ПРОТОКОЛИ ИЛОВАГӢ БА ПАЙМОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДОИР БА ҲУҚУҚҲОИ ФИТРӢ ВА СИЁСӢ
Бо қатъномаи 2200 А (ХХ1) Ассамблеяи Генералӣ 16 декабри соли 1966 қабул шудааст ва ҷиҳати имзо, тасвиб ва ҳамроҳ шудан боз аст.
Мутобиқи моддаи 9 аз 23 марти соли 1976 эътибор пайдо кардааст.
Давлатҳои ширкаткунандаи ҳамин Протокол, бо назардошти ин, ки ба хотири ноилшавии минбаъда ба мақсадҳои Паймон доир ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ (минбаъд "Паймон" номида мешавад) ва амалӣ намудани муқаррароти он мувофиқи мақсад хоҳад буд, ки ба Кумитаи ҳуқуқи башар (минбаъд "Кумита" номида мешавад), ки дар асоси қисми IV Паймон таъсис дода мешавад, чунон ки дар ҳамин Протокол пешбинӣ шудааст, имконияти қабул ва баррасӣ кардани маълумотро аз ашхоси алоҳида, ки ягон ҳуқуқи дар Паймон зикршудаи худро поймолшуда меҳисобанд, дода шавад, доир ба моддаҳои зерин ба мувофиқа расиданд:
Моддаи 1
Давлати ширкаткунандаи Паймон, ки ширкаткунандаи ҳамин Протокол мегардад, салоҳияти Кумитаро дар бобати қабул ва баррасӣ кардани маълумот аз ашхоси таҳти тобеияти ҳуқуқии он, ки ягон ҳуқуқи дар Паймон зикршудаи худро дар давлати ширкаткунанда поймолшуда меҳисобанд, эътироф мекунад. Кумита ягон маълумотеро, ки ба давлати ширкаткунандаи Паймон, вале ширкаткунандаи ҳамин Протокол набуда дахл дорад, қабул намекунад.
Моддаи 2
Дар сурати риояи муқаррароти моддаи 1 ашхосе, ки ягон ҳуқуқи дар Паймон зикршудаи худро поймолшуда меҳисобанд ва ҳамаи воситаҳои дохилии ҳимояи ҳуқуқиро то ба охир истифода кардаанд, метавонанд ба баррасии Кумита маълумоти хаттӣ пешниҳод намоянд.
Моддаи 3
Кумита метавонад ҳар маълумоти мутобиқи ҳамин Протокол пешниҳодшудаеро, ки бе муаллиф аст ё ба ақидаи вай, сӯиистифода аз ҳуқуқи пешниҳод кардани чунин маълумот аст ё мухолифи муқаррароти Паймон мебошад, қобили қабул нашуморад.
Моддаи 4
- Дар сурати риояи муқаррароти моддаи 3 Кумита ҳар маълумоти мувофиқи ҳамин Протокол ба вай пешниҳодшударо ба маълумоти давлати ширкаткунандаи ҳамин Протокол, ки тибқи маълумот, ягон муқаррароти Паймонро вайрон мекунад, мерасонад.
- Давлате, ки хабарномаро гирифтааст, дар давоми шаш моҳ ба Кумита шарҳ ё изҳороти хаттие пешниҳод мекунад, ки дар он ин масъала тафсир дода мешавад ва ҳар тадбире (агар андешида шуда бошад), ки метавонист аз тарафи ин давлат андешида шавад, зикр мегардад.
Моддаи 5
- Кумита маълумоти мутобиқи ҳамин Паймон гирифташударо бо назардошти ҳамаи далелҳои хаттие, ки ба вай аз тарафи шахси алоҳида ва давлати ширкаткунандаи манфиатдор пешниҳод шудаанд, баррасӣ мекунад.
- Кумита ягон маълумотро аз ашхос баррасӣ намекунад, агар итминон ҳосил накунад, ки:
- ҳамин масъала мутобиқи дигар расмиёти мурофиа ё танзими байналмилалӣ баррасӣ намегардад;
- ҳамин шахс ҳамаи воситаҳои имконпазири дохилии ҳимояи ҳуқуқиро то ба охир истифода накардааст. Ин қоида дар ҳолатҳое, ки истифодаи чунин воситаҳо беасос ба таъхир андохта мешавад, амал намекунад.
- Ҳангоми баррасии маълумоте, ки ҳамин Протокол пешбинӣ менамояд, Кумита ҷаласаҳои пӯшида доир мекунад.
- Кумита мулоҳизоти худро ба давлати ширкаткунанда ва шахси дахлдор хабар медиҳад.
Моддаи 6
Кумита ба маърӯзаи ҳарсолаи худ, ки дар моддаи 45 Паймон пешбинӣ шудааст, гузориши мухтасарро дар бораи фаъолияти худ мутобиқи ҳамин Протокол дохил мекунад.
Моддаи 7
Минбаъд то расидан ба мақсадҳои қатъномаи 1514 (XV), ки аз тарафи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид 14 декабри соли 1960 дар бобати Эъломия оид ба додани истиқлолият ба кишварҳо ва халқҳои истеъморӣ қабул шудааст, муқаррароти ҳамин Протокол ба ҳеҷ ваҷҳ ҳуқуқи пешниҳоди шикоятномаҳоро, ки ба ин халқҳо тавассути Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар Конвенсияҳои байналмилалӣ ва асноди Созмони Милали Муттаҳид ва муассисаҳои махсусгардонидашудаи он дода шудааст, маҳдуд намесозад.
Моддаи 8
- Ҳамин Протокол барои имзо аз ҷониби ҳар давлате, ки Паймонро имзо кардааст, боз аст.
- Ҳамин Протокол аз тарафи ҳар давлате, ки Паймонро ба тасвиб расонидааст ё ба он ҳамроҳ шудааст, ба тасвиб расонида мешавад.
Тасвибномаҳо барои нигоҳдорӣ ба ихтиёри Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид супорида мешаванд.
- Ҳамин Протокол барои ҳамроҳшавии ҳар давлате, ки Паймонро ба тасвиб расонидааст ё ба он ҳамроҳ шудааст, боз аст.
- Ҳамроҳ шудан бо роҳи барои нигоҳдорӣ ба ихтиёри Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид супоридани санад дар бораи ҳамроҳшавӣ сурат мегирад.
- Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид ҳамаи давлатҳои ба ҳамин Протокол имзогузошта ё ба он ҳамроҳшударо дар хусуси ба нигоҳдорӣ қабул шудани ҳар як тасвибнома ё санад дар бораи ҳамроҳшавӣ хабардор месозад.
Моддаи 9
- Дар сурати эътибор пайдо кардани Паймон ҳамин Протокол баъди се моҳ аз рӯзи ба ихтиёри Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид ба нигоҳдорӣ қабул шудани тасвибномаи даҳум ё санад дар бораи ҳамроҳшавӣ эътибор пайдо мекунад.
- Барои ҳар як давлате, ки ҳамин Протоколро ба тасвиб мерасонад ё ба он баъди ба нигоҳдорӣ қабул шудани тасвибномаи даҳум ё санад дар бораи ҳамроҳшавӣ ҳамроҳ мешавад, ҳамин Протокол баъди се моҳ аз рӯзи ба нигоҳдорӣ қабул шудани тасвибнома ё санад дар бораи ҳамроҳшавии худи он давлат эътибор пайдо мекунад.
Моддаи 10
Муқаррароти ҳамин Протокол ба тамоми қисмҳои давлатҳои федеративӣ бидуни ягон навъ маҳдудият ё истисно татбиқ мегарданд.
Моддаи 11
- Ҳар давлати ширкаткунандаи ҳамин Протокол метавонад ислоҳот пешниҳод кунад ва онҳоро ба Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид манзур намояд. Муншии умумӣ сипас ҳар ислоҳоти пешниҳодшударо ба давлатҳои ширкаткунандаи ҳамин Протокол ирсол мекунад ва хоҳиш менамояд ба ӯ хабар диҳанд, ки оё онҳо ҷонибдорӣ даъвати конференсияи давлатҳои ширкаткунанда бо мақсади баррасии ин пешниҳодот ва доир намудани овоздиҳӣ оид ба онҳо ҳастанд ё не. Агар ҳадди ақал аз се як қисми давлатҳои ширкаткунанда чунин конференсияро ҷонибдорӣ кунанд, Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид ин конференсияро таҳти васояти Созмони Милали Муттаҳид даъват мекунад. Ҳар ислоҳоте, ки бо аксари овозҳои давлатҳои ширкаткунандаи дар овоздиҳӣ дар ин конференсия ҳозирбуда ва ширкаткунанда қабул шудааст, барои тасдиқ ба Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод карда мешавад.
- Ислоҳот баъди аз тарафи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид тасдиқ шудани онҳо ва аз ҷониби аз се ду қисми давлатҳои ширкаткунандаи ҳамин Протокол мутобиқи расмиёти конститутсионии онҳо қабул гардиданашон эътибор пайдо мекунанд.
- Вақте ки ислоҳот эътибор пайдо мекунанд, иҷрои онҳо барои давлатҳои ширкаткунандае, ки онҳоро қабул кардаанд, ҳатмӣ мешавад ва барои дигар давлатҳои ширкаткунанда иҷрои муқаррароти ҳамин Протокол ва ҳамаи ислоҳоти қаблие, ки аз тарафи онҳо қабул шудаанд, ҳатмӣ боқӣ мемонад.
Моддаи 12
- Ҳар як давлати ширкаткунанда метавонад ҳар вақт ҳамин Протоколро бо роҳи фиристодани хабарномаи хаттӣ ба номи Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид бекор кунад. Бекор кардани ҳамин Протокол баъди се моҳ аз рӯзи аз тарафи Муншии умумӣ гирифта шудани ин хабарнома эътибор пайдо мекунад.
- Бекор кардан ба идома ёфтани истифодаи муқаррароти ҳамин Протокол дар мавриди ҳар маълумоте, ки мутобиқи моддаи 2 то рӯзи эътибор пайдо кардани бекоркунӣ пешниҳод шудааст, монеъ намегардад.
Моддаи 13
Сарфи назар аз хабарҳое, ки мувофиқи банди 5 моддаи 8 ҳамин Протокол анҷом дода мешаванд, Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид ҳамаи давлатҳоеро, ки дар банди 1 моддаи 48 Паймон сухан дар бораи онҳо меравад, доир ба нукоти зерин хабардор месозад:
- a) имзо кардан, ба тасвиб расонидан ва ҳамроҳ шудан мувофиқи моддаи 8;
- b) санаи эътибор пайдо кардани ҳамин Протокол мувофиқи моддаи 9 ва санаи эътибор пайдо кардани ҳама гуна ислоҳот мувофиқи моддаи 11;
- бекор кардан мувофиқи моддаи 12.
Моддаи 14
- Ҳамин Протокол, ки асли матнҳои англисӣ, испанӣ, хитоӣ, русӣ ва франсавии он бо ҳам баробар аст, бояд барои нигоҳдорӣ ба бойгонии Созмони Милали Муттаҳид супорида шавад.
- Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид нусхаҳои тасдиқшудаи ҳамин Протоколро ба ҳамаи давлатҳое, ки дар моддаи 48 Паймон зикр шудаанд, ирсол менамояд.