ҲУҚУҚ ВА ӮҲДАДОРИҲОИ ЖУРНАЛИСТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ МАТБУОТИ ДАВРӢ ВА ДИГАР ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА
Моддаи 28. Ҳуқуқҳои журналист
- Журналист ҳуқуқ дорад:
- ахборро ҷустуҷў, дастрас, таҳрир ва интишор намояд;
- вобаста ба иҷрои вазифаи журналистӣ бо шахсони мансабдор ҳамсўҳбат шавад;
- ҳама гуна далелро, аз ҷумла бо истифода аз воситаҳои техникии аудиовизуалӣ, асбобҳои кино ва аксбардор сабт намояд, ғайр аз мавридҳое, ки қонун манъ кардааст;
- бо нишон додани шаҳодатномаи журналистӣ дар маҳалҳои махсус муҳофизатшавандаи офатҳои табиӣ, садама, маҳалҳои бетартибӣ ва ҷойҳои ҷамъшавии шаҳрвандон, инчунин дар маҳалҳое, ки дар онҳо вазъи фавқулодда эълон шудааст, дар гирдиҳамоӣ ва роҳпаймоиҳо ҳузур дошта бошад;
- зимни санҷиши далелу ҳолатҳои вобаста ба маводи дастрасгардида ба мутахассисон муроҷиат намояд;
- аз навиштани маводи хилофи эътиқодаш даст кашад;
- иттилоот ва маводи омоданамудаашро бо номи худ ва ё номи шартӣ (тахаллус) интишор намояд;
- барои ройгон дастрас намудани иттилоот тавассути дархости журналистӣ вобаста ба иҷрои вазифаҳои касбӣ ба ҳуҷҷатҳои расмӣ дастрасӣ дошта бошад;
- аз зери ахборе, ки мазмуни он, ба фикри ў, дар рафти таҳрири редаксияи воситаи ахбори омма таҳриф шудааст, номашро гирад;
- оид ба нигоҳ доштани сирри муаллифӣ пешакӣ гуфтугў кунад.
- Журналист аз ҳуқуқҳои дигаре ҳам истифода мебарад, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.
Моддаи 29. Ўҳдадориҳои журналист
Журналист ўҳдадор аст:
- оинномаи фаъолияти редаксияи воситаҳои ахбори оммаро, ки бо вай муносибати меҳнатӣ дорад, риоя кунад, аз рўи нишондодҳои он амал намояд;
- саҳеҳияти ахбори гирифтаашро санҷад;
- пеш аз нашр маводи мусоҳибаи омодакардаашро бо сарчашмаи он мувофиқа намояд;
- хоҳиши шахсонеро, ки ахбор додаанд, дар бораи зикри муаллифиашон қонеъ кунонад, ба шарте ки, ин хабар бори аввал интишор мешуда бошад;
- иҷрои супоришеро, ки сармуҳаррир (муҳаррир) ё редаксияи воситаи ахбори омма додааст, рад намояд, ба шарте ки он мухолифи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад;
- ҳуқуқу озодиҳо, манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд, ҳуқуқ ва манфиати қонунии ташкилотҳоро эҳтиром кунад;
- ҳангоми иҷрои вазифаи касбӣ шаҳодатнома ва ё дигар ҳуҷҷате, ки мансубияти ўро ба воситаи ахбори омма тасдиқ менамояд, пешниҳод кунад;
- воситаҳои ахбори оммаро бо мақсади дахолат кардан ба ҳаёти шахсӣ, дидаву дониста нашр кардани хабару маводи бардурўғ, маълумотҳои тўҳмату таҳқиромез, ки шаъну шараф ва эътибори кории шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро паст мезананд, истифода набарад.