МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ
БОБИ 3. МУҚОВИМАТИ ИТТИЛООТИЮ ТАБЛИЉОТӢ БА ТЕРРОРИЗМ
Моддаи 9. Мақсадҳои муқовимати иттилоотию таблиљотӣ ба терроризм ва уҳдадории мақомоти давлатӣ дар амалигардонии он
- Муқовимати иттилоотию таблиљотӣ ба терроризм бо мақсадҳои зерин амалӣ карда мешавад:
1) шарҳи хатари терроризм;
2) фошкунии шакл, воситаву тарзҳое, ки бо ёрии онҳо террористон љояву ақидаҳои худро таблиљ менамоянд;
3) ташаккул додани рўҳияи зиддитеррористӣ дар ҷомеа;
4) муттаҳидсозии кўшишҳои мақомоти давлатӣ, ки ба терроризм муқовимат мекунанд ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар пешгирии терроризм;
5) маҳдуд кардани заминаи иҷтимоии дастгирии терроризм.
- Мақомоти давлатӣ, ки ба терроризм муқовимат мекунанд, уҳдадоранд:
1) дар доираи ваколатҳои худ муқовимат ба терроризмро ташкил ва ҳамоҳанг созанд;
2) фаъолияти иттилоотию таблиљотии намояндагони воситаҳои ахбори омма, шахсони ҳуқуқӣ ва иттиҳодияҳои диниро дар самти мазкур ҳавасманд намоянд;
3) дар ташаккул додани рўҳияи зиддитеррористӣ дар ҷомеа иштирок намоянд.
Моддаи 10. Уҳдадориҳои воситаҳои ахбори омма дар самти муқовимат ба терроризм
- Воситаҳои ахбори омма ҳангоми шарҳи ҳодисаҳое, ки бо амалҳои террористӣ ва фаъолияти зиддитеррористӣ алоқаманданд, уҳдадоранд:
1) афзалияти ҳуқуқи одамон ба ҳаёт ва амниятро нисбати ҳуқуқ ба озодии дастрасии иттилоот ва паҳнкунии иттилоот ба инобат гиранд;
2) ҳангоми ба даст овардани маълумот оид ба амали террористии тайёршаванда фавран ба мақомоти дахлдори бевосита ба терроризм муқовиматкунанда хабар диҳанд;
3) дар сурати доштани маълумот ё ҳуҷҷатҳои дахлдор вобаста ба фаъолияти террористӣ ва амали террористӣ, онҳоро ба мақомоти давлатии бевосита ба терроризм муқовиматкунанда супоранд.
- Роҳбарони воситаҳои ахбори омма уҳдадоранд чораҳо андешанд, ки маводи дар ташкилоти таҳти роҳбарии онҳо қарордошта омодашуда фаъолияти террористӣ ва дигар фаъолияти экстремистии ба ҷамъият хавфнокро сафед накунанд, ба чунин фаъолият даъват накунанд ва ё барангезандаи он набошанд, инчунин кинаву хусумати динӣ, мазҳабӣ, миллӣ ва нажодиро таблиљ накунанд.
Моддаи 11. Масъулияти воситаҳои ахбори омма
Роҳбарон ва кормандони воситаҳои ахбори омма, ки дидаву дониста уҳдадориҳояшонро дар самти муқовимат ба терроризм иҷро намекунанд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд ва (ё) фаъолияти чунин воситаҳои ахбори омма дар асоси санади дахлдори судӣ метавонад қатъ карда шавад.
Моддаи 12. Роҳ надодан ба истифодаи шабакаҳои алоқа барои амалигардонии фаъолияти террористӣ
- Истифодаи шабакаҳои алоқаи барқӣ барои амалигардонии фаъолияти террористӣ манъ аст.
- Ҳангоми дар шабакаҳои иттилоотию телекоммуникатсионӣ, аз ҷумла дар шабакаи Интернет, ошкор гардидани иттилооте, ки ба бетартибиҳои оммавӣ, амалигардонии фаъолияти экстремистию террористӣ, иштирок дар ҷамъомадҳои оммавӣ бо халалдор сохтани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ даъват мекунад, инчунин экстремизм ва терроризмро тарљиб менамояд, дастрасӣ ба чунин иттилоот маҳдуд карда мешавад.
Моддаи 22. Роҳбарӣ ба амалиёти зиддитеррористӣ
- Барои идоракунии амалиёти зиддитеррористӣ раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шахси ўро ивазкунанда дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ситоди оперативиро таъсис медиҳад ва ба он роҳбарӣ мекунад.
- Роҳбари ситоди оперативӣ:
1) сохтор ва тартиби кори ситоди оперативӣ, инчунин вазифаҳои шахсони мансабдори ба ҳайати ситод дохилшударо муайян менамояд;
2) қувва ва воситаҳоеро, ки барои гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ заруранд, муайян намуда, дар бораи ба кори ситод ҷалб кардани шахсони дигар қарор қабул мекунад;
3) дар бораи корҳои омодабошӣ ҷиҳати гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ ба ситоди оперативӣ амр медиҳад;
4) бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қувва ва воситаҳои дар ихтиёри мақомоти марказии иҷроияи ҳокимияти давлатии соҳаи мудофиа, корҳои дохилӣ, адлия, корҳои хориҷӣ, мудофиаи гражданӣ қарордоштаро бо мақсади ҳимояи аҳолӣ ва ҳудуд аз вазъияти фавқулода, таъмини бехтарӣ аз сўхтор ва амнияти одамон дар объектҳои обӣ барои гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ ва то ҳадди камтарин расонидани оқибатҳои амали террористӣ ҷалб менамояд;
5) намояндаи ситоди оперативиро, ки барои робита бо воситаҳои ахбори омма ва ҷомеа масъул аст, муайян мекунад;
6) дастгоҳи кории ситодро дар давраи амалиёти зиддитеррористӣ таъсис дода, вазифаҳои онро муайян ва роҳбари онро таъин мекунад;
7) ҳудуде (объекте)-ро, ки дар доираи он реҷаи ҳуқуқии амалиёти зиддитеррористӣ ҷорӣ карда мешавад, муайян намуда, маҷмўи чораҳо ва маҳдудкунии муваққатиеро, ки дар қисми 3 моддаи 25 Қонуни мазкур пешбинӣ шудааст, муқаррар менамояд;
8) дар бораи гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ тасмим мегирад ва фармон медиҳад;
9) дигар ваколатҳоро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, иҷро намояд.
Моддаи 23. Ваколатҳои ситоди оперативӣ
Ситоди оперативӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад:
1) бо мақсади муайян кардани хусусият ва миқёси амали террористии тайёршуда ё содиршаванда дар бораи вазъият маълумот ҷамъ меоварад, иттилооти бадастомадаро баҳо дода, таҳлилу ҷамъбаст менамояд;
2) оид ба гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ пешниҳодҳо менамояд;
3) нақшаи гузаронидани амалиёти зиддитеррористиро таҳия ва барои тасдиқ ба роҳбари ситод пешниҳод карда, иҷрои онро таъмин ва назорат менамояд;
4) фармон ва дигар ҳуҷҷатҳоеро, ки тартиби омодагӣ ва гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ, реҷаи ҳуқуқии амалиёти зиддитеррористиро муайян менамоянд, тайёр мекунад;
5) ҳамоҳангсозии қувва ва воситаҳои зиддитеррористии барои гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ ҷалбшавандаро ташкил менамояд;
6) барои гуфтушунид бо террористон иҷозат медиҳад, тактика ва роҳу усулҳои гузаронидани онро тасдиқ менамояд, инчунин барои гуфтушунид бо террористон шахсони масъулро муайян мекунад;
7) тартиби ба воситаҳои ахбори омма расонидани иттилоот дар бораи амали террористӣ, ҷараён ва натиҷаи гузаронидани амалиёти зиддитеррористиро муайян менамояд;
8) барои то ҳадди камтарин расондан ва бартараф намудани оқибатҳои амали террористӣ чораҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро меандешад.
Моддаи 27. Хабардор кардани ҷомеа дар бораи амали террористӣ ва вазъият дар минтақаи гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ
- Ҳангоми гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ хабардор кардани ҷомеа дар бораи амали террористӣ дар шакл ва ҳаҷме, ки аз тарафи ситоди оперативӣ муайян шудааст, аз ҷониби намояндаи ситоди оперативӣ, ки барои робита бо воситаҳои ахбори омма ва ҷомеа масъул аст, сурат мегирад.
- Паҳн кардани иттилоот манъ аст, агар он:
1) тарзу усулҳои техникии махсуси гузаронидани амалиёти зиддитеррористиро ифшо намояд;
2) гузаронидани амалиёти зиддитеррористиро мушкил гардонад ва ба ҳаёту саломатии одамоне, ки дар минтақаи гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ ё берун аз он минтақа қарор гирифтаанд, хатар эҷод созад;
3) дар бораи шахсоне бошад, ки ба амалиёти зиддитеррористӣ ҷалб шудаанд ва ё дар гузаронидани чунин амалиёт ҳамкорӣ менамояд.
КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ФАСЛИ VIII. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ АМНИЯТИ ҶАМЪИЯТӢ ВА САЛОМАТИИ АҲОЛӢ
БОБИ 21. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ АМНИЯТИ ҶАМЪИЯТӢ
Моддаи 179. Терроризм
1) Терроризм, яъне содир намудани таркиш, сўхтор, тирпарронӣ аз силоҳи оташфишон ё дигар кирдоре, ки боиси хавфи марги одамон, расонидани зарари ҷиддӣ ба молу мулк ё ба миён омадани оқибатҳои дигари барои ҷамъият хавфнок мегардад, агар ин кирдор бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои низомӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимият қабул намудани қарор, инчунин таҳдиди анҷом додани кирдорҳои зикршуда бо ҳамин мақсадҳо,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.
2) Ҳамин кирдор, агар:
а) аз ҷониби гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;
б) такроран содир шуда бошад;
в) аз ҳиссиёти бадбинӣ ё хусумати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ё динӣ;
г) аз ҷониби хизматчии ҳарбӣ;
д) аз ҷониби шахси мансабдор бо истифода аз мақоми хизматӣ;
е) дар ҳолати ретсидиви хавфнок содир шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ҳашт то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад.
3) Кирдори пешбининамудаи қисмҳои якум, дуюми ҳамин модда, агар он:
а) аз ҷониби гурўҳи муташаккил;
б) дар алоқамандӣ бо таҳдиди истифодаи силоҳи қатли ом, маводи радиоактивӣ ё иҷрои дигар кирдоре, ки ба ҳалокати оммавии одамон оварда мерасонад;
в) дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок содир шуда бошад;
г) аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё ин ки дигар оқибатҳои вазнин гардида бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз понздаҳ то бисту панҷ сол ё ҷазои қатл ё якумра аз озодӣ маҳрум сохтан ҷазо дода мешавад.
Эзоҳ: Шахсе, ки дар омода сохтани кирдори террористӣ иштирок дорад, агар мақомоти давлатиро сари вақт огоҳ созад ё бо роҳи дигар содир гаштани кирдори террористиро пешгирӣ кунад ва агар дар ҳаракатҳои ин шахс дигар таркиби ҷиноят мавҷуд набошад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.
Такрорӣ дар моддаи мазкур пештар содир шудани як ё якчанд ҷинояти пешбинишудаи ҳамин модда, инчунин моддаҳои 179(1), 180, 181, 185, 310 ва 402 ҳамин Кодекс эътироф карда мешавад.
Моддаи 179(1). Ҷалб кардан барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористӣ дошта ё мусоидати дигар барои содир намудани онҳо
1) Ҷалб кардани шахсон барои содир намудани ҷиноятҳои дар моддаҳои 179, 179(2), 179(3), 181, 182, 184, 184(1), 184(2), 184(3), 184(4), 185, 193, 194, 194(1), 194(2), 194(3), 194(4), 194(5), 310 ва 402 пешбининамудаи ҳамин Кодекс ё моил намудани шахс барои иштирок дар фаъолияти ташкилоти террористӣ, мусаллаҳ намудан ё таълими шахсон бо мақсади содир намудани ҷиноятҳои номбаршуда, инчунин мусоидат кардан ба тарзи дигар,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.
2) Ҳамин кирдор, агар:
а) такроран;
б) аз ҷониби гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;
в) бо истифода аз мақоми хизматӣ;
г) бо истифода аз воситаҳои ахбори омма ё шабакаи интернет содир шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз даҳ то понздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишљоли мансабҳои муайян ё машљул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
3) Кирдорҳое, ки дар қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, агар дар ҳолати ретсидиви хавфнок ё махсусан хавфнок содир шуда бошанд, -
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз понздаҳ то бист сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишљоли мансабҳои муайян ё машљул шудан ба фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
Эзоҳ: Шахсе, ки ҷинояти дар моддаи мазкур пешбинишударо содир намуда, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад, агар ў ихтиёран ва сари вақт бо роҳи ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ хабар додан ё бо дигар тарзҳо барои пешгирӣ содир шудани ҷиноятҳои хусусияти террористӣ дошта мусоидат намояд, агар дар ҳаракатҳояш таркиби ҷинояти дигар набошад.
Моддаи 179(2). Маблаљгузории ҷиноятҳои хусусияти террористидошта
1) Бевосита ё бавосита пешниҳод намудан ё ҷамъ овардани воситаҳо бо мақсади пурра ё қисман истифодаи онҳо ё бо дарки он аз ҷониби террористи алоҳида ё гурўҳи (ташкилоти) террористӣ ё бо мақсади таъминоти молиявии террористи алоҳида ё гурўҳи (ташкилоти) террористӣ ё, ки ин воситаҳо барои содир намудани ҷиноятҳои дар моддаҳои 179, 179(1), 179(3), 181, 182, 184, 184(1), 184(2), 184(3), 184(4), 185, 193, 194, 194(1), 194(2), 194(3), 194(4), 194(5), 310, 401(1) ва 402 пешбининамудаи ҳамин Кодекс истифода мегарданд, ҳамчунин агар воситаҳои мазкур воқеан дар ҷиноятҳои зикршуда истифода нагарданд, инчунин маблаљгузории террористи алоҳида ё гурўҳи (ташкилоти) террористӣ, ҳатто агар он бо акти (актҳои) террористии мушаххас алоқаманд набошад ё барои маблаљгузории сафари шахсони воқеӣ ба давлате, ки дар он ҷо истиқомат намекунанд ва ё шаҳрванди он нестанд, бо мақсади содир кардан, банақшагирӣ, тайёр кардан ё иштирок дар содир намудани акти (актҳои) террористӣ ва ё барои тайёр намудани террористон ё гузаштан аз чунин тайёрӣ,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.
2) Кирдорҳое, ки дар қисми якуми ҳамин модда пешбинӣ гардидаанд, агар:
а) такроран;
б) аз ҷониби гурўҳи шахсон ё гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;
в) аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ;
г) бо истифодаи даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастовардаи қонунигардонидашуда (расмикунонидашуда) содир шуда бошанд,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз даҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешаванд.
3) Кирдорҳое, ки дар қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда пешбинӣ гардидаанд, агар:
а) аз ҷониби гурўҳи муташаккил;
б) дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок содир шуда бошанд,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз понздаҳ то бист сол ҷазо дода мешаванд.
Эзоҳ: Зери мафҳуми "воситаҳо" дар моддаи мазкур активҳои ҳама навъ, ламсшаванда ё ламснашаванда, манқул ё љайриманқул, новобаста ба тарзи ба даст овардани онҳо, ҳамчунин ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ ва ё санадҳо дар ҳама гуна шакл, аз он ҷумла электронӣ ва рақамӣ, ки ҳуқуқро ба чунин активҳо ва ё иштирок дар онҳоро тасдиқ менамоянд, инчунин кредитҳои бонкӣ, чекҳои сафарӣ, чекҳои бонкӣ, интиқолоти почтавӣ, саҳмияҳо, кољазҳои қиматнок, облигатсияҳо, векселҳо, аккредитивҳо ва љайраҳо фаҳмида мешаванд.
Моддаи 179(3). Даъвати оммавӣ барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористидошта ва (ё) сафедкунии оммавии фаъолияти террористӣ
1) Даъвати оммавӣ барои содир намудани ҷиноятҳои дар моддаҳои 179, 179(1), 179(2), 181, 182, 184, 184(1), 184(2) 184(3), 184(4), 185, 193, 194, 194(1), 194(2), 194(3), 194(4), 194(5), 310 ва 402 пешбининамудаи ҳамин Кодекс, инчунин сафедкунии оммавии фаъолияти террористӣ,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.
2) Ҳамин кирдорҳо, ки бо истифода аз воситаҳои ахбори омма ё шабакаи интернет содир карда шудаанд,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз даҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешаванд.
Эзоҳ: Зери мафҳуми сафедкунии оммавии фаъолияти террористӣ тарљибу ташвиқи оммавӣ дар бораи эътироф намудани дурустии мафкура ва таҷрибаи терроризм, таклифи тақлид ва дастгирии он фаҳмида мешавад.
Моддаи 180. Иттилооти баръало бардурўљ оид ба кирдори террористӣ
1) Иттилооти баръало бардурўљ оид ба рух додани таркиш, сўхтор ё дигар кирдоре, ки боиси хавфи марги одамон, расонидани зарари ҷиддии ба молу мулк ё ба рух додани оқибатҳои дигари барои ҷамъият хавфнок оварда мерасонад ё ба амнияти ҳавопаймо ва шиноварии бехатари киштии обӣ таҳдид мекунад,
бо корҳои ислоҳӣ ба муддати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мўҳлат ҷазо дода мешавад.
2) Кирдори пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда, ки аз беэҳтиётӣ боиси расонидани зарар ба саломатӣ ё дигар оқибатҳои вазнин гардида бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз се то ҳафт сол ҷазо дода мешавад.