МАБЛАҒГУЗОРИИ ТАШКИЛОТҲОИ ДАВЛАТИИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИОШУНАВОНӢ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИОШУНАВОНӢ
Моддаи 32. Маблағгузории ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонӣ
Ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешаванд.
Манбаъҳои даромади иловагии ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонӣ ҳамчунин инҳо буда метавонанд:
- пардохти ҳаққи абонентӣ;
- фаъолияти рекламавӣ ва тиҷоратӣ;
- барномаҳои фармоиши телевизион ва радио;
- таҳия ва истеҳсоли барномаҳои телевизиону радио ва видеофилмҳо;
- нашри рўзнома, маҷалла, бюллетенҳои иттилоотӣ ва китобҳо;
- истеҳсол, фурўш ва кирояи (прокати) кассетаҳои сабти овозу тасвир (Қо;
- ташкили спектаклҳо, консертҳо ва дигар чорабиниҳои намоишии пулакӣ;
- фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва навъҳои дигари фаъолият, ки қонун пешбинӣ кардааст;
- маблағҳои спонсорҳо, мақомоти давлатӣ, фондҳои хайрия ва фондҳои дигари ҷамъиятӣ, ҳамчунин шаҳрвандони алоҳида.