ҲУҚУҚ БА ГИРИФТАНИ ИТТИЛООТ

КОДЕКСИ МАДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 247. Ҳуқуқ ба иттилоот

  1. Шахси воқеӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ҳуқуқи озодона ҷамъ овардан, нигоҳ доштан, истифода ва паҳн намудани иттилоотро дорад.
  2. Ҷамъ овардан, нигоҳ доштан, истифода ва паҳн намудани иттилоот дар бораи ҳаёти хусусӣ бе розигии шахси воқеӣ иҷозат дода намешавад, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонун.

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ИТТИЛООТ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

- иттилоот - маълумот дар бораи шахc, ашё, воқеаҳо, падидаҳо ва ҷараёнҳо сарфи назар аз шакли пешниҳоди онҳо;

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ИТТИЛООТОНӢ

Моддаи 3. Мафҳумҳои асосӣ

- иттилоот - маълумот дар бораи шасҳо, ашё, объект, воқеиёт, рўйдоду ҳодисот (падидаҳо) ва равандҳо сарфи назар аз шакли пешниҳоди онҳо;

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ИТТИЛООТИ ЭКОЛОГӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

- иттилоот - маълумот дар бораи шахсҳо, ашё, объект, воқеиёт, рўйдоду ҳодисот (падидаҳо) ва равандҳо, сарфи назар аз шакли пешниҳоди онҳо;

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ

иттилоот - маълумот дар бораи шахс, ашё, факту ҳодисаҳо, зуҳурот, равандҳо ва мулоҳизаҳо доир ба онҳо, сарфи назар аз шаклҳои манзур гардидаашон.

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ МАТБУОТИ ДАВРӢ ВА ДИГАР ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА

Моддаи 23. Ҳуқуқ ба гирифтани иттилоот

  1. Ҳар шахс ҳуқуқ дорад, ки тариқи воситаҳои ахбори омма дар бораи фаъолияти мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо иттилооти аниқ ба даст орад.
  2. Воситаҳои ахбори омма ҳуқуқи аз мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтани ахборро доранд. Мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо ба воситаҳои ахбори омма маълумоти зарурӣ дода, барои шинос шудан бо ҳуҷҷатҳо имконият фароҳам меоранд.
  3. Мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо вазифадоранд, ки ба воситаҳои ахбори омма маълумоти расмии зарурӣ ва ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии онҳо, ки омўзиши иловагиро талаб намекунанд, дар мўҳлати то се рўзи кории баъди муроҷиат ё нашр (пахш) гардидани маводи дахлдор, ҷавоб диҳанд. Аз ҷониби мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо иттилооти таъҷилӣ, ки аҳамияти ҷамъиятӣ дошта, ба номгўи маълумоти дорои сирри давлатӣ ва дигар маълумоте, ки бо қонун ҳифз карда мешавад, дохил нест ва омўзиши иловагиро талаб наменамояд, бе таъхир пешниҳод карда мешавад.
  4. Роҳбарони мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо вазифадоранд ба маводи танқидӣ ва таҳлилии вобаста ба фаъоляташон, ки омўзиши иловагиро талаб мекунанд, дар мўҳлати на бештар аз ду ҳафтаи баъди рўзи нашри (пахши) онҳо ба воситаи ахбори оммаи дахлдор ҷавоб диҳанд.
  5. Дар ҳолати аз додани маълумот саркашӣ намудани роҳбарони мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо, намояндаи воситаи ахбори омма ба мақомоти болоӣ ё тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд шикоят карда метавонад.

Моддаи 24. Радкунӣ ва таъхир дар пешниҳоди иттилоот

  1. Радкунии пешниҳоди иттилооти дархостшаванда дар мавриде имконпазир аст, ки он дорои маълумоти дар моддаи 6 Қонуни мазкур зикргардида бошад. Хабарнома дар бораи радкунӣ ба воситаи ахбори омма дар муддати се рўзи баъди гирифтани дархости хаттии иттилоот супорида мешавад.
  2. Таъхир дар пешниҳоди иттилооти дархостшаванда имконпазир аст, агар пешниҳоди маълумоти талабшаванда дар мўҳлати се рўз аз имкон берун бошад. Хабарнома оид ба таъхир ба дархосткунанда дар мўҳлати се рўз баъди гирифтани дархости хаттии иттилоот бо нишон додани сабаби таъхир ва мўҳлати пешниҳоди иттилоот супорида мешавад.
  3. Дар холати рад намудани пешниҳоди иттилоот, воситаи ахбори омма метавонад ба мақомоти болоӣ ё мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд муроҷиат намояд.

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИОШУНАВОНӢ

Моддаи 20. Ҳуқуқ ба дарёфти маълумот

Ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ, кормандони онҳо барои пешбурди фаъолияти хеш тибқи муқаррароти қонунгузории мавҷудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд, ки аз мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои шаҳрвандон, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо маълумоти заруриро гиранд. Шахсони мансабдор, ки ба ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ маълумот медиҳанд, барои ҳаққонӣ будани он ҷавобгаранд.

Баҳсҳо ба сабаби риоя карда нашудани талаботи ин модда аз ҷониби суд баррасӣ мегардад.

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ МУҚОВИМАТ БА ЭКСТРЕМИЗМ

Моддаи 17. Манъ ва ё маҳдуд кардани дастрасӣ ба иттилооти хусусияти экстремистидошта

  1. Ҳангоми дар шабакаи интернет ва шабакаҳои дигари телекоммуникатсионӣ ошкор намудани тарғиби экстремизм, аз ҷумла иттилооте, ки ба бетартибиҳои оммавӣ, иштирок дар чорабиниҳои оммавӣ, ки ба вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ меорад, ба амалигардонии фаъолияти дигари экстремистӣ даъват мекунад, дастрасӣ ба чунин иттилоот фавран қатъ ё маҳдуд карда мешавад.
  2. Қатъ ё маҳдуд кардани дастрасӣ ба иттилоот барои пешгирии таблиғоти экстремизм дар шабакаи интернет ва шабакаҳои дигари телекоммуникатсионӣ аз ҷониби Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъмин карда мешавад.

 

КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 83. Паҳн кардани маълумоти бардурўғ дар бораи номзад

Бо мақсади таъсир расонидан ба натиҷаи интихобот паҳн кардани маълумоти бардурўғ дар бораи номзад ба вакилӣ ё дигар мансаби интихобӣ бо роҳи нашр намудан ё дигар воситаҳо,

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист ва ба шахсони мансабдор аз сӣ то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.

Моддаи 87. Риоя накардани тартибу мўҳлати баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ

Барои ғайриқонунӣ рад намудани баррасии муроҷиатҳо, бидуни сабабҳои узрнок риоя накардани тартибу муҳлати баррасии онҳо, қабул кардани қарори беасос, ки боиси вайронкунии ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ гардидааст, ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят,

ба андозаи аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.

Моддаи 88. Саркашӣ аз пешниҳоди маълумот ба шаҳрванд

Барои саркашӣ аз додани маълумот ба шаҳрванд, ки бо тартиби муқарраргардида ҷамъоварӣ шудааст ва бевосита ба ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд дахл дорад ё саривақт надодани чунин маълумот, инчунин надодани дигар маълумот дар ҳолатҳои пешбиникардаи қонун ё ба шаҳрванд додани маълумоти нопурра ё нодуруст аз ҷониби шахси мансабдор ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят,

ба андозаи аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.

Моддаи 374(1). Паҳн намудани маълумоти бардурўғ бо истифодаи воситаҳои ахбори омма, интернет ё шабакаҳои дигари алоқаи барқӣ

Барои бо истифодаи воситаҳои ахбори омма, интернет ё шабакаҳои дигари алоқаи барқӣ паҳн намудани маълумоти баръало бардурўғ дар шароити пайдоиш ва паҳншавии беморие, ки барои инсон хавфнок аст, ё ин ки ҳангоми амалигардонии чорабиниҳои маҳдудкунандаи карантинӣ ва ё дар бораи тарзу усулҳои ҳифз ва чораҳои дигари вобаста ба таъмини амнияти аҳолӣ андешидашаванда, ки дар онҳо иттилооти аз ҳақиқат дур ҷой дорад,

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати аз даҳ то понздаҳ шабонарўз ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз як саду панҷоҳ то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.

 

КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 148. Радди додани маълумот ба шаҳрванд

Аз ҷониби шахси мансабдор радди ғайриқонунӣ ба шаҳрванд додани санад ё ҳуҷҷатҳое, ки бевосита ба ҳуқуқ ва озодиҳои ў дахл доранд ва мутобиқи тартиби муқарраршуда ҷамъоварӣ гардидаанд, инчунин додани маълумоти нопурра ё қасдан додани чунин маълумоти барғалат, агар он ба ҳуқуқ ва манфиатҳои ҳамин шаҳрванд зарар расонида бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз сесад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 163. Вайрон кардани қонунҳо оид ба муроҷиати шаҳрвандон

1) Радди ғайриқонунии баррасии муроҷиати шаҳрвандон, бидуни сабабҳои узрнок вайрон намудани мўҳлати баррасии арзу шикояти онҳо, қабули қарори беасос ва хилофи қонун, инчунин вайрон кардани қонунҳо оид ба муроҷиати шаҳрвандон, ки ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунан ҳифзшудаи шаҳрвандон, ҷамъият ё давлат зарари ҷиддӣ ворид намудааст,

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол бо маҳрум кардани аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

2) Таъқиби шаҳрванд аз ҷониби шахси мансабдор вобаста ба муроҷиати ў ба мақоми давлатӣ, корхона, ташкилоту муассиса ё иттиҳоди ҷамъиятӣ ё барои танқиди дар муроҷиаташ инъикосёфта, инчунин барои дар шакли дигар бо танқид баромад карданаш,

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазору панҷсад то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мўҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

crescentofhearth.com