ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ КОРМАНДОНИ ТАШКИЛОТҲОИ ДАВЛАТИИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИОШУНАВОНӢ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИОШУНАВОНӢ
Моддаи 31. Ҳифзи иҷтимоии кормандони ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонӣ
Кормандони ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми иҷрои вазифаи хидматии худ аз ҷониби давлат ҳимоя карда мешаванд.
Дар сурати ҳангоми иҷрои вазифаи хидматӣ ҳалок гаштани кормандони ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба оилаҳояшон ва ё меросхўронашон кўмакпулии яквақта дар ҳаҷми даҳ маоши солонаи шахси ҳалокшуда аз рўи вазифаи охирини хидматиаш дода мешавад. Ба меросхўрон ба андозаи маоши миёнаи қурбоншудагон нафақа барои маҳрум шудан аз саробон таъин мегардад.
Дар сурати ҳангоми иҷрои вазифаи хидматӣ маҷрўҳ шудани корманди ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ин васила имкони идома додани фаъолияти касбиашро аз даст додааст, ба вай кўмакпулии яквақта дар ҳаҷми панҷ музди солонаи кор аз рўи вазифаи охирини хидматии ў дода мешавад.
Агар корманди ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми иҷрои вазифаи хидматӣ ҷароҳати дигар бардошта бошад, ба ў кўмакпулии яквақта дар ҳаҷми панҷ маоши миёнаи якмоҳаашон дода мешавад.
Тартиби пардохти маблағҳои дар моддаи мазкур зикршударо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.