ҲУҚУҚ БА САЛОМАТӢ

КОДЕКСИ МАДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Моддаи 233. Ҳуқуқ ба саломатӣ

  1. Ҳар шахс ҳуқуқ ба саломатӣ ва ҳифзи онро дорад. Ҳифзи саломатӣ бо маҷмуи чораҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда мешавад.
  2. Мавриди озмоиши тиббӣ, илмӣ ва дигар намуди озмоишҳо қарор додани шахси ноболиғ манъ аст. Гузарондани озмоиши тиббӣ, илмӣ ва дигар намуди озмоишҳо нисбат ба шахси болиғи дорои қобилияти пурраи амалкунӣ танҳо бо розигии ӯ иҷозат дода мешавад.
  3. Тартиби безуриётсозӣ ва қатъи сунъии ҳамлро қонун муайян мекунад.

 

Моддаи 236. Ҳуқуқ ба иттилоот дар бораи вазъи саломатӣ

  1. Шахс ба гирифтани маълумоти зарурӣ оид ба вазъи саломатии худ ҳуқуқ дорад. Падару модар ва дигар намояндаи қонунӣ дар бораи вазъи саломатии кӯдак ё дигар шахсе, ки таҳти парасториашон мебошанд, ҳуқуқ ба иттилоот доранд.
  2. Шахси воқеӣ ба сирри вазъи саломатӣ, ҳолати муроҷиат ба ёрии тиббӣ, ташхис, инчунин маълумоте, ки ҳангоми муоинаи тиббӣ ба даст омадааст, ҳуқуқ дорад.
  3. Шахси воқеие, ки бинобар иҷрои уҳдадориҳои вазифавӣ ё аз дигар манбаъҳо дар бораи вазъи саломатии шахси дигар иттилоотро ба даст овардааст, уҳдадор аст аз паҳн намудани он худдорӣ намояд.
  4. Дар ҳолати марги шахси воқеӣ хешовандони наздик ё шахси дигари ваколатдорнамудаи онҳо ҳуқуқ доранд дар тадқиқи сабаби марг иштирок намуда, бо тамоми ҳуҷҷатҳои марбутаи он шинос шаванд, ҳамчунин хулосаҳо нисбат ба сабаби маргро дар суд мавриди баҳс қарор диҳанд.

 

КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 145. Ошкор намудани сирри тиббӣ

1) Ошкор намудани маълумот оид ба беморӣ ё дигар натиҷаҳои таҳқиқи тиббии бемор аз ҷониби корманди соҳаи тиб, дорусозӣ ё дигар корманд бидуни зарурати касбӣ ё хизматӣ,

бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишљоли мансабҳои муайян ё машљул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, ки дар фош кардани маълумот оид ба гирифтории шахс ба бемории вируси норасоии масунияти одам ифода меёбад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишљоли мансабҳои муайян ё машљул шудан бо фаъолияти муайян ба ҳамин мўҳлат ҷазо дода мешавад.

3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисми якум ё дуюми ҳамин модда, агар онҳо боиси оқибатҳои вазнин шуда бошанд,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишљоли мансабҳои муайян ё машљул шудан бо фаъолияти муайян ба ҳамин мўҳлат ҷазо дода мешаванд.

crescentofhearth.com