ҲУҚУҚ БА НАВИШТАНИ ҶАВОБ ВА РАДДИЯ

КОДЕКСИ МАДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 231. Рад намудани иттилооти беэътимод

  1. Ҳама гуна иттилооти манфии паҳнгашта дар бораи шахси воқеӣ иттилооти беэътимод дониста мешавад, агар ҳолати дигар исбот нашавад.
  2. Шахси воқеие, ки дар натиҷаи паҳн намудани иттилооти беэътимод дар бораи ӯ ва ё аъзои оилааш ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкиаш вайрон гардидаанд, ҳуқуқи ҷавоб гардонданро дорад ва метавонад рад намудани ин иттилоотро талаб кунад.
  3. Ҳуқуқ ба ҷавоб, инчунин рад намудани иттилооти беэътимод нисбат ба шахси вафоткарда ба хешовандони наздик ва шахсони дигари манфиатдор мансуб мебошад.
  4. Рад намудани иттилооти беэътимод аз ҷониби шахсе, ки онро паҳн намудааст, сурат мегирад. Агар шахси воқеӣ бинобар иҷрои уҳдадориҳои вазифавӣ иттилооти беэътимодро паҳн намуда бошад, паҳнкунандаи иттилоот шахси ҳуқуқии дахлдор дониста мешавад. Агар шахси паҳнкунандаи иттилооти беэътимод номаълум бошад, шахси манфиатдор метавонад ба суд оид ба муқаррар кардани ҳолати беэътимод будани иттилоот ва рад намудани он муроҷиат намояд.
  5. Агар иттилооти беэътимод дар ҳуҷҷатҳои шахси ҳуқуқӣ ҷойгир шуда бошад, ин ҳуҷҷат бояд бекор ё ислоҳ карда шавад.
  6. Шахси воқеие, ки ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкиаш дар воситаҳои ахбори омма вайрон шудааст, ҳуқуқи ҷавоб гардонданро дорад ва метавонад рад намудани иттилооти беэътимодро бо тартиби муайянкардаи қонун дар ҳамон воситаи ахбори омма талаб намояд. Агар ҷавоб ё раддия дар ҳамон воситаи ахбори омма бинобар қатъ шудани фаъолияти он имконнопазир бошад, ҷавоб ё раддия бояд дар дигар воситаи ахбори омма аз ҳисоби шахсе, ки ин иттилоотро паҳн кардааст, сурат гирад. Раддияи иттилооти беэътимод бо ҳамон тарзе, ки паҳн шуда буд, амалӣ карда мешавад.
  7. Тартиби раддияи иттилооти беэътимодро дар ҳолатҳои дигар суд муқаррар менамояд.
  8. Раддияи иттилооти беэътимод новобаста аз гуноҳи шахсе, ки онро паҳн кардааст, амалӣ карда мешавад.
  9. Шахсе, ки дар бораи ӯ иттилооти беэътимод паҳн шудааст, дар баробари ҷавоб ва раддия метавонад ҷуброни зарарро, ки дар натиҷаи паҳн кардани ин иттилоот расонда шудааст, талаб намояд.
  10. Меъёрҳои моддаи мазкур дар мавриди ҳимояи шаъну шараф ва эътибори кории шахси воқеӣ, инчунин мутобиқан ҳангоми ҳимояи эътибори кории шахси ҳуқуқӣ дар қисми раддияи иттилооти беэътимод, ҷавоб, беэътимод эътироф намудани иттилоот ва ҷуброни зиён низ татбиқ мешаванд.

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ МАТБУОТИ ДАВРӢ ВА ДИГАР ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА

Моддаи 18. Ҳуқуқ ба навиштани ҷавоб

Шахси воқеӣ ва (ё) ҳуқуқие, ки воситаи ахбори омма дар хусуси ў маълумоти халалдоркунандаи ҳуқуқ ё манфиатҳои қонунан ҳифзшавандаашро нашр кардааст, ҳуқуқ дорад дар ҳамон воситаи ахбори омма ҷавоби худро нашр кунад. Ҷавоб баъди ба редаксияи воситаи ахбори омма расидан бояд на дертар аз шумораи навбатии он нашр карда шавад.

Моддаи 19. Ҳуқуқ ба раддия

  1. Шахси воқеӣ ва (ё) ҳуқуқие, ки воситаи ахбори омма дар хусуси ў маълумоти бардурўғ ва ё маълумоти пастзанандаи шаъну шараф ё эътибори кориашро паҳн намудааст, ҳуқуқ дорад аз редаксияи он нашри раддияро талаб намояд.
  2. Агар редаксияи воситаи ахбори омма дар бораи дуруст ва ба ҳақиқат мувофиқ будани маълумоти паҳннамудааш далел надошта бошад, вазифадор аст, ки дар худи ҳамон воситаи ахбори омма раддияро нашр намояд. Агар шахси воқеӣ ва (ё) ҳуқуқӣ матни раддияи худро пешниҳод карда бошад, дар мавриди ба талаботи қонунгузорӣ мувофиқ будани матни он, раддия дар воситаи ахбори омма нашр карда мешавад.
  3. Раддия ё ҷавоб бояд дар бахши махсус ва ё дар ҳамон саҳифа, бо ҳамон ҳуруфе чоп шавад, ки маълумоти радшаванда ба табъ расида буд. Ҳаҷми матни раддия набояд аз ҳаҷми маълумоти радшаванда зиёд бошад.

Моддаи 20. Асосҳои рад кардани раддия

Дар мавридҳои зерин редаксияи воситаи ахбори омма ўҳдадор аст, ки нашр намудани раддияро рад намояд:

- агар дар матни раддия суиистифода аз озодии сухан сурат гирифта бошад;

- агар раддия мухолифи қарори ба қувваи қонунӣ даромадаи суд бошад;

- агар раддия бе зикри насаб, ном, номи падар ва бе имзо бошад.

Моддаи 21. Баррасии ариза оид ба нашри раддия аз тарафи суд

Дар сурати аз тарафи воситаи ахбори омма рад кардани нашри раддия ва ё риоя накардани мўҳлати барои нашри чунин мавод муқарраршуда, шахси манфиатдор ҳуқуқ дорад дар муддати то як соли баъди нашри мақола ба суд муроҷиат намояд.

crescentofhearth.com