БОЗДОШТ ВА ҚАТЪИ ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ МАТБУОТИ ДАВРӢ ВА ДИГАР ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА

 

Моддаи 11(1). Боздоштани фаъолияти воситаҳои ахбори омма

  1. Ҳангоми ошкор намудани ҳолатҳои аз тарафи воситаҳои ахбори омма содир шудани амалҳое, ки ба мақсадҳои оинномавиашон мухолифат мекунанд, мақоми ваколатдори баҳисобгирии давлатии воситаҳои ахбори омма ба муассиси (муассисони) ё редаксияи ин воситаҳои ахбори омма огоҳиномаи хаттӣ мефиристад ва мўҳлати бартараф кардани онҳоро муқаррар менамояд).
  2. Дар сурати аз ҷониби воситаҳои ахборм омма риоя иагардидани муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё прокурорҳои тобеи ў ба муассиси (муассисони) ё редаксияи воситаҳои ахбори омма дар бораи бартараф намудани қонунвайронкуниҳо амри хаттӣ фиристода, мўҳлати бартараф намудани онҳоро муқаррар менамояд.
  3. Агар дар мўҳлати муқарраршуда қонунвайронкуниҳое, ки асоси баровардани амри хаттӣ ё огоҳиномаи хаттӣ гаштаанд, бартараф карда нашаванд, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё прокурорҳои тобеи ў ва ё мақоми ваколатдори баҳисобгирии давлатии воситаҳои ахбори омма метавонанд ба суд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси боздоштани фаъолияти воситаҳои ахбори омма муроҷиат намоянд.
  4. Тартиби боздоштани фаъолияти воситаҳои ахбори оммаро дар давраи вазъияти фавқулода қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамоянд.

Моддаи 11(2). Қатъ гардидани фаъолияти воситаҳои ахбори омма

  1. Фаъолияти воситаҳои ахбори омма бо асосҳои зерин қатъ мегардад:

- бо қарори муассис;

- бо сабаби азнавташкилдиҳии (муттаҳид, ҳамроҳ, тақсим, табдил додан) воситаҳои ахбори омма;

- бо ҳалномаи суд.

  1. Фаъолияти воситаҳои ахбори омма, сарфи назар аз мавҷудияти баҳисобгирии давлатӣ бо ҳалномаи суд қатъ карда мешавад. Воситаи ахбори оммаи фаъолияташ қатъкардашуда бо номи дигар сабт шуда наметавонад.

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИОШУНАВОНӢ

Моддаи 13. Қатъ намудани фаъолияти ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ

Фаъолияти ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ бо қарори муассисон (шарикмуассисон) ё суд қатъ мегардад ва дар ин бора ба Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода мешавад.

crescentofhearth.com