ҲИФЗИ САРЧАШМАИ АХБОР (ИТТИЛООТ)
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ МАТБУОТИ ДАВРӢ ВА ДИГАР ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА
Моддаи 27. Ҳифзи сарчашмаи ахбор (иттилоот)
- Журналист ва редаксияи воситаи ахбори омма барои фош кардани сарчашмаи иттилоъ ва ё маълумот ўҳдадор нестанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.
- Фош кардани сарчашмаи иттилоъ ва ё маълумот танҳо бо розигии соҳиби чунин иттилоъ ва ё маълумот ва ё дар асоси қарори суд мумкин аст.
- Иттилоъ ва ё маълумоти тибқи қарори суд фошшударо танҳо бо мақсадҳои дар қарори суд зикршуда истифода бурдан мумкин аст.