ҲУҚУҚ БА АКС
КОДЕКСИ МАДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 248. Ҳуқуқ ба сабти шахсӣ
- Сабтҳои шахсӣ (ҳуҷҷатҳо, аксҳо, дафтари хотира, дигар сабтҳо, маводи бойгонии шахсӣ ва ғайра) дахлнопазир буда, сарфи назар аз арзиши молумулкию ғайримолумулкӣ ҳифз карда мешаванд.
- Шинос шудан бо сабтҳои шахсӣ ва истифодаи онҳо танҳо бо иҷозати ҳуқуқдор сурат гирифта метавонад.
Моддаи 250. Ҳуқуқ ба тасвир
- Истифодаи тасвири шахси воқеӣ (аз ҷумла акси ӯ, асари санъати тасвирӣ, ки дар он шахс тасвир ёфтааст), ҳамчунин сабти видеоӣ, телевизионӣ ва ғайра танҳо бо розигии ӯ сурат гирифта метавонад.
- Ҳангоми сабти ошкоро дар кӯчаю хиёбонҳо, ҷаласаҳо, гирдиҳамоиҳо, конфронсҳо ва дигар чорабиниҳои дорои хусусияти оммавӣ розигии шахс дар назар дошта мешавад, ба истиснои ҳолате, ки тасвири шахс объекти асосии истифода мебошад.
- Сабти шахси воқеӣ бе розигии ӯ танҳо дар ҳолатҳои пешбиникардаи қонун иҷозат дода мешавад. Барои сабт дар биною иншоот, мағоза, роҳҳо ва ғайра, ки бо мақсади таъмини амният амалӣ мешавад, розигии шахси воқеӣ талаб карда намешавад, ба шарте маводи сабт ба шахсони дигар дастрас набошад ва дар хусуси сабт шахси воқеӣ аз навиштаҷот ва ё бо тартиби дигар огоҳ гардида бошад.
- Агар шахси воқеӣ барои тасвир ёфтан дар акс ва ё дигар асари санъат подош гирифта бошад, барои таҷдид, ба таври оммавӣ намоиш додан ва паҳн намудани он минбаъд розигии ӯ талаб карда намешавад.