ИСТИФОДАИ ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ДАР ДАВРАИ МАЪРАКАҲОИ ИНТИХОБОТӢ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ КОМИССИЯИ МАРКАЗИИ ИНТИХОБОТ ВА РАЪЙПУРСИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 4. Ошкорбаёнӣ дар фаъолияти Комиссия

  1. Комиссия фаъолияти худро ба таври шаффоф амаль менамояд. Ҷаласаҳои Комиссия ошкоро гузаронида шуда, барои аҳли ҷомеа ва воситаҳои ахбори омма дастрас мебошанд.
  2. Комиссия дар бораи ҳайат ва қароргоҳи худ, ҷаласаҳо ва қарорҳои дар онҳо қабулгардида, инчунин чорабиниҳое, ки мегузаронад, дар воситаҳои ахбори омма иттилоъ медиҳад.

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИОШУНАВОНӢ

Моддаи 22. Истифодаи телевизион ва радиошунавонӣ дар давраи маъракаҳои интихоботӣ

Тартиби истифодаи телевизион ва радиошунавониро дар давраи маъракаҳои интихоботӣ Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ тибқи қонунгузории мавҷудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

 

crescentofhearth.com