БЕ ҚАЙДИ ҲИСОБ ПАҲН КАРДАНИ ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ МАТБУОТИ ДАВРӢ ВА ДИГАР ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА

 

Моддаи 12. Бе қайди баҳисобгирӣ паҳн кардани воситаҳои ахбори омма

  1. Мақомоти давлатӣ ҳуқуқ доранд, ки ҳуҷҷатҳои расмӣ ва буллетенҳои худро бе қайди баҳисобгирӣ интишор ва паҳн намоянд.
  2. Муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ ҳуқуқ доранд маводи ахборӣ ва ҳуҷҷатҳои барои фаъолияташон заруриро бе баҳисобгирии давлатӣ нашр ва паҳн намоянд. Ба ҳисоб гирифтани фаъолияти бо ёрии воситаҳои техникии чоп, аудио, аудиовизуалӣ омода кардани мавод, ки барои паҳн намудан таъин нашудаанд ё ҳамчун дастнавис нусхабардорӣ мешаванд, талаб карда намешавад.
  3. Ҳангоми бо теъдоди камтар аз сад нусха нашр гардидани маҳсулоти чопӣ баҳисобгирии давлатии воситаҳои ахбори омма талаб карда намешавад.

 

КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 509. Риоя накардани тартиби муқарраргардидаи ройгон фиристодани нусхаҳои назоратии матбуоти даврӣ ва маводи чопӣ

  1. Барои риоя накардани тартиби муқарраргардидаи ройгон фиристодани нусхаҳои назоратии матбуоти даврӣ ва маводи чопӣ аз ҷониби воситаҳои ахбори омма ва корхонаҳои полиграфӣ, ки чунин маводро нашр мекунанд,

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда,

ба андозаи аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.

crescentofhearth.com