БАҲИСОБГИРИИ ДАВЛАТИИ ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ МАТБУОТИ ДАВРӢ ВА ДИГАР ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА

 

Моддаи 11. Баҳисобгирии давлатии воситаҳои ахбори омма

  1. Баҳисобгирии давлатии воситаҳои ахбори омма аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии баҳисобгирии воситаҳои ахбори омма сурат мегирад, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
  2. Баҳисобгирии давлатии воситаҳои ахбори омма бо мақсади пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии баҳисобгирии воситаҳои ахбори омма, таъмини шаффофияти фаъолият ва ҳифзи манфиатҳои онҳо гузаронида мешавад.
  3. Мақоми ваколатдори баҳисобгирии давлатии воситаҳои ахбори омма дастгирии давлатии онҳоро, новобаста аз шакли моликият ва шакли ташкилию ҳуқуқӣ, амалӣ мегардонад.
  4. Ариза барои баҳисобгирии давлатии воситаҳои ахбори омма аз ҷониби муассис ё шахси ваколатдори муассис пешниҳод шуда, дар муддати муқарраршуда баррасӣ мегардад. Барои баҳисобгирии давлатии воситаҳои ахбори омма ба андозаи муқарраршуда боҷи давлатӣ ситонида мешавад.
  5. Дар ариза дар бораи баҳисобгирии давлатии воситаҳои ахбори омма бояд нишон дода шаванд:

- маълумот дар бораи муассис;

- ном, забон (забонҳо) ва намуди воситаҳои ахбори омма;

- мақсад ва вазифаҳо;

- ихтисос;

- ҳудуди паҳншавӣ;

- даврият;

- манбаи маблағгузорӣ;

- макони ҷойгиршавии (суроғаи ҳуқуқии) воситаҳои ахбори омма ва редаксияи онҳо;

- теъдоди нашр;

- маълумот дар бораи он, ки муассис (муассисон) ва редаксияи воситаи ахбори омма дар дигар воситаҳои ахбори омма муассис, мудири ваколатдор, ношир, паҳнкунанда (бо нишон додани андозаи саҳми ҳар яки онҳо дар сармояи оинномавӣ) мебошанд.

  1. Ба ариза дар бораи баҳисобгирии давлатии воситаҳои ахбори омма нусхаҳои ҳуҷҷатҳои зерин замима карда мешаванд:

- шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ;

- иқтибос аз Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ;

- оинномаи воситаи ахбори омма.

  1. Агар воситаи ахбори омма ташкилоти ғайритиҷоратӣ бошад, инчунин муассиси воситаи ахбори оммаи тиҷоратӣ як шахси воқеӣ ва (ё) ҳуқуқӣ бошад, ба ариза замима кардани шартномаи таъсисӣ талаб карда намешавад.
  2. Дар ҳолати пас аз баҳисобгирии давлатии воситаҳои ахбори омма тағйир ёфтани маълумоти дар қисми 5 ҳамин модда зикргардида, воситаҳои ахбори омма бояд мутобиқи тартиби муқарраршуда аз расмияти азнавбаҳисобгирӣ гузаранд. Дар ҳолатҳои дигар муассис ё редаксияи воситаи ахбори омма ўҳдадор аст, ки дар муддати як моҳ мақоми ваколатдори давлатии баҳисобгирии воситаҳои ахбори оммаро дар бораи тағйироти мазкур ба таври хаттӣ хабар диҳад.
  3. Баҳисобгирии давлатии воситаҳои ахбори омма бо шаҳодатнома дар бораи баҳисобгирии давлатии воситаҳои ахбори омма тасдиқ карда мешавад.

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИОШУНАВОНӢ

Моддаи 11. Таъсисдиҳӣ ва бақайдгирии давлатии ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ

 

Бақайдгирии давлатии ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ, қайди баҳисобгирии намояндагӣ ва филиалҳои онҳо мувофики Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ" амалӣ карда мешавад.

 

КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 502. Риоя накардани тартиби баҳисобгирӣ, бақайдгирии давлатӣ ва мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барои аз ҷониби вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот риоя накардани тартиби баҳисобгирӣ, бақайдгирии давлатӣ ва мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

 ба шахсони мансабдор ба андозаи аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз чил то шаст нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.

 

Моддаи 504. Бидуни аз нав ба қайд гирифтан фаъолият намудани шахсони ҳуқуқӣ ё бе қайди баҳисобгирӣ фаъолият кардани намояндагӣ ва филиалҳои онҳо

Барои бидуни аз нав ба қайд гирифтан фаъолият намудани шахсони ҳуқуқӣ ё бе қайди баҳисобгирӣ фаъолият кардани намояндагӣ ва филиалҳои онҳо, ба шарте, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ" онро пешбинӣ намуда бошад,

ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.

crescentofhearth.com