ҚАРОРГОҲҲОИ МУХБИРОН ВА НАМОЯНДАГИИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИОШУНАВОНӢ
Моддаи 25. Қароргоҳҳои мухбирон
Ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ ҳақ доранд тибқи муқаррарот дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи он қароргоҳҳои мухбирон таъсис диҳанд, ки ин қароргоҳҳо воҳидҳои сохтории (филиали) ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ буда, манфиатҳои онро пуштибонӣ мекунанд.
Моддаи 26. Намояндагӣ
Ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ ҳақ доранд, ки дар назди мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои шаҳрвандон ҳайатҳои эҷодӣ ва кормандони алоҳидаро намоянда таъин намоянд. Тартиби намоянда таъин кардани ҳайатҳои эҷодӣ ва кормандони алоҳидаи ташкилотҳои телевизион ва радиошунавониро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.