ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ МАТБУОТИ ДАВРӢ ВА ДИГАР ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА

Моддаи 31. Ҳамкориҳои байналмилалӣ

Ҳамкориҳои байналмилалии редаксияҳои воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, амалӣ карда мешаванд.

Моддаи 32. Фаъолияти воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ ҳуқуқ доранд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намоянд. Ин фаъолият бо роҳи кушодани филиалҳо, намояндагиҳо ва ё аккредитатсияи журналистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
  2. Филиал ва намояндагиҳои воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ, инчунин агентҳои иттилоотии байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд ва ба ҳисоб гирифта мешаванд.
  3. Хабарнигорони хориҷиро Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида аккредитатсия менамояд ва аккредитатсияашонро бекор мекунад.

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИОШУНАВОНӢ

Моддаи 33. Ҳамкории байналмилалии ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ

Ҳамкориҳои байналмилалии ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, амалӣ карда мешаванд.

Моддаи 34. Фаъолияти намояндагони ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонии хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фаъолияти мухбирони хориҷии телевизион ва радиошунавонӣ аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Вазъи ҳуқуқӣ ва фаъолияти касбии намояндагони ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонии хориҷиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

crescentofhearth.com