ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИ ДАР СОҲАИ ВАО
КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
БОБИ 21. ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ ДАР СОҲАИ ТЕЛЕВИЗИОН, РАДИОШУНАВОНӢ ВА ДИГАР ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА
Моддаи 369. Риоя накардани тартиби истифодаи каналҳои телевизион ва радиошунавонӣ
- Барои риоя накардани тартиби истифодаи шабакаи пахши барномаҳо, ба шахсони дигар додани шабакаи пахши барномаҳо (воситаҳои техникӣ, студия), ки иҷозатнома надоранд, ҳамчунин халал расонидан ба дигар ташкилотҳои пахшкунандаи барномаҳо,
ба андозаи аз сӣ то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
- Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда,
ба андозаи аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
Моддаи 370. Риоя накардани тартиби истифодаи барномаҳо ва маводи ташкилотҳои љайр
- Барои ба барномаҳои телевизион ва радио дохил кардани маводи ташкилотҳои љайр ва истеҳсолкунандагони берунаи маводи аудиовизуалӣ, ки иҷозатнома надоранд ва ҳамчунин худсарона пахш кардани барномаю гуфторҳои телевизион ва радиои хориҷӣ,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз бисту панҷ то сиюпанҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
- Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда,
ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
Моддаи 371. Риоя накардани қоидаҳои насб, сохтмони студияҳо ва истифодаи воситаҳои телевизиону радиошунавонӣ
Барои риоя накардани қоидаҳои насб, сохтмони студияҳо ва истифодаи воситаҳои телевизиону радиошунавонӣ, хориҷ шудани нишондодҳои сифатӣ (параметрҳо) аз меъёрҳо, стандартҳо, сертификатҳо, меъёрҳои байналмилалӣ, қоидаҳои истифодаи каналҳои телевизиону радиошунавонӣ, танаффусу таваққуфи техникӣ, ки дар нақшаи пахши барнома пешбинӣ нашудааст ва бе маълумоти мавҷпахшкунӣ ба эфир баромадан,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то понздаҳ ва ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
Моддаи 372. Иҷро накардани амрномаи мақомоти назорати давлатии соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ
Барои иҷро накардани амрномаи мақомоти назорати давлатии соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафт то даҳ, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
Моддаи 373. Риоя накардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи воситаҳои ахбори омма
- Барои паҳн кардани маҳсулоти воситаҳои ахбори омма, инчунин иттилоот ва маводи агентиҳои иттилоотӣ бидуни ба қайд гузоштан ё баъди қабули қарор дар бораи боздоштан, қатъ кардани интишори онҳо (дар эфир пахш кардан) ё беэътибор донистани шаҳодатномаи бақайдгирӣ,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад.
- Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз чилу панҷ то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сесад то чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад.
- Барои нашр ва паҳн кардани матбуоти даврии чопӣ, китоб ва маҳсулоти дигари чопӣ, ки дар онҳо муқаррароти қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз ҷумла стандарти китоб, ББК, ШБСК (ISBN), маълумоти нашр, рамзи нашриёт, аломати ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва љайра) риоя нашудааст,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз чил то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то як саду чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад.
Моддаи 374. Тайёр кардан, нигоҳ доштан, воридот, ҳамлу нақл ва паҳн кардани маҳсулоти мамнуи воситаҳои ахбори омма, дигар маҳсулоти чопии манъшуда дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Барои дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёр кардан, нигоҳ доштан, ворид кардан, ҳамлу нақл ва паҳн кардани маҳсулоти воситаҳои ахбори омма, дигар маҳсулоти чопӣ, ки дорои маълумот ва маводи таблиљотиву ташвиқотии зўран таљйир додани сохти конститутсионӣ, халалдор кардани тамомият ва мустақилияти давлат, заиф кардани амнияти давлат, ҷанг, барангехтани хусумати иҷтимоӣ, нажодпарастӣ, миллӣ ва мазҳабӣ, таблиљи бераҳмӣ, зўроварӣ ва фисқу фуҷур, ҳимояи терроризм ва экстремизм, паҳн кардани маълумоти дорои сирри давлатӣ, инчунин намоиши маҳсулоти видео ва синамо, ки дар онҳо фисқу фуҷур таблиљ мешавад, инчунин дигар маҳсулоти чопии манъшуда, ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафт то даҳ, ба шахсони мансабдор аз сию панҷ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё ҳабси маъмурӣ ба мўҳлати аз панҷ то даҳ шабонарўз ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сесаду панҷоҳ то чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад.
- Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то дувоздаҳ, ба шахсони мансабдор аз чилу панҷ то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё ҳабси маъмурӣ ба мўҳлати аз даҳ то понздаҳ шабонарўз ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз чорсаду панҷоҳ то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
Моддаи 374(1). Паҳн намудани маълумоти бардурўљ бо истифодаи воситаҳои ахбори омма, интернет ё шабакаҳои дигари алоқаи барқӣ
Барои бо истифодаи воситаҳои ахбори омма, интернет ё шабакаҳои дигари алоқаи барқӣ паҳн намудани маълумоти баръало бардурўљ дар шароити пайдоиш ва паҳншавии беморие, ки барои инсон хавфнок аст, ё ин ки ҳангоми амалигардонии чорабиниҳои маҳдудкунандаи карантинӣ ва ё дар бораи тарзу усулҳои ҳифз ва чораҳои дигари вобаста ба таъмини амнияти аҳолӣ андешидашаванда, ки дар онҳо иттилооти аз ҳақиқат дур ҷой дорад,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати аз даҳ то понздаҳ шабонарўз ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз як саду панҷоҳ то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.