ОИННОМАИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД ҚИСМАТИ АЛОҲИДА

(Иқтибос)

(26-уми июни соли 1945 дар ҷаласаи ниҳоии Конфронси Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Сан-Франсиско ба имзо расида, 24-уми октябри соли 1945 эътибор пайдо кард.)

ФАСЛИ I. ҲАДАФҲО ВА ПРИНСИПҲО

Моддаи 1

Ҳадафҳои Созмони Милали Муттаҳид иборатанд аз:

Даст ёфтан ба ҳамкории байналмилалии барои ҳалли масъалаҳои байналмилалии дорои хусусиятҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ё инсонӣ ва пешбариву нигоҳдории эҳтиром ба ҳуқуқи башар ва ҳама гуна озодиҳои бунёдӣ бе тафовути нажодӣ, ҷинсӣ, забонӣ ё динӣ.

ФАСЛИ III. МАҚОМОТ (ОРГАНҲО)

Моддаи 8

СММ ба ҳаққи интихоби мард ё зан барои иштирок дар ягон вазифа ва таҳти шароитҳои баробар дар мақомоти (органҳои) асосӣ ва изофаи худ ҳеҷ гуна маҳдудияте эҷод намекунад.

ФАСЛИ IV. МАҶМАЪАИ УМУМӢ

Моддаи 13

  1. Маҷмаъаи умумӣ бо ҳадафҳои зерин омӯзишҳои лозимро анҷом дода, тавсияҳо медиҳад:
  2. мусоидат ба ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ, маориф ва тандурустӣ ва ёрӣ ҷиҳати амалӣ шудани ҳуқуқи башар ва озодиҳои бунёдӣ барои ҳама бе тафовути нажодӣ, ҷинсӣ, забонӣ ва динӣ.

ФАСЛИ Х. ШӮРОИ ИҚТИСОДӢ ВА ИҶТИМОӢ

Моддаи 62

  1. Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ваколатдор мешавад, ки пиромуни масъалаҳои байналмилалӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳанг, маориф ва тандурустӣ ва масъалаҳои вобаста ба онҳо пажӯҳиш анҷом диҳад ва гузориш таҳия кунад ва дар бораи ҳар кадом аз ин мавзӯъҳо ба Маҷмаъаи умумӣ, кишварҳои узви СММ ва дафтарҳои махсуси алоқаманд тавсияҳо кунад.
  2. Ин Шӯро ваколатдор мешавад ба манзури пешрафти эҳтиром ва риояти ҳуқуқи башар ва озодиҳои бунёдӣ барои ҳама тавсияҳо кунад.

Моддаи 68

Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ комиссияҳоеро дар соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ва пешбурди ҳуқуқи башар ва соҳаҳои дигар тибқи тақозои иҷрои вазифаҳои худ таъсис менамояд.

Моддаи 76

Вазифаҳои асосии системаи пуштибонӣ мутобиқи ҳадафҳои СММ дар моддаи 1 Оинномаи мазкур баён шудаанд ва иборатанд аз:

а. таҳкими сулҳ ва амнияти байналмилалӣ;

б. мусоидат кардан ба пешрафти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва омӯзишии сокинони сарзаминҳои таҳти пуштибонӣ ва тараққиёти прогрессивии онҳо аз тарноӣ идораи худ ё истиқлолият тибқи вижагиҳои ҳар сарзамин ва сокинони онҳо ва бо назардошти хоҳиши озодонаи ин халқҳо ва мутобиқи назардошти муқаррароти ҳар мувофиқатномаи пуштибонӣ;

в. ташвиқи эҳтиром ба хуқуқи башар ва озодиҳои бунёдӣ барои ҳама бидуни тафовутҳои нажодӣ, ҷинсӣ, забонӣ ё динӣ ва эътирофи вобастагии мутақобили халқҳои ҷаҳон;

crescentofhearth.com