ИҶОЗАТНОМАДИҲИИ ФАЪОЛИЯТИ СОҲАИ ТЕЛЕВИЗИОНУ РАДИО

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ НИЗОМИ ИҶОЗАТДИҲӢ

Моддаи 12. Муҳлати амали ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта

  1. Иҷозатномаҳо ва ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, ба истиснои иҷозатнома барои фаъолият оид ба истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ, ба муҳлати номаҳдуди амал дода мешаванд. Муҳлати амали иҷозатнома барои фаъолият оид ба истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
  2. Муҳлати амали иҷозатнома ва ҳуҷҷати иҷозатдиҳии дорои амали якдафъаина аз лаҳзаи анҷом додани фаъолият ва ё амали якдафъаинаи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба охир мерасад.
  3. Муҳлати амали иҷозатнома ва ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ бо асосҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур қатъ мегардад.
  4. Санадҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ, огоҳиномаҳо хусусияти якдафъаина дошта, бемуҳлат мебошанд.

 

Феҳристи

ягонаи давлатии иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ,

санадҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ, огоҳиномаҳои гирифташаванда

 

                                                     ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ               

                                          

Андозаи хироҷи иҷозатномадиҳӣ

(бо нишондиҳанда барои ҳисобҳо)

Намуди фаъолият ва амалҳои  

иҷозатномашаванда

Зернамудҳои фаъолият

ва амалҳои  иҷозатномашаванда

хироҷ барои

баррасии ариза

хироҷи яккарата барои

додани иҷозатнома

хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои

нигоҳ доштани эътибори иҷозатнома

 16. МАҚОМИ ВАКОЛАТДОРИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО

48. Фаъолият дар соҳаи телевизион, радио, истеҳсол ва фурўши маҳсулоти аудиовизуалӣ

- фаъолият дар соҳаи телевизион

4 (чор)

2 (ду)

2 (ду)

- фаъолият дар соҳаи радио

4 (чор)

2 (ду)

2 (ду)

- фаъолият дар соҳаи истеҳсол ва фурўши маҳсулоти аудиовизуалӣ

4 (чор)

2 (ду)

2 (ду)

- фаъолият оид ба фурўши маҳсулоти аудиовизуалӣ

4 (чор)

2 (ду)

2 (ду)

69. Фаъолият дар соҳаи алоқаи барқии умумӣ

- фаъолият оид ба хизматҳо ҷиҳати истеҳсол, сохтан ва насби шабакаҳо, системаҳо ва дастгоҳҳои алоқаи барқӣ, радиоалоқа, радио ва телевизион

10 (даҳ)

10 (даҳ)

 

70. Фаъолият дар соҳаи алоқаи барқии инфиродӣ

- фаъолият оид ба хизматҳо ҷиҳати ба истифода додани шабакаҳои пахши барномаҳои телевизион ва радио

10 (даҳ)

10 (даҳ)

 

Эзоҳ:  1. Ба истиснои ҳолатҳое, ки ин фаъолият барои таъмини эҳтиёҷоти худи субъекти хоҷагидор анҷом дода шавад.

  1. Ба истиснои ҳолатҳое, ки ин фаъолият барои таъмини эҳтиёҷоти худи субъекти хоҷагидор ва набаромадан ба роҳи оҳани истифодаи умум анҷом дода шавад.
  2. Ба истиснои сохтмони манзили истиқоматии шахсӣ барои эҳтиёҷоти худ.
  3. Ба истиснои соҳибкори инфиродӣ, ки бе ҷалби корманди кироя ба фаъолияти таълимӣ машғул мешавад.
  4. Барои истифодаи иҷозатнома дар соҳаи алоқаи барқии умумӣ ба андозаи 10 (даҳ) дарсад аз фоидаи фаъолияти иҷозатномашавандаи иҷозатномадор хироҷи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори иҷозатнома ситонида мешавад.
  5. Барои истифодаи иҷозатнома дар соҳаи алоқаи барқии инфиродӣ ба андозаи 10 (даҳ) дарсад аз фоидаи фаъолияти иҷозатномашавандаи иҷозатномадор хироҷи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори иҷозатнома ситонида мешавад.

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИОШУНАВОНӢ

Моддаи 12. Иҷозатномадиҳии фаъолияти соҳаи телевизиону радио

Иҷозатномадиҳӣ ба ташкилот барои фаъолият дар соҳаи телевизиону радио мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" амалӣ карда мешавад.

Моддаи 14. Оғози нашри барномаҳо

Ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ ҳақ дорад, ки нашри барномаҳоро аз вақти гирифтани иҷозатнома (литсензия) оғоз намояд.

Соҳиби воситаҳои техникии пахш ё ташкилоти истифодабарандаи онҳо ҳақ надорад ин воситаҳоро ба ихтиёри ташкилотҳои телевизион ва радиошунавоние вогузорад, ки онҳо иҷозатнома (литсензия) надоранд.

Ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ пахши барномаҳоро тавассути воситаҳои техникии худӣ ё иҷорагирифта амалӣ мегардонанд.

Соҳиби иҷозатнома (литсензия) ҳақ надорад шабакаи пахши барномаро ба шахсони дигар иҷора диҳад, ҳамчунин барномаҳоро берун аз ҳудуди дар иҷозатнома (литсензия) зикршуда паҳн намояд.

Моддаи 16. Ҳуқуқ ва тартиби истифодаи шабакаҳои нашр

Тартиби истифодаи шабакаҳои нашри барномаҳои телевизион ва радиошунавониро Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян месозад.

Ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ баъди гирифтани иҷозатнома (литсензия) ҳуқуқ доранд, ки аз мавҷҳои барои пахши барномаҳо муайян гардида истифода намоянд, ҳамчунин воситаҳои техникии пахши барномаҳоро тибқи қарордод бо соҳибонашон моликӣ, ихтиёрдорӣ ва истифода кунанд.

 

КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 510. Бе ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва иҷозатнома амалӣ намудани фаъолияте, ки ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномаро талаб менамояд

  1. Барои бе ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ амалӣ намудани фаъолияте, ки ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро талаб менамояд,

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, ба андозаи аз понздаҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз панҷоҳ то шаст ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.

  1. Барои бе иҷозатнома амалӣ намудани фаъолияте, ки иҷозатномаро талаб менамояд,

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, ба андозаи аз бист то сӣ, ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз шаст то сад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё бидуни он ҷарима таъин карда мешавад.

Моддаи 511. Риоя накардани талабот ва шартҳои иҷозатнома ё қоидаҳои иҷрои намуди муайяни фаъолият

  1. Барои аз ҷониби иҷозатномадор риоя накардани талабот ва шартҳои иҷозатнома,

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо боздоштани амали иҷозатнома ба мўҳлати то се моҳ, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима бо боздоштани амали иҷозатнома ба мўҳлати аз се то шаш моҳ ҷазо таъин карда мешавад.

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда,

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то дувоздаҳ, ба шахсони мансабдор аз сию панҷ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусаду панҷоҳ то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё маҳрум кардан аз иҷозатнома ҷазо таъин карда мешавад.

Моддаи 512. Риоя накардани тартиби додани иҷозатнома

  1. Барои аз тарафи шахсони мансабдори мақомоти ваколатдори иҷозатномадиҳанда риоя накардани тартиби додани иҷозатномаи машљул шудан ба намудҳои муайяни фаъолият, ки бояд барои он иҷозатнома гирифта шавад,

ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.

  1. Барои љайриқонунӣ рад кардан ё ба таъхир гузоштани додани иҷозатнома, ё тамдиди мўҳлат ва ё аз нав барқарор намудани амали иҷозатнома, инчунин талаби љайриқонунии пешниҳоди ҳуҷҷатҳо,

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.

Моддаи 527(3). Риоя накардани расмиёти додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва (ё) мўҳлати амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ҳангоми додани иҷозат

  1. Барои риоя накардани расмиёти додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва (ё) ҳангоми додани иҷозат риоя накардани мўҳлати амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ,

ба шахси мансабдор ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми 1 ҳамин модда пешбинишуда,

ба андозаи аз ҳафт то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.

Моддаи 527(4). Риоя накардани талаботи қоидаҳои пешбурди феҳристи ягонаи давлатии электронии ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва (ё) қоидаҳои пешбурди феҳристи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ

  1. Барои риоя накардани талаботи қоидаҳои пешбурди феҳристи ягонаи давлатии электронии ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва (ё) қоидаҳои пешбурди феҳристи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ,

ба шахси мансабдор ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми 1 ҳамин модда пешбинишуда,

ба андозаи аз ҳафт то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.

crescentofhearth.com