КОНВЕНТСИЯ ОИД БА ҲУҚУҚИ КУДАК

Пешгуфтор

Давлатҳои аъзои ин Конвентсия,

бо дарназардошти он, ки мутобиқи принсипҳои дар Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид эълонгардида эътирофи шарафи хос, ҳуқуқҳои баробар ва ҷудонопазири ҳамаи аъзои ҷомеа асоси таъмини озодӣ, адолат ва сулҳ дар рӯи замин мебошад,

бо дарназардошти он, ки халқҳои Милали Муттаҳид дар Оинномаи худ боварии худро ба ҳуқуқҳои асосии инсон, ба шаъну эътибор ва арзиши шахсияти инсон тасдиқ намудаанд ва бо азму иродаи қавӣ баҳри пешрафти иҷтимоӣ ва беҳтар гардидани вазъи зиндагӣ дар шароити озодии бештар мусоидат хоҳанд намуд,

бо эътирофи он, ки Созмони Милали Муттаҳид дар Эъломияи умумии ҳукуқи башар ва дар Паймонҳои байналмилалӣ доир ба ҳуқуқи башар эълон намуд ва бо он розӣ шуд, ки ҳар як инсон бояд бидуни тафовуте, бо чунин нишонаҳо, ба монанди нажод, ранги пӯст, ҷинс, забон, дин, ақидаи сиёсӣ ё ақидаи дигар, асли миллӣ ё иҷтимоӣ, вазъи молӣ, хонаводагӣ ё вазъи дигар тамоми ҳуқуқҳо ва озодиҳои дар онҳо зикргардидаро дошта бошад,

бо хотирнишон намудан аз он, ки Созмони Милали Муттаҳид дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар эълон намудааст, ки кӯдакон ба васоят ва кӯмаки махсус ҳақ доранд,

бо боварӣ аз он, ки ба оила ҳамчун ҷузъи асосии ҷомеа ва муҳити табиӣ барои инкишоф ва некӯаҳволии ҳамаи аъзои он ва хусусан кӯдакон бояд ҳимоя ва кӯмаки зарурӣ пешниҳод карда шавад, то ки он тавонад дар доираи ҷомеа тамоми ӯҳдадориҳоро ба зиммаи худ гирад,

бо эътирои он, ки ба кӯдак барои инкишофи пурра ва ҳамаҷонибаи шахсияти ӯ зарур аст, ки дар муҳити оила, дар фазои хушбахтӣ, муҳаббат ва ғамхорӣ инкишоф ёбад,

бо дарназардошти он, ки кӯдак бояд пурра ба ҳаёти мустақилона дар ҷомеа омода бошад ва дар рӯҳияи идеалҳои дар Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид эълонгардида ва хусусан дар рӯҳияи сулҳ, шараф, таҳаммул, озодӣ, баробарӣ ва ҳамраъйӣ тарбия ёбад,

бо дарназардошти он, ки зарурат ба чунин ҳимояи махсуси дар Эъломияи Женевагии ҳуқуқи кӯдак соли 1924 ва Эъломияи 20 ноябри соли 1959 Ассамблеяи Генералӣ қабулнамудаи ҳуқуқи кӯдак пешбинӣ шудааст ва дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, дар Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ (аз ҷумла, дар моддаҳои 23 ва 24), дар Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ (аз ҷумла, дар моддаи 10), инчунин дар оинномаҳо ва ҳуҷҷатҳои дахлдори муассисаҳои махсус ва ташкилотҳои байналмилалии ба масъалаҳои некӯаҳволии кӯдакон машғулбуда эътироф гардидааст,

бо дарназардошти он, ки тавре дар Эъломияи ҳуқуқи кӯдак зикр шудааст, «кӯдак, бинобар ба камолоти ҷисмонӣ ва фикрӣ нарасиданаш, ба муҳофизату ғамхории махсус, аз ҷумла ҳифзи зарурии ҳуқуқӣ, чи то таваллуд ва чи баъди таваллуд, эҳтиёҷ дорад», бо истинод ба муқаррароти Эъломияи присипҳои иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ, марбут ба ҳифз ва некӯаҳволии кӯдакон, хусусан ҳангоми ба тарбия додани кӯдакон ва фарзандхонкунии онҳо дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ, Қоидаҳои ҳадди ақали стандартии Созмони Милали Муттаҳид, марбут ба амалӣ намудани адолати судӣ нисбати ноболиғон (Қоидаҳои Пекин) ва Эъломияи ҳифзи занон ва кӯдакон дар ҳолатҳои фавқулодда ва дар давраи низоъҳои мусаллаҳона,

бо эътирофи он, ки дар тамоми кишварҳои ҷаҳон кӯдакони дар шароити ниҳоят душвор истиқоматкунанда вуҷуд доранд ва чунин кӯдакон ба таваҷҷӯҳи махсус эҳтиёҷ доранд, аҳамияти анъанаҳо ва арзишҳои фарҳангии ҳар як халқро барои ҳимоя ва инкишофи ҳамаҷонибаи кӯдак ба таври зарурӣ ба инобат гирифта,

бо эътирофи аҳамияти ҳамкории байналмилалӣ барои беҳтар намудани шароити зиндагии кӯдакон дар ҳар як кишвар, хусусан дар кишварҳои рӯ ба инкишоф, ба мувофиқаи зайл расиданд:

Қисми I

Моддаи 1

Дар ин Конвентсия ҳама гуна мавҷудоти инсонии то синни 18-сола кӯдак ҳисобида мешавад, агар тибқи қонуне, ки нисбати ин кӯдак истифода мегардад, он пештар ба синни балоғат нарасида бошад.

 

Моддаи 2

  1. Давлатҳои аъзо тамоми ҳуқуқҳои дар ин Конвентсия пешбинигардидаро нисбати ҳар як кӯдаке, ки дар доираи ҳуқуқии онҳо қарор дорад, бидуни ягон табъиз, сарфи назар аз нажод, ранги пӯст, ҷинс, забон, дин, ақидаи сиёсӣ ва ақидаи дигар, асли миллӣ, этникӣ ё иҷтимоӣ, вазъи молӣ, вазъи саломатӣ ва таваллуди кӯдак, волидайн ё сарпарасти қонунии ӯ ё ягон ҳолатҳои дигар эҳтиром ва таъмин менамоянд.
  2. Давлатҳои аъзо тамоми тадбирҳоро заруриро барои таъмини ҳифзи кӯдак аз ҳама гуна шаклҳои табъиз ё ҷазо дар асоси мақоми фаъолият, изҳори нуқтаи назар ё ақидаи кӯдак, волидайни кӯдак, сарпарастони қонунӣ ё дигар аъзои оила меандешанд.

Моддаи 3

  1. Дар тамоми амалҳо нисбати кӯдак, сарфи назар аз он, ки онҳо аз ҷониби муассисаҳои давлатӣ ё хусусии машғул ба масъалаҳои таъминоти иҷтимоӣ, суд, мақомоти маъмурӣ ё қонунгузорӣ андешида мешаванд, ба таъмини ҳарчи хубтари манфиатҳои кӯдак таваҷҷӯҳи аввалиндараҷа зоҳир карда мешавад.
  2. Давлатҳои аъзо ӯҳдадор мешаванд, бо дарназардошти ҳуқуқу ӯҳдадориҳои волидайни кӯдак, сарпарастон ё дигар шахсони мутобиқи қонун барои ӯ масъулбуда, ба кӯдак чунин ҳимоя ва ғамхориеро таъмин намоянд, ки барои некӯаҳволии ӯ заруранд ва бо ин мақсад тамоми тадбирҳои дахлдори қонунгузорӣ ва маъмуриро меандешанд.
  3. Давлатҳои аъзо таъмин менамоянд, ки муассисаҳо, хадамот ва мақомоти барои ғамхории кӯдакон ё ҳимояи онҳо масъулбуда ба меъёрҳои муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдор, аз ҷумла дар соҳаи амният ва тандурустӣ ва аз нуқтаи назари шумора, коршоямии кормандони онҳо, инчунин назорати салоҳиятнок мутобиқат кунанд.

Моддаи 4

Давлатҳои аъзо тамоми тадбирҳои зарурии қонунгузорӣ, маъмурӣ ва дигар тадбирҳоро барои амалӣ намудани ҳуқуқҳои дар ин Конвентсия эътирофшуда меандешанд. Нисбати ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ давлатҳои аъзо чунин тадбирҳоро дар доираи имкониятҳои захираҳои мавҷудаи онҳо ва дар мавриди зарурат, дар доираи ҳамкории байналмилалӣ меандешанд.

Моддаи 5

Давлатҳои аъзо масъулият, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои волидайн ва дар ҳолатҳои дахлдор аъзои оилаи васеъ ё ҷамоа, тавре ки дар расму оинҳои маҳаллӣ пешбинӣ гардидаанд, сарпарастон ё дигар шахсони мутобиқи қонун барои кӯдак масъулбударо ҷиҳати ба таври зарурӣ идора ва роҳбарӣ намудан ба кӯдак дар амалӣ гардидани ҳуқуқҳои дар ин Конвентсия эътирофшуда ва анҷом додани ин кор мутобиқи қобилияти инкишофёбандаи кӯдак эҳтиром менамоянд.

Моддаи 6

  1. Давлатҳои аъзо эътироф менамоянд, ки ҳар як кӯдак ба зиндагӣ ҳуқуқи ҷудонопазир дорад.
  2. Давлатҳои аъзо зиндагии ҳадди аксар имконпазир ва инкишофи солими кӯдакро таъмин менамоянд.

Моддаи 7

  1. Кӯдак фавран пас аз таваллуд ба қайд гирифта мешавад ва аз лаҳзаи таваллуд ба ном ва гирифтани шаҳрвандӣ ҳақ дорад, ҳамчунин, ба қадри имкон, ҳақ дорад волидайни худро донад ва ба ғамхории онҳо ҳуқуқ дорад.
  2. Давлатҳои аъзо амалӣ гардидани ин ҳуқуқҳоро мутобиқи қонунгузории миллии худ ва иҷро гардидани ӯҳдадориҳояшонро тибқи ҳуҷҷатҳои дахлдори байналмилалӣ дар ин соҳа, аз ҷумла, дар сурате ки, агар кӯдак шаҳрвандӣ надошта бошад, таъмин менамоянд.

Моддаи 8

  1. Давлатҳои аъзо ӯҳдадор мешаванд ҳуқуқи кӯдакро ба нигоҳ доштани фардияти худ, аз ҷумла шаҳрвандӣ, ном ва робитаи оилавӣ, тавре ки дар қонун пешбинӣ мегардад, бидуни дахолати ғайриқонунӣ эҳтиром намоянд.
  2. Агар кӯдак ғайриқонунӣ қисман ё пурра аз фардияти худ маҳрум карда шавад, давлатҳои аъзо ба ӯ кӯмаки зарурӣ мерасонанд ва барои ҳарчи зудтар барқарор намудани фардияташ ба ӯ ҳимояи худро пешниҳод мекунанд.

Моддаи 9

  1. Давлатҳои аъзо таъмин менамоянд, ки кӯдак хилофи хоҳишаш аз волидайни худ ҷудо карда шавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки мақомоти салоҳиятдор тибқи қарори суд мутобиқи қонун ва расмиёти истифодашаванда муқаррар менамоянд, ки чунин ҷудокунӣ ба манфиати кӯдак хоҳад буд. Чунин муқаррарот метавонад дар ин ё он ҳолати мушаххас зарур шавад, масалан, ҳангоме ки волидайн ба кӯдак муносибати дурушт мекунанд ё ба ӯ ғамхорӣ намекунанд ё ҳангоме ки волидайнд ҷудо зиндагӣ мекунанд ва дар мавриди ҷойи истиқомати кӯдак қарор қабул намудан зарур мебошад.
  2. Дар ҷараёни ҳама гуна тафтишот мутобиқи банди 1 ин модда ба ҳама тарафҳои манфиатдор имконият дода мешавад, ки дар тафтишот иштирок намоянд ва нуқтаи назари худро баён кунанд.
  3. Давлатҳои аъзо ҳуҳуқи кӯдакеро, ки аз як ё ҳар ду волидайн ҷудо карда мешавад, ҷиҳати ба роҳ муносибатҳои мунтазами шахсӣ ва робитаи бевосита бо ҳар ду волидайн эхтиром менамоянд, ба истиснои ҳолатҳое, ки ин амал хилофи манфиатҳои кӯдак мебошад.
  4. Дар ҳолатҳое, ки чунин ҷудокунии кӯдак аз ягон қароре бармеояд, ки онро давлати узв қабул намудааст, масалан, ҳангоми ҳабс кардан, дар ҳабсхона ҷой кардан, бадарға кардан, аз ватан рондан ё фавти (аз ҷумла фавт дар натиҷаи ҳама гуна сабабҳои ҳангоми дар ихтиёри давлат будани ин шахс) яке аз волидайн ё ҳар дуи онҳо ё кӯдак, ин давлати узв ба волидайн, кӯдак ё, агар зарур бошад, ба дигар узви оила бо хоҳиши онҳо иттилооти заруриро нисбати ҷойи ҷойгиршавии узви/аъзои ҳозирнабудаи оила пешниҳод мекунад, ба шарте ки пешниҳод намудани ин иттилоот ба некӯаҳволии кӯдак зарар нарасонад. Давлатҳои аъзо минбаъд таъмин менамоянд, ки пешниҳод гардидани чунин хоҳиш барои шахси/шахсони дахлдор оқибатҳои номатлуб наорад.

Моддаи 10

  1. Мутобиқи ӯҳдадориҳои давлатҳои аъзо тибқи банди 1 моддаи 9 аризаҳои кӯдак ё волидайни ӯ дар бобати воридшавӣ ба давлати узв ё хориҷшавӣ аз он бо мақсади якҷояшавии оила бояд аз ҷониби давлатҳои аъзо ба таври мусбӣ, инсондӯстона ва фаврӣ баррасӣ гарданд. Давлатҳои аъзо минбаъд таъмин менамоянд, ки пешниҳоди чунин хоҳиш ба аризадиҳандагон ва аъзои оилаҳои онҳо оқибатҳои номатлуб наорад.
  2. Кӯдаке, ки волидайни ӯ дар кишварҳои гуногун истиқомат мекунанд, ба истиснои ҳолатҳои махсус, ҳуқуқ дорад бо ҳар ду волидайн муносибатҳои шахсӣ ва робитаҳои бевоситаи мунтазам ба роҳ монад. Бо ин мақсад ва мутобиқи ӯҳдадориҳои давлатҳои аъзо тибқи банди 2 моддаи 9 давлатҳои аъзо ҳуқуқи кӯдак ва волидайни ӯро ҷиҳати тарк намудани ҳама гуна кишвар, аз ҷумла кишвари худ ва бозгаштан ба кишвари худ эҳтиром менамоянд. Нисбати ҳуқуқи тарк намудани ҳама гуна кишвар танҳо он маҳдудиятҳое амал мекунанд, ки қонун муқаррар намудааст ва барои ҳифзи амнияти давлат, тартиботи ҷамъиятӣ (ordre pғblic), саломатӣ ё ахлоқи аҳолӣ ё ҳуқуқу озодиҳои дигар шахсон зарур буда, бо дигар ҳуқуқҳое, ки дар ин Конвентсия эътироф шудаанд, созгор бошанд.

Моддаи 11

  1. Давлатҳои аъзо барои мубориза бо ғайриқонунӣ интиқол додан ва бознагардонидани кӯдакон аз хориҷа тадбирҳо меандешанд.
  2. Бо ин мақсад давлатҳои аъзо ба бастани созишномаҳои дуҷониба ё бисёрҷониба ё ҳамроҳшавӣ ба созишномаҳои амалкунанда мусоидат менамоянд.

Моддаи 12

  1. Давлатҳои аъзо ба кӯдаке, ки қодир аст ақидаҳои шахсии худро баён карда тавонад, ҳуқуқи изҳор намудани ин ақидаҳоро аз рӯи тамоми масъалаҳои ба кӯдак дахлдошта таъмин менамоянд, зимнан ба ақидаҳои кӯдак мутобиқи синну сол ва камолоти кӯдак аҳамияти зарурӣ зоҳир карда мешавад.
  2. Бо ин мақсад ба кӯдак, аз ҷумла, имконият дода мешавад, ки дар ҷараёни ҳама гуна тафтишоти судӣ ё маъмурии ба кӯдак дахлдошта бевосита ё ба воситаи намоянда ё мақоми дахлдор, бо тартиби пешбининамудаи меъёрҳои мурофиавии қонунгузории миллӣ ақидаи худро баён кунад.

Моддаи 13

  1. Кӯдак ҳуқуқ дорад ақидаи худро озодона баён намояд, ин ҳуқуқ иборат аст аз озодона ҷустуҷӯ намудан, гирифтан ва таҳвил намудани ҳама гуна иттилоот ва ғояҳо, сарфи назар аз сарҳадҳо, дар шакли хаттӣ ё чопӣ, дар шакли асарҳои санъат ё бо кӯмаки дигар воситаҳои интихобнамудаи кӯдак.
  2. Амалӣ намудани ин ҳуқуқ метавонад баъзе маҳдудиятҳо дошта бошад, вале ин маҳдудиятҳо метавонанд танҳо он маҳдудиятҳое бошанд, ки бо қонун пешбинӣ гардидаанд ва барои инҳо заруранд:

а) барои эҳтироми ҳуқуқҳо ва шаъну эътибори дигар шахсон; ё

  1. b) барои ҳифзи амнияти давлатӣ ё тартиботи ҷамъиятӣ (ordre pаblic) ё саломатӣ ё ахлоқи аҳолӣ.

Моддаи 14

  1. Давлатҳои аъзо ҳуқуқи кӯдакро ба озодии ақида, виҷдон ва дин эҳтиром менамоянд.
  2. Давлатҳои аъзо ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои волидайн ва дар ҳолатҳои дахлдор сарпарастони қонуниро ҷиҳати роҳбарӣ намудан ба кӯдак дар амалӣ намудани ҳуқуқҳои ӯ бо усули мутобиқ ба қобилияти инкишофёбандаи кӯдак эҳтиром мекунанд.
  3. Озодона пайравӣ кардан ба дин ё мазҳаби худ метавонад баъзе маҳдудиятҳо дошта бошад, вале ин маҳдудиятҳо метавонанд танҳо он маҳдудиятҳое бошанд, ки бо қонун пешбинӣ гардидаанд ва барои ҳифзи амнияти давлатӣ ё тартиботи ҷамъиятӣ, ахлоқ ва саломатии аҳолӣ ё ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии дигар шахсон заруранд.

Моддаи 15

  1. Давлатҳои аъзо ҳуқуқи кӯдакро ба озодии иттиҳодияҳо ва озодии маҷлисҳои осоишта эътироф мекунанд.
  2. Нисбати татбиқи ин ҳуқуқ ягон маҳдудият, ғайр аз онҳое, ки мутобиқи қонун ва онҳое, ки дар ҷомеаи демократӣ ба манфиати амнияти давлатӣ ё амнияти ҷамъиятӣ, тартиботи ҷамъиятӣ (ordre pаblic), ҳифзи саломатӣ ё ахлоқи аҳолӣ ё ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои дигар шахсон заруранд, истифода намегарданд.

Моддаи 16

  1. Ягон кӯдак наметавонад объекти дахолати худсарона ё ғайриқонунӣ дар татбиқи ҳуқуқҳои ӯ ба ҳаёти шахсӣ, ҳаёти оилавӣ, дахолатнопазирии манзил ё сирри мукотибот ё дахолати ғайриқонунӣ ба шаъну шараф ва эътибори ӯ бошад.
  2. Кӯдак ба ҳимояи қонун аз чунин дахолат ва қасд ҳуқуқ дорад.

Моддаи 17

Давлатҳои аъзо нақши муҳими воситаҳои ахбори оммаро эътироф менамоянд ва таъмин менамоянд, ки ба кӯдак иттилоот ва мавод аз манбаъҳои гуногуни миллӣ ва байналмилалӣ дастрас бошанд, хусусан чунин иттилоот ва маводе, ки баҳри мусоидат ба некӯаҳволии иҷтимоӣ ва маънавӣ, инчунин рушди солими ҷисмонӣ ва рӯҳии кӯдак нигаронида шудаанд. Бо ин мақсад давлатҳои аъзо:

а) воситаҳои ахбори оммаро ба интишори иттилоот ва маводи аз ҷиҳати иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ва дар рӯҳияи моддаи 29 ба кӯдак манфиатбахш ташвиқ мекунанд;

  1. b) ҳамкории байналмилалиро дар соҳаи тарбия, мубодила ва интишори чунин иттилоот ва мавод аз манбаъҳои мухталифи фарҳангӣ, миллӣ ва байналмилалӣ ташвиқ менамоянд;

с) нашр ва интишори адабиёти кӯдаконаро ташвиқ мекунанд;

  1. d) воситаҳои ахбори омма ба зоҳир намудани таваҷҷӯҳи хос ба эҳтиёҷоти забонии кӯдаке, ки ба ягон гурӯҳи ақаллият ё аҳолии таҳҷоӣ мансуб аст, ташвиқ менамоянд;

е) таҳияи принсипҳои лозимаи ҳифзи кӯдак аз иттилоот ва маводи ба некӯаҳволии он зараррасоннанда, бо дарназардошти муқаррароти моддаҳои 13 ва 18, ташвиқ менамоянд.

Моддаи 18

  1. Давлатҳои аъзо тамоми саъю кӯшишро ба он равона менамоянд, ки эътирофи принсипҳои умумӣ ва масъулияти баробари ҳар ду волидайнро барои тарбия ва инкишофи кӯдак таъмин намоянд. Волидайн ё дар ҳолатҳои дахлдор сарпарастони қонунӣ барои тарбия ва инкишофи кӯдак масъулияти асосиро бар дӯш доранд. Манфиатҳои аввалиндараҷаи кӯдак матлаби асосии ғамхории онҳо мебошад.
  2. Бо мақсади кафолат ва мусоидат ба татбиқи ҳуқуқҳои дар ин Конвентсия зикргардида, давлатҳои аъзо ба волидайн ва сарпарастони қонунӣ дар иҷрои ӯҳдадориҳои онҳо оид ба тарбияи кӯдак кӯмаки лозима мерасонанд ва рушди шабакаҳои муассисаҳои кӯдаконаро таъмин менамоянд.
  3. Давлатҳои аъзо барои таъмини он, ки кӯдакони волидайнашон коркунанда ҳуқуқ дошта бошанд аз хадамот ва муассисаҳои барои онҳо таъингардидаи нигоҳубини кӯдакон истифода баранд, тамоми тадбирҳои заруриро меандешанд.

Моддаи 19

  1. Давлатҳои аъзо бо мақсади ҳифзи кӯдак аз тамоми шаклҳои зӯроварии ҷисмонӣ ё психологӣ, таҳқир ё суиистифода, набудани ғамхорӣ ё муносибати беэътиноёна, муносибати дағалона ё суиистифода, аз ҷумла суиистифодаи шаҳвонӣ аз ҷониби волидайн, сарпарастони қонунӣ ё ҳар шахси дигаре, ки ғамхории кӯдак бар дӯши ӯ мебошад, тамоми тадбирҳои зарурии қонунгузорӣ, маъмурӣ, иҷтимоӣ ва маърифатиро меандешанд.
  2. Чунин тадбирҳои ҳимоя, дар мавриди зарурат, аз расмиёти таъсирбахш барои таҳияи барномаҳои иҷтимоӣ бо мақсади пешниҳод намудани кӯмаки зарурӣ ба кӯдак ва шахсони ғамхории ӯ бар дӯшашон буда, инчунин барои амалӣ намудани дигар шаклҳои пешгирӣ, ошкор намудан, огоҳонӣ, ба баррасӣ, тафтиш, табобат таҳвил намудан ва тадбирҳои минбаъда бинобар ҳодисаҳои муносибати бераҳмона бо кӯдак аз ҷониби шахсони дар боло зикргардида, инчунин дар мавриди зарурат, барои оғоз намудани расмиёти судӣ иборат мебошанд.

Моддаи 20

  1. Кӯдаке, ки муваққатан ё доимӣ аз муҳити оилавии худ маҳрум карда шудааст ё кӯдаке, ки ба манфиати шахсии худаш наметавонад дар чунин муҳит бимонад, ба ҳимоя ва кӯмаки махсусе, ки давлат пешкаш менамояд, ҳуқуқ дорад.
  2. Давлатҳои аъзо мутобиқи қонунгузории миллии худ тарзи дигари нигоҳубини чунин кӯдакро таъмин менамоянд.
  3. Чунин нигоҳубин метавонад, аз ҷумла, аз инҳо иборат бошад, таҳвил ба табия, «кафолат» тибқи ҳуқуқи исломӣ, фарзандхонкунӣ ё, дар мавриди зарурат, ҷойгиронӣ дар муассисаҳои дахлдори нигоҳубини кӯдак. Хангоми баррасии шаклҳои иваз намудани нигоҳубини кӯдак ба эътибор гирифтани матлубияти анъанаи тарбияи кӯдак ва асли этникӣ, мансубияти динӣ ва фарҳангӣ ва забони модарии ӯ зарур аст.

Моддаи 21

Давлатҳои аъзое, ки мавҷудияти системаи фарзандхонкуниро эътироф ва/ё иҷозат медиҳанд, таъмин менамоянд, ки манфиатҳои аввалиндараҷаи кӯдак пеш аз ҳама ба инобат гирифта шаванд ва онҳо:

а) таъмин менамоянд, ки фарзандхондкунии кӯдак танҳо аз ҷониби ҳокимияти салоҳиятдоре иҷозат дода шавад, ки мутобиқи қонуну расмиёти истифодашаванда ва дар асоси тамоми иттилооти дақиқи марбут ба парванда онҳо муайян менамоянд, ки фарзандхонкунӣ бинобар мақоми кӯдак нисбати волидайн, хешовандон ва сарпарастони қонунӣ имконпазир аст ва агар зарур бошад, шахсони манфиатдор розигии масъулиятноки худро барои фарзандхонкунӣ дар асоси чунин машварате, ки метавонад зарур бошад, додаанд;

  1. b) эътироф менамоянд, ки фарзандхонкунӣ дар дигар кишвар метавонад ҳамчун усули алтернативии нигоҳубини кӯдак арзёбӣ гардад, агар кӯдак натавонад ба тарбия дода шавад ё дар оилае ҷой карда шавад, ки метавонад тарбия ё фарзандхонкунии онро таъмин намояд ва агар таъмини ягон нигоҳубини муносиб дар кишвари асли кӯдак ғайриимкон бошад;

с) таъмин менамоянд, ки дар сурати фарзандхонкунии кӯдак дар дигар кишвар ҳамон кафолатҳое истифода шаванд, онҳо нисбати фарзандхонкунӣ дар дохили кишвар истифода мегарданд;

  1. d) тамоми тадбирҳои заруриро меандешанд, то ки дар сурати фарзандхонкунӣ дар дигар кишвар ҷойгиронии кӯдак боиси ба даст овардани фоидаи беасоси молиявӣ аз ҷониби шахсони ба ин кор вобаста нагардад;

е) дар ҳолатҳои зарурӣ барои ноил гаштан ба мақсадҳои ин модда бо роҳи бастани шартнома ё созишномаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба мусоидат менамоянд ва дар ин замина кӯшиш мекунанд, ки ҷойгиронии кӯдак дар дигар кишвар аз ҷониби ҳокимият ё мақомоти салоҳиятдор анҷом дода шавад.

Моддаи 22

  1. Давлатҳои аъзо тамоми тадбирҳои заруриро баҳри он меандешанд, ки ба кӯдаке, ки хоҳиши гирифтани мақоми ҳуқуқии гуреза дорад ё мутобиқи ҳуқуқ ва расмиёти истифодашавандаи байналмилалӣ ё дохилӣ гуреза дониста шудааст, хоҳ аз ҷониби волидайн ё дигар шахс ҳамроҳӣ шуда бошад, хоҳ ҳамроҳӣ нашуда бошад, ҳимояи лозима ва кӯмаки башардӯстонаро дар истифодаи ҳуқуқҳое, ки дар ин Конвентсия ва дигар ҳуҷҷатҳои байналмилалии ҳуқуқи башар ё ҳуҷҷатҳои гуманитарие, ки давлатҳои зикршуда аъзои онҳо мебошанд, баён гардидаанд, таъмин намоянд.
  2. Бо ин мақсад давлатҳои аъзо, дар сурати зарур донистан, ба ҳама гуна саъю кӯшишҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои салоҳиятдори байниҳукуматӣ ё ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ, ки бо Созмони Милали Муттаҳид ҳамкорӣ мекунанд, дар мавриди ҳимояи чунин кӯдак ва ба он расонидани кӯмак ва ҷустуҷӯи волидайн ё дигар аъзои оилаи ҳама гуна кӯдаки гуреза мусоидат менамоянд, то ки барои бо оилаи худ ҳамроҳ шудани ӯ иттилооти зарурӣ дарёфт кунанд. Дар сурате ки ёфтани волидайн ё дигар аъзои оила ғайриимкон мебошад, ба ин кӯдак, чуноне ки дар ин Конвентсия пешбинӣ шудааст, мисли ҳар кӯдаки дигаре, ки бо ягон сабабе доимо ё мувақатан аз муҳити оилаи худ маҳрум гардидааст, чунин кӯмак расонида мешавад.

Моддаи 23

  1. Давлатҳои аъзо эътироф менамоянд, ки кӯдаки аз ҷиҳати ақлӣ ва ҷисмонӣ нуқсондор бояд зиндагии комил ва шоистаро дар шароите дошта бошад, ки он шаъну эътибори ӯро таъмин намуда, бовариашро нисбат ба худ зиёд мекунад ва иштироки фаъоли ӯро дар ҳаёти ҷамъиятӣ осон мегардонад.
  2. Давлатҳои аъзо ҳуқуқи ба нигоҳубини махсус ҳақ доштани кӯдаки нуқсондорро эътироф мекунанд ва дар сурати мавҷуд будани захираҳои барои таъмини кӯдак ва шахси ба нигуҳубини ӯ масъул пешбинишаванда мувофиқи дархосте, ки дар он аҳволи кӯдак ва волидайни ӯ ё дигар шахсони масъули нигоҳубини ӯ баён карда шудааст, бо онҳо кӯмак мерасонанд.
  3. Эҳтиёҷоти махсуси кӯдакони нуқсондорро барои кӯмак ба эътибор гирифта, бо дарназардошти захираи молиявии волидайн ё шахсони дигаре, ки ғамхории кӯдакро ба ӯҳда доранд, мутобиқи банди 2 ин модда ба қадри имкон ба кӯдак ва шахсони масъули нигоҳубини ӯ ёрии бепул расонида мешавад, ки мақсади чунин ёрӣ таъмини кӯдаки нуқсондор дар дастрас намудани хизматҳои соҳаи маориф, тарбияи касбӣ, хизматрасонии тиббӣ, барқарорсозии саломатӣ, омодагӣ ба фаъолияти меҳнатӣ, истифода аз воситаҳои истироҳат, ки ба қадри имкон барои ба ҳаёти иҷтимоӣ ҷалб шудани кӯдак ва инкишофи шахсият, аз ҷумла рушди фарҳангӣ ва маънавии ӯ мусоидат менамояд, шароит муҳайё карда мешавад.
  4. Давлатҳои аъзо дар рӯҳияи ҳамкории байналмилалӣ ба мубодилаи иттилооти дахлдор дар соҳаи пешгирии бемориҳо ва табобати тиббӣ, психологӣ ва функсионалии кӯдакони нуқсондор, аз ҷумла интишори иттилоот доир ба усулҳои офиятбахшӣ, гирифтани маълумоти умумӣ ва касбӣ, инчунин дастрас намудани ин иттилоот мусоидат мекунанд, то ки ба давлатҳои аъзо имкон диҳанд имконият ва дониши худро беҳтар намуда, таҷрибаашонро дар ин соҳа вусъат бахшанд. Бинобар ин бояд ба талаботи кишварҳои рӯ ба инкишоф таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда шавад.

Моддаи 24

  1. Давлатҳои аъзо ҳуқуқи кӯдакро барои истифода намудани хизматҳои бештар такмилёфтаи системаи тандурустӣ ва воситаҳои табобати бемориҳо ва барқарорсозии саломатӣ эътироф менамоянд. Давлатҳои аъзо барои таъмин он саъю кӯшиш мекунанд, ки ягон кӯдак аз ҳуқуқи худ барои дастрас намудани ин гуна хизматрасониҳои системаи тандурустӣ маҳрум карда нашавад.
  2. Давлатҳои аъзо барои пурра амалӣ намудани ин ҳуқуқ саъю кӯшиш намуда, аз ҷумла чунин тадбирҳои заруриро меандешанд:

а) кам кардани миқдори фавти тифлони навзод ва фавти кӯдакон;

  1. b) таъмини ёрии зарурии тиббӣ ва ҳифзи саломатии ҳамаи кӯдакон бо зоҳир намудани таваҷҷӯҳи аввалиндараҷа ба рушди ёрии аввалияи тиббию санитарӣ;
  2. c) мубориза бо беморӣ ва гуруснагӣ, аз ҷумла дар доираи ёрии аввалияи тиббию санитарӣ бо роҳи истифода дар баробари дигар усулҳо аз технологияи дастрасу содда ва бо дарназардошти хатар ва эҳтимоли олудасозии муҳити зист муҳайё намудани хӯроки серғизо ва оби тозаи нӯшокӣ;
  3. d) ба модарон пешниҳод намудани хизматрасониҳои зарурӣ оид ба ҳифзи саломатӣ дар давраи пеш аз таваллуд ва баъд аз таваллуд;
  4. e) таъмини огоҳонии ҳама табақаҳои ҷамъият, аз ҷумла волидайн ва фарзандон аз саломатӣ ва ғизои кӯдакон, афзалиятҳои синамакконӣ, тозагии бадан, санитарияи муҳити зисти кӯдак ва пешгирии ходисаҳои фалокат, инчунин ба кӯдакон дастрас намудани таҳсил ва дастгирии онҳо дар истифодаи чунин донишҳо;
  5. f) рушди кори маърифатӣ ва хизматрасонӣ дар соҳаи ёрии профилактикии тиббӣ ва банақшагирии миқдори аъзои оила.
  6. Давлатҳои аъзо бо мақсади аз байн бурдани амалҳои номатлуби анъанавие, ки ба саломатии кӯдакон таъсири манфӣ доранд, ҳар гуна тадбирҳои самарабахш ва заруриро меандешанд.
  7. Давлатҳои аъзо ӯҳдадор мешаванд, ки ҳамкории байналмилалиро дастгирӣ намуда, онро бо мақсади тадриҷан пурра амалӣ шудани ҳуқуқе, ки дар ин модда эътироф мегардад, инкишоф медиҳанд. Бинобар ин бояд ба эҳтиёҷоти кишварҳои рӯ ба инкишоф таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда шавад

Моддаи 25

Давлатҳои аъзо ҳуқуқи кӯдакеро, ки мақомоти салоҳиятдор бо мақсади парастории ӯ, ҳимоя ва табобати ҷисмонӣ ё психологӣ ӯро барои саробонӣ ҷойгир намудаанд, эътироф карда, инчунин ба арзёбии давраи табобат ҳақ доштани кӯдак ва тамоми шароити дигари вобаста ба чунин парастории кӯдакро дастгирӣ менамоянд

Моддаи 26

  1. Давлатҳои аъзо ҳуқуқи ҳар кӯдакро барои истифода аз неъматҳои таъминоти иҷтимоӣ, аз ҷумла суғуртаи иҷтимоӣ эътироф намуда, тадбирҳои зарурӣ меандешанд, то ин ҳуқуқ мутобиқи қонунгузории миллии онҳо пурра амалӣ гардад.
  2. Ин неъматҳо дар мариди зарурат бо дарназардошти захираю имкониятҳои мавҷудаи кӯдак ва шахсони масъули тарбияи ӯ, инчунин бо дарназардошти ҳар гуна мулоҳизаҳои вобаста ба неъматҳои аз ҷониби кӯдак ё аз номи ӯ гирифташаванда дода мешаванд.

Моддаи 27

  1. Давлатҳои аъзо ҳуқуқи ҳар кӯдакро ба сатҳи зиндагие, ки барои инкишофи ҷисмонӣ, фикрӣ, маънавӣ, ахлоқӣ ва иҷтимоии ӯ лозим аст, пурра эътироф мекунанд.
  2. Волидайн (аке аз онҳо) ё шахсони дигаре, ки кӯдакро тарбия мекунанд барои дар доираи қобилият ва имконияти молиявии зиндагии худ таъмин намудани шароити зиндагии барои инкишофи кӯдак зарур масъулияти асосиро ба зимма доранд.
  3. Давлатҳои аъзо мутобиқи шароити миллиашон ва дар доираи имкониятҳои худ бо мақсади кӯмак ба волидайн ва дигар шахсоне, ки кӯдаконро тарбия мекунанд, дар амалӣ шудани ин ҳуқуқ тадбирҳои таъсирбахш меандешанд ва дар мавриди зарурат кӯмаки моддӣ расонида, барномаҳо, хусусан барномаҳои бо хӯроку либос ва манзил таъмин карданро дастгирӣ менамоянд.
  4. Давлатҳои аъзо барои барқарор намудани таъминоти парастории кӯдак аз ҷониби волидайн ё шахсони дигаре, ки чи дар дохили давлати узв ва чи дар хориҷа барои кӯдак масъулияти молиявӣ доранд, тамоми тадбирҳоро меандешанд. Аз ҷумла, агар шахси барои кӯдак масъулияти молиявӣ дошта ва кӯдак дар давлатҳои гуногун зиндагӣ кунанд, давлатҳои аъзо барои ҳамроҳ шудан ба созишномаҳои байналмилалӣ ё бастани чунин созишномаҳо ва ноил гардидан ба дигар аҳду паймонҳои дахлдор мусоидат менамоянд.

Моддаи 28

  1. Давлатҳои аъзо ба таҳсил ҳуқуқ доштани кӯдакро эътироф мекунанд ва бо мақсади тадраҷан дар асоси имкониятҳои баробар ноил шудан ба иҷрои ин ҳуқуқ онҳо, аз ҷумла:

а) таҳсили бепул ва ҳатмии ибтидоиро ҷорӣ менамоянд;

  1. b) рушди шаклҳои гуногуни маълумоти миёна, чи маълумоти умумӣ ва чи маълумоти касбиро ташвиқ намуда, онро барои ҳама кӯдакон дастрас мегардонанд ва тадбирҳои заруриро аз қабили ҷорӣ намудани таҳсили бепул ва дар мавриди зарурат расонидани кӯмаки молиявӣ меандешанд;

с) дастрасии маълумоти олиро барои ҳама дар асоси қобилияти ҳар кас ва бо ёрии ҳама гуна воситаҳои зарурӣ таъмин менамоянд;

  1. d) ба ҳар кӯдак дастрас будани иттилоот ва маводи соҳаи маориф ва тарбияи касбиро таъмин менамоянд;

е) дар бобати мусоидат ба мактабравии мунтазами хонандагон ва кам гардидани шумораи хонандагоне, ки мактабро тарк намудаанд, тадбирҳо меандешанд;

  1. Давлатҳои аъзо тамоми тадбирҳоро меандешанд, то ки ахлоқ дар мактаб бо ёрии усулҳое, ки эҳтироми шарафи инсонии кӯдаконро инъикос мекунанд ва мутобиқи ҳамин Конвентсия мебошанд, риоя карда шавад.
  2. Давлатҳои аъзо ҳамкории байналмилалиро дар масъалаҳои маориф, аз ҷумла барҳам додани ҷаҳолат ва бесаводӣ дар тамоми ҷаҳон ва сабук кардани дастрасии донишҳои илмию техникӣ ва тарзи муосири таълим дастгирӣ менамоянд ва ривоҷ медиҳанд. Бинобар ин бояд ба талаботи кишвархои рӯ ба инкишоф таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда шавад.

Моддаи 29

  1. Давлатҳои аъзо ба мувофиқа расиданд, ки таълими кӯдак бояд бо мақсадҳои зерин нигаронида шавад:

а) инкишофи шахсият, истеъдод, қобилияти фикрию ҷисмонии кӯдак дар шакли пурраи онҳо;

  1. b) тарбияи эҳтиром ба ҳукуқи инсон ва озодиҳои асосӣ, инчунин принсипҳое, ки дар Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид эълон шудаанд;

с) тарбияи эҳтиром ба волидайни кӯдак, беназирии фарҳанги ӯ, забон ва арзишҳои миллии кишваре, ки кӯдак дар он истиқомат мекунад, ба кишваре, ки ӯ дар он ба дунё омадааст, ба тамаддунҳое, ки аз тамаддуни ӯ тафовут доранд;

  1. d) дар рӯҳияи якдигарфаҳмӣ, сулҳ, таҳаммул, баробарҳуқуқии мардону занон ва дӯстии байни ҳамаи халқҳо, гурӯҳҳои нажодӣ, миллӣ ва динӣ, инчунин шахсони аз ҷумлаи мардуми таҳҷоӣ ба ҳаёти бошуурона дар ҷамъияти озод омода намудани кӯдак;

е) тарбияи эҳтиром ба муҳити зист.

  1. Ягон қисми ҳамин модда ё моддаи 28 чунин шарҳ дода намешавад, ки гӯё он озодии шахсон ё мақомоти ҷудогонаро дар мавриди таъсис додани муассисаҳои таълимӣ ва роҳбарӣ ба онҳо маҳдуд мекарда бошад, ба шарте ки принсипҳои дар банди 1 ин модда зикршуда пайваста риоя гашта, маълумоте, ки дар ин гуна таълимгоҳҳо дода мешаванд ба меъёрҳои ҳадди ақалле, ки давлат муқаррар карда метавонад, мувофиқат кунад.

Моддаи 30

Дар он давлатҳое, ки ақаллиятҳои этникӣ, мазҳабӣ ё забонӣ ва шахсони аз ҷумлаи аҳолии таҳҷоӣ мавҷуданд, кӯдаки ба ҳамин гуна ақаллият ё аҳолии таҳҷоӣ мансуббударо аз ҳуқуқи якҷоя бо дигар аъзои гурӯҳи худ аз фарҳанги худ истифода бурдан, дини хешро пайравӣ намудан, расму оинҳои онро ба ҷо овардан ва аз забони модарӣ истифода намудан маҳрум сохтан мумкин нест.

Моддаи 31

  1. Давлатҳои аъзо ҳуқуқи кӯдакро ба истироҳату фароғат, иштирок дар бозиҳо ва чорабиниҳои шавқангези ба синну солаш муносиб, озодона иштирок намудан дар ҳаёти фарҳангӣ ва машғул шудан ба санъат эътироф менамоянд.
  2. Давлатҳои аъзо ҳуқуқи кӯдакро барои иштироки ҳамаҷониба дар ҳаёти фарҳангӣ ва эҷодӣ эҳтиром ва ташвиқ намуда, кӯмак мерасонанд, ки ба ӯ барои фаъолияти фарҳангӣ ва эҷодӣ, фароғату истироҳат имкониятҳои мувофиқ ва баробар дода шаванд.

Моддаи 32

  1. Давлатҳои аъзо ҳуқуқи кӯдакро барои ҳимоя аз истисмори иқтисодӣ, иҷрои ҳама гуна коре, ки метавонад ба саломатии ӯ зиён дошта бошад ё барои маълумотгирии ӯ монеъ мешуда бошад ё ба саломатӣ, инкишофи ҷисмонӣ, фикрӣ, маънавӣ, ахлоқӣ ва иҷтимоии ӯ зарар мерасонида бошад, эътироф менамоянд.
  2. Давлатҳои аъзо бо мақсади таъмин намудани ҳамин модда тадбирҳои қонунгузорӣ, маъмурӣ ва иҷтимоӣ меандешанд, инчунин дар соҳаи маориф чорабиниҳо доир менамоянд. Бо дарназардошти ин мақсад давлатҳои аъзо мутобиқи муқаррароти дахлдори дигар ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ амал карда, аз ҷумла:

а) синни ҳадди ақал ё синҳои ҳадди ақалро барои қабули кӯдакон ба кор муқаррар менамоянд;

  1. b) талаботи зарурии давомнокии рӯзи кор ва шароити меҳнатро муайян мекунанд;

с) шаклҳои дахлдори ҷазо ё дигар муҷозотро барои таъмини иҷрои самарабахши ҳамин модда пешбинӣ менамоянд.

Моддаи 33

Давлатҳои аъзо барои ҳифз намудани кӯдакон аз истеъмоли ғайриқонунии маводи нашъа ва моддаҳои психотропӣ (фалаҷкунандаи асаб), тавре ки дар шартномаҳои дахлдори байналмилалӣ муайян гардидаанд ва роҳ надодан ба он, ки кӯдакон дар истеҳсоли ғайриқонунии чунин мавод ва савдои он истифода нагарданд, тамоми тадбирҳо, аз ҷумла тадбирҳои қонунгузорӣ, маъмурӣ ва иҷтимоӣ, инчунин тадбирҳои соҳаи маорифро меандешанд.

Моддаи 34

Давлатҳои аъзо ӯҳдадор мешаванд, ки кӯдаконро аз тамоми шаклҳои суиистофодаи ҷинсӣ ва беномусии шаҳвонӣ муҳофизат намоянд. Аз ҷумла бо ин мақсад давлатҳои аъзо дар сатҳи миллии дуҷониба ва бисёрҷониба барои пешгирии чунин амалҳо тадбирҳои зарурӣ меандешанд:

а) моил ё маҷбур кардани кӯдак ба ҳар гуна амалҳои ғайриқонунии шаҳвонӣ;

  1. b) бо мақсади суиистифода дар фоҳишагарӣ ё дар дигар амалҳои ғайриқонунии шаҳвонӣ истифода бурдани кӯдакон;

с) бо мақсади суиистифода дар порнография ва маводи порнографӣистифода бурдани  кӯдакон.

Моддаи 35

Давлатҳои аъзо дар сатҳи миллӣ, дуҷониба ва бисёрҷониба тамоми тадбирҳоро меандешанд, то ки дуздидани кӯдакон, хариду фурӯш ё қочоқи онҳо ба ҳар мақсад ва дар ҳар шакле, ки бошад, пешгирӣ карда шавад.

Моддаи 36

Давлатҳои аъзо кӯдаконро аз ҳама шаклҳои дигари суиистифода, ки ба ҳар ҷиҳати некӯаҳволии кӯдак зиён мерасонад, ҳимоя мекунанд.

Моддаи 37

Давлатҳои аъзо таъмин хоҳанд кард, ки:

а) ягон кӯдак таҳти шиканҷа ё дигар муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф қарор дода нашавад. На қатл, на ҳабси умрбодӣ, ки имконияти озод шуданро дар назар надорад барои ҷиноятҳои содирнамудаи шахсони ҷавонтар аз 18-сола набояд таъин карда шавад;

  1. b) ба ғайриқонунӣ ё худсарона аз озодӣ маҳрум кардани ягон кӯдак роҳ дода нашавад. Ҳабс, боздошт ё дар ҳабсхона ҷойгир кардани кӯдак мутобиқи қонун ва танҳо чун чораи ниҳоӣ ба муддати ҳарчи кӯтоҳтари давраи дахлдор истифода шавад;
  2. c) ба ҳар кӯдаки аз озодӣ маҳрумшуда муносибати инсондӯстона карда, дахлнопазирии шахсияти ӯ бо дарназардошти талаботи шахсони ҳамсинну соли ӯ эҳтиром карда шавад. Аз ҷумла ҳар кӯдаки аз озодӣ маҳрумкардашуда бояд аз калонсолон ҷудо карда шавад ва агар чунин шуморида нашавад, ки ин иқдом ба манфиати беҳтарини кӯдак раво нест, ба истиснои ҳолатҳои махсус кӯдак бояд ҳақ дошта бошад, ки аз тариқи мукотиба ва мулоқот бо оилаи худ алоқаашро давом диҳад;

е) ҳар кӯдаки аз озодӣ маҳрумкардашуда барои дастрасии фаврӣ ба ёрии ҳуқуқӣ ва дигар кӯмакҳои дахлдор, инчунин мавриди баҳс қарор додани қонунияти аз озодӣ маҳрум намудани ӯ дар назди суд ё дигар мақомоти салоҳиятдор, мустақил, беғараз ва барои аз ҷониби онҳо фавран қабул шудани қарорҳо нисбати ҳар гуна чунин амалҳои мурофиавӣ ҳуқуқ дорад.

Моддаи 38

  1. Давлатҳои аъзо ӯҳдадор мешаванд, ки меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии гуманитариро, ки дар сурати низоъҳои мусаллаҳона нисбати онҳо истифода мешаванд ва ба кӯдакон низ дахл доранд, эҳтиром менамоянд ва риояи онҳоро таъмин мекунанд.
  2. Давлатҳои аъзо барои таъмини он тамоми тадбирҳои имконпазирро меандешанд, ки шахсони ба синни 15 нарасида дар амалиёти ҷангӣ бевосита иштирок накунанд.
  3. Давлатҳои аъзо аз даъват кардани ҳар шахси ба синни 15 нарасида ба хизмат дар қувваҳои мусаллаҳи худ худдорӣ мекунанд. Ҳангоми аз ҷумлаи шахсони ба синни 15 расида, вале ҳанӯз ба синни 18 нарасида гирифтани аскари кироя таваҷҷӯҳи давлатҳои аъзо ба синни ҳарчи калонтар нигаронида мешавад.
  4. Давлатҳои аъзо мутобиқи ӯҳдадориҳои худ тибқи ҳуқуқи байналмилалии гуманитарии марбут ба ҳимояи аҳолӣ ҳангоми низоъҳои мусаллаҳона ӯҳдадор мешаванд бо мақсади таъмини ҳимоя ва нигоҳубини кӯдаконе, ки таҳти таъсири низои мусаллаҳона қарор мегиранд, тамоми тадбирҳои имконпазирро меандешанд.

Моддаи 39

Давлатҳои аъзо тамоми тадбирҳоро меандешанд, то ки ба барқарорсозии ҷисмонӣ, психологӣ ва ҳамгироии иҷтимоии кӯдаке, ки аз ҳама гуна шаклҳои беэътиноӣ, истисмор ё суиистифода, шиканҷа ё дигар муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф ё низоъҳои мусаллаҳона ҷабр дидааст, мусоидат намоянд. Чунин барқарорсозӣ ва ҳамгироӣ дар шароите бояд сурат гирад, ки саломатӣ, эҳтироми шахсӣ ва шаъну шарафи кӯдакро таъмин намояд.

Моддаи 40

  1. Давлатҳои аъзо ҳуқуқи ҳар кӯдакро, ки дар вайрон кардани қонунгузории ҷиноӣ айбдор ё гунаҳгор дониста мешавад, ба чунин муносибат эътироф мекунанд, ки ба рушди ҳисси шаъну шарафаш мусоидат намуда, дар ӯ эҳтиромро ба ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосии дигарон тақвият мебахшад ва зимнан синну соли кӯдак ва матлуб будани мусоидатро барои ҳамгироии кӯдак ба ҷомеа ва иҷрои нақши муҳими ӯ дар ҷомеа ба инобат мегиранд.
  2. Бо ин мақсад ва бо дарназардошти муқаррароти дахлдори ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ давлатҳои аъзо, аз ҷумла тадбирҳо меандешанд, то ки:

а) ягон кӯдак бо сабаби амал ё беамалие, ки ҳангоми содир намуданашон онҳо аз ҷониби ҳуқуқи миллӣ ё байналмилалӣ манъ нагардида буданд, вайронкунандаи қонунгузории ҷиноӣ, гунаҳгор ё ҷинояткор дар вайрон кардани он диниста нашавад;

  1. b) ҳар кӯдаке, ки вайронкунандаи қонунгузории ҷиноӣ ҳисобида мешавад ё барои вайрон кардани он гунаҳгор дониста мешавад бояд ақаллан чунин кафолатҳоро дошта бошад:
  2. i) эҳтимоли бегуноҳӣ, то вақте ки гуноҳ мувофиқи қонун исбот карда нашудааст;
  3. ii) бетаъхиру бевосита ва дар мавриди зарурат ба воситаи волидайн ё сарпарастони қонунӣ огоҳонидани кӯдак аз айбдоркунии ӯ ва ҳангоми тайёрӣ дидан ва шурӯъ кардан ба ҳимояи худ гирифтани ёрии ҳуқуқӣ ва кӯмаки дигари зарурӣ;

iii) мутобиқи қонун дар ҳузури адвокат ё шахси дигари дахлдор, ба шарте ки ин хилофи манфиати беҳтарини кӯдак набошад, аз ҷумла бо дарназардошти синну соли ӯ ё аҳволи волидайн ё худ сарпарастони қонунии кӯдак, дар ҷараёни мурофиаи одилона гӯш кардани ӯ ва аз рӯи масъалаи мавриди баррасӣ бетаъхир қарор қабул намудани мақомоти салоҳиятдор, мустақил ва беғараз ё суд;

  1. iv) озодӣ аз шоҳидии маҷбурии гувоҳӣ додан ё эътирофи гуноҳ; мустақилона ё бо ёрии каси дигар таҳлил кардани шаҳодати шоҳидони айбдоркунӣ ва таъмини иштироки баробарҳуқуқи шоҳидони ҳимоя дар мурофиа ва таҳлили шаҳодати онҳо;
  2. v) агар чунин шуморида шавад, ки ин кӯдак қонунгузории ҷиноиро риоя накардааст, мувофиқи қонун қарори дахдор ва ҳар тадбири вобаста ба ин қабулшударо такроран баррасӣ намудани мақоми болоии босалоҳият, мустақил ва беғараз ё суд;
  3. vi) кӯмаки бепули тарҷумон, агар кӯдак забони муҳокимаро надонад ё ба ин забон гап назанад;

vii) эҳтироми пурраи ҳаёти шахсии ӯ дар ҳамаи марҳалаҳои муҳокима.

  1. Давлатҳои аъзо саъю кӯшиш мекунанд пойдории қонунҳо, мурофиа, мақомоту муассисаҳои бевосита ба кӯдакон алоқамандро, ки қонунгузории ҷиноиро гӯё риоя накардаанд ва барои риоя нашудани он айбдор ё гунаҳгор дониста мешаванд, таъмин манамоянд ва аз ҷумла:

а) синну солеро, ки дар сурати аз ин син паст будан, кӯдакон ба вайрон кардани қонунгузории ҷиноӣ қодир нестанд, муқаррар намоянд;

  1. b) дар мавриди зарурат ва дилхоҳ нисбати чунин кӯдакон андешидани тадбирҳо бидуни истифодаи муҳокимаи судӣ, ба шарте ки ҳуқуқи инсон ва кафолатҳои ҳуқуқӣ пурра риоя карда шаванд.
  2. Амалӣ намудани чунин тадбирҳо, ба монанди нигоҳубин, таҳияи низомнома оид ба парасторӣ ва назорат, хизматрасонии машваратӣ, муқаррар намудани мӯҳлати озмоиш, тарбия, барномаи таълимӣ ва тарбияи касбию дигар шаклҳои нигоҳубин, ки бар ивази нигоҳубин дар муассисаҳои дахлдор бо мақсади таъмин намудани чунин муносибат бо кӯдак, ки ҷавобгӯи шароити моддии ӯ, инчунин аҳволи ӯ ва хислати ҷинояти содирнамудааш мутобиқ бошад, шарт ва зарур аст.

Моддаи 41

Дар ин Конвентсия ҳеҷ чиз муқарраротеро, ки ба амалӣ намудани ҳуқуқҳои кӯдак бештар мусоидат менамоянд ва метавонад дар санадҳои зерин мавҷуд бошад, халалдор намесозад: дар қонуни давлати узв; ё дар меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, ки нисбати ин давлат амал мекунанд.

Қисми II

Моддаи 42

Давлатҳои аъзо ӯҳдадоранд бо истифода аз воситаҳои зарурӣ ва амалӣ, чи калонсолон ва чи кӯдаконро аз принсипҳо ва муқаррароти Конвентсия ҳамаҷониба огоҳ созанд.

Моддаи 43

  1. Бо мақсади баррасии пешрафти давлатҳои аъзо дар мавриди иҷрои ӯҳдадориҳое, ки тибқи ҳамин Конвентсия қабул карда шудаанд, Кумитаи оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода мешавад, ки он вазифаҳои дар поён пешбинигардидаро иҷро менамояд.
  2. Кумита аз даҳ коршиноси дорои сифатҳои баланди ахлоқӣ ва салоҳияти эътирофгардида дар соҳае, ки ин Ковенсия фаро мегирад, иборат мебошад. Аъзои Кумитаро давлатҳои аъзо аз ҷумлаи шаҳрвандони худ интихоб мекунанд ва онҳо ба сифати шахсӣ баромад мекунанд, зимнан таваҷҷӯҳ ба тақсимоти одилонаи географӣ, инчунин системаҳои асосии ҳуқуқӣ зоҳир мегардад.
  3. Аъзои Кумита ба тариқи овоздиҳии пинҳонӣ аз ҷумлаи шахсони ба рӯйхат воридгардидае, ки давлатҳои аъзо пешбарӣ намудаанд, интихоб карда мешаванд. Ҳар як давлати узв метавонад як шахсро аз ҷумлаи шаҳрвандони худ пешбарӣ намояд.
  4. Интихоботи ибтидоӣ на дертар аз шаш моҳи баъди эътибор пайдо намудани ин Ковенсия ва минбаъд соле як маротиба доир карда мешаванд. Ақаллан чор моҳ пеш аз рӯзи гузаронидани ҳар як интихобот, Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид ба давлатҳои аъзо бо мактуб муроҷиат намуда, онҳоро даъват мекунад, ки номзадҳои худро дар мӯҳлати ду моҳ пешниҳод намоянд. Баъд Котиби Генералӣ рӯйхатеро таҳия менамояд, ки дар он бо тартиби алифбоӣ ҳамаи шахсоне, ки ҳамин тариқ пешбарӣ шудаанд, ворид гардидаанд ва дар он давлатҳои аъзое, ки онҳоро пешбарӣ кардаанд, нишон дода шудаанд ва ин рӯйхатро ба давлатҳои аъзо пешниҳод мекунад.
  5. Интихобот дар маҷлисҳои давлатҳои аъзои Конвентсия, ки Котиби Генералӣ дар муассисаҳои марказии Созмони Милали Муттаҳид даъват мекунад, доир карда мешаванд. Дар ин маҷлисҳо, ки дар он аз се ду ҳиссаи давлатҳои аъзо кворумро ташкил медиҳанд, шахсони ба Кумита интихобшуда он номзадҳое мебошанд, ки шумораи бештари овозҳо ва аксарияти овозҳои намояндагони ҳузурдошта ва дар овоздиҳӣ иштирокнамудаи давлатҳои аъзоро сазовор шудаанд.
  6. Аъзои Комиссия ба мӯҳлати чор сол интихоб мегарданд. Онҳо ҳақ доранд дар сурати такроран пешниҳод гардидани номзадиашон аз нав интихоб карда шаванд. Мӯҳлати ваколатҳои панҷ аъзои дар интихоботи аввал интихобгардида баъди ду сол ба анҷом мерасад; фавран пас аз интихоботи аввал номҳои ин нӯҳ аъзо дар асоси қуръа аз ҷониби раиси Кумита муайян карда мешаванд.
  7. Дар сурати фавтидан ё ба истеъфо баромадани ягон аъзои Кумита ва ё дар мавриди бо ягон сабаби дигар аз ӯҳдаи иҷрои вазифаҳои узви Кумита набаромадани касе давлати узве, ки ин узви Кумитаро пешбарӣ намудааст, аз ҷумлаи шаҳрвандони худ ба мӯҳлати боқимонда коршиноси дигарро таъин мекунад, ба шарте ки аз ҷониби Кумита маъқул дониста шавад.
  8. Кумита қоидаҳои тартиби расмиёти худро мукаррар мекунад.
  9. Кумита шахсони мансабдори худро ба мӯҳлати ду сол интихоб мекунад.
  10. Иҷлосияҳои Кумита одатан дар муасисаҳои марказии Созмони Милали Муттаҳид ё дар ҳар ҷои дигари мувофиқе, ки Кумита муайян менамояд, гузаронида мешаванд. Кумита маҷлисҳои худро одатан ҳар сол мегузаронад. Давомнокии иҷлоисияи Кумита дар маҷлиси машварати давлатҳои аъзои ин Конвентсия бо шарти маъқул донистан аз ҷониби Ассамблеяи Генералӣ муайян ва ҳангоми зарурат аз нав баррасӣ мегардад.
  11. Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид бо мақсади тибқи ҳамин Конвентсия самарабахш анҷом додани вазифаҳои худ кормандон ва маблағҳои зарурӣ ҷудо мекунад.
  12. Аъзои Кумитае, ки мувофиқи ҳамин Конвентсия таъсис ёфтааст, аз ҳисоби маблағҳои Созмони Милали Муттаҳид тибқи тартиб ва шартҳои мукаррарнамудаи Ассамблеяи Генералӣ мукофотонида мешаванд.

Моддаи 44

  1. Давлатҳои аъзо ӯҳдадор мешаванд, ки ба воситаи Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид ба Кумита оид ба тадбирҳое, ки ҷиҳати таҳким бахшидани ҳуқуқҳои дар ин Конвентсия эътирофшуда андешида шудаанд ва оид ба пешрафте, ки дар татбиқи ин ҳуқуқҳо ба даст омадааст, маърӯза пешниҳод намоянд:

а) дар давоми ду соли пас аз барои ин давлат эътибор пайдо намудани ин Конвентсия;

  1. b) минбаъд ҳар панҷ сол.
  2. Дар маърӯзаҳое, ки мутобиқи ин модда пешниҳод мегарданд, омилҳо ва мушкилоте, ки вуҷуд доранд ва ба сатҳи иҷрои ӯҳдарориҳо тибқи ин Конвентсия таъсир мерасонанд, нишон дода мешаванд. Маърӯзаҳо ҳамчунин дорои иттилооти кофӣ мебошанд, то ки ба Кумита дар дарки пурраи амали Конвентсия дар ин кишвар кӯмак расонанд.
  3. Ба давлати узве, ки ба Кумита маърӯзаи муфассали ибтидоиро пешниҳод намудааст, зарурате нест, ки дар маърӯзаҳои минбаъдаи худ, ки тибқи банди 1b ин модда пешниҳод мешаванд, иттилооти пештараи асосиро такроран пешниҳод намояд.
  4. Кумита метавонад аз давлати узв доир ба амалӣ гардидани ин Конвентсия маълумоти иловагӣ дархост намояд.
  5. Маърӯзаҳо оид ба фаъолияти Кумита ҳар ду сол як маротиба ба воситаи Шӯрои Иқтисодӣ ва Иҷтимоӣ ба Ассамблеяи Генералӣ пешниҳод карда мешаванд.
  6. Давлатҳои аъзо маърӯзаҳояшонро дар қаламрави худ ҳамаҷониба ба маълумоти умум мерасонанд.

Моддаи 45

Бо мақсади самарабахш амалӣ гардидани Конвентсия ва ташвиқ кардан ҳамкории байнналмилалӣ дар соҳаи фарогирандаи ин Конвентсия: муассисаҳои махсусгардонидашуда, Фонди кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид ва мақомоти дигари Созмони Милали Муттаҳид ҳуқуқ доранд дар муҳокимаи масъалаҳои оид ба иҷрои чунин нуктаҳои ҳамин Конвентсия, ки ваколатҳои онҳо ба ҳисоб мераванд, иштирок намоянд. Кумита метавонад ба муассисаҳои махсусгардонидашуда, Фонди кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид ва мақомоти дигари салоҳиятдор, агар инро зарур донад, пешниҳод намояд, ки хулосаи коршиносонро оид ба мавҷудияти Конвентсия дар соҳаҳои марбут ба ваколатҳои дахлдори онҳо пешниҳод кунад. Кумита метавонад ба муассисаҳои махсусгардонидашуда, Фонди кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид ва мақомоти дигари Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод намояд, ки дар бораи амалӣ намудани Конвентсия дар соҳаҳои марбут ба фаъолияташон маърӯзаҳои худро пешниҳод кунанд; Кумита, агар салоҳ донад, ҳар маърӯзаи давлатҳои аъзоро, ки дар онҳо хоҳиши додани маслиҳат ё расонидани кӯмаки техникӣ ва ё зарарат ба он, ҳамчунин фикру мулоҳизаҳои Кумита нисбати чунин хоҳиш ё дастур зикр гардидааст, ба муассисаҳои махсусгардонидашуда, Фонди кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид ва мақомоти дигари салоҳиятдор фиристад; Кумита метавонад ба Ассамблеяи Генералӣ тавсия намояд, ки он ба Котиби Генералӣ пешниҳод кунад, ки аз номи он ба тадқиқи масъалаҳои ҷудогонаи ҳуқуқи кӯдак шурӯъ намояд; Кумита метавонад пешниҳоду тавсияҳои хусусияти умумӣ доштаро пешкаш намояд, ки ба иттилооти моддаи 44 ва 45 ин Ковенсия асос ёфтаанд. Чунин пешниҳоду тавсияҳои умумӣ ба ҳар давлати манфиатдори узв фиристода шуда, дар қатори фикру мулоҳизаҳои давлатҳои аъзо дар Ассамблеяи Генералӣ баррасӣ мегарданд.

Қисми III

Моддаи 46

Ин Конвентсия барои имзо кардан аз тарафи ҳамаи давлатҳои боз мебошад.

Моддаи 47

Ин Конвентсия бояд тасдиқ карда шавад. Тасдиқномаҳо барои нигоҳдорӣ ба Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид супорида мешаванд.

Моддаи 48

Ин Конвентсия барои ҳамроҳшавии ҳамаи давлатҳо боз аст. Ҳуҷҷатҳои ҳамроҳшавӣ ба Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид барои нигоҳдорӣ супорида мешаванд.

Моддаи 49

  1. Ин Конвентсия дар рӯзи сиюми баъди барои нигоҳдорӣ ба Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид супорида шудани тасдиқнома ё ҳуҷҷати бистум дар хусуси ҳамроҳшавӣ, эътибор пайдо мекунад.
  2. Барои ҳар давлате, ки ин Конвентсияро тасдиқ мекунад ё ба он баъди барои нигоҳдорӣ супорида шудани тасдиқнома ё ҳуҷҷати бистум дар хусуси ҳамроҳшавӣ, ба он ҳамроҳ мешавад, ин Конвентсия дар рӯзи сиюми баъди санаи барои нигоҳдорӣ супорида шудани тасдиқнома ё ҳуҷҷат дар хусуси ҳамроҳшавии он давлат, эътибор пайдо мекунад.

Моддаи 50

  1. Ҳар давлати узви ин Консепсия метавонад ислоҳ пешниҳод кунад ва онро ба Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид ирсол намояд. Котиби Генералӣ баъди ислоҳи пешниҳодшударо ба давлатҳои аъзо ирсол намудан хоҳиш менамояд, ки ба ӯ хабар диҳанд, ки оё онҳо ҷонибдори даъвати конференсияи давлатҳои аъзо бо мақсади баррасии ин пешниҳод ва овоздиҳӣ оид ба он ҳастанд ё не. Агар дар давоми чор моҳ аз таърихи фиристода шудани чунин нома, ҳадди ақал аз се як ҳиссаи шумораи давлатҳои аъзо барои баргузории чунин конференсия овоз диҳанд, Котиби Генералӣ таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид конференсияро даъват мекунад. Ҳар ислоҳе, ки бо аксари овозҳои давлатҳои аъзои дар конференсия ҳозирбуда ва дар овоздиҳӣ иштирокдошта қабул мешавад, аз ҷониби Ассамблеяи Генералӣ барои тасдиқ пешниҳод карда мешавад.
  2. Ислоҳи тибқи банди 1 ҳамин модда қабулшуда баробари тасдиқи он аз ҷониби Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид ва қабул гардидани он аз ҷониби аз се ду ҳиссаи шумораи давлатҳои аъзо эътибор пайдо мекунад.
  3. Вақте ки ислоҳ эътибор пайдо мекунад, иҷрои он барои давлатҳои аъзое, ки онро қабул кардаанд, ҳатмӣ мегардад, барои дигар давлатҳои аъзо муқаррароти ин Консепсия ва ҳар ислоҳи қаблие, ки аз тарафи онҳо қабул шуда буданд, ҳатмӣ хоҳад буд.

Моддаи 51

  1. Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид матни ислоҳҳоеро, ки аз ҷониби давлатҳо ҳангоми тасдиқ ё ҳамроҳшавӣ пешниҳод гардидаанд, дастрас менамояд ва ба ҳамаи давлатҳо ирсол мекунад.
  2. Ислоҳе, ки хилофи мақсаду вазифаҳои ин Конвентсия бошад, пазируфта намешавад.
  3. Ислоҳҳоро ҳар вақт бо роҳи ба Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид фиристодани огоҳинома бекор кардан мумкин аст ва баъд Котиби Генералӣ дар ин бора ба ҳама давлатҳо хабар медиҳад. Чунин огоҳинома аз рӯзи онро гирифтани Котиби Генералӣ эътибор пайдо мекунад.

Моддаи 52

Ҳар давлати узв метавонад ин Конвентсияро аз тариқи огоҳиномаи хаттӣ фиристодан ба Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид бекор кунад. Бекор кардан баъди гузаштани як соли пас аз дар ин бора огоҳинома гирифтани Котиби Генералӣ эътибор пайдо мекунад.

Моддаи 53

Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид маҳфуздорандаи ин Конвентсия таъин карда мешавад.

Моддаи 54

Нусхаи асли ин Конвентсия, ки матнҳои англисӣ, арабӣ, испанӣ, русӣ ва франсавии он баробари асланд, барои нигоҳдорӣ ба Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид супурда мешавад. Ба тасдиқи ин намояндагони ваколатдори зерин, ки ҳукуматҳояшон ба онҳо ваколатҳои дахлдор додаанд, ин Конвентсияро имзо намуданд.

crescentofhearth.com