ҲОЛАТҲО ВА АСОСҲОИ ОЗОД КАРДАН АЗ ҶАВОБГАРӢ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ МАТБУОТИ ДАВРӢ ВА ДИГАР ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА
Моддаи 34. Ҳолатҳои озод кардан аз ҷавобгарӣ
Сармуҳаррир (муҳаррир) ва ҳамчунин журналист барои дар воситаҳои ахбори омма паҳн кардани маълумоте, ки ба воқеият мувофиқат намекунад, дар чунин ҳолатҳо аз ҷавобгарӣ озод карда мешаванд:
- агар ин маълумот дар нашрияҳои чопӣ ба табъ расида бошад;
- агар ин маълумот аз агентҳои иттилоотӣ ё хадамоти матбуоти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо гирифта шуда бошад;
- агар маълумот дар нутқҳои муаллиф, ки мустақиман ба мавҷ мераванд ва ё дар матнҳое дарҷ шуда бошад, ки мувофиқи Қонуни мазкур набояд таҳрир шаванд;
- агар маълумот дар суханрониҳои расмии шахсони мансабдори давлатӣ, аз ҷумла аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон айнан садо дода бошад.
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИОШУНАВОНӢ
Моддаи 36. Асосҳои аз ҷавобгарӣ озод намудан
Ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ, кормандони он барои паҳн намудани маълумоте, ки ба маълумоти воқеӣ мутобиқат надорад, дар ҳолатҳои зерин аз ҷавобгарӣ озод карда мешаванд:
- агар ин маълумот дар ахбори расмӣ интишор ёфта бошад;
- агар маълумот аз агентиҳои давлатӣ ё маркази матбуоти мақомоти давлатӣ ва мақомоти иттиҳодияҳои шаҳрвандон гирифта шуда бошад;
- агар маълумот ҳангоми пахши мустақим бар хилофи нияти муаллифон паҳн шуда бошад;
- агар ин маълумот тавассути васоити дигари ахбори омма нашр шуда бошад ва зимнан манбаи он зикр гардида бошад.