ҲИФЗИ ШАЪНУ ШАРАФ ВА ЭЪТИБОРИ КОРӢ

КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 42.

Дар Тоҷикистон ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд.

Надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад.

 

КОДЕКСИ МАДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 16. Товони зарари маънавӣ

Агар ба шахси воқеӣ дар натиҷаи амалҳои вайронкунандаи ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкиаш ё амалҳои суиқасдкунанда ба неъматҳои дигари ғайримолумулкиаш, инчунин дар ҳолатҳои дигари пешбининамудаи қонун зарари маънавӣ (азоби руҳӣ ё ҷисмонӣ) расонда шуда бошад, суд метавонад шахси вайронкардаро ба товони зарар уҳдадор кунад.


Моддаи 136. Намудҳои объектҳои ҳуқуқҳои маданӣ

  1. Объектҳои ҳуқуқҳои маданӣ метавонанд неъмату ҳуқуқҳои молумулкӣ ва шахсии ғайримолумулкӣ бошанд.
  2. Ба неъмату ҳуқуқҳои молумулкӣ (молу мулк) инҳо дохил мешаванд: ашё (пули нақд, аз ҷумла асъори хориҷӣ, коғазҳои қиматноки ҳуҷҷатӣ ва ғайра), натиҷаи кор ва хизматрасонӣ, иттилооти ҳифзшаванда, натиҷаҳои ҳифзшавандаи фаъолияти зеҳнӣ ва воситаҳои фардикунонӣ (моликияти зеҳнӣ), ҳуқуқҳои молумулкӣ ва молу мулки дигар, аз ҷумла воситаҳои пулии ғайринақдӣ ва коғазҳои қиматноки беҳуҷҷат.
  3. Ба неъмату ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкӣ инҳо дохил мешаванд: ҳаёт, саломатӣ, эътибори шахс, шаъну шараф, номи нек, эътибори корӣ, дахлнопазирии ҳаёти хусусӣ, сирри шахсӣ ва оилавӣ, ҳуқуқ ба ном, ҳуқуқи муаллифӣ, ҳуқуқи дахлнопазирии асар ва дигар неъмату ҳуқуқҳои ғайримолумулкӣ, ки қонун танзим менамояд.

Моддаи 166. Неъмат ва ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкӣ

  1. Неъматҳои ғайримолумулкӣ объекти ҳуқуқҳои маданӣ буда, мазмуни иқтисодӣ надоранд ва аз шахсият ҷудонопазир мебошанд. Ба неъматҳои ғайримолумулкӣ мансубанд: ҳаёт, саломатӣ, шаъну шараф, эътибори корӣ, ном ва дигар неъматҳое, ки муносибатҳои вобаста ба онҳоро қонунгузории маданӣ танзим мекунад.
  2. Ҳуқуқи шахсии ғайримолумулкӣ ҳуқуқи субъективӣ буда, нисбат ба неъматҳои ғайримолумулкӣ ба вуҷуд омада, мазмуни иқтисодӣ надошта, бо шахсияти инсон робитаи ногусастанӣ дошта, ба муайянсозӣ ва инкишофи фардият равона шуда, хусусиятҳои хоси бавуҷудоӣ ва қатъшавӣ дорад.
  3. Ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкӣ бо шахсияти шахси воқеӣ робитаи ногусастанӣ доранд. Шахси воқеӣ наметавонад аз ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкӣ даст кашад, инчунин аз ин ҳуқуқҳо маҳрум гардад.
  4. Ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкӣ ба шахси воқеӣ аз лаҳзаи таваллуд то вафот тааллуқ доранд, агар дар қонун тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.
  5. Номгӯйи неъмату ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкӣ маҳдуд набуда, дар ҳамин Кодекс ва қонунҳои дигар намудҳои дигари онҳо пешбинӣ шуда метавонанд.
  6. Муқаррарот доир ба неъмату ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкӣ мувофиқан ҳангоми ҳимояи ҳуқуқҳои шахсони ҳуқуқӣ низ истифода мешаванд, агар аз қонун ё моҳияти ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкӣ тартиби дигар барнаояд.

Моддаи 231. Рад намудани иттилооти беэътимод

  1. Ҳама гуна иттилооти манфии паҳнгашта дар бораи шахси воқеӣ иттилооти беэътимод дониста мешавад, агар ҳолати дигар исбот нашавад.
  2. Шахси воқеие, ки дар натиҷаи паҳн намудани иттилооти беэътимод дар бораи ӯ ва ё аъзои оилааш ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкиаш вайрон гардидаанд, ҳуқуқи ҷавоб гардонданро дорад ва метавонад рад намудани ин иттилоотро талаб кунад.
  3. Ҳуқуқ ба ҷавоб, инчунин рад намудани иттилооти беэътимод нисбат ба шахси вафоткарда ба хешовандони наздик ва шахсони дигари манфиатдор мансуб мебошад.
  4. Рад намудани иттилооти беэътимод аз ҷониби шахсе, ки онро паҳн намудааст, сурат мегирад. Агар шахси воқеӣ бинобар иҷрои уҳдадориҳои вазифавӣ иттилооти беэътимодро паҳн намуда бошад, паҳнкунандаи иттилоот шахси ҳуқуқии дахлдор дониста мешавад. Агар шахси паҳнкунандаи иттилооти беэътимод номаълум бошад, шахси манфиатдор метавонад ба суд оид ба муқаррар кардани ҳолати беэътимод будани иттилоот ва рад намудани он муроҷиат намояд.
  5. Агар иттилооти беэътимод дар ҳуҷҷатҳои шахси ҳуқуқӣ ҷойгир шуда бошад, ин ҳуҷҷат бояд бекор ё ислоҳ карда шавад.
  6. Шахси воқеие, ки ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкиаш дар воситаҳои ахбори омма вайрон шудааст, ҳуқуқи ҷавоб гардонданро дорад ва метавонад рад намудани иттилооти беэътимодро бо тартиби муайянкардаи қонун дар ҳамон воситаи ахбори омма талаб намояд. Агар ҷавоб ё раддия дар ҳамон воситаи ахбори омма бинобар қатъ шудани фаъолияти он имконнопазир бошад, ҷавоб ё раддия бояд дар дигар воситаи ахбори омма аз ҳисоби шахсе, ки ин иттилоотро паҳн кардааст, сурат гирад. Раддияи иттилооти беэътимод бо ҳамон тарзе, ки паҳн шуда буд, амалӣ карда мешавад.
  7. Тартиби раддияи иттилооти беэътимодро дар ҳолатҳои дигар суд муқаррар менамояд.
  8. Раддияи иттилооти беэътимод новобаста аз гуноҳи шахсе, ки онро паҳн кардааст, амалӣ карда мешавад.
  9. Шахсе, ки дар бораи ӯ иттилооти беэътимод паҳн шудааст, дар баробари ҷавоб ва раддия метавонад ҷуброни зарарро, ки дар натиҷаи паҳн кардани ин иттилоот расонда шудааст, талаб намояд.
  10. Меъёрҳои моддаи мазкур дар мавриди ҳимояи шаъну шараф ва эътибори кории шахси воқеӣ, инчунин мутобиқан ҳангоми ҳимояи эътибори кории шахси ҳуқуқӣ дар қисми раддияи иттилооти беэътимод, ҷавоб, беэътимод эътироф намудани иттилоот ва ҷуброни зиён низ татбиқ мешаванд.

Моддаи 243. Ҳуқуқ ба эҳтироми шаъну шараф ва эътибори корӣ

  1. Шахси воқеӣ ҳуқуқ ба эҳтироми шаъну шараф ва эътибори корӣ дорад.
  2. Шаъну шараф ва эътибори кории шахси воқеӣ дахлнопазиранд. Ба амалҳое, ки бевосита ва ё бавосита ба паст задани шаъну шараф равона шудаанд, роҳ дода намешавад.

 

КОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАТБУОТИ ДАВРӢ ВА ДИГАР ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА


Моддаи 19. Ҳуқуқ ба раддия

  1. Шахси воқеӣ ва (ё) ҳуқуқие, ки воситаи ахбори омма дар хусуси ў маълумоти бардурўғ ва ё маълумоти пастзанандаи шаъну шараф ё эътибори кориашро паҳн намудааст, ҳуқуқ дорад аз редаксияи он нашри раддияро талаб намояд.

Моддаи 29. Ўҳдадориҳои журналист

Журналист ўҳдадор аст:

- воситаҳои ахбори оммаро бо мақсади дахолат кардан ба ҳаёти шахсӣ, дидаву дониста нашр кардани хабару маводи бардурўғ, маълумотҳои тўҳмату таҳқиромез, ки шаъну шараф ва эътибори кории шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро паст мезананд, истифода набарад.

 

КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Моддаи 137. Таҳқири оммавии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё тўҳмат кардан ба ў

1) Таҳқири оммавии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё тўҳмат кардан ба ў,

бо ҷарима ба андозаи аз сад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё ба корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то як сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор бо истифодаи матбуот, дигар воситаҳои ахбори омма ё шабакаи интернет содир шуда бошад,

бо корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 137(1). Таҳқири оммавии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат ё тўҳмат кардан ба ў

1) Таҳқири оммавии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат ё тўҳмат кардан ба ў,

бо ҷарима ба андозаи аз сад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то як сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар бо истифодаи матбуот, дигар воситаҳои ахбори омма ё шабакаи интернет содир шуда бошад,

бо корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 330. Таҳқири намояндаи ҳокимият

1) Таҳқири оммавии намояндаи ҳокимият ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ё вобаста ба иҷрои онҳо, бо корҳои ҳатмӣ ба мўҳлати аз яксаду ҳаштод то дусаду чил соат ё бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати аз ду моҳ то як сол ҷазо дода мешавад.

2) Таҳқири намояндаи ҳокимият дар баромадҳои оммавӣ, асарҳои ба таври оммавӣ намоишдодашуда, воситаҳои ахбори омма ё дар шабакаи интернет,

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то як ҳазору панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 355. Беэҳтиромӣ нисбати суд

1) Беэҳтиромӣ нисбати суд, ки дар таҳқири иштирокчиёни мурофиаи судӣ ифода ёфтааст,

бо корҳои ҳатмӣ ба мўҳлати аз яксаду ҳаштод то дусаду чил соат ё бо ҷарима ба андозаи то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷазо дода мешавад.

2) Таҳқири судя, машваратчӣ ё шахси дигаре, ки дар татбиқи адолати судӣ иштирок менамояд,

бо корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мўҳлат ҷазо дода мешавад.

crescentofhearth.com