз меёбад.
Фарзандхонд шудани кӯдак бояд мувофиқи тартибе, ки барои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ муқаррар гардидааст, дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба қайди давлатӣ гирифта шавад.
Суд вазифадор аст, ки дар давоми се рӯзи баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалнома дар бораи фарзандхондӣ ба мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандии маҳалли қабули ҳалнома иқтибоси ин ҳалномаро фиристад.
Фаъолияти миёнаравӣ оид ба фарзанхондии кӯдак, яъне тамоми фаъолияти шахсони дигар бо мақсади интихоб кардан ва додани кӯдак барои фарзандхондӣ аз ном ва ба манфиати шахсоне, ки хоҳиши ба фарзандхондӣ гирифтани кӯдакро доранд, манъ мебошад.
Фаъолияти мақомоти васояту парасторӣ оид ба иҷрои ӯҳдадориҳои ба зиммаашон гузошташуда, барои ошкоркунӣ ва ҷобаҷокунии кӯдакони бе парастории падару модармонда фаъолияти миёнаравӣ ба ҳисоб намеравад ва мақсади ба даст даровардани фоидаро надорад.
Ба фарзандхондӣ қабул кардан танҳо аз тарафи шаҳрвандони ба балоғатрасидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои шахсони зерин сурат мегирад:
- шахсоне, ки ҷои муайяни истиқомат надоранд;
- шахсоне, ки ҳангоми фарзандхондӣ барои содир кардани ҷинояти қасдона доғи судӣ доранд;
- шахсоне, ки суд барои содир намудани ҷиноят нисбати онҳо чораи маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ таъин кардааст;
- шахсоне, ки суд онҳоро ғайриқобили амал ё қобилияти амалашон маҳдуд эътироф намудааст;
- зану шавҳаре, ки суд яке аз онҳоро ғайриқобили амал ё қобилияти амалаш маҳдуд эътироф намудааст;
- шахсоне, ки суд онҳоро аз ҳуқуқи волидон маҳрум сохтааст, ё ҳуқуқи волидонро маҳдуд кардааст;
- шахсоне, ки ба сабаби иҷрои ғайриқаноатбахши ӯҳдадориҳои бо қонун ба зиммаашон гузошташуда аз вазифаи васӣ ё парасторӣ дур карда шудаанд;
- шахсоне, ки қаблан фарзандхонд доштанд, вале фарзандхондӣ бо гуноҳи онҳо аз ҷониби суд бекор карда шудааст;
- шахсоне, ки аз сабаби беморӣ наметавонанд ҳуқуқи волидонро амалӣ намоянд. Номгӯи бемориҳое, ки дар сурати мубтало будан ба онҳо шахс наметавонад кӯдакро ба фарзандхондӣ қабул кунад, таҳти васоят (парасторӣ) гирад, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Шахсоне, ки байни худ никоҳ надоранд, наметавонанд ҳамон як кӯдакро муштаракан ба фарзандхондӣ қабул кунанд.
Фарқияти синну соли шахси ба фарзандхондӣ қабулкунанда, ки оиладор нест ва фарзандхондшаванда бояд аз ҳабдаҳ сол кам набошад.
Дар сурати ба фарзандхондӣ қабул кардани кӯдак аз ҷониби падарандар (модарандар) фарқияти синнусоли муқарраргардида зарур нест.
Барои фарзандхондии кӯдак розигии волидони кӯдак зарур аст. Дар сурати фарзандхондии кӯдаки волидони ноболиғи ба синни ҳабдаҳсолагӣ нарасида, инчунин розигии волидон, васиён ва парасторони онҳо ва дар сурати набудани волидон ё васиён (парасторон) розигии мақоми васояту парасторӣ зарур аст.
Розигии волидон барои фарзандхондии кӯдаконашон бояд дар аризаи тасдиқнамудаи нотариат ё маъмурияти муассисае, ки кӯдаки бе парастории волидон монда дар он қарор дорад, мақоми васояту парастории маҳалли фарзандхондӣ сурат мегирад, ё маҳалли истиқомати волидон ифода ёбад, ё бевосита дар суд ҳангоми фарзандхондӣ баён карда шавад.
Волидон ҳуқуқ доранд ризоияти худро барои ба фарзандхондӣ додани кӯдакашон то баровардани ҳалномаи суд оид ба фарзандхонӣ бозпас талаб кунанд.
Волидон метавонанд барои фарзандхондии кӯдак ба шахси мушаххас ё бе зикр кардани шахси мушаххас розигӣ диҳанд. Мақомоти васояту парасторӣ дар мавриди мутобиқати фарзандхондӣ ба манфиати кӯдак хулосаи худро ба суд пешниҳод менамоянд. Дар сурати аз ҷониби падарандари (модарандари) кӯдак ба фарзандхондӣ қабул кардани ӯ чунин хулоса талаб карда намешавад.
Дар ҳолатҳои зерин розигии волидон барои фарзандхондии кӯдак талаб карда намешавад, агар:
- онҳо маълум набошанд, ё суд онҳоро бедарак ғоибшуда эътироф намояд;
- суд онҳоро ғайри қобили амал эътироф карда бошад;
- суд онҳоро аз ҳуқуқи волидон маҳрум сохта бошад;
- бо сабабҳое, ки суд беасос эътироф намудааст, онҳо зиёда аз шаш моҳ бо кӯдак якҷоя зиндагӣ накарда, аз тарбия ва таъминоти ӯ саркашӣ карда бошанд.
Барои фарзандхондии кӯдаконе, ки таҳти васоят (парасторӣ) қарор доранд, розигии хаттии васии (парастори) онҳо зарур аст.
Барои фарзандхондии кӯдаконе, ки бе парастории волидон мондаанд, дар муассисаҳои дахлдори тарбиявию тиббӣ, муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва муассисаҳои дигари ба ин монанд қарор доранд, розигии хаттии роҳбари ин муассиса зарур аст.
Барои фарзандхондӣ намудани кӯдаке, ки ба синни даҳсолагӣ расидааст, фаҳмидани фикри ӯ лозим аст.
Агар кӯдак то додани ариза дар бораи фарзандхонд шуданаш дар оилаи шахси ӯро фарзандхонкарда зиндагӣ мекунад, ӯро падар ё модари худ мешуморад, фарзандхондӣ метавонад ба таври истисно, бе назардошти фикри фарзандхондшаванда сурат гирад.
Ҳангоми кӯдакро ба фарзандхондӣ қабул кардани яке аз ҳамсарон, агар кӯдакро зану шавҳар якҷоя ба фарзандхондӣ қабул накунанд, розигии ҳамсари дигар зарур аст.
Агар зану шавҳар муносибатҳои оилавиро қатъ намуда, зиёда аз як сол ҳамроҳ зиндагӣ накунанд ва ҷои истиқомати ҳамсари дигар маълум набошад, розигии ӯ барои фарзандхондӣ зарур нест.
Барои бақайдгирии давлатии фарзандхондӣ ҳалномаи суд дар бораи муқаррар кардани фарзандхондии кӯдак, ки ба қувваи қонунӣ даромадааст, асос мешавад.
Бақайдгирии давлатии фарзандхондии кӯдак дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷойи бароварда шудани ҳалномаи суд дар бораи муқаррар намудани фарзандхондӣ, гузаронида мешавад.
Бақайдгирии давлатии фарзандхондии кӯдак дар асоси аризаи хаттии ба фарзандӣ қабулкунандагон (ба фарзандӣ қабулкунанда) ва ё дар асоси хабарномаи мақомоти васоят ва парасторӣ гузаронида мешавад.
Дар баробари муроҷиат бояд ҳалномаи суд дар бораи муқаррар намудани фарзандхондии кӯдак ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти ба фарзандӣ қабулкунандагон (ба фарзандӣ қабулкунанда) пешниҳод карда шавад.
Ба сабти аснод дар бораи фарзандхондӣ маълумоти зерин дохил карда мешаванд:
- насаб, ном, номи падар, сана ва ҷойи таваллуди кӯдак (то ва баъд аз фарзандхондӣ);
- насаб, ном, номи падар, шаҳрвандӣ, миллати падару модар (яке аз онҳо);
- санаи тартиб додан, рақами сабти аснод дар бораи таваллуд ва номи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки аз тарафи он бақайдгирии давлатии таваллуди кӯдак гузаронида шудааст;
- насаб, ном, номи падар, шаҳрвандӣ, миллат, маҳалли истиқомати ба фарзандӣ қабулкунандагон (ба фарзандӣ қабулкунанда);
- санаи тартиб додан, рақами сабти асноди никоҳи ба фарзандӣ қабулкунандагон ва номи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандие, ки аз тарафи он бақайдгирии давлатии ақди никоҳи ба фарзандӣ қабулкунандагон гузаронида шудааст;
- маълумоти ҳалномаи суд дар бораи муқаррар намудани фарзандхондии кӯдак;
- силсила ва рақами шаҳодатномаи додашуда дар бораи фарзандхондӣ.
Шаҳодатномаи фарзандхондӣ дорои маълумоти зерин мебошад:
- насаб, ном, номи падар, сана ва ҷойи таваллуди кӯдак (то ва баъд аз фарзандхондӣ);
-насаб, ном, номи падар, шаҳрвандӣ, миллати ба фарзандӣ қабулкунандагон (ба фарзандӣ қабулкунанда);
- санаи тартиб додан ва рақами сабти аснод дар бораи фарзандхондӣ;
- ҷойи бақайдгирии давлатии фарзандхондии кӯдак (номи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ);
- санаи дода шудани шаҳодатномаи фарзандхондӣ.
- силсила ва рақами шаҳодатнома.
Дар асоси сабти аснод дар бораи фарзандхондӣ ба сабти асноди таваллуди кӯдак тағйироти дахлдор дохил карда мешаванд.
Агар бо ҳалномаи суд оид ба муқаррар намудани фарзандхондӣ ҷойи таваллуди кӯдак иваз карда шавад, бо хоҳиши ба фарзандӣ қабулкунандагон (ба фарзандӣ қабулкунанда) аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷойи таваллуди кӯдак, ки дар ҳалномаи суд нишон дода шудааст, сабти асноди нав дар бораи таваллуди кӯдак тартиб дода шуда, сабти аввалияи таваллуд бекор карда мешавад.
Мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷойи нигаҳдории сабти асноди таваллуди кӯдак дар асоси тағйироти дохилкардашуда ва ё тартиб дода шудани сабти асноди нав бо сабаби фарзандхондӣ шаҳодатномаи нави таваллудро дар мӯҳлати 3 рӯз пас аз лаҳзаи муроҷиат медиҳад.
Агар дар ҳалномаи суд оид ба муқаррар намудани фарзандхондии кӯдак дар бораи нигоҳ доштани муносибатҳои молумулкӣ ва шахсии ғайримолумулкии кӯдаки фарзандхондшуда бо падару модараш (яке аз онҳо) нишон дода шуда бошад, маълумот дар бораи падару модари (яке аз онҳо) кӯдак, ки дар қайди асноди таваллуди кӯдак нишон дода шудааст, тағйир дода намешавад.
Дар асоси ҳалномаи суд дар бораи бекор кардани фарзандхондӣ ба сабти асноди фарзандхондӣ маълумот дар бораи бекор кардани фарзандхондӣ дохил карда шуда, маълумоти аввала дар бораи насаб, ном, номи падар, сана ва ҷойи таваллуди кӯдак, инчунин маълумот дар бораи падару модари кӯдак дар сабти асноди таваллуд барқарор карда мешаванд. Шаҳодатномаи таваллуди кӯдак, ки пештар дода шуда буд, бекор карда, шаҳодатномаи нави таваллуди кӯдак бо назардошти тағйироти ба сабти асноди таваллуд воридгардида дода мешавад.
Сирри фарзандхондии кӯдакро қонун муҳофизат мекунад.
Кормандони мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бе розигии ба фарзандхондӣ қабулкунандагон (ба фарзандхондӣ қабулкунанда) ва дар сурати вафоти онҳо бе розигии мақомоти васоят ва парасторӣ ҳуқуқ надоранд оид ба фарзандхондӣ ягон маълумот диҳанд ва ҳуҷҷатҳоеро диҳанд, ки аз мӯҳтавояшон падару модари (яке аз онҳо) кӯдаки фарзандхондшуда набудани ба фарзандӣ қабулкунандагон (ба фарзандӣ қабулкунанда) маълум мегардад.
Шахсоне, ки сирри фарзандхондиро мухолифи иродаи ба фарзандӣ қабулкунандагон фош намудаанд, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Барои гирифтани маълумоти бештар нигаред ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ”, Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2006, №4, мод. 201