МАҲФУЗ ДОШТАНИ НУСХАҲОИ АХБОРИ ПАҲНШУДА
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ МАТБУОТИ ДАВРӢ ВА ДИГАР ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА
Моддаи 17. Маҳфуз доштани нусхаҳои ахбори паҳншуда
Редаксияи воситаи ахбори омма, ношир ва матбаа дастхатҳо ва нусхаҳои ба табъ расидаро бояд баъди интишор дар мўҳлати на камтар аз як сол маҳфуз доранд.
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИОШУНАВОНӢ
Моддаи 27. Нигаҳдории барномаҳои телевизион ва радио
Ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ ўҳдадоранд, ки сабти аудио ва видеои барномаҳоро баъд аз интишорашон то як моҳ маҳфуз доранд ва онҳоро ба қайд гирифта, дар он мавзўъ, мазмуни мухтасар, рўзи интишор, вақти оғозу анҷоми он, ному насаби муаллифон, муҳаррири барномаи телевизион ва радиоро зикр намоянд.
Тартиб, мўҳлат ва шартҳои муддати зиёд нигоҳ доштани барномаҳои телевизион ва радиоро, ки қадру қимати бадеӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва қадру қиммати дигар доранд, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.