МАЪЛУМОТ ДОРОИ СИРРИ ДАВЛАТӢ

КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 30.

Номгўи маълумотҳоеро, ки сирри давлатӣ доранд, қонун муайян мекунад.

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ СИРРИ ДАВЛАТӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- сирри давлатӣ - маълумоти аз тарафи давлат ҳифзшаванда, ки ифшо ё гум кардани он ба амнияти миллӣ ва иқтидори мудофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар мерасонад ё расонида метавонад;

- дастрасӣ ба маълумоти дорои сирри давлатӣ - шинос кардани шахси муайян бо маълумоти дорои сирри давлатӣ бо иҷозати шахси мансабдори ваколатдор;

- ҳифзи сирри давлатӣ - маҷмўи чораҳои ташкилию ҳуқуқӣ, техникӣ, криптографӣ ва оперативӣ, ки барои ҳифзи сирри давлатӣ муқаррар карда шудаанд;

Моддаи 21. Маълумоте, ки махфигардонӣ намешаванд

  1. Маълумоти зерин махфигардонӣ намешаванд:

- оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва фалокатҳо, ки ба амният ва саломатии шаҳрвандон таҳдид мекунанд ва оқибатҳои онҳо, инчунин оид ба офатҳои табиӣ, пешгўии расмӣ ва оқибатҳои онҳо;

- оид ба вазъи экологӣ, тандурустӣ, санитарӣ, демографӣ, маориф, фарҳанг, кишоварзӣ, инчунин оид ба вазъи ҷинояткорӣ;

- оид ба бартариятҳо, ҷуброн ва имтиёзҳо, ки давлат ба шаҳрвандон, шахсони мансабдор ва ташкилотҳо пешниҳод менамояд;

- оид ба ҳолатҳои вайрон намудани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд;

- оид ба ҳолатҳои вайрон намудани қонуният аз тарафи мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо;

- оид ба ҷазодиҳии (репрессияҳои) оммавӣ бо сабабҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва дигар сабабҳо, аз ҷумла дар бойгонӣ мавҷудбуда, ба истиснои маълумоти дар моддаи 18 Қонуни мазкур пешбинишуда.

  1. Шахсони мансабдоре, ки қарор оид ба махфигардонии маълумоти дар қисми 1 моддаи мазкур зикршуда ва ё бо ин мақсад ба ҳомилҳои маълумоти дорои сирри давлатӣ дохил намудани онҳоро қабул кардаанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 42. Маҳдудияти интишори маълумоти дорои сирри давлатӣ дар матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма

  1. Мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шаҳрвандон ҳангоми тайёр кардани мавод барои интишор кардан, паҳн намудан дар матбуот ва (ё) дигар воситаҳои ахбори омма ё аз сарҳад гузаронидани онҳо бо мақсади ҳифз намудани маълумоти дорои сирри давлатӣ, ўҳдадоранд Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳбарӣ гиранд.
  2. Назоратбарии риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи сирри давлатӣ ҳангоми интишор кардан, паҳн намудани мавод дар матбуот ва (ё) дигар воситаҳои ахбори омма, ҳамчунин ҳангоми ба хориҷа бурдани мавод аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ таъмин карда мешавад.

 

КОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ МАТБУОТИ ДАВРӢ ВА ДИГАР ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА

Моддаи 6. Роҳ надодан ба суиистифода аз озодии сухан

  1. Интишори маълумоти дорои сирри давлатӣ ё ахбори дигари бо қонун ҳифзшаванда, ахборе, ки барои бо зўрӣ сарнагун сохтан ё тағйир додани сохти конститутсионӣ, ба содир намудани ҷиноят, барангехтани кинаю адовати нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ, динӣ, забонӣ, ташвиқоти ҷанг, зулму зўроварӣ, фаъолияти террористӣ ва экстремистӣ, халалдор кардани тамомияти арзӣ ва мустақилияти давлат даъват мекунад, инчунин мавод ё предметҳои порнографиро таблиғ ва ташвиқ мекунад, манъ аст.

 

КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 311. Ифшои сирри давлатӣ

1) Ифшои маълумоти дорои сирри давлатӣ аз ҷониби шахсе, ки ин маълумот ба ў бовар карда шудааст ё вобаста ба хизмат ё кор ба ў маълум гардидааст, агар ин маълумот дастраси дигар шахсон шуда, дар ин кирдори ў нишонаҳои хиёнат ба давлат мавҷуд набошад,

бо маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то се сол ё маҳрум кардан аз озодӣ ба мўҳлати то се сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, ки аз беэҳтиётӣ боиси оқибатҳои вазнин гардида бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 312. Гум кардани асноди дорои сирри давлатӣ

Аз ҷониби шахсе, ки ба сирри давлатӣ иҷозат дорад, вайрон кардани қоидаҳои муқарраргардидаи муносибат бо аснодҳои дорои сирри давлатӣ дошта, ҳамчунин бо предметҳое, ки маълумот дар бораи онҳо сирри давлатӣ мебошанд, агар ин кирдор аз беэҳтиётӣ боиси гум шудани онҳо ё фаро расидани оқибатҳои вазнин гардида бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

 

crescentofhearth.com