МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ ВОСИТАИ АХБОРИ ОММА
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ МАТБУОТИ ДАВРӢ ВА ДИГАР ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА
Моддаи 15. Маълумот дар бораи воситаи ахбори омма
- Ҳар як шумораи воситаи ахбори омма бояд дорои маълумоти зерин бошад:
- номи воситаи ахбори омма;
- номи муассиси (муассисони) воситаи ахбори омма;
- насаб, ном ва номи падари сармуҳаррир (муҳаррир);
- рақами тартибии шумора ва санаи нашр, барои рўзнома - ҳамчунин рўзи ба нашр имзо шуданаш;
- индекс барои воситаҳои ахбори оммаи даврии чопие, ки тавассути ташкилотҳои алоқа паҳн карда мешаванд;
- теъдоди нашр;
- нарх (дар мавриди бо нархи тиҷоратӣ фурўхта шудани нашрия) ё худ нишони "нархаш озод" ё "ройгон";
- нишонии воситаи ахбори омма, ношир, матбаа;
- рақами шаҳодатномаи баҳисобгирии давлатӣ ва номи мақоме, ки онро додааст.
- Ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ ҳангоми оғози ҳар як барнома ва дар мавриди муттасил намоиш додан ва шунавонидани барнома бояд ҳар шабонарўз камаш чур маротиба номи идораи телевизион ва радиоро эълон намоянд.
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИОШУНАВОНӢ
Моддаи 15. Нишонаҳои нашр
Ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ вазифадор аст, ки ҳар рўз ном ва дигар маълумотҳои рамзии худ (сароҳанг, нишона)-ро эълон намояд.